Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 16.01.2016
 

ИСЛОМ ДИНИ ХУШУНАТ ВА ШАМШЕР НЕСТ

Во аллейкум саломКирдорҳои номашруъ ва амалҳои зидди башарии размандагони «ДИИШ» дар Ироқу Сурия, Ливия, Афғонистон ва Яман натанҳо сиёсатмадорон, коршиносон, низомшиносон, низоъшиносон, балки пеш аз ҳама уламои ҳушманд ва бедори ҷаҳони исломро нигарон намудааст.

Бунёд ва аҷзои «Давлати исломӣ»-ии Абубакри Бағдодӣ ташкилоти сирф зидди исломӣ буда, барои исломҳаросӣ ва исломситезӣ аз ҷониби қудратҳои ғосиб ва ҷинояткорҳои байналхалқӣ таъсис дода шудааст!

Пешво, асотид ва бузургони дини ислом дар кишварҳои муъталиф бар зидди наҳзатҳои диишӣ бархоста, ҷавонони мутаддайинро аз пайвастан ба сафи «ДИИШ» манъ намуда, балки онҳоро дар мубориза бар зидди ташкилотҳои ифротии «Давлати исломӣ» даъват менамоянд.

Намояндаи маъруфи ИМА Ҳиллара Клинтон таъкид кардааст, ки: «Мо ДИИШ»-ро барои таксими Осиёи Миёна» таъсис додаем. Ташкилоти террористи «ДИИШ» барои пиёдасозии қудратҳои худкомаи ҷаҳонӣ хидмат намуда, Абубакри Бағдодӣ амири «Хилофат» гумоштаи хадамоти ҷосусии «Масад»-и Исроил аст. Номи аслии ӯ Шамиъун Эллит мебошад!

Воқеаҳои дахшатбор, ҷангҳои хонумонсӯз, қатлу куштор, ғорати амвол, дуздии моликияти давлатию шахсӣ, гаравгонгирӣ, муҳоҷирати иҷборӣ, тахриби осори таърихию исломӣ, забҳ ва зинда ба зинда оташ задании асирон аз ҷониби афроди ифротие, ки хедро «Муҷоҳид» хонда, ҷиноятҳои содирнамудаашро «Ҷиҳод дар рохи Аллоҳ» Муҳаммадсолеҳи Пурдилро низ бетараф нагузоштааст!

Тамоми уламои исломӣ қавлу ақидаи муғризин ва афкори ботили моҷароҷуйёнеро, ки гӯё дар қаламрави Сурия ва Ироқ ҷанг байни тасанну ташшайю ва куфру ислом аст, рад намуда, ҷавонони исломиро аз ширкат намудан дар ҷангҳои зидди давлатии Ироқу Сурия наҳй намудааст, зеро дар ин манотиқ ягон навъи ҷиҳод вуҷуд надорад. Террористони зархарид, муздурони ҷинояткор ва хоинҳои ватанфуруш аз гушаву канори дунё ҷамъ омада, шомили «ДИИШ» гашта, талош доранд, ки амалҳои зидди шариъатии худро дар зери шиорҳои сохта ва парчами сиёҳ пинҳон намоянд.

Дини ислом оини муҳаббат ва мурувват аст. Касе наметавонад ин ҳақикати раднопазирро бо амалҳои зишт ва ҷинояткоронаи худ бадном созад. Паёмбари ислом- ҳазрати Муҳаммад (с) хушунат, такфир, ифрот, хунрезӣ, қатлу куштор, ғасби ҳокимият ва анвоъи ботилу харомро қатъиян махкум намуда, аҳли имонро ба сулҳу бародарӣ фаро хондааст.

Ҷаҳлу таъассуб дар ДИИШ авлавият дошта, андар гуфтору кирдори диишиҳо оддитарин нишонаи ислом ва авомили Қуръонӣ вучуд надорад. Размандогони бераҳми ДИИШ тифлони бегуноҳ, уламои аҳли суннат ва раҳбарони давлатиро ба таври ваҳшиёна дар саҳни масҷид ва мадорис сар мебуранд, зинда ба зинда бо усули Намрудӣ оташ мезананд. Ҷинояткорҳои байналхалқии ба ном муҷоҳид барои равнақи тиҷорати номашруъи худ дуконҳои гурда ва дилу ҷигари одамфурушӣ ифтиттоҳ намуда, асиронро бо душвортарин усули ҷангӣ ҷазо ва азоб ба қатл мерасонанд.

