Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 16.03.2012
 

Фараж № 11, аз 14.03.2012 “Русия моро бо огӯши боз интизор нест”.

Мусоҳиба бо Каромат Шарифов- раиси «Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия»

Бо омадани Владимир Путин ба сари курсии қудрат фикр мекунед муносибати Русия бо Тоҷикистон чи гуна пеш меравад?

Русия ва Тоҷикистон ду давлати мустақиланд ва ҳар кадоме сиёсати худ ва манфиатҳои худро доранд. Аммо ин ду кишвар бо собиқаи ҳамзистӣ зери сақфи як кишваре бо номи СССР ва айни замон узвият дар чанле аз созмонҳои минтақаӣ ба шумули ИДМ ва Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ бо ҳам муштаракоти зиёд доранд. Аз ин лиҳоз новобаста аз онки кӣ сари қудрат меояд, иртиботи ин ду кишвар барои ҳамеша ҳифз мешавад. Албатта, ин нуктаро набояд нодида гирифт, ки В.Путин дар муқоиса бо Д.Медведев дар ҳифзи манфиатҳои геостратегии Русия сахтгир аст. Ва мутмаинан дар ин шаш соле, ки ӯ раёсати Русияро дубора дар даст гирифт сатҳу сифати ҳамкориҳои Русия бо кишварҳои шӯравии пешин ва алалхусус бо ҷамоҳири Осиёи Миёна ба таври ҷиддӣ иваз мешавад. Дар шароити пешомада роҳбарияти Тоҷикистонро зарур аст, ки дар пайи ислоҳоти амиқи иқтисодӣ бишавад ва ҳарчи бештар талош кунад, ки ҷойҳои корӣ дар дохили ҷумҳурӣ зиёд шавад. Кадрҳои болаёқатро ба Ватан баргардонидан лозим. Зеро кадрҳо- мутахассисҳои болаёқат, дар ташкили ҷойҳои корӣ ва ҳамин тавр тараққии иқтисодиёти кишвар нақши ҳалкунанда мебозанд. Дуруст аст, ки Русия ба қувваи кори хориҷӣ ниёз дорад аммо наметавон дилпурона гуфт, ки ин кишвар моро (манзурам муҳоҷирони кории тоҷикистонӣ) ҳамеша бо оғӯши боз интизор аст. Чунин фикр ва умедворӣ хато мебошад.Чунки дар сурати сард шудани робитаҳо байни Русия ва Тоҷикистон Русия ин холигоҳи неруи кориро метавонад аз ҳисоби аҳолии кишварҳои дигар, барои мисол Ӯзбакистон ва ё Қирғизистон пур намояд. Ва чизи дигарро низ набояд фаромуш кард, ки дар бозори кори Русия рақобат рӯзторӯз пуришиддат мешавад ва барои дар ин бозор ҷою мақомро аз даст надодан ночор шароити пешниҳоднамударо бояд қабул кард. Дар сатҳи сиёсати давлат ҳам бояд ҳама омилҳоро омӯхт ва дар асоси имконият ва зарфиятҳо мавҷуда муомила кард. Русия ба ҳеҷ сурат ҳузури худ ва бахусус ҳузури низомии худ дар Тоҷикистонро камранг ва коҳиш намедиҳад. Ва ин як ҳақиқати бебаҳс ҳам ҳаст, ки ҳузури низомии Русия барои амнияти кишвари мо ва минтақа аҳамияти ҳаётӣ дорад. Ҳама ҳамкориҳои минбаъдаи Тоҷикистон ва Русия ба ҳал шудани ҳамин масъалаи низомӣ алоқамандии мустақим дорад. Ва бе ҳеҷ дудилагӣ метавон гуфт, ки масъалаи низомӣ калиди боқии робита ва ҳамкориҳо аст.

Аз онки ба мавзӯи ҳамкориҳои низомии миёни ин ду кишвар ишорат фармудед ва онро калиди робитаҳо унвон кардед лутфан бигӯед, ки чун Тоҷикистон барои идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламраваш пул талаб карда истодааст, фикр мекунед Русия чи ҷавоб медиҳад?

