Каромат Шарифов: Ҳалли мушкили муҳоҷират дар дасти Президент аст
МО БОЯД БА ГУНОҲИ ХУД ИҚРОР КУНЕМ
Озодагон: Муҳоҷират аз мушкили бузурги Тоҷикистон буда, аз тарафи дигар муҳоҷирони тоҷик аз беҳуқуқтаринҳо дар Русия ҳастанд. Мехостам дар аввали суҳбат бигӯед, ки дар ҳоли ҳозир муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо чӣ мушкиле дасту панҷа нарм мекунанд?
Каромат Шарифов: Агар мушкили муҳоҷират намебуд Ҷунбиши мо ташкил намешуд. Ман ҳамеша таъкид мекунам, ки 60 дарсади коргарони тоҷике, ки метавонистанд дар дохили кишвар кор кунанд, баромада рафтаанд. Бештари онҳо маълумоти миёна ҳам надоранд. То солҳои 2000-ум бештари муҳоҷиринро нафароне ташкил медод, ки дар замони шӯравӣ мактаб хонда буданд ва имкон доштанд бо гуфтугӯ ва баҳс мушкилоти худро ҳал кунанд. Вале имрӯз муҳоҷирони аз 17-сола то 30-солаеро дорем, ки ҳатто номи худу номи падару модарашонро навишта наметавонанд. Агар бо забони русӣ ҳам гап зананд, бисёр бо хато суҳбат мекунанд. Ҳамин гуна мушкилот буд, ки Ҷунбиши муҳоҷирон пайдо шуд. Ин Ҷунбишро ҳукумат ҳатто дастгирӣ накард. Баъзе гуруҳҳои оппозитсионие ҳам буданд, ки аз ин Ҷунбиш пуштибонӣ накарданд. Танҳо ҷониби Русия изҳор дошт, ки дар як давлати демократӣ чунин Ҷунбиш лозим аст. Баъдан давлати Тоҷикистон дар Русия бо номи Иттифоқи тоҷикон як ҷамъият таъсис дод, ки гуфта мешуд солимфикронро гирди ҳам овард. Аммо онҳо солимфикр набуданд. Нафароне буданд, ки дар атрофи сафорати Тоҷикистон дар Русия бо роҳбарии Абдумаҷид Достиев ҷамъ шуданд. Пеш аз хатми даврони сафирии Достиев бо ӯ суҳбат доштам, хатоҳоеро, ки карда буд гуфтам.
Вале Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар фаъолияти худ собит кард, ки монанди ҳаракати мо, ҳеч ҳаракате вуҷуд надорад, ки ба муҳоҷирон ин қадар дасти ёрӣ дароз кунад. Ҷунбиши мо ин ғам аст, ин гиряи кӯдакон аст, алами модарон аст. Мо торнигор (сайт) ва нашрияи Ҷунбишро бо номи “Овози тоҷикистониҳо” роҳ андохтем, ки 50 ҳазор тираж дорад. Мо дар сайт бо рубрикаҳои гуногун ба муҳоҷирон имкон додем, саволҳояшонро бигӯянд. Масалан, гӯшае дорем бо номи “Савол ба Президенти Тоҷикистон”. Ман худам 2,5 ҳазор савол ҷудо карда, ба Сафири Тоҷикистон Имомиддин Сатторӣ додам, ки бубинед миллат аз президенти худ чӣ мехоҳад? Вақте бори аввал ин ҳаракатро бо номи дигар дар аввали солҳои 2000 ташкил мекардем, баъзеҳо гуфтанд зарурат надорад. Он замон теъдоди муҳоҷирон ҳамагӣ 800000 буд. Ҳоло ба бештар аз 3 миллион расидааст ва ҳамон мушкилот боқӣ мондаанд.
Озодагон: Ба як савол посухи дақиқ бидиҳед. Барои чӣ дар Русия аз ҳама беш муҳоҷирони тоҷик бе ҳуқуқ ҳастанд? Ба озариҳо, ба узбакҳо, ба қирғизҳо ин гуна муносибат нест…
Каромат Шарифов: Мо бояд ба гуноҳи худ иқрор кунем. Бигӯем, ки ин чирки баданамонро шӯстан лозим аст, то тоза шавад. Яке аз сабабҳои беҳуқуқии муҳоҷирон ин буд, ки онҳо ба интиқолдиҳандаи маводи мухаддир табдил ёфта буданд. Инҳоро ба истилоҳ “утка” карда буданд. Ин “мурғобиҳо” бо поездҳои Тоҷикистон мерафтанд. Ин кор бо роҳбарии Хадамоти муҳоҷирати меҳнатӣ шуда аст. Онҳо бо яке аз шахсони барои ман манфур Рамадановский ҳамкорӣ доштанд. Баъзе ҳоҷиёни маводи мухаддирфурӯшро прокурорҳои Тоҷикистон аз ҳавопаймо пешвоз мегирифтанд. Мо ин сабтҳоро дорем…
Озодагон: Яъне аз назари Шумо яке аз сабабҳое, ки муҳоҷирони тоҷик онҷо беҳуқуқ ҳастанду эҳтиром карда намешаванд, ҳамин мансабдорони Тоҷикистон мебошанд?
