Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 11.01.2016
 

Эрон чаро хомӯш аст? Эҳтироми душман маънои душманӣ дорад!

Партнери былиБаргузор гардидани конфронси байналмилалӣ таҳти унвони  «Бӯҳронҳои феълӣ дар ҷаҳони ислом» дар таърихи 27-29 декабри соли сипаришуда дар шаҳри Теҳрон – пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон як иқдоми бисёр муҳим дар ҷагҳони имрӯза буд. Дар чунин вазъият баргузор гардидани конфронсҳо барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли проблемаи ҷаҳони ислом хеле муҳиманд. Дар рафти кори он меҳмонони зиёде аз кишварҳои гуногуни исломӣ ширкат намуданд. Аз Тоҷикистон дар ин конфронс раиси Маркази исломии Тоҷикистон, раиси Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати ҶТ иштирок варзиданд. Вале як кори ташкилкунандагони ин конфронс мардуми тоҷикро дар ҳайрат монд.

Мутаассифона, дар ин ҳамоиши муҳим Муҳиддин Кабирӣ – раиси ҲНИТ, ҳизби сиёсие, ки бо далели даст доштан дар амалҳои  теророристӣ ва тарғиботи зиддидавлатӣ доштани фаъолияташ, аз тарафи  Суди Олии ҶТ манъ карда шудааст, низ иштирок намуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки  Муҳиддин Кабирӣ ба ғайр аз роҳбарӣ намудан ба ин ҳизби ифроткору радикалӣ, инчунин яке аз таҳиягарон ва ташкилкунандагони пасипардагии амалиёти террористии дастаи Абдуҳалим Назарзода низ мебошад, ки ин ҳодисаи мудҳиш дар моҳи сентябри соли сипаришуда ба вуқӯъ пайваста, дар натиҷаи он нафарони зиёде қурбон шудаанд.

Бинобар ин даъвати он аз ҷониби ташкилкунандагон боиси сард шудани муносибати Тоҷикистон ва Эрон шуда метавонад.

Ин иқдоми гуруҳҳои муайянро мардуми Тоҷикистон маҳкум мекунад, аммо ҷониби Эрон чаро хомўш аст?

Сайф Каримов

Эҳтироми душман маънои душманӣ дорад!

Вазъи сиёсии ҷаҳони имрӯз дар муқоиса ба давраҳои дигари таърихи башарият хеле ҳассос ва осебпазир гардидааст.Хусусан вазъи кишварҳои  мусулмонӣ ва бӯҳрони сиёсиву иҷтимоии онҳо ояндаи чандин давлату миллатҳоро зери суол мондааст.  Дар фурӯши озод будан ва паҳн кардани навъҳои гуногуни яроқи қатли ом, инчунин зуҳури ҳаракатҳои радикаливу экстремистии миллатгароӣ ва диниву мазҳабӣ фазои  ороми ин минтақаро   ноором  карда,  умедро  ба   фардо  боқӣ намегузорад.

Дар партави ҷангҳои иттилоотию идеологӣ, ки ба низоъҳои хунин оварда расонидааст, метавон хулоса кард, ки имрӯз мусулмонон ба як бунбаст ва буҳрони амиқи маънавию идеологӣ рў ба рў шудаанд ва дар ин гумроҳӣ ҳатто хатари аз даст рафтани ҷанбаҳои созанда ва арзишҳои миллии ин миллатҳо  ба вуҷуд омада истодааст.

Конфронси байналмилалии “Ваҳдати исломӣ“, ки дар шаҳри Теҳрон баргузор шуд, маҳз  ба ҳамин  масъала, яъне  барҳам додани буҳронҳо  ва  бунбастҳо дар ҷаҳони  мусулмонӣ буд.

Вале ба ин конфронс даъват шудани Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки ин ҳизб 29 сентябри соли 2015 ҳамчун ҳизби ифротию террористӣ аз ҷониби Ҳукумати ҶТ эълон  гардидааст ғайричашмдошт  буд. Ин амал маълум кард, ки стандарти мубориза дар ҷаҳон бо терроризм гуногунранг ва номуайян аст. Аксари кишварҳои Аврупоӣ имрӯз барои  Кабирӣ дари донишгоҳу марказҳои таҳлилиро барои идомаи таблиғи ифротгароӣ кушода доданд, ки ин чандин мушкилоти дигарро пеш меорад.

Инчунин шинонидани Муҳиддин Кабирӣ дар паҳлӯи   намояндаҳои расмии Ҳукумати Тоҷикистон  дар ҳамоиш ин як ишораи номаълуми ташкилкунадагони он ба тарафи Тоҷикистон буд. Ин ҷо низ чандин саволҳои дигар пайдо шуданд, ки мутаассифона, тарафи Эрон то ҳол ба пурсишҳои зикршуда ягон ҷавоб нагуфтааст ва нахоҳад дод.

Ин амал аз лиҳози дӯстӣ хуб нест. Агар мо душманони кишвари Эронро даъват ва дар сари минбар ҷой диҳем магар ин хиёнат дар ҳаққи дӯстон нест.

Пас Эрон ҳам бояд андеша кунад, дӯст кӣ ҳасту душман кӣ!

Баҳроми Сарвар,

ш.Москва

Похожие записи:

Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.545 seconds.