Ибни Таймия (1263-1328) аз бунёдгузорони мактаби такфирӣ ва ифротиии равияи экстремистии салафия дар асри 13-14 мелодӣ аст! Ӯ тавассути иттилооти дуруғ ва бардошти ғалат аз Қуръон ва суннату-н-Набӣ (с) оташи низоъ ва ихтилофро дар миёни

уммати исломӣ шуълавар кард. Ибни Тайимия зиёда аз 30 соли хаёти худро барои фатвҳои зидди шаръӣ ва ақоиди ботили такфирӣ дар зиндон сипарӣ намудааст.

Баъди сипарӣ гаштани чаҳорсад сол баъд аз марги Ибни Таймия мактаби ҷадиди ӯро аз нав Муҳаммад бин Абдулваҳҳоби Наҷдӣ (1703-1791) дар Арабистони феълӣ, дар шакли комил бо дасгирии лордҳои инглис ва панарабистони шовинистӣ зинда намуд,

Масоили иқидавӣ, фикҳӣ ва назарияҳои такфирии Таймияро барои бунёдгузории панарабгаройӣ истифода намуд . Абдулваҳҳоб тавассути шамшеру зур ва хушунату ифротгароиро уламои сашиноси аҳли суннатро дар Мадинаву Макка ва Тоифу Ироқ ва Шому Басра қатли омм намуд. Вай пайравони назарияҳояшро мусалмону муваҳҳид ва мухолифону мунтақидонашро кофиру шиа ва мулҳиду мушрик хитоб мекард.

Ибни Абдуоваҳҳоб тавонист, ки тавассути иттилооти бардуруғ мавзуи «Тавҳид» ва «Ҷиҳод»-ро дар саросари қаламрави Чазирату-л-Араб тавассути бевоситаи лордҳои Инглис таблиғ намояд ва ҳазорон мусалмонро несту нобуд созад.

Дастгоҳҳои иттилоотӣ ва шабакаҳои таблиғии фаромиллии ДИИШ шабонарӯзи идеологияи террористонро ҳамчун таълимоти дини ислом дар ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуда, ҷавонони исломиро новобаста аз қавму миллат ва аз кадом кишвару давлат буданашон барои пайвастан ва шомил шудан ба сафи созмон ва ҳаракатҳои экстремистӣ даъват менамоянд.

Тибқи иттиллооти генерали полиси улусволии Найнаво ҷаноби Занун ал-Сабавӣ размандогони ҷиҳодии ДИИШ баъди ғасби шаҳри Мосули Ироқ бо амру фармони амири« Хилофат» Абубаки Бағдоӣ 837 зан ба қатл расонида шуд. Занҳои асирафтида бо хулосаи фатвои муфтиҳои ДИИШ ба василаи шамшер сарҳояшон бурида шуданд.

Террористони ба ном муҷоҳиди ДИИШ дар Сурия дар таърихи 9.11.2015 барои эҷоди тарс ва дахшатафканӣ 300 кудаки хурдсоли суриягиро, ки ҳамаи онхо фарзандони мусалмонҳо буданд, ба қатл расониданд ва ҷасади ин тифлони масъум, ки онҳо духтаракону писаракон буданд, дар саҳни масчид ва роҳравҳои шахр патоб буданд.

Ҳамзамон гурӯҳи террористии ДИИШ филмеро аз куштори дастҷамъии 200 кӯдак мунташир кард. Фозил Алғаровӣ узви Комиссиюни олии ҳуқуқи башари Ироқ, ДИИШ дар шаҳри Мусил чаҳор пойгоҳи низомии махсуси омӯзиши кӯдакони террорист дорад ва салафиҳои такфирӣ 1200 кӯдакро рабуда ва дар ин пойгоҳҳо барои анҷоми амалиёти террористӣ омӯзиш медиҳанд.