Фаромуш кардан лозим нест, ки пойгоҳи ҳарбии Русия дар сарзамини Тоҷикистон ҷой гирифтааст яъне он мустақар аст, амал мекунад ва албатта дар асоси созишномаи дуҷониба. Ҳоло ки мӯҳлати иҷрои ин қарордод ба анҷом мерасад ва ҷонибҳо чун ду кишвари мустақил мехоҳанд барои бастани созишномаи нав манфиатҳои худро ҳимоят кунанд. Ин як амри табиӣ ва воқеист. Ва мавозини байнулмилалӣ ҳам талошҳо барои ҳимояти манфиатҳои давлатро дар чунин шароит тазмин намудааст. Тоҷикистон бар пояи манфиатҳо ва муқаррароти байнулмилалӣ ин ҳақро дорад, ки бар ивази тамдиди замони буду боши ин пойгоҳ ҳақ талаб кунад. Агар Тоҷикистон ин корро накунад, дигар давлатҳои абарқудрат низ муддаӣ хоҳанд шуд, ки инҷо пойгоҳ дошта бошанд, сарзамини мо пур аз нерӯи низомӣ мешавад ва мо бо забону дасти кӯтоҳ дигар чизе гуфта наметавонем. Аз зиёд будани шумори муҳоҷирони тоҷик дар Русия тарсидан лозим нест. Ҳарчанд ин масъала дар ҷараёни ҳама музокироти ду кишвар аз ҳассостарин масъала барои Тоҷикистон ба шумор меравад. Вале бояд тавре гуфтушунид ва музокираҳоро идома дод, ки дар натиҷаи он манофеи ҷонибайн ҳифз шавад. Аз тарафи дигар Тоҷикистон хуб медонад, ки аз Русия вобастагиҳои зиёд дорад ва зиёдаравиву пофишорӣ бар сари чизе, ки рӯёниданаш ғайриимкон аст, паёмади бад дорад.

Фикр мекунед ҳалли ин масъала метавонад нархи маводди нафтии Русияро барои Тоҷикистон кам кунад?

Фикр мекунам, бале. Ҳалли масъалаи идомаи ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон ба рафъи хеле аз мушкилиҳо аз ҷумла масъалаи коҳиши нархи маводди сӯхт ва ё харидорӣ бо имтиёзҳои вижа мусоидат мекунад. Айни замон байни Русия ва Украина ва Русияву Белорусия дар содирот ва воридоти маводди сӯхт доду гирифти боимтиёз вуҷуд дорад. Чун ин се кишвари славянӣ ҳастанд, ба ҳар ҳол бо ҳамдигар гузаштҳо мекунанд. Албатта беҳтар буд Эрон шарики муҳимм дар масъалаи таъминоти маводди сӯхт барои Тоҷикистон буд. Вале роҳи интиқоли он боз ҳам аз хоки кишварҳое мегузарад, ки чунин шароитро қабул нахоҳанд кард. Беҳтарин гузина ва ё роҳи ҳал барои Тоҷикистон дар мавриди ҳалли мушкилии маводди сӯхт беҳбуд бахшидани ҳамкориҳо бо Ӯзбакистон аст. Барқарории робитаи хубу ҳасана ва дӯстӣ бо Ӯзбакистон аз Ӯзбакистон дида ба Тоҷикистон бештар манфиат хоҳад овард. Аз байн бурдани низоми раводид, боз шудани сарҳадоти миёни ин ду кишвар, гардиши молу коло барои ривоҷи иқтисодӣ як такони назаррасе хоҳад дод. Танҳо коҳиши хароҷоти роҳ кофист, ки хеле аз маблағҳо сарфа шавад.

Дар давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия масъалаи буду бош ва фаъолияти муҳоҷирин дар ин кишвар хеле доғ шуд. В. Путин низ дар ин бора чанде аз пешниҳодҳои худ аз ҷумла донистани ҳатмии забони русӣ ва дар сурати вайрон кардани қонуни кору иқомат ҷазои сахттарро матраҳ кард. Фикр мекунед ин пешниҳодҳо акнун амалӣ мешаванд?

Дуруст аст, ки дар давраи интихоботи Русия таваҷҷӯҳи доваталабҳо ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ бештар шуд. Ин бесабаб нест. Зеро то ҳамин ҳоло ин масъала дар Русия ҳал нашудааст ва муҳоҷирони корӣ ва на танҳо аз Тоҷикистон, соҳиби шароити муносиби ҳуқуқӣ нашуданд, яъне новобаста аз онки як қишри чандмиллионӣ дар ҷомеаи Русия кору зиндагӣ мекунад қавонини ин кишвар ба он тарзе ки бояд ҳузури онҳоро замонат надодааст. Аз чунин вазъ муддаиҳои курсии президентӣ истифода карданд. Аммо дар Русия на танҳо масъалаи муҳоҷирон аст, ки бояд ҳал бишавад. Дар ин кишвар мушкилоти дигаре ҳам вуҷуд дорад. Баъзе аз ин мушкилот аз ҷумла коррупцияи густарда дар ниҳодҳои давлатӣ ва идораи кланӣ(қавмӣ), ки дар Тоҷикистон реша давонидааст дар Русия низ вуҷуд дорад. Аммо ба ҳар сурат ман бовар надорам, ки он бархурде, ки дар ҷараёни моҷараи халабонҳо (летчик)-ҳои рус миёни Тоҷикистон ва Русия рух дода

