Ки тахаммулпазир нест?Андеша ва пешниход
Як шаби мохи Рамазон, соли 1969 хеч аз лавхи хотирам намеравад. Хайати кормандони милиса, кумитаи хизби нохия, фаъолони чамоат ба хонаи хамсоя, ки чанд тан намозгузорон таробех мехонданд, шабохун заданд. Хама аз тирезаву мури илоче карда, фирор карданд, дар паси пардаи тирашаб хатиб дастгир нагашт, хангоми таъкиб як пайи калушаш ба дасти тафтишгарон афтод. Бовар мекунед, кариб як мох каси аз фарзу айн, каломи шариф андак огахро зуран ба идораи чамоат меоварданду калуши сабилмондаро мепушонаданд. Окибат аз нафаре гумонбар, бахона гашта, бо чурми никохи арусу домод 2 сол хабсаш карданд. Ходисаи чанозаи рухонии шинохтаи тобеоти Сарихосору Балчувон – Домулло Пирмухаммад (машхур бо Санги Кулула) хафтаву моххо минтакаи Кулобро ба чунбиш овард. Иштирокдорони ин маросимро шабу руз ба истинток, чазо менамуданд, аз хизб меронданду аз мансаб. Падарам, ки саркору пешкадами пахтакорони нохия буданд ва бо хонадони Домулло каробат доштанду дар чанозааш хозир буданд, хар сахар бо мо хайрухуш карда, бо андух мегуфт: – Котиби СК Ковал сахт гирифтааст, хамаро расм гирифта, кофтуков доранд. Бачам, корхо чаток. Мумкин шаб наоям.
Дар мактабхо рузаи бачахоро ичборан мехурондем. Ха, ана хамин хел даврахо буду зуд фаромуш кардем.
Хамаи инро дар мизони андеша бармекашаму бо дилсузи тасмимхои Хукумати ЧТ-ро дар пайи рушду нумуи дину оин, анъанахои неки ниёкон пеши назар меоварам, киёс мекунам.
Тачлили бузургдошти пешвои мазхаб – Имоми Аъзам, таъсиси литсейи дини, Донишгохи исломии Точикистон, ба хач рафтани хазорон зоирон, нашри фаровони адабиёти дини, тачлили шоистаи Идхои Курбону Рамазон аз чумлаи он кушишхост. Агар дар давраи Шурави хамаги 8 масчид амал менамуд, айни хол, ин теъдод ба 3750 расидааст, илова бар ин, масчиду мадрасахои бузурги чомеъ бунёд мегарданд. Масчид барои 150 000 намозгузор!
Дар чавоби ин хама арзишхо, хаводиси гузаштаву имруза бо ситезачуихо, мухолифати баъзе намояндагони ахзоби сиёси, рухониёни шинохтаро мебинаму тааччуб мешавам. Аз руйдодхои ибратомузи гузаштаи наздику дур чаро бесабакмондем? Акаллан, вокеахои бист сол пеш аз зиёдаравию тундгароихои бархе аз намояндагони диндорони шинохта, ахзоби сиёси сар задаро намеомузем, хулоса намебарорем. Ачабо, ношукрии мо бар намаки умр хеле зиёд аст. Мехохем, ки гура дар як руз ширин шавад, тифл дар як руз риш барораду хирадманд гардад. Худо ирку нажод, дину оин, шаклу сурати хархела офаридааст, мо мехохем якранг бошанд.
Бист сол пеш ба ки намефорид оромию осудагии мо? Ки моро пора карданиву бар холи табох овардани буд? Ситезакорони имруза оё ба осиёби хамон тоифа об рехтанианд, ба хочагони бегона хизмат кардани нестанд? Маълум, ки баъди он даргирихо мардум аксар фурсати маърифату фахмиши фарханги исломиро наёфтаанд, зеро бархе аз насли калонсоли тарбияи Шурави дида чандон муътакиди мазхабу дин нестанд ва душманон ана аз хамин хало таассубу тазохурро ривоч медиханду кушишхои Хукумати ЧТ-ро дар пайи ислохи баъзе аз зиёдаравихо зери мазаммат мегиранд. Хеч кас, аз вазир то коргар хашамату мартабаи дини мубини исломро паст задан, намозу руза ва ба масчидравиро манъ кардани нест ва дар ин замина азбаски давлати мо демократи, хукукбунёд, дуняви ва ягона мебошад, таргиби дигар дину оини накуи ниёкон ба максади маърифати насли наврас чараён дорад.
Лоихаи Конуни ЧТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» пешниходи умум гардидааст. Баъзе аз рухониёни шинохтаи мо кабули ин конунро чун нишони аз дин дур шудани насли наврас, ба Худо ва рузи киёмат, дуззаху чаннат бовар накардани онхо ва ба сари чомеа бало овардани онхо медонанд. Дар лоихаи конун сухан танхо аз бобати низоми тарбияи насли наврас меравад, ки бар асари бесарусомонихои солхои охир аз мадди назар дур мондааст. Тарбия дар хама давр дар мадди аввал меистад.
Дигар таъкиди ниёкон илму хунар омухтан ба фарзанд аст. Шахсе, ки шуруъ мекунад ба илм мудом дар ибодат аст, омадааст дар хадисе ва «Талаби илм фарз аст барои хар марди мусулмон ва зани мусулмон» – омадааст дар «Сахех».
Барои мо зарур аст, ки гояхои диниро, аз чумла идеяхои хизби, сиёси, диниро дар мизони меъёрхои андешахои милли баркашем ва онхоро дар чорчубаи дунявият ба тартиб дароварем. Ислом, ба хусус исломи ханафи, дар заминаи фарханги буми рушд ёфт, яъне хазм гашту чахони гашт. Ва зарур аст, ки барои рушди худ дар сахна бошанд. Дар ин кибол, исломи бегона: исломи салафи ё исломи сиёсии бунёдгаро, ки мохияти идеологи ва геополитики доранд, фарханги миллиро ботил месозанду вазъро муташаннич.
