Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 13.06.2013
 

Каромат Шарипов гуфт:набояд як миллион шахрванди кишвар аз хаќќи доштани намояндаи ќонунии худ дар сохтори хукумат махрум бимонанд.

Пешниходи Каромат Шарипов

Оё дар ин шабу рўз таъини ноиби президент барои мухочирони кории точик зарур аст?

Рохбари Чунбиши мухочирони кории точик дар Русия Каромат Шарипов хостори таъини ноиби президенти Чумњурии Точикистон дар масоили мухочирон шудааст. Ў зимни сўхбат бо мо гуфт, ки набояд як миллион шахрванди кишвар аз хаќќи доштани намояндаи ќонунии худ дар сохтори хукумат махрум бимонанд. Ва ин хам дар холе, ки мухочирон нафаќат захираи иќтисодї, балки кафили амнияти миллии Точикистон хам хастанд.

Каромат Шарипов зимни сўхбат бо мо иброз намуд, ки бояд як ноиби президент масъули мухољирон, масъули халли тамоми мушкилоти марбут ба мухочирони кори, риояти хуќуќ ва таъмини шахрвандони точике бошад, ки дар хорич кор ё тахсил мекунанд: «Хар нафаре, ки дар мохи ноябр дар интихоботи президентии Чумхурии Точикистон пирўз мешавад, боз хам барои муддати тўлоние бо мушкили мухочирати шахрвандони точик рў ба рў боќи хохад монд ва бояд ба ин артиши бузург, ки суботи ичтимоиро дар Точикистон таъмин мекунанд, бо таъсиси чунин маќоми баланде арч гузорад».

Хамчунин, чаноби Шарипов афзуд, ки ин ноиби президент бояд хатман аз миёни онхое бошад, ки азоби мухочиратро ба чашми худ дидаанд ва ў бояд дар як анчумани муштараки созмонхову чамъиятхои точикони Русия интихоб шавад. Ба аќидаи Каромат Шарипов, бо таъсиси ин маќоми баланд мухочири тољик билохира сохиб меёбад.

Пешнињоди таъсиси маќоми ноиби президент дар масоили мухочират дар холе садо медихад, ки беш аз 1 миллион мухочири кории точик дар Русия ба як дастгохи фишори Маскав дар амри хостахояш ба Душанбе табдил ёфтаанд ва хар дафъае, ки миёни ин ду давлат нофахмие сар занад, маќомоти Русия зуд ин ќартаро аз остин берун мекашанд ва хар дафъа чамъе аз мухочирони кориро аз Русия берун мекунанд.

Бинобар хабархои охир, хисоби мухочирони ихрочшудаи точик аз Русия зиёда аз 42500 нафар аст. Коршиносон бар он назаранд, ки берун шудани хар мухочири кори аз Русия ба маънои аз манбаи таъмини рўзгори худ махрум шудани боз як хонавода дар Точикистон аст, зеро иќтисоди худи кишвар дар холи хозир тавони ба кору маоши шоиста таъмин кардани мухочиронро надорад.

Каромат Шарипов, рохбари Чунбиши мухочирони кории точик дар Русия ба саволи он, ки ба кадом хотир ба хулоса расидед, ки президент бояд дар самти мухочирати мехнати ноиби махсус дошта бошад, гуфт: «Пешниходамро дар программахои номзадхо ба интихоби президентии Чумхурии Точикистон дидан мехохам, чунки халли яке аз масъалахои аз бўрони иќтисоди баровардани ватани мо – ин хал намудани химои хуќуќи мухочирон аст, ки то имрўз пурра поймол шудааст. Танхо номзади оянда метавонад пурра ин корро кунад, дар холати тасаввурот доштан, ки 20 сол зиёд мухочир барои вай ва давлати худ хизмати ќахрамонона намуда истодааст. Мухочир низ хуќуќ дорад аќаллан пеш аз вафоташ чун дигар инсонхое, ки дахсолахо боз фарзонданашон сари худро аз кулбахои ќимматбахо берун намебароранд, зиндаги дар назди фарзандони худ дошта бошад».

