«Ботсман- креветкаро дуст медорад…!»
Севастопол – се бори умр. Севастопол – шахри кахрамон. Севастопол- шахри кадимаи таърихи.Дар асл ин шахр на се бори хаёт балки чор мархилаи зиндагиро аз сар гузаронидааст. Дар карни нуздах чанг бо франсавихо. Дар карни бист ду чанги чахони ва мархилаи чохорум ин пас аз пошхурии Шурави хаёти нави мустакили демократи.
Шахр дар сохили бахри сиёх комат афрохта. Дар он милатхо, кавмхо, нажодхо, халкиятхои гуногун кору фаъолит ва зиндаги доранд. Ахолии шахр зиёда аз 400-450 хазор нафарро ташкил намуда дар байни онхо украинахо, русхо, тоторхо кисмати асосии ахолии махалиро ташкил менамоянд. Хамдиёрони моро низ дар байни миллату- халкиятхои гуноног ун забони Севастопол дидан мумкин аст. Хамдиёрони мо дар сохахои гуногуни шахр фаъолит доранд.
Севастопол шахри бандари –тичорати ва харби буда бо тамоми гушаю- канори олам бо рохи бахри алокаи мустахками иктисодию. харбию, тичорати дошта , рафту-омади хуб ба рох мондааст.
Ботсмани точик- дустдори креветка ва хайвоноти бахри , кахрамони навбатии мо акаи Точиддин Иброхимов дар хамин шахри сохили бахри сиёх кору- зиндаги дорад. Аз сухбат бо акаи Точиддин кас худро дар як олами беканор, дар як укёнуси беканори зинданги, олами гуногунраги саёраи беканори фалак хис менамояд. Гумон менамои, ки савори киштии дар бахри ором ё атлантик шино намудаистодаед. Муддати ду- се рузе, ки бо ин ботсмани точик- дусдори креветка ва чонварони бахри сухбат доштам ман хам хаёлан аз кишвархои Бразилияву – Чили, Чопону-Корея, Амрикою- Панамма то Кейптаунаю- Косабланка, аврупо. Ва бо зебогихои Парижу, Рим, Ослою- Мадрид, Кипру- чазирахои Конарск ошнои ва саёру- саёхат намудам.
Бо батт мегуфт мохие дар дили об,
Чун булхавасон ба гирди олам машитоб.
Ё сокини хок шав чун мургони дигар,
Ё дар дили бахр гарк шав чун гирдоб.
Точиддин Иброхимов танхо дар гирдоби мухаббати самими ба хамсараш гарк шудаасту халос. Киштии у ба тамоми гушахои олами гуногунманзар шино намуда, боз ба севастопол ба назди хамсараш холаи Татяна бар мегардад.Ин хамон мухаббати самими Татяна буд, ки холо писари зебо Рустам ва наберагони даструяк доранд. Ва ботсмани креветкадуст шаш- хафт мох дар бахр дур аз хамсару- фарзанд, хамчун гаввосон зи дарёхо бор мекашад. Татяна-хола бошад, ботсманашро бо писараш Рустам, ки касби падарро пеша намуда ва штурман шуда кор менамояд. Хамеша интизори мекашад ва онхоро дасгири менамояд. Агар мехру-мухаббати хамсарам намешуд , ман кор карда мудатхои дарозро дар сафар гузаронида наметавонистам, мегуяд акаи Точиддин Иброхимов.
Дар мухаббат ранчхо бисёр мебояд кашид,
Бахри як гул миннати сад хор мебояд кашид.
Гунчаи максуд то гардад насиби коми дил.
Хамчун гаввосон зи дарё бор мебояд кашид.
Хак бар чониби Бедил-устоди хушкалом аст. Акаи Точиддин солхои зиёд аст,ки хамчун гаввосон дар дарёхои олам бор кашидаистодааст.Мухаббати холаи Татянаро дар калб чой дода зиндаги дорад.
У соли 1962- дар дехаи Чашмасори, хочагии Болта Нидоеви нохияи Панч ба дунё омадаст.Баъди хатми мактаби тахсилоти хамагонии дехааш дар сафи куввахои бахрии Шурави, дар флоти Черноморск хизмат намудааст.Пас ба ватан баргашта мудати 5-6 мох боз ба Севастопол, чои хизматаш бар мегардад. Ва омузишгохи бахрнавардиро хатм намуда, ба киштии боркаш ба кор медарояд.Аз хамон вакт рох суи олам барои ин марди точик кушода мешвад. Асоси кори ботсмани точик ин маводи бахри:креветка, ,Харчанги дарёи, мохи, меваи тару-тоза кашонидан аст. Шояд аз хамин сабаб бошад, ки ба у бештар ошхонаи Чопони ва Кореяги сахт писанд аст. Ба гуфти акаи Точиддин дар ин кишвархо бисёри таъомхоро аз хавоноти бахри таёр менамоянд. У креветка ва харчанги дарёиро яке аз гуштхои болазаттарин хисоб менамояд ва дуст медорад. Мегуя, ки дар махсулоти бахри модахои гизои ва витаминхо барои организми одамон фоидабахш,махсусан барои кудакону муйсафедон бисёранд. Истифодаи махсулоти бахри бисёртар бояд намуд. Биёр хуб ва муфид мебуд агар хукумати Точикистон ва точирони мо ба кишвархои дар сохилхои укёнусу- бахрхо чойгирифта муносибаташро бештар менамуд ва ба ватан маводхои бахри зиёдтар ворид менамуданд. Хам арзону хам болазату, хам фоидабахш. Гизои хуби болазат , ин саломатии ахоли, салоатии хуб ин зиндагии хуб, зиндагии нагз ин пешрафти кор бо сифати баланди истехсолот, истехсолити баланд ин иктисодиёти кишварро мебардорад.Демократи ин иктисодиёт аст. Иктисодиёти хуб ин асоси перавии давлат аст. Барои хамин ботсмани точик мардумро ба креветкахури даъват менамояд. Саёру- гашт бо олами гуногун табиати саёраи замин, гуфтугуй ва муомила бо одамони гуногун нажод фахмишу акида ва чахонбинии касро дигар намуда, рухро суи олами боло мебарад. Шахс хамеша худро озод хис намуда байни одамон милату- нажодро намегузорад.
