Кучост ёридихандае, ки ёриамон кунад! Ба номи Эзиди хастиофарид.
Санои Ту гуям, эй ягона шоистаи сано ва хамеша туро гуям, эй бахшандаи анъоми ло юхсо, дуруди бепоён ба шамъи фурузони хидоят, мазхари рафъат чароги уммат,чавхари иззат, расули рахмат. Ва дуруди фаровон бар оли воломакоми атхор, ёрони чоннисори растагор ва тобиъини асфиёи некукор. Имруз мо дар асре мезихем, ки сар то ба пой фитнаву тафрикаву чудоист.Душманони ислом натавонистанд то ба имруз Куръонро аз байн баранд: вале тавонистанд мусалмонро бо дасти мусалмон аз байн баранд тавонистанд хонадони Паёмбар (с)-ро ба дасти уммати Паёмбар(с) ба катл расонанд: Ва тавонистанд бо дасти худи мусалмонон имомону муштахиддону мухаддисони покро ба зиндону ба катл сарнагун кунанд. Душманони ислом натавонистанд ислому динро аз байн баранд, вале тавонистанд хилофатро аз байн баранд ва мусалмонро гуломи зархариди дари худу ва занони мусалмонро канизу хизматгори дари худ дар сартосари чахон карор диханд:Душманони Мухаммад(с) натавонистанд баъд аз Мухаммад (с) ояхои чиходу хичобро аз Куръон нобуд кунанд :вале тавонистанд амал кунандаи ин дуро чаримаву зиндону нобуд кунанд.Душманони дину хоинони дин натавонистанд маркази ислому динро аз руи замин сарнагун кунанд: вале тавонистанд сокинони онро ба ягдигар бичангонанду авбоши бедину бехону беномро дар он имруз хону хотун кунанд ва сокинони рухониёни ончоро якеашро ба катл дигарашро бадарга (аз ватан бе ватан)кунанд .То ба имруз душманони ислом натавонистанд фикхи исломро аз байн баранд: вале тавонистанд худро пайрави асосгузори фики Имоми Аъзам гуянду вале баръакси Имоми Аъзам рафтор карда ва нуксонхо дохил кунанд. Душманону хоинони дину миллат натавонистанд забону ватану махзану ирфони Салмону Нушервону Бухорию Ханафию Синову Рудакиро аз байни чахони ислом баранд нобуд созанд:аммо тавонистанд фарзандону наберагони инхоро аз харф бе харфу аз ватан бе ватан кунанд.Эй чавони мусалмон уммати Ислом дучори парокандаги ва фитнаву тафрикааст аз дасти кофиру хаворич хушёр бош, ки дину суннату мазхабу миллати поки Имоми Аъзамро аз даст надихи.Хаворич дар тулли хар карн(аср) номдузди карда номи худро иваз мекунанд.Инхо дар аввали асри 20худро ваххоби номидаанд ва баъди мардум огох шудан аз рафтори бадашон ном дузди карда аз номи ваххоби ба салафи гузаштаанд вагарна хамон хаворичиёнанд хушёр бош эй чавон то дар доми ин гурухи фитнаангези бад наафти.