Алғаровӣ афзудааст, ки ДИИШ муртакиби ҷинояти ҷангӣ ва ҷиноятҳо сангини зидди башарият мешавад ва Комиссиюни олии ҳуқуқи башари Ироқ шаш ҳазор санад аз иқдомоти зидди ҳуқуқи башарии ин гурӯҳи террористиро дар ихтиёр дорад. Гурӯҳи террористии такфирии ДИИШ аз замони ишғоли бархе манотиқ дар Ироқ ва Сурия, муртакиби ҷиноёти бешуморе шудааст ва ҳар кӯдак, зан ё мардеро, ки ҳозир ба ҳамкорӣ бо террористҳо нашавад, ба шаклҳои мухталиф ва ваҳшиёна эъдом ва филми онро барои эҷоди тарсу ваҳшат миёни мардум мунташир мекунад. 22.октиябри соли 2015 Ҳайсам Абусаид Вазири умури хориҷаи порлумони байналмилалии амният ва сулҳ эълом кард, ки ҳимояти тадорукотии кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс ва режими саҳюнистӣ аз гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ ба авҷи худ расидааст. Ба гузориши хабаргузории расмии Сурия (СОНО) аз Байрут, Абусаид гуфт: гурӯҳаки террористии ДИИШ дорои мусташорон ва коршиносони низомӣ аз кишварҳои Арабистон, Иморот, Қатар, Урдун ва режими саҳюнистӣ аст. Вай афзуд: Арабистон беш аз ҳазор дастгоҳ ва Урдун беш аз чаҳор ҳазору 500 дастгоҳ худрав дар ихтиёри гурӯҳи террористии ДИИШ қарор додааст. Вай таъкид кард: кишварҳои Қатар ва

Иморот низ бо ихтисоси маболиғи ҳангуфт, ҳуқуқи дииш-иҳо ва ҳазинаҳои рӯзонаи ононро таъмин мекунанд.

Ҳайсам Абусаид Вазири умури хориҷаи порлумони байналмилалии амният ва сулҳ таъкид намудааст, ки: нерӯҳои мардумии Ироқ як палковники режими саҳюнистиро боздошт кардаанд, ки дар хилоли бозҷӯиҳо эътироф кард, ки шуморе аз нерӯҳои низомии ин режими ғосиб дар канори фармондеҳони аршади гурӯҳаки террористии ДИИШ фаъолият доранд. Палковник ҳамчунин гуфт: саҳюнистҳо барномаҳои гурӯҳи террористии ДИИШ-ро тарроҳӣ мекунанд.

Дастгоҳҳои ифротӣ ва ҷинояткори муташшакили террористӣ таҳриф ва таъвил дар манобеъ ва сарчашмаҳои исломӣ намуда, усули дин, аҳком, аркон, оят ва меъёрҳои Қуръонӣ ва шариъатро дар асоси мафкураи террористӣ тағйир додаанд, ки ин усули онҳо барои шустушӯи мағзӣ беҳтарин равиш ва маводи заҳрогин ба ҳисоб меравад.

Марказ ва ватани аслии ин гурӯҳи ифротӣ Шимоли Африқо, Арабистони Саудӣ, Амрико ва Инглис, Миср, Ал-Ҷазоир, Тунис, Ливия, Марокаш, Судон, Покистон, Сурия, Ироқ, Қатар, Баҳраийн, Яман мебошад.

Ангезаҳои иттиллоти такфирӣ ва ифротӣ тавассути фурухта шудагони афғону-л-араби салафия шуда, ки муҳоҷирони араб дар Афғонистон ҳастанд ва афғонҳои фурухта шудае, ки дар Арабистон ва соири кишварҳои номбаршуда барои «Ал-Қоида» ва «ДИИШ» хизмат менамоянд!