Ба андешаи чаноби Шарипов, «дар оянда бо рохи дуруст хал намудани масъалаи мучочирон метавонад бехатарии давлату чамъиятро таъмин созад. Аз ин сабаб, ноиби махсус (вице-президент) барои мухочирон ва ахли оилаи онхо чун боду хаво зарур аст.

Онњо дар холати дастгирии яке аз номзадхо ба президенти чумхури метавонанд дар анчумани мухочирони точики Русия намоянда ва шахси худро пешниход намуда, миллати точикро пурра бо воситаи оинаи нилгун нишон диханд. На танхо мухочири корїи балки њар як оилаи мухочир хуќуќ дорад талаб намояд, ки шавњхр, падар ва ё хохари вай, ки солхои дароз аз онхо дарак нест, дар кучо аст».

Дар хамин хол, ў мегўяд, ки барои мухочир ва зиёд рохбарони чамъиятхои точикистони дар Русия ба забон гирифтани чунин хадамот – ин дашном додан нисбати якдигар аст: «То интихобот он ќадар ваќт намондааст. Хадамоти мухочират бо сардории С. Девонаев худро нишон диханд. Рохбари давлат пеш аз чунин вазифахоро пешниход намудан бояд дар «детектор» гузаронад, ки то кадом дарача ин вазирон ростќавлу поквичдон мебошанд».

Ин дархости рохбари Чунбиши мухочирони кории точик дар холе садо медихад, ки чанд соле ќабл раиси Хизби нахзати исломии Точикистон Мухиддин Кабири бо дарназардошти сахми мухочирон дар таъмини суботи ичтимої пешниход карда буд, то дар кишвар як вазорати алохидаи мухочирон ташкил карда шавад. Аммо хукумати кишвар дар соли 2011 бо боло бурдани маќоми Хадамоти мухочират ва аз Вазорати корхои дохилї баровардану мустаќиман ба тобеияти хукумат гузоштани ниход ба ин бахс нуќта гузошт.

Доир ба масъалаи боло чаноби Шарипов зимни сўхбат бо мо гуфт, ки ў танхо ояндаи мухочирро дар ситораи хамон шахсе мебинад, ки вай ноиби президент (вице-президент) бошад: «Хар як шахсе, ки дар Русия худро рохбар мепиндорад, аввалан Худо дар дилаш имон чойгир намояд. Аз дигар тараф, мо дида истодаем, ки имрўзхо хисси милли дар байни чавонон зиёд шуда истодааст, ки ин хам пешравии давлати мо мебошад. Ман мехостам ба имрўза радио ва телевизионхои Русия бахои баланд дихам, чунки онхо хамеша дар интизори мо хастанд ва номи точикро харчанд ба пасти мезананд, лекин бисёрихо моро дар сатхи давлатхои ИДМ хело эътироф мекунанд. Худо кунад, ки чавонони мухочири точик аъзои Шўрои чунбиши мухочири точик дар Русия шаванд ва дар шабакахои Точикистон таклиф шаванду барои донистани хаќиќати рўз сухан гўянд.

Бояд зикр намуд, ки хамасола беш аз 1 миллион ахолии ќобили кори Тољикистон барои таъмини рўзии хонаводахои худ ба хорич ва асосан ба Русия мераванд. Соли гузашта ин мардум ба Точикистон худуди 3,4 миллиард доллар пул фиристодаанд, ки баробари ќариб нисфи мачмўи махсулоти дохилии кишвар аст. Созмонхои байналмилали мегўянд, ки хеч кишвари дунё аз пули мухочиронаш ин ќадар вобаста нест,

МАЗХАБ ЧУМЪА, рузномаи-«ФАРАЖ»

Похожие записи:

Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.717 seconds.