Боре намеандешем, ки Худованд дар ин олам моро барои ободкуни фиристодааст. Давлатхои хамсояи мо ба пояхои баланди илмхои дакикрасидаанд, рузгори муносибу фарахбахш доранд. Чаро намеандешем, ки болои ганчи шойгон хобидаем, аммо дасти ниёз суи Хинду Чин, Амрикову Руссия дорем. Таассубгарон буданд, ки эчодкорони асил, кошифонро муртаду кофир мехонданд. Ибни Сино нисфи шаби аз тарси онхо аз гуристон мурда оварда, чаррохи менамуд, барои табобати мову шумо чон мекохонд, Улугбекро барои омузиши ахтарон куштанд, Донишро барои русидониаш таъкиб намуданд.
Дар ибтидои баргузории «Соли тамаддуни ориёи» бархе аз исломшиносонро ба шур овард. Онхо бо бахонахои гуногун аз таргиби «Авесто» изхори нигарони мекарданд. Фаромуш намуданд, ки он илми гузаштагони мост, гайр аз чашн маърифати омма аст, на таблиги пайрави ба ин дин. Ку як бор бигуянд, ки фурузонак, тайёра, компютерро яхуд ё чинии номусулмон ё урус сохтааст, даркор нест. Хакба чониби олимест, ки гуфта буд: «Агар таассубу хуруфот намешуд, точикон дар асри 10 киштии кайхониро кашф мекарданд».
«Таассуб (фанатизм) бешубха нафратангезтарин, фалокатбортарин ва нанговартарин иллатхои инсони мебошад. Фанатизм аз падидахоест, ки инсон ба таври доими дар акидаи худ сарсахт ва устувор мемонад»- мегуяд нависандаи машхури олам Эрнест Хемингуен.
Икдоми Вазорати маориф дар бораи сару либоси ягонаи мактаби сару садохоро дар атрофи сатру хичоб, ришу фаш авч гиронд. Таассубгарону тазохурчиён кори дигаре надоштанд, гуё сохторхои давлати мардумро ба барахнагиву бедини кашиданианд. Бахусус, баъди баргузории фестивали «Чакомаи гесу» ин хангомахо болотар рафтанд. Хама фаромуш кардем, ки афроди орифу зохид асрхо зулфи печону мую руй, хатту холи зебосанамхои Шаркро кардаанд. Ин амали Хукумат давоми хамон васфу хамон нафосату назокат аст. Дуруст аст, ки дар ин росто, аз тарики ТВ ва радиохо барахнагардию фахшу фучури дискотекахо, бадахлокии чавонон кам мазаммат мегардад. Диккати масъулони тартибот низ барои пешгирии ин нохушихо коста гаштааст ва ин хама ба ахлоки фарханги милли латма мезанад. Барахнагардихои тулони бо ин масъала боиси ба идеали наврасону чавонон мубаддал гаштааст.
Боре ба хаводиси кишвархои мусалмони хамсоя бинигарем, бубинем, ки ташаннучи мазхаби дини онхоро то кучо расонд. Хатто давлату мазхаби муайян надоранд, бо дасти худ кишварашонро зери латукуби ачнабиён хавола кардаанд. Дар солхои Шурави ганчхои куху камар, сахрохои мо ба кишвархои абаркудрат рафт. Имруз баъзе тоифахо, хамсояхои дилсиёхи мо имкон намедиханд, ки дар рудхонаи кишвар неругохи пуриктидор созему аз бумбасти иктисоди халоси ёбем. Ганчхои нухуфтаи сарзамин фаровонанд ва душманони мо хамеша суи онхо чашм ало мекунанду рохи расидан ба онхо максад – кашондани ройгон бурдани онхоро мечуянд. Онхо аз тачрибаи таърихи, аз нотифокии мо вокифанд, аз сустии имону инсофи бархе аз пешвоёни мазхаб, аз дуруягии акидавию мафкуравии ба ном равшанфикрони мо огох хастанд ва тавассути эшон чанчолхои таассубу тазохури сиёси, мазхаби махаллиро ривоч медиханд, шаклу усулхои чомеаи исломиро, ки гояи сархадро инкор мекунанд (миллати ислом якест), таргиб менамоянду талкин месозанд.
Ин чо сухан аз рухониёне, ки дар раванди худшиносии милли, худогохии мардум, хар рузу хар лахза сахм мегузоранд, намеравад. Онхо бо покиву бовичдони, мехнатдусти намунаи ибратанд ва чахд менамоянд, сари рохи исрофкори, бадахлоки, таассубу тазохурро бигиранд, фош намоянд.
Хар ки мардумро бо некуи, сабр, тамкин даъват месозад, савоби азим, касони низоъангезу низоъандоз гунохи бузург мегиранд. Ба гуфти донишманди рус – Беляев И.: «Шубхае нест, ки дини мусулмонон нафакат эътикод ба Худои яккаву ягона – Оллох, балки мачмуи коидаву конунхои зиндаги ва панду хикматхои ахлокиву фалсафи хам мебошад».
Оре, зарур аст, ки шукри тифоки, ороми, осудагии кишвар намоем, то неъматамон афзун шавад. Барои ин аз ин ганчинаи пурбахои арзишманди дини мубини ислом, анъанахои поку мубаррои ниёгон мохирона истифода барем, то дар шинохту пайрави, талкину баррасии он ба насли чавон хидмати хирсона накунем.
Хасанзода Садриддин
Нависанда