Дастгоҳҳои иттилоотии шабакаи террористии «Ал-Қоида» ва «ДИИШ» дар Мағриби исломӣ чун Алҷазира, Ливия, Малӣ, Муританӣ, Нигерия, Ироқ ва марзҳои Урдун, Лубнон ва Сурия ва ҷабҳаи «Ан-Нусра», Ҷамъияти Исломӣ дар Индонезия, ҷануби Тайланд, Малайзия ва ҷануби Филипин ва созмонҳои дигари ифротӣ дар Покистон чун «Сипоҳи саҳоба», «Байтуллоҳи Масъуд», «Тариқи Толибони Покистон», «Лашкари Ҷуҳангувӣ, «Лашкари Ҷундуллоҳ» ва «Ҷайшул-Адл» ва «Ансоруллоҳ», Ҳаракати исломии Туркистони Шарқӣ, Ҳаракати исломии Узбакистон, «Аморати исломӣ» дар Афғонистон ва «Боко Ҳарам» дар Африко барои ангехтани хусумат ва чангҳои мазҳабӣ машғул ҳастанд.

ДИИШ ДИНИ ИСЛОМ НЕСТ;

Воизи маъруф ва донишманди ҳушманд Муҳаммад Солеҳи Пурдил аз бозиҳои пасипардагии ДИИШ ва созмондиҳандагони он ба хубӣ воқиф аст. Ба хотири худшиносӣ, таъмини амният ва бедории ҷавонони исломӣ шайхи Муҳаммадсолеҳи Пурдил даъват менамояд, ки:

«Ба тавтиаву талбисоти дастгоҳҳои таблиғотии ДИИШ ва ҳампаймонҳои он бовар накунед, зеро онҳо дини ислом ва неруҳои имониро барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ истифода мебаранд. Касе худро намешиносад, Худоро намешиносад.

Афроди ҷинояткоре, ки шомили ДИИШ шудаанд, ки худро ва Худоро намешиносанд. ДИИШ ҷойи ислом нест. ДИИШ моли мусалмон нест. Тундравони ифротие, ки шомили ДИИШ ҳастанд, зархаридони режми саюнистӣ буда,ҷоҳилу гумроханд. Бадбахтӣ дар он аст, ки онҳо омили исломҳаросӣ ва манбаи хонавайрони уммати исломӣ дар ҷаҳон гашта, аз номи дини ислом бар зидди ислом дарҷанганд.

Шайх Муҳаммадсолеҳи Пурдил мегӯяд:

- «Ислом дини сулҳ аст. Ислом дини тартибот аст. Ислом дини шамшер нест! Ислом дини қалам аст.Ислом дини тадаббур аст. Ислом дини муҳаббат аст. Ислом дини мурувват аст. Ислом дини машварат аст. Ислом дини таъаққул аст. Ислом дини андеша аст. Ислом дини адаб аст. Ислом дини ахлоқ аст. Ислом дини дониш аст.Ислом дини пок ва созанда аст.

Ислом дини илму яқин аст. Шахси мусалмон қотил, ифротӣ, тахрибкор, хушунатомез, интиҳорӣ, фитнакор, беандеша, ҷоҳил ва зинокор, террорист нест».

Муҳаммадсолеҳи Пурдил дар идомаи муороҷиати худ таъкид мекунад, ки яқин дошта бошед, ки: «Ислом дини хушунат нест! Ислом дини фитна нест! Ислом дини дасиса нест! Ислом дини куштор нест, Ислом дини катлу нафрин нест! Ислом дини оташ задан нест, Ислом дини асир гирифтан нест! Ислом дини ифрот нест!

Ислом дини такфир нест! Ислом дини гаравгонгири нест! Ислом дини харомхури нест! Ислом дини забх нест! Ислом дини инфичор нест! Ислом дини интихор нест! Ислом дини тахриб нест! Ислом дини душмани нест! Ислом оини зинокори нест!

Ислом оини таҷовуз ба номус ва иффат нест! Ислом оини ситезакори нест! Ислом оини инсонситези нест! Ислом оини дилозори нест! Ислом дини хароб кардани сабзазор ва дарахтон нест! Ислом дини дуздии моли мардум ва давлат нест! Ислом кибру гурур ва зур нест! Ислом дини худшиносӣ аст! Ислом дини Худошиноси аст! Ислом дини одамгарист! Парчами ислом сафед аст! ДИИШ дини ислом нест! Ислом дини эхтиром аст! Ислом дини амният ва оромиш аст!.