Каромат Шарифов: Яке аз сабабҳо ин аст ки аксари муҳоҷирони меҳнатӣ умедвор буданд, ҳангоми фурӯши маводи мухаддир агар боздошт гарданд, аз ҷониби кормандони давлатӣ озод мешаванд. Дар Хадамоти муҳоҷирати Русия низ нафароне буданд, ки бо як занги телефон муҳоҷирони боздоштшударо озод мекарданд.
АГАР МУҲОҶИРОН АЗ ДАРОМАДИ ХУД ПУЛ ВОРИД НАМЕКАРДАНД…
Озодагон: Аз назари муҳоҷирон ва созмонҳое мисли ҷунбиши Шумо яке аз проблемаҳое, ки дар мавриди муҳоҷират гуфта мешавад ин аст, ки ҳам Намояндагии Хадамоти муҳоҷират, ҳам Сафорат ва консулгариҳо ба мушкилоти муҳоҷирон камтар таваҷҷуҳ мекунанд. Шумо нақши ин ниҳодҳоро дар ҳалли мушкилоти муҳоҷират чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
Каромат Шарифов: Дар мавриди ин ки Ҷамъияти тоҷикон дар Русия вуҷуд дорад, дурӯғ аст, ҷамъияте вуҷуд надорад. Ин фиреб аст, ин гирду атрофи сафорат аст, гирду атрофи Хадамот аст, ин фиреб додани раисиҷумҳур аст. Соли 2014, 6-7 нафарро оварда бо раисиҷумҳур мулоқот карданд. 4 нафар аз Бадахшон, 2 нафар аз Ҳисор ва як нафар аз Қирғизистон. Ба раисиҷумҳур гуфтанд, ки инҳо роҳбарони тамоми тоҷикон ҳастанд. Мо мехоҳем Ҷамъияти умумирусиягии тоҷиконро бо дастгирии Шумо таъсис диҳем. Раисиҷумҳурро ба гумроҳӣ бурданд, касе нагуфт, ки Ҷамъияти умумирусиягӣ аз соли 2007 вуҷуд дорад.
Озодагон: Кӣ раисиҷумҳурро ба гумроҳӣ бурд?
Каромат Шарифов: Шахсоне, ки аз Хадамот оварданд. Роҳбарони ҷамъиятҳоро оварданд. Майбалиевро аз Твер, Нағзибековро аз Кроснодар ва дигаронро аз ҳар канору гӯшае.
Озодагон: Шумо даъват нашуда будед?
Каромат Шарифов: Не. Онҳо хостанд пинҳонӣ гузаронанд. Ҳатто баъди ин қадар кори Ҷунбиш раисиҷумҳури Тоҷикистон хабаре аз он надорад. Тасаввур кунед, ки дар як моҳ нашрияи мо ҳазорҳо нусха нашр мешавад, дар сайт хабару мақолаҳои зиёд ҳаст, одамони зиёдеро аз зиндонҳо раҳо кардем, ҳақмузди муҳоҷирони зиёдеро баргардондем, аммо ҳанӯз раисиҷумҳур аз ҷунбиши мо хабар надорад, зеро ӯро дар низоми ваакум қарор додаанд.
Озодагон: Чанд сол пеш мегуфтанд, ки Шумо ба Душанбе омада, бо раисиҷумҳур вохӯрдаед…
Каромат Шарифов: Дуруғ аст. Он вақт мо бо як қатор аз масъулини ҳукумат мулоқот карда будем.
Озодагон: Бо худи раисиҷумҳур не?
Каромат Шарифов: Не. Агар бо раисиҷумҳур суҳбат медоштем то ин вақт тоҷикон дар муҳоҷират ба чунин рӯз намеуфтоданд. Ман чанд мисол меорам. Бархе шаҳрвандони Тоҷикистон бештар аз як сол аст, ки дар боздоштгоҳҳо хобанд. Ҳол он ки набояд бештар аз як моҳ нигоҳдорӣ шаванд. Тамоми миллатҳо озод мешаванд, вале тоҷикон не…
Озодагон: Сафорат коре карда наметавонад?
Каромат Шарифов: Сафорат чӣ карда метавонад? Бубинед, Сафорати Амрикоро. Як сафорати бузург аст, ки ҳудуди 1100 корманд дорад. Ин ҳам дар ҳоле ки амрикоиҳо бештар ба ҳайси сайёҳ меоянд. Сафорати мо ҳамагӣ 20-30 корманд дорад. Онҳо сарҳисоби як миллионро чӣ хел мераванд? Онҳоро ҳам гунаҳкор кардан лозим нест. Барои баромадан аз ин вазъ роҳ ҳаст.
Озодагон: Кадом роҳ?
