Бародари арҷманду гиромиқадртабрикот Каромат Бақоевич!
Каромат Бақоевич!
Бо ихлоси комилу садоқати бепоён 10- умин солгарди ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик »-ро барои Шумо, раҳбарият ва тамоми ихлосмандонаш самимона табрик арз медорам. 10 сол, гарчанде барои таърих муддати ночиз аст, вале барои созмону шахсу шахсият саннаи хело шоиста аст.
Зиҳӣ бар Шумо, ки дар ин муддат аз баҳри ҷисму ҷонат гузаштию, намояндагони маллати азияткашидаатро зери боли гироят ҳифз намудӣ. Чун парвона гирди шамъ гаштию худро сӯхтию зиндагию хонадони чанде аз ҳамватаннонро равшан кардӣ. Зиҳӣ бар Шумо, ки имрӯз ММТ-ро барои онҳо кошонаи хотирҷамъию хушҳолӣ, ғамхорию дилҷӯйӣ, пуштибонию умеди охирин табдил додаӣ ва меҳру муҳаббататро барояшон дареғ намедарӣ. Ҳар як корафтода имрӯз бар Шумо ба нидои зерин мегӯяд:
Ҳар гаҳ, ки бо меҳр маро ёд мекунӣ, Шодат кунад Худо, ки дилам шод мекунӣ.
Каминаи камтарин низ дар қатори онҳо дасти дуо бардашта ОМИН мегӯяму умедвори онам, ки аз раҳмати Воҷибулвуҷуд ҷоми зиндагият лабрез бошад ва ҳаракати умумирусиягии ҷамъиятии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ҳамарӯза рӯ дар тараққӣ дошта бошад. Ба Шумо ихлосмандонаш:
Толеъи накӯи бемисолат хоҳам, Иқболу хушӣ дар ҳама солат хоҳам. Хушрӯзию хушдилӣ, хушӣ хушбахтӣ, Дар рӯзи таваллудат ба фолат хоҳам.
Бо арзи эҳтиром, Раиси СФТ кишвари Краснодар Бахтиёри Ширин