ДИИШ ин чи ҳаракати хом аст

Имруз ҷавонони хоми 14-15 соларо шустушӯи мағзӣ намуда, қотил мекунанд. ДИИШ чист? ДИИШ фарзанди кӣ ҳаст? ДИИШ-ро ки таъсис додааст? ДИИШ аз куҷо омадааст? Паёмбари Худо (с) дар фатҳи «Хайбар» ҳазрати Алӣ (кв)-ро дастур дода, ки пирон ва кудаконро накушед! Занонро накушед! Касе аз масеҳӣ ва яҳудиёнро дар ибодатгоҳ бошанд, накушед! Асиронро азоб надиҳед ва мусла накунед!

Замин ва боғҳои онҳоро тахриб накунед. Дар муқобили касоне биразмед, ки дар даст шамшер дошта, барои қатли шумо омаданд! Мусалмон метавонад одамкуш бошад? Мусалмон одамкӯш нест. Силоҳшурони ифротии ДИИШ мусалмоҳоро мекушанд, ҷасади мардаҳоро мусла намуда ва изҳори хурсандӣ мекунанд. Бар занону пирон ва хурдсолону беморон раҳм намекунанд. Мераксанд ва пойкубӣ мекунанд. Магар ин дини ислом аст? Чунин равиши номашруъро аз куҷо омӯхтанд? Нохунҳои мусалмонҳоро мекананд ва баданашонро доғ месозанд. Асиронро азоб медиҳед ва мусла мекунанд! Якдигарро масхара ва таҳқир накунед! Якдигарро эҳтиром кунед! Дини мо дини раҳмат аст. Дини ислом бӯйи хун намекунад. Парчами ислом сафед аст, бӯйи ишқи Худо ва гул мекунад».

Ислом – дини эътидол, ақлоният ва меҳрубонӣ аст.

Таҳлилгар ва коршиноси тоҷик Муҳаммад Ғуломов дар ин маврид чунин мегӯяд:

«Хушунат ва ифротгароӣ офате аст, ки дар давоми асрҳо зуҳуру ошкор шуда ва башариятро таҳдид мекарда аст. Хушунату ифротгароӣ либосҳо, шаклҳо ва рангҳои гуногуне дораду замону макон ва марзҳои ҷуғрофиёӣ намешиносад. Гоҳе бархоста аз зулму ситам ва истибдод аст, ки Фиравнҳо ва Чингизхонҳо омили аслии он ҳастанд, яъне соҳибони зур. Гоҳо реша дар фақр, табъизҳои молӣ, тақсими ноодилони сарвату иқтисод ва ё ривоҷи рибо, ришва, қимматфурӯшӣ, камфурӯшӣ дорад, ки онро Қорунсифатон, Довусмеҳварон ва шулукҳои иқтисодии ҷомеаҳо пешбарӣ мекунанд, яъне соҳибони зар. Ифротгароӣ марзу ҳудуд намешиносад, рӯзе дар мағрибзамин реша давонида ба ”Қуруни Вусто” маъруф мегардаду рӯзи дигар ба номи “ДОИШ”, “Ал-Қоида” ва дигар гуруҳакҳои терористӣ-ифротӣ дар ҷаҳони Ислом. Хушунату ифротгароӣ офате аст, ки на фақат минтақаҳои мусалмонинишин, балки тамоми оламро таҳдид мекунад. Таҳдиди бузург ва вайронгаре, ки то имрӯз вайрониҳо ва ҷиноятҳои бисёреро бар ҷой гузошта аст. Харобкунии масҷидҳо, зиёрҷ дини пайравони адёни дигар, авбошиву ғоратгарӣ, овораву муҳоҷир кардани миллионҳо инсон ва ғайра.