Каромат Шарифов: То вақте дар назди раисиҷумҳур мушовир ва ё ноиби президент дар умури муҳоҷират пайдо нашавад, масъала ҳал намешавад. Ин проблемаҳои умумиро ҳал мекунад. Дар Русия даромад аз газу нафт аст, дар Тоҷикистон аз муҳоҷират. Ба онҳо “социальный пакет” додан даркор, ҳеч касро ҳеч бало намезанад. Кӯдакони онҳо инҷоянд, онҳо маъюб шудаанд. Инро кӣ мекунад, касе, ки аз байни мардум баромада бошад. Таърихро бинед, кӣ буд Суворов, кӣ буд де Гол? Ҳама аз байни мардум баромада буданд. Сарвазири Ҳинд аз байни муҳоҷирон баромада буд. Ин мушкилиҳо ҳалли худро меёфт, лекин агар ин масъала ҳали худро ёбад, бештар аз 80 дарсади оилаҳои мансабдорони имрӯзи Тоҷикистон бепул мемонад. Инҳо намехоҳанд.
Ман барномаҳои мушаххас доштам. Аз ҷумла ба воистаи Бонки ҷаҳонӣ ташкил кардани ҳамон “соцпакет”. Дувум, ширкатҳои ҳавопаймоӣ. Тамоми система таҳти назорати муҳоҷирон мегузарад. Сеюм, гирифтани шиносномаҳо дар қисми консулгариҳо бо нархи собит ва ягона. Дигар омода кардани кадрҳо дар Тоҷикистон ва ташкили ҷойҳои корӣ. Яъне, коре ки Вазорати меҳнат бояд анҷом бидиҳад.
Асос ин буд, ки дар ин мансаб номзад бояд кӣ бошад? Онҳо мегуфтанд, ки ин Каромат Шарифов аст. Агар Каромат шавад, як тоҷик аст ва тоҷикро оварда дар паҳлӯи Эмомалӣ Раҳмон мемонем, ки Раҳмон ҳам тоҷик аст. Ин ду тоҷик агар бо ҳам бинишинанд масъалаи муҳоҷират ҳал мешавад. Аммо мо дигар қалуғу лақайу узбакҳо куҷо меравем? Ин кор дар ҳақиқат буд. Инҳо як сабти пинҳонӣ карда буданд.
Каромат Шарифов: Ҳалли мушкили муҳоҷират дар дасти Президент астКаромат Шарифов: Бале. Омадани Каромат Шарифов ин барои миллати мо даҳшат нест, барои русҳо ҳам даҳшат набуд. Вале Каромат роҳи бурдани маводи мухаддиро мебандад, роҳи бақайдгириро ягона мекунад, бақайдгирӣ дар фурудгоҳ мешавад. Бар асоси роҳхат мо муҳоҷиронро мефиристодем. Ин як навъи бархӯрди мутамаддин мешуд. Чаро ин корро дигарон накарданд? На ҳукумат кард, на ҳизбҳо ва на созмонҳои ҷаҳонӣ? Чаро дар ин бора танҳо Каромат Шарифов гап занад? Чаро ӯ бояд дар Русия, ки шаҳрванди он ҷо ҳаст бо русҳо мубориза барад? Русҳо барои ман ҳама чӣ доданд. Баъди нафақа хона доданд, фарзандони ман таҳсил карданд. Вале онҳо ҳам нисбат ба миллати тоҷик гуноҳ содир кардаанд. На танҳо онҳо, балки ҳукуматдорони тоҷик ҳам гуноҳ содир кардаанд. Ҷавоби инро додан даркор аст, фарқ надорад. Шумо барои ман як қаҳрамони миллати тоҷикро гап занед. Мо қаҳрамони миллат надорем. Вақте бародар бародарро мекушад мо ӯро қаҳрамон ном мебарем…
Озодагон: Доштани қаҳрамон чӣ фоида дорад?
Каромат Шарифов: Қаҳрамон барои тарбияи мактабиён аст. Масалан мумкин набуд дар мактабҳо як саҳифа ба муҳоҷират бахшида шавад. Ва гуфтан даркор буд, ки имрӯз қаҳрамон дар муҳоҷират ҳам ҳаст.
Озодагон: Қаҳрамонҳои зиндаи Тоҷикистон ҳамин муҳоҷиронанд, ки пул мефиристанд ва иқтисод гардон мешавад…
Каромат Шарифов: Дар ин бора гуфтан даркор аст. Агар муҳоҷирон аз даромади худ пул ворид намекарданд, Тоҷикистон аз байн мерафт.
Озодагон: Ба назари Шумо мушкилеро, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия доранд, танзим карда мешавад?
Каромат Шарифов: Ворид кардани раводиди корӣ пешниҳоди ман буд. Вақте дар ҳабсхона ва боздоштгоҳҳо шаҳрвандони зиёд хобанд, вақте корфармо ҳақмуздашонро намедиҳад, ин ҳамааш набуди визаи корӣ аст. Аммо Тоҷикистон дар дигар фикр аст. Агар визаи корӣ шавад, масалан Шумо 1000 ё 2000 одам даъват мекунед. Вале ин як миллион аз кишвар баромада рафта наметавонад. Ҳали ин масъала дар як роҳ аст.
