Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 29.08.2014
 

Ин ғуломӣ то ба кай?Ҳеҷ хабаре доред, ки дар як рӯз чанд тоҷик бо зулму ситам кушта мешавад ва чанд тобути ҷавон ба ватан фиристода мешаваду чанди дигараш дар мурдахонаҳои Рус сузонида?.

Эй забардасти зердастозор,

Гарм то кай бимонад ин бозор?

Ба чӣ кор оядат ҷаҳондорӣ?

Мурданат беҳ, ки мардумозорӣ!

Пӯшида нест, ки ин шабу рӯз дар шаҳри Маскав яке аз хортарин, беобрӯйтарин, пастарин ва назарногиртарин миллат дар байни русҳову муҳоҷиронӣ меҳнатии дигар миллатон, тоҷикон ба ҳисоб меравад. Кор ба ҷое расидааст,ки ҳар тоҷикро дар ҳозириву ғоибиаш бо лақаби Ҷамшеду Ҷумшуд муаррифию масхарааш мекунанд. Сафи муҳоҷирони тоҷик дар Росия тайи ду милён ба ҳисоб рафта қисми зиёдашонро ҷавонон бе маълумот ба ҳисоб меравад, аз даҳ нафар ду нафарашон базӯр хондаву навишта метавонанд. Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст шумораи аҳолии тоҷикон таи ҳашт милён бошад ду милён ҷавонони бе маълумоти олии ғарибӣ дар мусофират буда, мебошанд. Пас боқимондааш танҳо пиронсолону занҳову кӯдакони хурд мемонанду тамом. Дар урфият мегӯянд,ки “ҷавонон ояндаи миллатанд” пас кадом ҷавононро дар назар бояд дошт, ҳамин ҷавонони бе маълумоти зиёда аз бист сол бехону беному хору зор мондаи дур аз ватанро ё як чанд нафар фарзандони вазиру раисони дар ватану хориҷ таҳсил мекардаро. Пас болои ин мушкилоти сарсахт ҳама бо ҳам бояд биандешем.

Оё шумо метавонед гуфт?

Хитоб бар шумо мекунам эй, касоне,ки сухан аз миллату фарҳангу забону нажод мезанеду худро вориси ин миллат медонеду мехонед. Оё медонед зиндонҳои Русия пур аз ҷавонони тоҷик шуд?.

Ҳеҷ хабаре доред, ки дар як рӯз чанд тоҷик бо зулму ситам кушта мешавад ва чанд тобути ҷавон ба ватан фиристода мешаваду чанди дигараш дар мурдахонаҳои Рус сузонида?.

Оё шумо метавонед гуфт, ки ин ғарибиву дарбадари кай хотима меёбаду мардум дар ватани худ дар назди зану фарзанд кору зиндагӣ мекарда бошанд ?.

Оё шумо метавонед гуфт, ки кӯдакҳои мактабхони ибтидоӣ ояндаашон мисли падаронашон ғарибу хору зори дарбадари русҳо намешавад ?

Аробакаши бозорҳои Русия киҳоянд?

Ҷуноне ба ҳамагон маълум аст, ки пастарин кор ин аробакашист. Ин пастарин корро ору шармандагӣ дониста дар бозорҳои Русия ҳеҷ миллате намекунад ба ҷуз тоҷикон. Ва новобаста дар ҷою шароите, ки ин аробакашон зиндагӣ мекунанд, ҳеҷ ҳайвоне дар чунин шароит дар Русия зиндаги намекунад . Мояи қайд аст,ки аксарият дар ин бозорҳо дар таҳхонаҳое шабона хоб мекарданд, ки аз як дарбачаи чоҳ 50р дода зиёда аз чансад нафар даромада дар ҳамон ҷо паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам дар рӯйи замини битон шабашонро рӯз мекарданд, ки дар он дохили таҳхона на тиреза дошту на даре ба ҷуз дарбачаи даромадгоҳ.

Ин мардумро дар ин кори паст ва дар ин кори зулм ки медошту бо чандин зулму ситам истифодаашон мекард. Боз ҳамон бригадирҳои тоҷики худ, ки дар лиқои ислом медаромаданду ҳоҷиашон мегуфтанд. Роҳбари ин бригадирҳо,ки лақаби ҳоҷигӣ доштаанд бо фармони як чанд яҳудӣ хуни ин ҷавонони аробакашро мемакиданд. Ва рӯзҳое мешуд, ки маҷбуран ин ҳоҷиҳои