садҳо мухоҷир дар пайи он дар азоб афтода буду вале Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон сар ба сукут бурдаву дар даҳон об гирифта буд, такрор шавад. Дар ҳамон марҳалаи ҳавлноку сӯзон барои муҳоҷирин низ кӯмаки асосиро ба онҳо диаспораҳои тоҷики муқими Русия расониданд. Аммояк нуктаро бояд муҳоҷирони тоҷик бидонанд, ки минбаъд то инки вориди Русия бишаванд забони русиро биомӯзанд ва ҳадди ақал аз қонунҳое, ки ба худи онҳо марбут аст огоҳӣ пайдо кунанд. Зеро такрор шавад ҳам бояд бигӯям, ки бозори кори Русия барои хориҷиҳо дигар имкони интихобро пайдо кардааст ва дар ин рақобат танҳо онҳое баранда мешаванд, ки пеш аз ҳама зобони русиро донанд.

Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон чанд нафар адвокатҳои тоҷикро барои ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирин ба Русия фиристодан мехоҳад. Оё ин кор кадом манфиате барои муҳоҷирин меоварад?

Ман ин корро як найранг(афера)-и нави обу лой кардани пули бюҷет меҳисобам. Адвокат барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия зарур аст. Ҷунбиши муҳоҷирон омодааст барои онҳо дасти ёрӣ дароз кунад ва мо ин гуна имкониятро дорем, ки барои адвокатҳо қонунҳои Русияро биомӯзонем. Вале бубинед то ҳоли ҳозир худи Хадамоти муҳоҷирати ҳукумати Тоҷикистон барои муҳоҷирони кории тоҷик амалан чи суде овардааст, ки боз панҷ нафар адвокати меомада аз Тоҷикистон оварад. Барои якуним миллион муҳоҷир панҷ адвокат дар ҳазорҳо шаҳру навоҳии Русия чи тавр хидмат мерасонад? Ин танҳо як фиреби назар ва роҳи «списат» кардани пул аст. Агар ҳадаф дар ҳақиқат ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони корафтода бошад дар баробари суд, прокурор ва ё милисаи рус истифода аз хидмати адвокат аз худи Русия ва ё адвокатҳои тоҷики муқим дар Русия, ки шаҳрвандии ин кишварро дарёфт кардаанд, беҳтар ва самарабахштар аст. Он адвокатҳое, ки аз Тоҷикистон меоянд худи онҳо ногузир дар қайди муваққат зиндагӣ хоҳанд кард ва ба онҳо кадом мақоми хосе дода намешавад ва табиист, ки аз қонунгузории Русия огоҳӣ надоранд ва барои онки дар инҷо ба фаъолият шурӯъ кунанд бояд муҷаввиз (лисензия)-и мақомоти зисалоҳи ин кишварро дошта бошанд, ки мунтаҳо ин ҳама муаммоҳову мушкилиҳо ба осонӣ бартараф карда намешавад. Аз ин ҷиҳат худи онҳо дар Русия муҳтоҷи ҳимоякунанда хоҳанд буд. Пас, дар чунин вазъ онҳо чи тавр аз ҳуқуқҳои як муҳоҷири тоҷик дар идороти интизомиву додгоҳ ҳимоят хоҳанд кард.

Яъне фаъолияти Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистонро шумо кофӣ ва қонеъкунанда намеҳисобед?

Мо на танҳо фаъолияти онҳоро нокофӣ ва ғайриқаноатбахш меҳисобем, балки аз роҳбарияти кишвар талаб дорем, ки кормандон ва роҳбари Хадамотро ба истеъфо фиристад. То онҷо ки ман мушоҳида кардам онҳое, ки аз ин Хадамот дар Русия намояндагӣ мекунанд, аслан аз ӯҳдаи кор намебароянд. Вале онҳо ва аз ҷумла роҳбари он бештар дар фикри соҳибкор шудан ҳастанд. Бубинед ин Хадамот тавассути шабакаи «Ҷаҳоннамо» ба шаҳрвандони тоҷик рекламаеро нашр мекунад, ки гӯё давлату халқи Белорусия мунтазири муҳоҷирони кории тоҷиканд. Ин як дурӯғи маҳз аст. Зеро 20- дар сади шаҳрвандони Белорус мисли муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ба мардикорӣ машғуланд ва агар дар ин кишвар ҷойҳои кории муносиб буд магар ин шумораи бузург Русия меомад.

Дар мавриди сӯиқасд ба Додоҷони Атовулло, роҳбари созмони «Ватандор» дар Маскав чи фикр доред. Ба назари шумо ин корро кӣ метавонад бикунад ва оё мақомоти Русия онро ошкор мекунанд?