Озодагон: Кадом роҳ?
Каромат Шарифов: Нишастан сари миз. Ман пешниҳод кардам фикру назарамро, бигзор дигар раисони ҷамъиятҳо ҳам пешниҳод кунанд. Ман медонам, ки чизе пешниҳод кардан наметавонанд. Мо ба Президент мегӯйем, муҳтарам, Ҷаноби Олӣ. Мо 3,5 миллиард доллар ба Ватан мефиристем. Ҳаминро 7 миллиард карда, ба Шумо медиҳам. Ба шарте, ки низом ва пирамидаи сохтаи пеш аз ин шикаста шавад. Шикастани ин ба он маъност, ки бештар аз 80 дарсади мансабдорони имрӯзаи Тоҷикистон аз муҳоҷират дигар пул (доля) намегиранд.
Озодагон: Яъне Шумо гуфтаниед, ки баъзе аз мансабдорони…
Каромат Шарифов: Баъзе нагуфтам, 80 дарсад гуфтам.
Озодагон: Хуб, 80 фоизи мансабдорон аз муҳоҷират даромад доранд, пул кор мекунанд?
Каромат Шарифов: Ширкатҳои ҳавопаймоӣ кор мекунанд? Консулгариҳо кор мекунанд? ВКД кор мекунад? Вазорати хориҷа кор мекунад? Хадамоти муҳоҷират кор мекунад?
Озодагон: Яъне онҳо манфиатдоранд, ки ҳамин “хаос” ва сардаргумӣ боқӣ бимонад?
Каромат Шарифов: Бале, ҳамин роҳ давом кунад. Дувум, савод нагирифтан. Асоси кор ин аст, агар ин миллат савод гирад, мумкин аст аз фарзандони онҳо беҳтар бошанд.
Озодагон: Шумо бовар доред, ки бо раисиҷумҳур вохӯрӣ мекунед?
Каромат Шарифов: Ин ба фикрам ҳеч вақт намешавад.
Озодагон: Агар бишавад, муътақид ҳастед, ки нуфузи раисиҷумҳур ҳамин масъаларо ҳал мекунад?
Каромат Шарифов: Албатта. Мо дар бораи сулҳу ваҳдат гап мезанем. Дар ҳолати мулоқот он чиро, ки ман ба Шумо нагуфтам ба раисҷумҳур мегӯям. Фактҳо ва далелҳое ҳаст, ки ман бояд рӯ ба рӯ нишаста гап занам.
Озодагон: Шумо талош накардед, ки ҳамин мулоқот амалӣ шавад?
Каромат Шарифов: Роҳҳои талош буд. Он вазироне, ки дар гирди ман буданд ва суҳбат мекардем маро фиреб медоданд. Мегуфтанд, ки ба раисиҷумҳур мерасонем, вале нарасонданд, дурӯғ гуфтанд.
Озодагон: Киҳо буданд?
Каромат Шарифов: Гуфтани номи онҳо чӣ лозим? Вале ҳамаи онҳо дар боло шиштаанд. Онҳо нафарони қади кӯча набуданд. Инҳо аз Маҷлиси олӣ, Кумитаи амният, ВКД, Вазорати хориҷа, Сафорат ҳастанд. Чаро бурда нарасонданд? Ба ман гуфтанд, ки агар тавонед бо Ҳасан вохӯред. Баъд фаҳмидам, ки Ҳасани Асадуллозодаро мегӯянд. Гуфтанд, ҳамин шахс проблемаи шуморо ҳал мекунад. Бо Озода забон ёбед, гуфтанд. Ҳалли проблемаи муҳоҷират дар дасти раисҷумҳур аст. Албатта дар ҳолате агар он касро ба дигар роҳ набаранд. Намегузоранд мани тоҷик бо раисиҷумҳури тоҷик вохӯрам. Ман Бозор Собир нестам, ки шеър хонам, ман шеърхонӣ ҳам наомадаам. Роҳ ёфтани Каромат ба оинаи нилгуни Тоҷикистон ба ин монанд аст, ки фардо ҳамаи мансабдорон гурехта мераванд.
МАН ЯГОН ЗИДДИЯТ БА ДАВЛАТ НАДОРАМ, ВАЛЕ…
Озодагон: Як замоне фаҳмида будем, ки намояндаҳои телевизиони Тоҷикистон дар Русия бо Шумо суҳбате ҳам доштанд. Пахш нашуд?