Тиловати Куръон баъд аз намоз
Ба хама маълум аст, ки ин гурухи тундравон ин гурухи пайравони хаворич харгиз тиловати Куръонро баъди тамом шудани намоз кабул надоранд. Яъне баъди ба ду тараф салом додани охири ракъати намоз касдан набалки аз руи узр бе дуъову тасбеху хондани Куръон аз намоз хорич мешаванд. Ва мардумро дар шубха андохта мегуянд инхо дуруст нест дар ислом холо онки имоми Аъзам харчиро гуфту кард аз доираи Куръон ва суннат берун нест.Расулли муаззами ислом Мухаммад (С)фармуд Се амалро хар касе бо имон бачо биоварад аз хар кадоме аз дархои бихишт, ки мехохад ба у ичозати даромадан дода мешавад. Ва хар вакт ба хар андозае, ки хохад аз хурони бихишти барояаш хамсар дода мешавад.Якум касе,ки аз гунохи котили худ бигзарад.Дуюм карзи пушидаеро адо намояд (яъне аз касе карздор буд ва сохиби мол фаромуш карда буд, пас ин карзро адо намуд). Севум касе, ки пас аз хар намози панчгона 10 бор сураи «Ихлос»ро бихонад (ин хадисро Абуяъло бо хамин алфоз ривоят кардааст. Имом Табарони хам ин хадисро ривоят кардааст(”Чомеъус-сагир”1/206. Шархи “Сифри Саодат” сах117.)Имом Дайлами аз Хазрати Абуайюби Ансори(р) марфуъан ривоят кардааст, ки хангоме, Худованд сураи “Фотиха” ва “Ояталкурси”(яъне ояти255-уми сураи “Бакара”)ва “Шахидаллох…” (яъне ояти 18-уми сураи муборакаи “Оли Имрон”) ва “Кулиллахумма моликал мулки…” то “бигайри хисоб” (яъне ояти 26-27-уми сураи”Оли Имрон”-ро нозил кардани шуд, инхо хама ба Арш овезон шуда гуфтанд: Оё моро ба кавме, ки Туро нофармони мекунанд нозил мекуни?Худованди чалла чаллолаху гуфт: Касам ба арчмандию бузургвориям ва баландии беандозаи макому манзалатам, хеч бандае шуморо пас аз хар намози панчгона намехонад, магар ки дар кадом холате, ки бошад, уро магфират менамоям ва уро дар чаннатул Фирдавс чой медихам ва хар руз 70 бор ба у назари рахмат намуда, 70 хочаташро бароварда хохам кард, ки камтаринаш магфирати гунохон аст.(”Рухул маъони фи тафсири Куръонил азим” таълифи Аллома Сайид Махмуди Олусии Ханафии Багдоди, 3/130).Дар тафсири Мухаммад Саноуллохи Ханафии Накшбанди (2/35) ин хадисро бо ривояти имом Багави бо исноди худаш аз Чаъфар ибни Мухаммад аз падараш аз бобояш аз хазрати Амирулмуъминин Али (р) марфуъан овардааст. Дар хошияи шархи Мухтасарул-викоя-и мухаккик Али Кори(р-х)чопи Казон, соли 1899,сахфаи 148 ин хадисро ба тафсири имом Куртуби (р-х)нисбат додааст. Ин хадисро Хорис ибни Амр низ ривоят кардааст, чуноне ки дар китоби”Иршодулибод” (сах.17) мазкур аст. Аз ин ривоят ва ривоёти дигар, ки бархе аз онхо ро баъдан зикр хохем кард,маълум мешавад, ки кироати Куръон пас аз намоз шаръан мухим аст. Паёмбар (с) гайр аз холати чанобат дигар дар хама холат Куръон хондаанд. Хар гох, ки дохили кабристон ё ба назди кабристон мегузашт хатман бо эхтиром бар замин менишаст дуову дуруд мекард ба ахли кабристон баъд мегузашту мерафт. Хазрати Али каромаллоху вачха мефармояд ки ман шунидам аз Паёмбар (с),ки ба мо фармуд.Бахилтарин шахс касест, ки ба назди кабристон мегузарад ва ба ахли кабристон дуъо намекунад ва магфират наметалабад аз Худо бахри онхо. Ва дувум ин ки дар шунидани номи ман саловот намефиристад бар ману ахли байти ман. Ва боз дар чои дигар мефармояд Али (р) “Расулуллох (с) чунин будаанд, ки он касро хеч чизе аз хондани Куръон боз намедошт, гайр аз чанобат. (Ин хадисро асхоби сунаи Арбаъа ривоят кардаанд ва Хокиму Тирмизи гуфтаанд сахех аст (Шархи мухтасар-и Али Кори 1/68). Аз Хазрати Абдуллох ибни Амр ибни Ос (р)ривоят аст, ки гуфт:”Расулуллох(с) ин сухани Худовандро, ки дар сураи муборакаи Иброхим аст (баъди намози бомдод) хонд: “Эй Парвардигори ман, инхо бисёре аз мардумро гумрох кардаанд, пас хар кас ки аз ман пайрави кунад, аз ман аст ва хар кас ки маро фармонбардори накунад, Ту омузанда ва мехрубони”.