Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 27.05.2010
 

ИМОМИ АЪЗАМ (CИРОЧ–УЛ-УММАХ)

«Агар илм дар Сурайё бошад хароина мардоне аз инхо онро ба даст оварданд»: Ин хадиси Мухаммади Мустафо (с) хаст ва онро дар холе гуфт, ки дасташ болои шонаи Салмони форси (р) буд. Дурустии сухани паёмбари Худоро дар хидмати Ислом камар бастани мардоне аз форс ба мисоли Имом Бухори, Имом Муслим, Имом Насои, Имом Тирмизи, Имоми Аъзам, Имом Газоли, Имом Ч. Суюти, Чамолиддини Афгони, Абуалии Сино, Хофиз Шерози, А. Бедил, Санойи,Чалолиддин Руми, Фирдавси, Чоми, Хаём,Саъди ва дигар ситорахои дурахшону рахнамои осмони маорифи исломи ба исбот расонида суханони Худову Расулро гирифта бар чахониён тухми илму хикмату ахлокро кошидаанд.

Имоми Аъзам Абуханифа Нуъмон ибни собит дар соли 80х/699м, дар Куфа чашм ба олами хасти кушод у аз миллати форс ва фарзанди фарзонаи миллати точик будаанд. Бобои Имоми Аъзам, Зути ном дошта, аслан аз мардуми Балх (Кобули Афгонистон) будаанд, хангоми фатхи Хуросон аз чониби арабхо ба асорат афтода бо онхо мемонад. Зути дар ибтидо миёни арабхо монд ва солхои зиёдеро ба сурати ачнаби гузаронид. Мардум тавачухи хосе ба эшон накарданд ва агархом карданд ба сабаби тафовути забон холати у барои хама мушахас нашуд. Ва ба хотири ниёзхои зиндаги ночор шуд бо ахли ончо робитаи дусти баркарор кунад ва мудатхои зиёде бо таълими илм омода шуд. Зути форси забон будаанд ва дар мавриди Имом Абуханифа собит шудааст, ки бо мардуми ачам бо забони форси сухбат мекард. Дар замони хилофати хазрати Али (р-з) шахри Куфа яке аз шахрхои пеш тараки карда ба хисоб мерафт. Ба хамин муносибат Зути Куфаро интихоб мекунад ва дар он чо зиндаги мекунад ва аксари вактро барои адои адаб ва эхтиром дар назди Али (р-з) мегузаронад. Зути дар наврузе, ки барои Эрониён рузи иди бостони ба хисоб мерафт тухфахои идона гирифта ба зиёрати Али Ибни Абутолиб мерафт. Собит падари бузургвори хазрати Абуханифа дар Куфа тавалуд шудаанд ва Зути уро ба назди Хазрати Али (р) хозир карданд ва хазрат изхори шафкат фармуда ва дар хаки Собит ва авлодаш дуои хайр фармуданд. Зиндагонии Собит муфасалан маълум нест, факат аз манбахои ахбор маълум мешавад, ки барои умури рузгор тичорат мекард ва дар чихил солаги, худованд ба у фарзанде ато фармуданд, ки уро Нуъмон номгузори кард. Овони навраси ва чавонии Нуъмон дар зодгохаш Куфа гузашт. У Куръони Каримро дар сини хурдсолиаш пурра хифз намуд ва дар туллии хаёташ аз дохили куръон ва хадисхо 64000 (шастучор хазор ) хукми шариъатро ба чахониён мисли борони рахмат бо хости Худованди Карим фишонд. Ногуфта намонад, ки Абуханифа (р) ба хамаи илмхои асри худ шиносои ва маърифати комил дошт ва ру оварданаш ба фикх баъд аз озмудани илмхои дигар сурат гирифтааст.

Абуабдуллох ибни Ахмад ибни Кидом мегуяд, ки Худованд дуъои халифаи бузург Али ибн Абутолибро дар хакки фарзанди Собит (яъне Имоми Аъзам) ичобат намуд. Аз баракати хамин дуъо буд, ки халифахо ва фармонравоёни руи замин ва аксари чамъияти мусалмонон аз пайравони Абуханифа ва аз рахравои уянд ва дар илми фикх аёли (мухточи фикх) эшон хастанд. Хазрати Имом Абуханифа (р) дар соли 96 х/714 – м хамрох бо падари бузургвораш ба зиёрати хонаи Худо хач ва зиёрати оромгохи Хазрати Расули Акрам (с) ба Макка ва Мадина сафар намуданд, ки синни муборакашон ба шонздах расида буд. Имоми Аъзам дар тули умраш 55 маротиба хач кардаанд.