Каромат Шарифов: Ҳеч вақт. Онҳо омада буданд бо ҳамроҳии кормандони Вазорати дохила. Ба қавли худи онҳо бо хоҳиши худи Рамазон Раҳимзода омада буданд. Як духтараке буд бо номи Нилуфар. Ҷавонҳои зиёде иштирок карда буданд. Суҳбат зиёда аз 1,4 соат давом кард. Ҳатто саволҳо нисбат ба Кабирӣ буд, нисбат ба Умаралӣ Қувватов буд. Ман он чизеро, ки мебинам ҳамонро гап мезанам. Ман ҳамон вақт гуфтам, ки бародарон ҳамин камераатонро бардоред, касе шуморо нишон додан намемонад. Кӣ намемонад? Якум, худи оинаи нилгун, дуюм Сафар Ғаюрович, Бег Сабур. Инҳо аз таги дасти ман гузаштаанд, Бег Сабур коргари ман буд.
Озодагон: Шумо ба як нукта таъкиди бисёр доштед, ки ман тоҷикаму дигарон лақайу қалуғу дигару дигар. Ин чӣ муҳим аст? Ба ҳар ҳол шаҳрванди Тоҷикистон аст ва агар муҳоҷир аст, бояд ҳуқуқаш ҳимоя шавад.
Каромат Шарифов: Не. Як гап аст. Онҳо меҳмонанд. Мо ҳам дар Русия меҳмонем. Вақте дар Русия ягон ҳодиса мешавад Аврупо мегӯяд, ки русҳо гунаҳкоранд. Тамоми маводи мухаддире, ки дар Русия меравад, мегӯянд, ки тоҷикҳо гунаҳкоранд. Вақте тоҷикҳо гунаҳкоранд ман гунаҳкорам.
Озодагон: Ҳамин равия, гуруҳбозиҳо дар миёни ҷамъиятҳои тоҷикон ҳам ҳаст? Масалан тоҷикҳо як тараф ва лақайҳо як тарафу қалуғҳо як тарафу дигарҳо тарафи дигар?
Каромат Шарифов: Ҳаст. Маҳалбозӣ пайдо шуд аз Бадахшон. Онҳо бародарони мо ҳастанд, тоҷиканд. Онҳо аз суханони ман танҳо нодурустиро мефаҳманд. Ман аз онҳо як чиз мехоҳам. Вақте дар системаи дипломатии сафорат, дар як толор 100 тоҷикро сарҷамъ кардан наметавонанд, бадахшониҳо бо ҷамъиятҳои худ 7-8 ҳазорро сарҷамъ мекунанд. Ин бузургӣ ва пурқувватии Бадахшон ва мардуми Бадахшон аст. Вале инҳо бештар мардуми Хоруғ ҳастанд, на ҳамаи Бадахшон. Ҳастанд нафароне, ки худро тоҷик намеҳисобанд. “Когда в России хорошо, я русский, когда плохо, я евреей”. Масъалаи тоҷикҳоро бояд тоҷикҳо ҳал кунанд, ҳатто дар будани имрӯза мансабдорон ва роҳбарияти он. Эмомалӣ Раҳмон тоҷик ҳаст, мо фахр мекунем. Ман ягон зиддият ба давлат надорам, вале камбудҳои давлатро бояд гап занам. Агар ҳизбе, ҷамъияте дар Русия аз ман боло бошад, ман ҷойи худро медиҳам.
Мегӯянд, мо ин хонаро сохтем. Хонаро, ки сохтед дар ин хона зиндагӣ кунед. Аммо дар Тоҷикистон хона не, зербино сохта шудааст. 2 миллион муҳоҷир, ки баргашт ин зербино ҳам аз байн меравад. Онҳо ҷойи кор талаб мекунанд. Кӣ ин далелҳоро бурда ба раисиҷумҳур мерасонад? Ҳоло ҳам сари вақт аст. Ояндаи Тоҷикистон дар сулҳ ва баргаштани ҷавонон аст. Масалан ҳизбҳои Маҷлиси олиро бубинем. Танҳо як ҳизб аст, ҳизби халқӣ-демкоратӣ. Се-чор ҳизби дигар ҳизбҳое ҳастанд, ки маълум нест. Бигирем ҳизби демократро, раисаш Исмонов. Аз куҷо 24 ҳазор имзо ҷамъ кард? Ин магар ба миллати худ хиёнат нест? Агар ба ҷойи ӯ мебудам раисиҷумҳур ҳам маҷбур кунад, намерафтам, зеро тарафдор надорам. Шояд номзади алоҳида мешудам, вале бо ҳизб…
Аъзои ҷамъияти мо беш аз 160 ҳазоранд. Ёрдами ман ба як миллион аъзои миллатам расидааст ва агар бо аъзои оилаашон ҳисоб кунем ба 5-6 миллион расидааст. Вале чаро Ҳукумати Тоҷикистон бо раисиҷумҳур надонистанд, ки Каромат Шарифов кист?
Озодагон: Яке аз масъалаҳои дигаре, ки дар муҳоҷират пайдо шудааст ва давлату ҳукумати Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст, рафтани муҳоҷирон ба Ироқу Сурияву пайвастан ба сафи ДИИШ аст. Дар ин масъала чӣ назар доред?