Одам ҳар вақт фитрату виҷдони поки инсонӣ, ишқ, шафақат, меҳрубонӣ, бурдборӣ, ҳаё, шарофат, каромат ва ахлоқу инсонияти худро фаромӯш кард, аз даст доду аз он ғофил шуд, дар иваз ҷои онро дуруштӣ, дуруштхуӣ, зӯргӯӣ, даррандагӣ ва хушунтталабӣ ва иноду душманӣ пур мекунад. Бинобар ин хушунату ифротгароӣ як рафтори зананда, як фарҳанги беасос, як ақидаи носавобу як бовари комилан ғалат аст, ки бар мадори ҷаҳлу таассуб ва ғаразҳои беҷову беасос ҳадафҳои шуми худро пайгирӣ мекунад.

Аз нуқтаи назари сиёсӣ метвон ингуна ба ин масъалаи таҳдидгар нигоҳ кард: Ошкор шудани гуруҳҳакҳои ифротгаро, хушунатталаб ва такфирии имрӯзӣ реша дар тохтусозҳои сиёсӣ дорад, яъне ҳастанд инсонҳову гуруҳҳое, ки барои манфиатҳои худ ин навъ инсонҳоро парвариш медиҳанд, созмондиҳӣ мекунанд ва бо даромадҳои калони нефт ба онҳо қудрат медиҳанду аз онҳо барои комил кардани тасаллуту сайтараи иқтисодӣ-минтақаӣ ва қабза кардаӣ -фарҳангӣ ва мақсадҳои шуму ҳадафҳои палиди дигари худро мехоҳанд тасбит кунанд.

Ислом – дини эътидол, ақлоният ва меҳрубонӣ аст. Ислом, шолуда ва асоси офаринишро ишқу маваддат, адлу эътидолу ақлоният ва тазкияву тазҳиби нафс эълон медорад. Ва аз назари Ислом кассе инсони комил аст, ки муътадилтарину миёнаравтарин шахсият дар ҳамаи майдонҳои зиндагӣ бошад. Бар ҳамин асос Худованд аз мардум мехоҳад барои ёфтани камолоту наздикшудан ба Худо ва саодати дунёву охират, эътидолгароиро дар зиндагии худ ҷомӣ дар тамаддунсозӣ ва шукуфоии ҷомеаҳо дорад. Мисоли ламсшудаи он сураи Юсуф ва достони аҳсанул-қасаси Юсуфи паёмбар (а), аст ки чигуна тавонист низому тамаддуни бузургу бо шукуҳеро бар асоси адлу эътидол бунёнгузорӣ кунад. Ва ё низоми исломии шолударези шудаи Паёмбари Акрам

(с), ки ба хотири доштани адлу эътидол ва ақлу ақлоният дар андак замоне (50 сол), тавонист марзҳои чуғрофиёиро дарнавардаду қалбҳо, андешаҳо, мағзҳо ва тамаддунҳоро фатҳ карда, тамаддуне бар мабнои маорифи ваҳёнӣ ва эътидолгароӣ бисозад. Ва инчунин агар дар таърихи умматҳо ва тамаддунҳои гузашта нигоҳе андозем муҳимтарин омили табоҳӣ ва нобудиашон ифротгарӣ ва хушунатталабӣ аст.

Дар китобҳои муътабари исломӣ низ нақл шуда аст, ки Паёмбари гиромӣ (с) ҳамеша дар гуфтору сираи худ асҳоб ва умматро аз ҳаргуна олуда шудан ба хушунат, саркашӣ ва ифротгароӣ ба шиддат бар ҳазар медоштанд ва нишонаҳоеро барои инсонҳои ифротӣ баён кардаанд. Дар ҳадисе, ки Саҳиҳайн онро нақл кардаанд омада аст, ки Паёмбари Акрам (с) ифртиёнро ин гуна муаррифи карданд: ”Аз дин хориҷ мешаванд ҳамонтавре, ки тир аз камон хориҷ мешавад. Бутпарастонро раҳо мекунанд, аммо мусалмононро мекушанд. Онҳо Қуръон мехонанд, аммо аз ҳалқҳояшон поён намеравад (яъне зоҳири Қуръонро мехонанду ба ботинаш маърифат надоранд). Онон бадтарин инсонҳо ва бадтарин офарида шудаҳо ҳастанд. Марг бар тундравон, марг бар тундравон”. Қуръони Карим низ хусусияти муҳимми уммати исломиро “васатият”, яъне миёнаравӣ ва эътидол муаррифӣ мекунад ва мефармояд: ”Ва ҳамчунин мо шуморо уммати васат ва миёнарав қарор додаем”. (Бақара, 143). Ва боз дар бораи Паёмбари Акрам (с) фармуд: ”Ин лутфи Худо буд, ки дар муқобили онон нармхуй гардидӣ, агар тундхӯ ва сангдил мебудӣ мардум аз атрофат пароканда мешуданд”. (Оли-Имрон, 159). Исломи азиз ҳам ифротгароиро маҳкум менамояд ва ҳам тафритгароиро, ва барои башарият роҳе сеюмеро ба номи эътидолгарои муайян мекунад. Пас маълум мегардад, ки ифротгароӣ ва хушунатталабӣ ҳеҷ дахле ба дини ислом надорад, он диндороне, ки ифротӣ мешванд ба хотири каҷфаҳми аз мафоҳими динӣ аст на худи дин. Гавҳари дин бо ҳаргуна хушунатталабӣ дар зиддият аст».