Барои акаи Точидин Иброхимов Зеландияи Нав яке аз гушахои зебоманзари олам хисоб меёбад. У мегуяд: Ватани ман Точикистон аст, шахри ман Севастопол аст. Боду хавои Севастопол бо иклими Точикистон бисёр монанди доранд. Хамаи он меваю- сабзавоте, ки дар Точикистон меруяд дар ин чо низ меруянд. Танхо дар Севастопол боди бахри бо насими кухистон омехта шуда як фазои ачоиберо муххаё менамояд, ки барои организми одам саломатии инсон муфидтар аст. Хуб мешуд, ки ширкатхои саёхии Точикистон бо ширкатхои Севастопол карордод баста ба ин гушаи зебоманзар рафту- омади саёхони точикистони бештар менамуданд. Ё ин ки ширкатхои точикистони дар ин минтакаи Украина замин ё истирохатгох мехариданду мардуми точикистониро аз боду- хавои дилорои Крим бе насиб намемонданд.
Беш рафтани иктисодиёти давлати точикистонро у танхо бо рохи иктисодиёти равшани хозиразамон, демократи ,аз тарафи давлат пурра химоя намудани хукукхои шахрвандон, полмол накардани онхо ва риояи конун аз тарафи давлатдорон медонад.
Асоси пешравии точикистон ин мактабу-маъориф аст.Зиёд намудани мактабхо. Бардоштани маъоши омузгорон, баланд бардоштани савияи дониши наврасон ин ояндаи давлат мебошад.Ояндаи дурахшони давлат. Дар бисёр кивархои олам мо хангоми сухбат намудан бо шахсони гунонгуннажот мебинам ,ки сину солашон аз чил гузаштаги аммо синфи дар 4-6 мехонанд. Хайрон шуда мепурсем, чаро ин кадар дер? Мегуянд, ки пул надорем, ки хонем. Охиста- охиста- кор менамоему маблаг барои хондан чудо намуда тахсилро давом медихем. Худоро шукр, ки дар ватани кучаки мо ин тавр нест. Ман мехохам, ки механи мо обод бошад, мардумаш сохиб илм бошанд. Илм ин моли гумшудаи мусулмон аст. Илм одамро зебо ва хушбахт менамояд. Хушбахти шахсро аз бемори начот медихад. Табобат ва давои дарди инсон ин дар хурсандист. Саломати халк ин пешрафти кори чомеъ мебошад.
Ба мардуми Точикистон хохонам, ки бештар фарзандонашонро ба хорич фиристонанд барои хондан. Тачрибаи онхоро аз худ намуда, ба манфиати точикистон истифода бурд. Ба хамаи мардуми шарифи Точикистон, мухочирони мехнати. Хамдиёрони бурунмарзи умри дароз. Осмони соф. Оби мусаффои дурахшон таманно дорам!
Чархофалаке маро ба чарх оварди,
Дар Панч будам маро ба Крим оварди.
Дар Панч будам оби ширин мехурдам,
Баргашта маро ба оби шур оварди.
Мирзо Асозода. Севастопол. Украина. Сентябри 2010.
Похожие записи:
- Сведения о ПРОПАВШИХ ГРАЖДАНАХ присылайте на наш электронный адрес: tojikdiaspor@mail.ru, или же звоните по телефону горячей линии Движения: 506-45-83, 8 (926) 856-25-03 14 января 2014
- Deportation of Tajik citizens. Пресс-конференция в пресс-центре “Интерфакс” от 15.11.2011 г.(Видео) 22 ноября 2011
- Tелеканал Оnlinetv -Online Дуэль-Каромата Шарипова с Сергеем Цехмистеренко|тема обсужения- Чужие/Вывезем мигрантов за пределы Москвы? (ВИДЕО) 23 февраля 2013
- www.ozodagon.com: Каромат Шарипов: 2015 – для таджикских мигрантов год – экономического кризиса и санкций 30 декабря 2015
- Сегодня, в пятницу 02-01-2014 г. в Центральной мечети на Проспекте мира в преддверии праздника Мавлид ан-Наби – день рождение Пророка Муhаммада ( мир Ему) — читался Священный Коран. 3 января 2015