Собит падари Имоми Аъзам, марди точир ва сарватманд буд, Абуханифа (р) 52 соли умрашро дар даврони хукмронии Уммавиён ва 18 солашро дар даврони хукумати Аббосиён гузаронид. Тибки ривоёт Мансури Аббоси Имоми Аъзамро ба багдод даъват кард ва бе сабаб махбус намуд ва Абуханифа Нуъмон ибни Собит пас аз чанд муддати ранчу азоби махбуси дар зиндон дар соли 150х/767 м аз олам гузаштанд. Дар бархе ривоёт омадааст, ки Имоми Аъзамро дар зиндон захр дода куштаанд. Чанозаи он хазратро чамъи 50хазор нафар хонданд ва хафт бор намози чанозаро дар алохидаги хонданд. Макбари Имоми Аъзам (р) дар Багдод буда,зиёратгохи мардуми мусалмон мебошад.

Мазхаби у мисли нури тобон аз Куфа то Ироку Форс, Чину Чопон, Магрибу Андалус (Испания) ва тамоми Аврупо аз шимол то чануби Осиёи миёна, интишор ёфт. Мусалмонхое, ки равиши бандагии Худоро тибки мазхаби у анчом медиханд, такрибан нисф зиёди (60%) мусулмонхои дунёро ташкил медиханд.

(Эй бор Худоё, бо сабаби дарачаи Хабибат ва Имомат моро ба ахкомхои Ислом омил гардон )

Макоми Хазрати Имоми Аъзам (р) дар илми хадис:

Мо бояд биандешем шахсе, ки аз бист солаги, ки даврони чавони ва пухтагии фахм аст, ба илми хадис тавачух кард ва то мудати зиёде ба ин амр машгулят дошт.

Шахсе, ки аз олимони машхури Куфах аходис ёд гирифт.

Касе, ки солхо аз омузишгохи харами шариф илми хадис тахсил кард.

Фарде, ки аз шайххои Мадинаи Мунавара санади фазилат хосил кард.

Инсоне, ки бо шонздах сахоба сухбат намуда аз онхо хадис накл кард.

Шахсе, ки дар назди сахобаи паёмбар ва устодони хадис тахсил кард ба мисоли Косим ибни Абдурахмон ибни Абдуллох ибни Масъуд (р/з) ва Солим ибни Абдуллох ибни Умар ибни Ал-Хаттоб (р/з) ва Осим (р) яке аз кориёни куррои хафтгона (куррои сабъа) ва аз хонадони паёмбар Имом Зайд ибни Али (Зайналобиддин) ва Имом Мухаммади Бокир ибни Али, Имом Содик, Саъид ибни Масрук, падари Суфиён Саври ва Ато ибни Ясор Хилоли Мадани ва Исмоъил ибни Хаммод ибни Абусулаймон ва дигархо буданд ва инхо устодони фани хадис ба шумор мераванд ва китобхои Бухори ва Муслим аз ривоёти эшон мамлу аст, фарде бо ин хусусиёт ва бо ин бузурги чи макоме дар илми хадис бояд дошта бошад?

Баъд аз ин ба шогирдони вай назар бияндозем. Имом Яхё ибни Саъид Абдуразок ибни Хамом ки имом Бухори аз китобаш «Чомеъ – ул – кабир» хеле истифода кардааст.

Язид ибни Хорун ки имом Ахмад ибни Ханбал дар бораи у гуфтааст «ман касеро дар хифзи аснод ва ривоят баробари у надидам». Абдуллох ибни Муборак, ки дар фанни хадис хама ба у амирул муъминин гуфтаанд. Яхё ибни Закариё ибни Аби Зайд ки Али ибни Мудини (устоди Бухори) вайро мунтахои илм номидааст. Абуюсуф Яъкуб ибни Иброхим ибни Хабиб (аввалин козиюл куззот дар ислом) ва дигарон. Ин афрод на факат номи шогирди доштаанд, балки солхои дароз аз махзани пурфайзи Имом, касби илм намудаанд ва бар ин пайравиашон хамвора ифтихор мекарданд.

Макоми Хазрати Имоми Аъзам (р) дар илми фикх:

Бисёри аз улуми ислом монанди тафсир, хадис, фикх агарчи дар ибтидои ислом ривоч ёфта буданд, аммо то замоне, ки ба тарзи як илм ва фани чудогона дар наёмада буданд ба фарди хосе нисбат дода намешуданд.

Дар замони паёмбари Акрам (с) ахком таксим нашуда буданд. Паёмбар Мухаммад (с) дар назди сахобагон вузуъ мегирифт хамон гунна ки паёмбарро медиданд ба хамон нахв намозхояшонро мехонданд. Аз фарзу вочиботу суннатхо кам суол мешуд. Баъд аз рихлати паёмбари Акрам (с) футухоти исломи густариш пайдо кард ва доираи тамадун ва фарханг васеъ шуд. Фарде дар намоз як амалеро сахван тарк мекард, холо ин бахс эчод мешуд, ки оё намози у дуруст аст ё на? Имкон набуд, ки хамаи аъмол мавчуд дар намозро фарз гуянд. Аз барои хамин сахобагон ночор монданд, ки аъмолеро талкин кунанд ва бигуянд, ки дар намоз чанд фарз ва чанд вочиб ва чанд суннат ва чанд мустахаб вучуд дорад. Ва ин хизмати бузургро дар ислом Имоми Аъзам анчом дод ва лакаби бунёнгузори фикх ба Имом Абуханифа ихтисос ёфт, ки арзиш ва муносиби ин лакаб буд.