Тамом фаъолияти салафиятро мутаваққиф намоед;

Фохир Ҳасан, донишманди суннимазҳаби Ироқ таъкид мекунад, ки: «Барномаи амали гурӯҳи ДИИШ аз ҷониби созмонҳои террористӣ ва шайхҳои нафтӣ тарҳрезӣ шудааст ва ҳамчунон дар таркиби ин гурӯҳ аъзоёни собиқи ҳизби БАЪС, ки дар гузаштаи на чандон дур алайҳи курдҳо ҷиноёти зиёде содир кардааст, зиёд мебошанд. Курдҳои Ироқ, ки бештар суннимазҳаб ва шофеъӣ ҳастанд дар ибтидо вориди ҷанг нашуданд, вале ҳангоме ки ДИИШ ба манотиқи курдҳо ҳамла карданд, курдҳо вориди ҷанг шуданд ва бештар манотиқи курднишин, ки дар дасти ДИИШ буданд аз сулати ДИИШ хориҷ карданд ва неруҳои курд бо раҳбари Масъуд Боризонӣ ва неруҳои пешмарга тавонистааст, то ҳол биҷангад ва дар тули ин чанд моҳ бештар аз 4 ҳазор ДОЪИШ-ӣ ба дасти неруҳои пешмарга ба қатл бирасанд.

Гуруҳи террористӣ маъруф ба ДИИШ (ё ба истилоҳ давлати исломии Шому Ироқ) дар наздикиии марзи Арабистони Саъудӣ, дар саҳрои Ал-Анбори Ироқ, ки марзи васеъе бо Арабистон дорад шуруъ ба шаклгирӣ намуд. Ба далели шароити дурафтодаи Ал-Анбор ин минтақаи камҷамъият, тақрибан холӣ аз мардум ва дур аз контроли комили низомӣ аст. Аҳолии манотиқи Ал-Анбор ба тамомӣ дорои мазҳаби Аҳли Суннат ҳастанд ва ба ҳамин иллат ДИИШ тавонист бо фиребк найранг ба роҳати ин ҷо нуфуз пайдо бикунад. Ин гуруҳи террористӣӣдақиқан дар марзи бедару дарвозаи Арабистон бо саҳрои Ал-Анбор тавлид шуда, минбаъ ҳар чиро мехостанд дар Ироқу Сурия роҳандозӣ карданд.

Эзадӣ тоифаи курд ҳастанд ва дорои мазҳаби эзадӣ аст, ки аз адёни бостонии Курдистон ба ҳисоб меоянд. ДИИШ дар ҳангоми гирифтани манотиқи эзадинишин аз ҳеҷ коре даст накашиданд, ки муҳимтарини онҳоро бароятон мегӯям:

1- Онҳое, ки тавонистанд фирор кунанд аз ваҳшигариҳои онҳо наҷот ёфтанд ва бақия ба бадтарин шеваҳо бо онҳо рафтор мекарданд.

2- ДИИШ манотиқи Эзадиёнро, ки мегирифтанд пирамард ва пиразонан ва мардҳо ва кӯдаконро мекуштанд.

