Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 05.07.2012
 

«Бояду набоядҳо»-е ки аз берун таҳмил мешаванд

То оғози маъракаи нави интихоботӣ дар Тоҷикистон як сол монд. Яъне ҳанӯз вақт ҳаст, вале як идда ашхосе, ки чашмашон дар мушоҳидаи ҳар оғозу интиҳо танҳо бадро мебинад, аллакай ба пешгӯии натиҷаҳои интихоботи дарпешистода шурӯъ карданд (шабакаи иҷтимоии «Фейсбук», саҳифаи «Кимиёи саодат», ки ба Саидюнуси Истаравшанӣ тааллуқ дорад. Номбурда наздики 20 сол аст, ки берун аз Тоҷикистон ба сар мебарад. Хатмкарда ва мударриси маркази умумиҷаҳонии мазҳаби шиа – «Ҷомеат-ул- мустафо ал-Оламия» дар шаҳри Қуми Ҷумҳурии Исломии Эрон мебошад. «Интихоботи 2013: боядҳо ва набоядҳо», 30.06.2012с.). Яъне боз ҳамон иқдоми ба қавли мардум»: «писар дар сафар номаш Музаффар».

Дар «боядҳо ва набоядҳо»-и ин мардум андешаи наву пешниҳоди сараеро пайдо кардан мисли аз гови нар шир ҷӯшидан аст. Муовини раиси ҲУСДТ Шокирҷон Ҳакимов дар «бояду набоядҳо»-и худ чӣ сафсатаҳоеро ки пеш намеоварад. Менависад: «… дар пешниҳод гардидани Эмомалӣ Раҳмон, аз худи ӯ дида, дигарҳо алалхусус он қишри маҳдуди иҷтимоийе, ки манфиатҳои молиявӣ доранд ва дар ҳолати иваз шудани раҳбарияти сиёсии кишвар, имконият, имтиёз ва таъсири онҳо халалдор мешавад, кӯшиш менамоянд, ки барои аз нав интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон, аз ҳамаи шароитҳо истифода баранд».

Ҷаноби Ҳакимов чӣ мехоста бошад? Оё дар мавриди интихобот, дар тамоми дунёи мутамаддин, команда ва ҷонибдорон барои пирӯзии номзади худ аз ҳама шароитҳо истифода намебаранд? Интернети имрӯза тамоми шароитро барои дастрасӣ ба маълумоти зарурӣ муҳаё кардааст. Як дафъа сар задан кифоя аст, ки муайян кард кадом гурӯҳҳо ва ашхоси алоҳида барои он, ки ба таъбири Ҳакимов «имконият, имтиёз ва таъсирашон халалдор нашавад» дар маъракаҳои интихоботӣ дар худи зодгоҳи (ба қавли худашон) демократияю озодӣ – Амрикою Аврупо «кӯшиш мекунанд». Интихоботи охирини Фаронсаро ба хотир оред!

Идомаи «бояду набоядҳо»-и Ш. Ҳакимов воқеиятро канор гузошта, ҳатто аз сарҳади фантазия ҳам гузашта меравад. Ман танҳо ҳамин ҳозир ба умқи мақоли халқӣ «Забон устухон надорад, лақидан мегирад» расидам. Номбурда ба таври умумӣ аз номукамал будани қонунгузории Тоҷикистон (кадом номукамалӣ?) мегӯяду ба ин назар аст, ки «мувофиқи мақсад мебуд, ки ҳамаи муҳоҷирони корӣ, на дар хориҷи кишвар, балки бевосита дар ҳавзаҳо ва қитъаҳои интихоботии дар маҳали зисташон ҷойгиршуда раъй диҳанд». Соддатар гӯем, Ш. Ҳакимов мехоҳад, ки муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар нуқтаҳои овоздиҳие, ки берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ таъсис дода мешаванд овоз надода, бо ҳамон рӯзгору шароити иқтисодие, ки доранд, дар давраи интихобот ба Ватан баргашта овоз диҳанду боз барои харидани билет қарзу қавола намуда, роҳи сафар пеш гиранд. Чӣ пешниҳоди «оқилонае»!?

Иштирокчии дигари «бояду набоядҳо» Иззат Амон боз ҳам кӯшиш намуда, ки худро аз дигарон «боақлтар»-у «босаводтар» нишон диҳад. Ӯ бадин фикр аст, ки «чун оқои Кабирӣ аллакай изҳор кард, ки дар интихоботи 2013 ширкат нахоҳад кард, биёед барномаҳоямонро аз 2020 он тараф тарроҳӣ кунем». Маънӣ аз гуфтааш, дигар ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии Тоҷикистон ҳеҷанд, агар ҲНИТ-у Кабирӣ набошанд. Ё мумкин аст, ӯ худро баъди соли 2020 ба ҳайси номзад мебинад?

