ЧОР СОЛ ДАР ҶУСТУҶӮИ ФАРЗАНДИ НОХАЛАФ (ВИДЕО)
Як муҳоҷири 27-сола аз ноҳияи Панҷро, ки аз зану ду кӯдак ва падару модараш рӯ гардонда буд, баъди 4 сол бо кумаки Ҷумбиши муҳоҷирони тоҷик пайдо карда ва аз Русия депортатсия кардаанд, то ба пеши хонаводааш баргардад.
Ҷумбиши муҳоҷирони тоҷики Русия як видеои нимсоата дар бораи ҷустуҷӯи фарзанди гумшудаи як хонаводаи тоҷикро нашр кард. Имомалӣ Бобоев, сокини деҳаи Пешқадами ҷамоати Намунаи ноҳияи Панҷ аз раҳбари ҷумбиши муҳоҷирон хостааст, ки писари 27-солааш Имномназир (Назир)-ро ба ҳар роҳу ҳар қимате, ҳатто бо депортатсия ба Тоҷикистон баргардонанд.
Назир дар соли 2014 ба Русия омада, дигар робитаро бо хонаводааш – падару модар ва зану ду духтари се ва панҷсолаааш – комилан кандааст. Маълум шуд, ки ӯ дар як деҳае дар вилояти Твер бо як зани 45-сола бо номи Оксана Лебедева хуфтухез дошта, дигар ба Тоҷикистон рафтанӣ нест.
Каромат Шарифов, раҳбари ҷумбиши муҳоҷирони тоҷики Русия хабарнигорони як шабакаи телевизионӣ ва кормандони пулисро даъват карда, ҳамроҳ бо падари 54-солаи Назир рӯзи 17 март ба вилояти Твер рафт, ки ӯро халос кунад.
Оксана Лебедева (ДАР АКС) ду дафъаи қабл, ки Имомалӣ Бобоев худаш мустақилона ба суроғи фарзандаш рафта буд, ӯро ба хонааш роҳ надода, гуфтааст, ки Назир аз ман аст ва ӯро ба касе намедиҳам.
ин ки Каромат Шарифов гуфт, ин қазияро ба мақомот хоҳад супурд, розӣ шуд, ки сӯҳбати телефонии Назир бо раҳбари ҷумбиши муҳоҷирони тоҷикро ташкил кунад.
Назир дар ин сӯҳбат гуфт, ки майли мулоқот бо падарашро надорад, чунки онҳо вайро хафа кардаанд ва ҳоло ӯро маҷбур доранд, ки ба Тоҷикистон, пеши зану ду фарзандаш баргардад. Назир гуфт, ки мехоҳад инҷо дар Русия, пеши Оксана бимонад.
Ҳатто вақте Каромат Шарифов ба ӯ гуфт, ки модараш бемори бистарист, ба Назир корае накард.
Каромат Шарифов хитоб ба ин ҷавон дар гӯшии телефон мегӯяд: “Агар мард бошӣ, хайр, аз падару модарат рӯ гардондӣ, аз ду кӯдаки худат чаро рӯ гардондаӣ? Куҷост мардии шумо? Бо зани тоҷикат агар зиндагӣ кардан нахоҳӣ, талоқашро деҳ. Магар падари ту муваззаф аст, ки зану фарзандони туро хӯронаду пӯшонад?”
Оксана дар посух ба суоли хабарнигороне, ки Каромат Шарифов ва падари Назирро ҳамроҳӣ мекарданд, гуфт, “ман касеро бо зӯр дар хонаам нигоҳ надоштаам. Вақте Назирро дидед, аз худаш пурсед.”
Кормандони пулис низ вориди манзили Оксана шуда, ӯро бозпурсӣ кардаанд. Як афсари пулис баъди ин бозпурсӣ ба падари Назир гуфт, ки писараш дар ҳақиқат севуним сол дар хонаи ин зан будааст, вале ҳоло инҷо нест, балки дар шаҳри Маскав будааст.
Аммо ҷумбиши муҳоҷирон бо пойфишорӣ ноил шуд, ки пулис дар ниҳоят рӯзи 20 март Назирро дастгир кунад. Як додгоҳи вилояти Твер рӯзи 21 март Назирро ба вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия айбдор карда, барои 5 сол аз Русия депортатсия кардааст.
Акнун падари Назир мехоҳад, ки ҳамроҳи писараш дар як ҳавопаймо ба Тоҷикистон баргардад. Ӯ дар поёни навор хитоб ба дигар муҳоҷирони тоҷик гуфт: “Бачаҳои тоҷик ҳушёр шаванд, раҳгум назананд мисли писари ман.”
Каромат Шарифов мегӯяд, мисли Назир ҳазорон бачаҳои тоҷик ҳастанд, ки дар Русия ишқи нав пайдо карда, ҳам зану фарзанд ва ҳам падару модари худро дар Тоҷикистон фаромӯш кардаанд.
источник Ахбор
апреля 9, 2017 at 23:04
Мурданат бех назири бенангу номуси паст. У назирро мард гуфтан чоиз нест!!! НОХАЛАФ НОКАСИ БЕНОМУС !!!
апреля 10, 2017 at 0:42
Рахмат кори хуб кати ки ба пеши падару модар и занат и кудакат рафти
июня 9, 2017 at 12:10
Беномус чихел ту акнун ту баруи Падар модар зан ва фарзандонат нигох мекуни бояд дар пеши падару модар ба зону истода пойхои онхоро бусида бахшиш пурси кионхо туро бахшанд ки дар оянда фарзандат бо ту чунин рафтор накунад