3- Духтарони 6 сола то 45 соларо ғанимат мебурданд ва ҳоло бештар аз 1500 духтари курди эзадӣ дар дастони ДИИШ асир ҳастанд ва бадтарин рафтор бо онон анҷом медиҳанд…

- ДИИШ-иҳо эзадиёнро кофир ва хориҷ аз дини Ислом ҳисоб мекунанд ва ҷону моли онҳо ҳалол аст.

5- Тамоми осори мазҳабии эзадиён монанди дигар маконҳои аҳли суннат ва шиъаён минтақаро тахриб карданд.

Ҳақиқатан намедонам ин чӣ дине аст, ки ДИИШ доранд ва ин рафтори ваҳшиёна ба кор мебаранд ва кӯдакони бегуноҳро аз падару модар ҷудо карданд ва духтарони ба балоғат расидаро, ки садҳо орзу доштанд дуздиданд ва байни худашон тақсим карданд ва ба сурати ваҳшиёна бо онҳо ҳамбистар шуданд ва он ҳам на як нафар, балки дар як рӯз чандин нафар бо онҳо таҷовуз мекарданд.

Муддате, ки дар Тоҷикистон машғул ба таҳсил будам, ин кишвари ором аст ва хушбахтона мардуми Шумо дар амнияти комил ба сар мебаранд, ки кам неъмате нест. Шукри чунин неъматро бояд гузорид. Вазъи кишвари ҳамсояи Шумо Афғонистон ва ҳамин Ироқи мусибатзадаи мо бояд барои мардум ва давлати шумо сабақ бошад. Ба ҳар қиммате бояд ин амниятро нигоҳ дошт, амният ки бошад ба дигар чизҳо метавон расид. Дар масъалаи озодии мазҳабӣ бояд ҳаминро гӯям, ки ин барои як кишвари демократӣ ин шарти асосист. Аммо, ин масъала ҳеч рабте бо ҳузури гурӯҳи салафия надорад, ҳар куҷо ки қадами нопоки салафиҳо расид, ваҳдати дохилии ҷомеаи исломӣ аз пай меравад ва аслан иттиҳоди дохилии мусалмонон аз ҳама пошида мешавад.

Дар ҳеч ҷое то кунун салафиҳо ба масоили усуливу калидӣ наандешидаанд ва мардумро ба масоили дуюмдараҷа таваҷҷуҳ дода, намегузоранд, ки Ислом бо роҳи худ ба дили мардум роҳ ёбад. Муҳимтар аз ҳама дигар барои ҳеч кас пӯшида нест, ки салафия ҳамеша як абзоре дар дасти бегонагон аст. Умедворам раҳбарони Тоҷикистон дунболи чорае бошанд ба тамом фаъолияти салафиятро мутаваққиф кунанд, ҳеҷ роҳе ба онҳо надиҳанд, ки фаъолияти густарда дошта бошанд. Ҳарчанд салафи худашонро аз аъмоли ДИИШ дур нишон медиҳанд, вале дар асл бо кирдори онҳо мувофиқанд. Ман аз рӯи таҷриба дар Ироқ ба шумо мегӯям, шаҳри Тел Афар, шаҳре аз тобеи вилояти Мавсил теъдоди салафӣ дар он ҷо зиндагӣ мекарданд ва қабл аз омадани ДИИШ ба Ироқ худашонро аз аъмоли ДИИШ дур нигоҳ медоштанд, вале ҳангоме ки ДИИШ бар шаҳри Тел Афар ва Мавсил мусаллат шуданд ҳамаи онҳо бо ДОЪИШ пайвастанд ва даст ба ҷиноятҳои зиддибашарӣ заданд ва то ҳол даст аз ҳеҷ ҷинояте ва коре накашидаанд ва ба тамом бо ДИИШ ҳамкорӣ мекунанд. Ман мутмаинам салафия дар ҳар куҷо, ки бошад дилашон бо ДИИШ аст ва ҳар вақт фурсат пайдо кунанд бо онон мулҳақ мешаванд”….

Абдуллоҳи Муҳаққиқ,

коршиноси динӣ

Похожие записи:

Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.487 seconds.