Каромат Шарифов: Равандагони асосӣ ба Сурия муҳоҷиронанд. Агар давлати мо дар муддати 20 сол 100 ҳазор ҷойи кор ташкил менамуд ва ё ҳар сол 4 ҳазор ҷойи кор ташкил мекард, имрӯз дар Русия 300 ҳазор муҳоҷир медоштему халос. Ҳамин тур сафи ифротгароён ҳам кам мебуд. Қисми инҳо аз мушкилот рафтанд. Инҳо мегуфтанд, ки 7 маротиба мешавад, ки дар хона ба сари модари ман барои кредити бонк омадаанд. Модар занг мезанад, писарам чӣ кор кунам, писарам чӣ кор кунам? Фарзанди худашро эҳтиром мекарда чӣ мекунад? Вай метавонад ба зиндон равад барои ҷинояти иқтисодӣ. Барои ҳамин баромада меравад, роҳи дигар надорад. Бояд Хазинае ташкил мешуд ва гуфта мешуд, ки аз шумо фоиз гирифта намешавад, шумо муҳоҷиред. Накарданд, нахостанд.
Озодагон: Яъне гуфтаниед, ки яке аз сабабҳои рафтани онҳо дар Тоҷикистон замина дошт?
Каромат Шарифов: Замина дошт не, замина сохта шуд, аз тарафи давлат. Яъне гуфта шуд, ки ба шумо кредит медиҳему бо фоиз бармегардонед. Вале қисме аз онҳо рафтанд, ки кор нест ё фиреб хӯрданд, оқибат баромада ба Сурия рафтанд.
Озодагон: Дар қисмати мағзшӯйӣ чӣ мегӯйед?
Каромат Шарифов: Асосан ин корро салафиҳо мекунанд. Онҳо тоҷиконеро, ки ба исломи суннатӣ бовар доранд, салафӣ карданд. Салафӣ, яъне ҷанговарони Аллоҳ. Ин тоҷиконро аз масҷидҳо ҷудо карда бурданд. Синну соли онҳо 18, 19, 20-сола. Кӯдаканд. Инҳо бояд дар назорати давлат бошанд.
Озодагон: Давлат метавонад инро контрол кунад?
Каромат Шарифов: Албатта.
Озодагон: Бо кадом роҳ?
Каромат Шарифов: Дар Тоҷикистон агар дақиқ бубинем, умуман ҷойи кор нест. Дар ин ҳолат бояд ҷойи кор биофарад.
Озодагон: Ба ҳамин раванде, ки ҷараён дорад, давлати мо имкон ва иқтидоре дорад, ки масъалаи муҳоҷиратро ҳал кунад?
Каромат Шарифов: Давлати мо як давлати пасмонда аст. Ду миллон дар Русия ва берун аз он муҳоҷир дорем. Ду миллион агар се нафариро нон диҳанд, 6 миллион мешавад. 6 миллион аз ҳисоби муҳоҷират зиндагӣ мекунад. Шояд як миллион дар инҷо кор ва ризқ меёбанд. Мо давлати пасмондаем. Ҳал кардани муҳоҷират мумкин буд, агар аз маводи мухаддир даст мекашидем. То ҳол давом дорад. Дар ҳақиқат мардуми Тоҷикистон назар ба Ислом Каримов раисиҷумҳурамонро нағзтар мебинанд. Вале онҳо мегӯянд, ки Шумо метавонед ба раисҷумҳур расонед, ки гирду атрофашро тоза кунад, аз гирду атрофи ҳаминрӯзаи худ даст кашад. Инро муҳоҷирон мегӯянд.
МО БОЯД МИЛЛАТИ ХУДРО САРБАЛАНД КУНЕМ
Озодагон: Чаро Русия, Ҳукумати Маскав ва ҳукуматҳои манотиқи дигари ин кишвар ба таъмини ҳуқуқи муҳоҷирон машғул намешаванд? Ба қоида ва санадҳои байналмилалӣ дар мавриди ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон пойбанд нест?
Каромат Шарифов: Русия аз кишварҳои ИДМ муҳоҷирони зиёде мепазирад. Русия имрӯз давлатҳоеро писанд мекунад, ки бо онҳо аз нигоҳи стратегӣ наздик мебошад. Тоҷикистон дар ду ҳолат бо Русия наздик аст. Агар мо бигӯйем, ки Русия инҷо Пойгоҳи 201-умро дорад, дарҳояшро ба мо боз кунад, нодуруст аст.
Озодагон: Чаро нодуруст аст?
Каромат Шарифов: Нодуруст аст. Ин ба хотири муҳофизати Тоҷикистон аст. Тоҷикистон дар системаи давлатҳои ИДМ, Созмони ҳамкориҳои Шанхай, СПАД нуфуз надорад. Вақте Русия мебинад, ки бисёри муҳоҷирон ҷиноят содир мекунанд, чаро онҳоро бояд ҳимоя кунад?
Озодагон: Не, ҳисоби ҷинояткорон ҷудо. Шумо дар оғози суҳбат гуфтед, ки нафароне дар боздоштгоҳҳо ҳастанд, ки то як сол маҳбасӣ шудаанд, вале ҳоло он ки тибқи қоидаҳои худи Русия онҳо набояд бештар аз як моҳ боздошт шаванд. Чаро Русия онҳоро ихроҷ намекунаду ғайриқонунӣ нигоҳ медорад?