Ва таснифоти Хазрати Имоми Аъзам (р) инхоянд:

1) Ал-фикх-ул-акбар

2) Ал-фикх-ул-авсат

3) Ал-олим вал мутаъаллим

4) Ар-рисола

5) Китобу –ул-васият

6) Китоб-ар-рад ъалал кадарийя

Имоми Аъзам (р) усули мазхаб ва фикхи худро аз хафт масдар гирифтааст:

1) Китоби Худо, яъне Куръон

2) Суннати Расули Худо (с) яъне хадис

3) Фатвои сахоба ва аквол (гуфтахои имон)

4) Ичмоъи уммат

5) Киёс

6) Истехсон

7) Урф

Эй бор Худоё, Он чи аз некихо гузаштааст бар мо равшан гардон ва фикхи Имомро насиби мо гардон.

Мояи кайд аст, ки мо набояд фаромуш кунем, дар садсолахои охир мо аз таърихи ниёгони худ ва дини худ харф задан ва сухбат карданро бар мо хуш надида ва чиноят медонистанд.

Имруз чои ифтихор аст, барои хар як фарди точики асли, ки ин муаммои сарбастаро ин ормони парвардаи хазорсолаи мардуми форсу точикро раиси Чумхурии Точикистони азизамон бо иродаи мустахакам дар миёни душманони дину миллат, камари химмат баста бо вучуди чи кадар гаронихо ин масъулияти бузургро бар ухда гирифта дар сар то сари Точикистон соли 2009-ро расман соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон кард. Ва ин чашн хам бо ифтихор ва сарбаландона дар назди чахони ислом анчом ёфт.

Умед аст, калбан ва рухан аз чаноби оли, ки инчунин чашнхо бардавом мешавад ва бо ёрии Худо идома хохад дод. Дар дахсолахои охир мо на факат чашни ачдодони худро гирифта истодаем, балки он кадар пешрафт карда истодаем, ки бист сол пеш аз ин ъамалхо факат дар умед ва ормонхои мардуми точик дар дилхояшон хуфта буд ба мисоли ба харфи ниёгон баргаштан ва тахсилоти динию мазхаби дар мактабхо ва рохсозихо ба кишвархои хамсоя ва сохтани майдонхои хавои ва ниругохои бузурги нишооти барки ва сохтани пулхо байни давлатхои хамсоя ва сохтани тунельхо ва гузоштани мучасамахо…. ва хамаи ин орзухои мардуми азизамон бо ёрии худо ичро шуд ва шудаистодааст.

Ман аз самими калб раиси чумхури точикистони азизамонро бо хомаи ин ухдабароихои гайри имконпазир ва ворисиаш шукру рахмат гуфта, сад офарин мегуям ва ин мояи ифтихор барои хамаи миллати форсу точик аст.

НАБОЯД ФАРОМУШ КАРД:

Мо набояд фаромуш кунем, ки дар садсолахои охир мо на факат давлати абаркудрати худ Сомониёнро аз даст додем, балки душманони дину миллат ва хоинони миллат он кадар чуръат карданд, ки худсаронаву бе инсофона моро аз пойтахти худ Бухорои Шариф шахри мукаддаси точикон, ки зодгохи шахсиятхои бузургтарини дунёи форс буд, берун карданд. Ва аксарияти мардуми миллати азизи форсу точикамонро ки устодони башарият ба шумор меравад ба як кабилаи беному нишон золимона иваз карда дарноми худ навиштаанд. То хаде, ки модари точик бо фарзандаш ба забони ширини форсии дарии точики сухбат кардан ва навиштанро чиноят медонистанд.

Ва дар зами ин вахшигарихояшон аз бефархангию бе ному нишонии худ, шарм накарда меросу таърихи хазорсолахои мо ва шоиру нависандагони моро аз худ кардаанд. Дар ин васф шоири бузургамон Носири Хисрави Кубодиёни чи хуб мефармояд.

Хуросон чои дунон шуд, нагунчад,

Ба як хона дарун озода бо дун.

Ки авбоше хаме бехону беном,

Дар у имруз хонгаштанду хотун.

Ва калам ба даст гирифтани Низоми ва Навоиро ба забони гайри форсии дарии точики навиштанашонро гумон дорам. Харчизе, ки инхо навиштаанд бо забони форсии дарии точики навиштаанд ва баъдан ба забони туркзабонхо тарчума шуд.

Хайриддини Абдулло

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.458 seconds.