Гурӯҳи «Парем» ба гастрол, ба Русия меравад.
Гурӯҳи овозадори «Парем» дар чаҳорчӯбаи гузаронидани як қатор консертҳо, ки дар моҳи сентябри соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, силсилаконсертро дар шаҳри Маскави Русия ва вилоятҳои он баргузор хоҳад намуд.
Гурӯҳи «Парем» дар клуби «Б2» (шаҳри Маскав) 9 Сентябри соли 2012 баромад менамояд (http://b2club.ru/event/09-09-2012/20-00/8/). Чорабинию шабнишинии ҷашнӣ дар тарабхонаи «Хайём» (шаҳри Маскав) ва консерт дар Твер, ки вохӯрӣ бо ҳамватанон пешбини шудааст, низ баргузор мегардад. Дар поёни силсилаконсерт гурӯҳи «Парем» нақша дорад, ки дар шаҳрҳои Санкт-Петербург ва Петрозаводск (Корелия) консерт баргузор намояд, вале ин масъала ҳоло мавриди баррасии продюссерҳо қарор дорад. Барномаи консертӣ дар клуби «Б2» шаҳри Маскав 3 соат хоҳад давом дод, ки дар он суруд ва оҳангҳои машҳури худи гурӯҳ, инчунин сурудҳои халқии коркард намудаи гурӯҳ, баъзе сурудҳои Олег Фезов, Далер Назаров, Муборакшо Мирзошоев ва эҷодиёти классикони ҷаҳони рок садо хоҳад дод. Силсилаконсерти гурӯҳ ба ҷашни навбатии Истиқлолияти Русия, баланд бардоштани фарҳанг ва санъати тоҷик барои тоҷикони берун аз кишвар ва тарғиби тарзи ҳаёти тоҷикони нав дар назари русҳо бахшида шудааст.
Гузаронидани силсилаконсерти гурӯҳи «Парем» бо дастгирии як нафар шаҳрванди тоҷикистонӣ Аминов Шавкат, ки дар Русия иқомат мекунад, ба роҳ монда мешавад. Тамоми хароҷоти консертро ӯ бар ӯҳда дорад. Пас аз хотимаи силсилаконсерт дар Русия, гурӯҳи «Парем» чун анъана дар шаҳри Душанбе баромад хоҳад кард. Эҳтимол аст, ки консерти хайриявии гурӯҳ дар шаҳри Хоруғ низ гузаронида шавад. Аммо баромад кардани онҳо ҳоло, пас аз воқеаҳои ВМКБ, дар ин вилоят зери суол аст.
http://b2club.ru/event/09-09-2012/20-00/8/
Похожие записи:
- В ПЕРВЫЕ!!! ИЗ ДУШАНБЕ В МОСКВУ ПРИЕДЕТ ЗАМЕЧАТЕЛЬНАЯ, ОТЕЧЕСТВЕННАЯ ГРУППА “ПАРЕМ” 8 июля 2011
- Равшан и Джамшуд против начальника. 23 марта 2010
- Правозащитники Таджикистана объявили бойкот сериалу “Наша Russia” и фильму “Яйца судьбы”. 5 апреля 2010
- Приглашаем Вас Каромат Шарипов – Лидеру движение трудовые мигранты Таджикистана в РФ ,поддержать пикет в понедельник 6 февраля в 13:00 по адресу: г. Красногорск, бульвар Строителей, д. 1. На встречу приглашен губернатор Воробьев. 3 февраля 2017
- Не все наши соотечественники поддержали инициативу участников Движения “Таджикские трудовые мигранты в вопросе закрытия сюжета о таджикских трудовых мигрантах в скетч коме “Наша Раша” ”Фашизм Ташкента” и геноцид “Наша Раша”, – обзор таджикских СМИ от “Регнум”14:44 22.02.2010 3 января 2011