Дар мавриди ин ҳамлаи ноҷавонмардона фарзияҳои мухталиф баён карда шудаанд. Аммо ҳамаи онҳо ҳанӯз дар сатҳи фарзияанд. Вале то ҷое маълумот дорам дар додситонии Русия далелҳои зиёде ҷамъоварӣ шудааст. Як нукта рӯшан аст, ки дар анҷоми ин амал дасти кордзан хато хӯрд, вагарна дақиқан ҳадаф аз байн бурдани ӯ буд. Вале Додоҷон дар Русия ба касе халал намерасонд ва аз ин ҷиҳат гумони асосӣ ба тарафи Тоҷикистон мебарад. Ман дар сӯҳбатҳои худ бо намояндагони мақомоти Русия аз фаъолияти гурӯҳҳои таҳти назорати доираҳои муайян, ки аз соли 2007 дар Русия амал менамоянд як маълумоти таҳлилшударо аз тарафи кормандони Ҷунбиши муҳоҷирон пешниход намудам ва ин гурӯҳҳо то ҳол дар Маскав ҳастанд. Вале бовар дорам, ки қазияи Додоҷон ошкор хоҳад шуд.

Муносибати Шумо бо сафорати Тоҷикистон дар Русия дар ҳоли ҳозир чи гуна аст?

Мо бештар бо консулгариҳо сарукор дорем. Аз ин рӯ, бо кормандони сафорат он қадар мушкил надорем. Дар ҳар сурат, ман метавонам бигӯям, ки муносибат хуб аст. Барои мисол мо бидуни ёрдами ҳамдигар дар моҳи декабри соли гузашта , ки бар асари қазияи халабонҳо вазъи муҳоҷирони корӣ бад шуд, наметавонистем ба онҳо кӯмак намоем. Дар ҳақиқат ман дидам, ки дар он шабу рӯз Садбарг Ғаниева, роҳбари консулгарии Тоҷикистондар Русия ва корманди консулгари Мавҷуда Аъзамовна чун модар ба шаҳрвандони мо муносибат мекарданд. Кори худро ба дараҷаи баланди проффессионалӣ анҷом доданд. Ҳарчанд он вақт хеле аз ба ном «ҷамъиятҳо»-и тоҷикӣ, ки дар Маскав амал мекарданд, сукут ихтиёр карданд.

Нақшаи ташкили Ҳизби муҳоҷирин , ки дар матбуоти тоҷик сару садои зиёд ба бор овард чӣ шуд?

Пас аз интихоботи Думаи давлатӣ дар соли гузашта ва интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия, ки чанд рӯз пештар доир шуд ман бори дигар бар сари ин ақида омадам, ки ташкили ин ҳизб барои мардуми тоҷик зарур аст. Ҳоло амалан чархи иқтисодиёти мардуми тоҷик тавассути муҳоҷирони кориаш тоб мехурад. Аҳзоби дигари сиёсӣ дар ҳифзи манофеи онҳо танҳо дар лаҳзаҳои барои худи ин аҳзоб лозим садо баланд мекунанд. Вале дар парлумон намояндаҳои доимии ин ҳизб ба таври ҳамеша манофеи таъминкунандаҳои рӯзгор ва ҳамин тавр ҳаёти осудаи кишварро метавонанд ҳимоят кунанд. Ба назари ман сабти ном кардани ин ҳизб ба манфиати давлат ва мардуми тоҷик аст. Агарчанде медонам, ки бархе аз масъулин аз пешниҳоди таъсиси ин ҳизб хулоса ва бардоштҳои дигар кардаанд.

Ва саволи охир. Русия мехоҳад дар бунёди неругоҳи Роғун иштирок кунад. Ба назари шумо иштироки Русия дар ин сохтмон чи ахамият дорад?

Ба назари ман ҳоло фурсати он расидааст, ки давлати Тоҷикистон бояд дар сиёсати хориҷии худ мавқеашро муайян намояд. Мо бо кӣ будан мехохем? Ва аз байни давлатҳои бузурги дунё, аз ҷумла Русия, Амрико ваЧин мизони муносибат ва доду гирифтро муайян созем. Содир кардани хатоӣ зарбаи шадид ба кишвар хоҳад зад. Яъне дурнамои муносибатҳои Тоҷикистон дар рӯи харита бояд муайян ва авлавият дар ҳамкорӣ бо ин кишварҳо ва дар чӣ заминаҳое таъйин шавад. Ба андешаи ман ширкати Русия дар сохтмони неругоҳи Роғун барои Тоҷикистон бисёр боаҳамият хоҳад буд. Албатта Тоҷикистон бояд бахши асосии саҳмияҳоро худ соҳиб шавад. Вале ҷалби сармояи русӣ ва худи ин кишвар хеле аз мушкилотеро, ки пеши роҳи ин сохтмон баромадааст, аз байн мебарад.

Фараж № 11 (276) чоршанбе 14 марти соли 2012

C:Documents and SettingsUserXC:Documents and SettingsUserX

Похожие записи:

Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.556 seconds.