золим аробакашҳои дастнигари худро бо зӯриву маҷбурӣ пояфзорҳое ки нархаш 250р меистод бо фармони роҳбарашон яҳудибуда ин ҳоҷиҳо бо зӯриву ситам дар 3000р дар гардани ин аробакашҳо бор карда мефурӯхтанд. Ва инчунин ҳар рӯзаш аз ҳар коригаре 500р бегоҳ меситониданд новобаста аз оне,ки кор мекарданд ё намекарданд. Ин чунин ҳар аробакаше ба ҷуз аз кафеи ҳамон ҳоҷи аз дигар ҷой таом хариданашонро медиданд аз кор меронданд. Барои дар кори аробакашӣ даромадан ҳар ҷавон 8000р пора медоду ба кори аробакашӣ медаромаданду ва муддати як ҳафтае кор мекарданду бо сад баҳона аз кор ронда мешуданд ин як намуди пулситонии хоҷиёни золими дур аз Худову инсоният мебошад.. Дигар ҷинояташон ин буд,ки аз Тоҷикистон духтарҳои ҷавони тоза ба балоғат расидаро бо сад фиребу найранг оварда ба роҳбари яҳудашон пешкаш мекарданд барои кайфу сафову зино. Инчунин баъдан ба кишварҳои араб мефиристоданд барои зинокорони араб.

Инро ногуфта намонам, ки ҳар кадоме аз ин ҳоҷиҳо то даҳ нафар муҳофиз босилоҳ дар гирди худ доштаанд, охир як бригадири оддии дар болои аробакашон роҳбар буда наход ки чунин посбонҳои силоҳдорро бо худ дошта бошад, ин кор барои ҳар инсони соҳиб хирад тааҷҷубовар аст.

Ва аз дигар тараф ин,ки бояд ҳамагон донанд ин рафтору кирдори ваҳшигаронаи худи аробакашон аст, ки ҳар инсони имондорро ба хашм меорад.

Вақте инсон вориди ин бозор мешавад гуё ба дунёи вуҳашо ворид шуда бошад. Бо садои баланд дашномҳои модаратро фалон кунам, хоҳаратро фалон кунам, дар даҳанат фалон кунам, дар фалонҷоят фалон кунам гӯён якдигарро дашномкунон бо садои баланд мегӯянду механданд. Тааҷҷубовараш ин аст,ки ин дашномҳоро бо як дигар мегӯянду механданд ҳатто хафа ҳам намешаванд. Ё худое нокарда як духтари тоҷикро бо либоси миллии тоҷикӣ гузаштанашро дар он бозор бинанд бо ҳазор масхараву суханпартоиҳову дастқапиҳо бо ашки резон аз он бозори ваҳшиён берун мешавад ва борҳо ҳам латукӯб байни ворисони ин духтарӣ роҳгузару ин роҳзанони аробакаш гузашта буд. Пас ин нишонаи онро дорад, ки аллакай аз инсоният бегона шудаанд. Борҳо ҳамзабонони эронию афғониву покистонӣ муроҷиат кардаанд,ки коре бояд кард, ки инҳо аз дашном кардан даст кашанд, ки забону миллату динро шарманда кардаанд. Дигар ҷиноятҳояшон ин аст,ки баъди соати корӣ зинову маводи мухадир фурӯшиашон ошкорост.

Муроҷиати ман ба роҳбарон ва масъулони миллати тоҷик ин аст,ки ҳарчӣ зудтар пеши ин зулму ситаму ноодамиҳову шармандагиҳоро гирифта ин ҷавононро ба кишвари худ баргардонида бо ҷойҳои кориву хониш муҳайё созанд ва баъд дам аз ориёнажодиву тоҷикаёниву Сомонӣ зананд. Зеро Худованд дар Қуръон мефармояд :”Худованд ҳолу вазъи ҳеҷ қавмеро тағйир намедиҳад, магар ин ки онҳо аҳволи худро тағйир диҳанд” (Сураи Раъд, ояти 10).

Хайриддини Абдулло, роҳбари Кумитаи Дин дар назди Ҷунбиши Муҳоҷирони Тоҷик дар ФР.

Похожие записи:

Не найдено.

2 Комментариев to “Ин ғуломӣ то ба кай?Ҳеҷ хабаре доред, ки дар як рӯз чанд тоҷик бо зулму ситам кушта мешавад ва чанд тобути ҷавон ба ватан фиристода мешаваду чанди дигараш дар мурдахонаҳои Рус сузонида?.”

  1. мигрант из Иркутска Сказал(а):

    дар бораи “чавонон ояндаи миллатанд” рост гуфтед. бачахои вазиро ояндаи миллатанд, ояндаи бачахои мигранто боз мухочири

  2. Аноним Сказал(а):

    Худованд мехрубон аст аз дарёи рахматаш моро низ бе насиб намегардонад

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.462 seconds.