Номбурда афсӯс мехӯрад, ки «…мардум аз сиёсат дур мебошад. 2 миллион нафар муҳоҷири тоҷик (?), ки дар Федератсияи Русия кору зиндагӣ мекунанд, шояд 5 фоизашон саводи сиёсӣ дошта бошанд ва нисбати рӯйдодҳои кишварашон мароқ зоҳир намоянд…». Дар ин 5 фоиз Иззат Амон низ шомил аст. Зеро ҳамин босаводӣ имконияташ додаст, ки худро раиси ҷавонони тоҷики муқими Русия эълом дорад, бидуни интихобу машварати касе, ва номи муҳоҷири тоҷик, ранҷу азоби ӯро ба манфиати худ истифода барад.

Иззат Амон дар фикри «бедор кардани мардум аз хоби ғафлат мебошад, бедор кардани шавқи мардум ба сиёсат ва талаб кардани озодӣ». Ҳамон бедоркуние, ки солҳои 90-ум дар Тоҷикистон бо нидои

«аз хоби гарон хез» оғоз шуда буд. Оқибатҳояшро ҳама дар хотир дорад. Ин «бедоркуниҳо»-и дирӯзу имрӯз як занҷираи бо ҳам пайваст низ доранд. Он замон устодони Иззат Амон нақши «бедоркунӣ»-ро мебозиданд, имрӯз шогирд худ камар бастааст.

Инқилобҳои баҳори араб нишон доданд, ки чӣ гуна ин «бедоркунандаҳо» дар шустушӯи мағзи мардум зери шиорҳои «демократия ва озодӣ» кадом нақшеро бозиданд. Дастандаркорони ин инқилобҳо мисли ҳамин пайравони «бояду набоядҳо», ҳама таҳсилдидаи берун буданд (мисли Иззат Амону Сайидюнуси Истаравшанӣ), ё аз зумраи «грант»-хӯракҳою «кофебрейк»-нӯшакҳои дарунӣ (ба монанди Ш.Ҳакимов). Он, ки дар баъзе кишварҳои арабӣ, бо дасти бевоситаи Ғарб, на тавассути ҷавононе, ки гуфта мешавад, низоми давлат дигар шуду роҳбари он тағйир ёфт, ҳоло аз беҳбудии ҳаёти мардуми оддӣ дараке нест. Баръакс ҳам дар Мисру ҳам дар Тунис ва ҳам дар Либияе, ки сатҳи баландтарини зиндагии маишӣ фароҳам буд, мардум дучори мушкилотест, ки солҳои сол надида буд. Касе низ мегӯяд, ки дар ин кишварҳо оташи низою мухолифатҳо паст шудааст, номаъқул кардааст. Бархӯрдҳои нав ба нав ҳоло дар пешанд. Ғарб ҳаргиз ҷонибдори оромӣ дар ин минтақа набуду нест. Мақсад аз роҳандозии ин инқилобҳо низ ҳамин буд. Дар чунин вазъият ҳар яке аз моён тоҷикони муқаррарӣ бояд огоҳ бошем ва ҳар як гуфтаю шунидаеро аз ин «бедоркунананда»-ҳои беруниро дар тарозуи ақли худ баркашида, барои кайк пӯстин насӯзем. Озодии имрӯзае, ки аз берун барои кишварҳои минтақа таҳмил шуда истодааст, маҳз ҳамин кайк аст. Мутаассифона, мо як дафъа барои ин кайк пӯстинсӯзӣ кардем. Такрори навбатӣ мор обо ҳамон аблаҳе монанд мекунад, ки ба гуфти бародарони рус такроран хаскашакро зер мекунад.

Назари Олимпур

Похожие записи:

Один комментарий to “«Бояду набоядҳо»-е ки аз берун таҳмил мешаванд”

  1. незнакомец Сказал(а):

    Бале бародар олимпур ба гуфти шумо мо бояд доимо солхои 90-ро ба ёд орем ва диктатурае ки имруз дар чумхури вучуд дорад чашм пушида хомуш истем? Бовар кунед ман афсус мехурам ки хамчун шумо одамхои босавод аз барои вазифаю пул шуда дахони мардумро ба хар рох мепушед.асри бистуяк, мо хануз бошем куваи баркро истехсол карда наметавонем.Гуфтании бисёр дорам аммо чи гуям ки хайф аст ба шумо барин одамхою.

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.478 seconds.