Каромат Шарифов: Бояд ҳукумати Тоҷикистон нотарсида садо баланд кунад, овоз барорад, ки мо давлати соҳибистиқлолем. Ҷуръати сиёсӣ даркор аст. Ман роҳи ҳали инро медонам.
Озодагон: Чӣ аст?
Каромат Шарифов: Ҳалли мушкили муҳоҷират дар дасти Президент астКаромат Шарифов: Бояд кадрҳоро бар асоси озмун қабул кунанд. Шумо бубинед дар ҳукумати Путин ҳатто оппозитсиюни собиқ кор мекунанд. Вале ман намедонам чаро дар ин ҳукумат (Тоҷикистон) касеро аз берун намеоваранд. Вақте муҳтарам Убайдуллоев ба Русия сафар дошт, ба ман гуфтанд, ки толор меоед. Ба толор аз ду бозор одам ҷамъ карда буданд. Агар хоҳиши Убайдуллоев мешуд бо роҳбари Ҷунбиши муҳоҷирон мулоқот кардан дар як ҷо нишастану суҳбат кардан имкон дошт. Шояд онҳо тасаввурот ҳам надошта бошанд, ки чунин як Ҷунбиш вуҷуд дорад. Шояд аз ин суҳбат чизҳоеро мегуфтем, ки барои қисмати болоии парлумон лозим мешуд. Чаро ин корро накард?
Озодагон: Аз суҳбати Шумо чунин хулоса карда мешавад, ки дар ин маврид (муҳоҷират) гунаҳкор худи ҳукумат аст ва масъаларо ҳукумат ҳал карда метавонад?
Каромат Шарифов: Ҳеч вақт гуфтан даркор нест, ки гунаҳкор як тараф аст. Гунаҳкор ҳамаи мо ҳастем. Тавре мегӯянд, ки барои ҳамаи кор шайтон гунаҳкор аст, вале шайтон гунаҳкор нест. Вале инсонҳое ҳастанд, ки бадтар аз шайтонанд. Ман дар бораи 80 фоиз гуфтам. Ана инҳо шайтонанд. Вале ҳоло фурсате расида, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо созмонҳои ҷамъиятӣ сари ин масъала ба гуфтушунид бинишинад, ки чӣ бояд кард?
Озодагон: Яъне гуфтаниед, ки бояд як реформ, ислоҳот шавад?
Каромат Шарифов: Реформро ислоҳотгар мегузаронад. Чунин як ислоҳотгарро аз куҷо меёбӣ? Ман омодаам, ки ислоҳот бигузаронам. На танҳо дар дохил, балки дар масоили берунӣ низ.
Озодагон: Мо аз фаъолияти Ҷунбиши Шумо ва дигар ҷамъиятҳо огоҳ ҳастем, бо Шумо тамос дорем. Ҳамчунин аз мушкилоти муҳоҷират хабардорем. Бародарони ман ҳам дар муҳоҷиратанд. Аз хонаводаи мо ҳатто бо зану фарзандонашон дар муҳоҷират қарор доранд. Аз суҳбате, ки имрӯз доштем, ҳамин тур хулоса кардем, ки Тоҷикистон бе ҳал кардани масъалаи муҳоҷират наметавонад ба пешрафт ва тараққӣ бирасад. Аз як тараф онҳо баробари буҷаи Тоҷикистон пул мефиристанд ва инҷо ҳукумат дар пойи худ меистанд, аз тарфи дигар онҳо мавриди хушунату таҳқиру беҳуқуқиву қатлу куштану ин чизҳо қарор мегиранд. Ман мехостам дар охири суҳбат Шумо ба раисиҷумҳур, ба парлумон, ба мардум ё ба муҳоҷирон бо чанд ҷумла бигӯйед, ки чӣ кор кунем, то масъала ҳал шавад.
Каромат Шарифов: Хоҳиши аввалини ман ин аст, ки мо бояд дар куҷое, ки набошем фаромӯш накунем, ки мо тоҷикем. Мо бояд миллати худро сарбаланд кунем. Мо умедворем, ки ин вохӯрӣ (бо раисҷумҳур) мешавад. На танҳо ман, балки миллионҳо муҳоҷир умедворанд. Агар мо тоҷик бошем ва якдигарро ҳурмат кунем, ин вохӯрӣ мешавад. Дар фикри мо масъалаи тоҷик будан ва ҳамон тоҷро баргардондан ҳам ҳаст.
Озодагон: Зинда бошед, умедворем, ки баъди суҳбат ва ё баъди талошҳои дигаре, ки Шумо мекунед раисҷумҳур ба мулоқот даъват кунад ва фикру назари Шумо ва фикру назари дигароне, ки дар ҳамин самт кор мекунанд, фаҳмида шавад ва масъалаи муҳоҷират ҳал шавад. Ҳамаи мо мехоҳем Тоҷикистон обод гардад.
Каромат Шарифов: Кошкӣ…
июня 17, 2016 at 20:15
Посух додан
Саид, Кухистон
15 июн 2016 10:38
Ман ба фикри Каромат Шарифов сад дар сад розиям агар маблаги мухочирон набошад, бучаи Точикистон ба пардохти маблагхои дохили газак хам намегирад. Шояд Чаноби Оли Каромат Шарифовро хамчун мушовир вобаста ба халли мушкилихои мухочирон ба кор гиранд. Мардаки хуб арзандаи хама кор мебошад.
Посух додан
Ташнаи Адолат
15 июн 2016 12:50
Бисёр сухбати хуб! Ташаккур ба хар дуятон!
Дар мавриди Исмонов хеле бамаврид гуфтед рафик Шарифов! Офарин!
Посух додан
Anas
15 июн 2016 13:33
Шери нари Каромат Шарипов Аллох хамеша дар хифзи худаш нигахбонат бошад инсоне ки хакро мегуяд
Посух додан
Точики Асил
Хар кас, ки зи бурун Точик нест,
Даребо, ки низ Аз дарун Точик нест.
Як кишваре, ки Точикистон номаш,
Айни хол хеч кадоми Аз вузарош Точик нест.
Шоири бузург:Бозор Собир
Посух додан
Точик
15 июн 2016 20:17
Аслан сухбат ва акидахои хеле чолиб! Бисьер нуктахое, ки огои Шарифов кайд карданд, – хакикат аст! Ягона чизе, ки нобовариеро нисбати огои Шарифов меорад, ин каме худпарасти хаст. (Пиар). Это – человек, который один знает, как все наладить! И создаётся впечатление, что он хочет этой встречи с президентом, чтобы получить какие-нибудь крохи. Возможно, я ошибаюсь, но настолько не верится никому: “Дорога в ад вымощена благими намерениями!” (Рох суи дузах бо пиндорхои нек густурда шудааст!). Шояд ман хато кунам. Ман хар лахза мешунавам ё маро бовар мекунонанд, ки дар Точикистон бихишти руи замин сохта истодаем, вале ман хохиши дар чунин бихишт зиндаги карданро надорам! Кушиш кунед, ки маро бифахмед: Худованд ба мани банда ЯК умр ато фармудааст ва банда мехохам онро хамчун ИНСОН паси сар кунам ва фарзандонам хам хамчун ИНСОН бахри хамин диёр захмат кашанд, на хамчун гулом ба як гурухе! Алхол ман террорист нестам: Ватан ва миллати худро дуст медорам! Вассалом! Боки, хаволаатон ба ПАРВАРДИГОР!
Посух додан
Гурезкул
Дирӯз, 03:59
Разговор общий и не о чем,никакого логичного подхода к проблеме миграции. Каромат-популист,рекламирует себя и все,в его разговорах нет начала и нет конца, одно с неба,другое с воздуха.Хочет приближаться к Рахмону. Никакого системного,научного подхода к проблеме миграции… Беседа двух уличных людей…..
Посух додан
Tojik
Дирӯз, 10:38
Asalom alekum barodaron ofarin barodar Karomat nazari Khudovand dar pastist insho Alloh in vokhurii shumo bo Prezident meshavad Khudovand quvatat dihad
Посух додан
Сухроб
Имрӯз, 15:42
Ман як чизро нафахмида истодаасм бародароне ки хохиши навиштани посух мебошанд Биеед дарахтеро сабз намоед пас дар бораи ки ва чи будани ин марди бузург ки ба хотири бурдани шармандигииро нисбати миллати точик Наша Раша ки солхои тулони дар оинаи нилгуни русия пах мегашт, бояд сари таъзим бошем Натавонистед аз ухдаи ин хам баромадан вай инро ба души худ гирифт ва галаба намуд.Барои хамаи мо нишон дод чи мебошад хисси милли. Вай дар хакикат тайер мебошад ба рохбари давлат хабарерро барои манфиятхои хамаи мо рсонидан Ки медонад вай чи намуд пешниходхоро мехохад расонад Ба архиви танхо сайти назди чунбиш мухочирон назар намоед аз кучо ин мард кувати расо пайдо менамояд ки кормандони хукумати инро карда намтавонистанд Илтимос биеед аз дастгирии якдигар гап занем Мархамат хамаи солимфикронро ба анчумани чунбиши мухочирони мехнатии точик ки рузи 16 уми июль 2016 дар Москов барпо мегардад даъват намудаистодааст Ин магар демократи нест Хато пешниход дорад ки чавоне барои ин вазифаи рохбарии чунбишро ба ухда гирад Магар ин хам пиар барои шумо. Фахри миллти точик ин аст бо ном Каромати Шариф Хохиш менамоям аз редакции кисми видеои пахш шударо барои ин инсонони аз хайет дур дар сайти Озодагон гузоред. Ба хаматон муборакии мохи шарифи рамазон.