Сипас кавли Худованд дар бораи хизмати Исо (ъ)-ро, ки дар сураи муборакаи”Моида” аст, хонд: “Агар ононро азоб куни бандагони Ту хастанд ва агар биёмузи Ту пирузманду хакими”.Он хазрат (с)пас аз тиловати ин ду оят харду дастони мубораки худро бардошта:Худоё умматамро рахм намо,Худоё умматамро рахм намо ” гуфта, гиря карданд. (Ин хадисро Имом Муслим ривоят кардааст). Фатхулмухим шархи “Сахех”-и Муслим шайх Шабир Ахмад Усмони (2/249). Хамчунин ривоят шудааст, ки Расулуллох (с) пас аз хондани намоз Куръон тиловат карданд ва баъди тиловат дуъо карданд “Усулул хадис”-и Имом Сарахси (127). Хазрати Имоми Азам (р-х) дар насихаташ ба имом Абуюсуф фармуд: “Пас аз намозхои панчгона Куръон бихону дуъо бикун ва дар хар мохе чанд рузе руза бидор. (Тафхимул мутафаххаим”, шархи “Таълимул мутаъаллим” сах 33) Мухаддиси кабир, Орифи биллох хазрати мавлоно Абдулхаки Акурави (1330-1409х.к. мутобик ба 1912-1988м.) донишманди бузург мазхаби имоми Аъзам (р-х) форигуттахсили Дорулулуми Девбанд ва аз машхуртарин устодони хамин Дорулулум буданд. Ин шахсияти бузург фармуд:”Имоми Аъзам (р-х)баъд аз намоз барои дафъи шар ва хифозат аз шаётин ва паноху начот аз зулму золимон оятхои зайлро тиловат мекард, манхам дар тамоми зиндаги бар ин амал намудаам ва мавриди писандам мебошад.(ояти 56-57-уми сураи мубораки “Худ” аз китоби “Бузургмардони андеша ва таърих” 3/296-297 ). Абухоруни Абди (р) Абусаъди Худри (р) ривоят кардааст, ки гуфт: “Расули Худо(с)-ро шунидаам, ки пас аз инки намозро салом дод, ин оятро тиловат намуд: “Соффот” 180-182 “Ахкомул Куръон”-и Абубакри Рози Чассоз (3/611) Убай ибни Каъб (р) ривоят кардааст, ки гуфтаанд: “Расулуллох (с) чунин одат доштаанд, ки хангоми ба сураи муборакаи “Нос” мерасиданд, (яъне куронро хатм мекардаанд), боз кироатро бо хондани “Фотиха” давом дода, сураи муборакаи “Бакара”-ро низ то “Улоика хумул муфлихун” мехонданд. Пас дуъои хатмро мекардан ва аз чой бар мехестанд (”Иткон”-и Имом Чалолуддини Суюти, 1/313. Имом Байхаки дар “Шуъабулимон” аз Анас ибни Молик (р) марфуъан ривоят кардааст : Хар касе Куръон бихонад (баъд аз намоз) ва Худоро сипосу ситоиш гуфта ба Расулуллох (с) салавот фиристад, бешак хубиву савобро дар макони аслияш талаб кадааст. (”Иткон”,1/312).Расулуллох (с)хар гох Куръон мехонданд, дуъо мекарданд,Модари муъминон Хазрати Оишаи Сиддика (р) гуфтааст:Расулуллох(с)дар хар мачлисе менишаст Куръон мехонд ва хар вакте, ки Намоз мегузорид дар охир Куръон мехонд ва дуъо мекард.(Ин хадисро бо санади Хасан Имом Ахмад,(6/77)ва имом Насои дар китоби “Амалулявм валлайла” хадиси раками 307 ривоят кардаанд ин хадисро сахех донистаанд (Хошияи “Хиснул муслим”, сах117).
Дуъо кардан пас аз намоз
Аллох Таборак ватаъолло дар ояи 7-уми сураи”Шахр”мефармояд: “Фаъиза фарагта фансаб” Имом Абубакри Рози Чассос (р-х) дар тафсири “Ахкомул Куръон” (3/713) мегуяд:”Хангоме ки аз намоз фориг шуди яъне намозатро ба поён расониди дар дуъо хостан аз Парвадигорат талоши зиёд намо. Ин гуна тафсир аз ибни Аббос (р)низ ривоят шудааст (”Рухул маъони” 16/235 ва “Хошияи Чалолайн,” сах. 502) имом Тирмизи дар “Чомеъ “-аш дар китоби “Даъовот” (хадиси 3499) ва имом Насои дар китоби “Алявм валлайла” аз Абуумома (р) ривоят кардаанд, ки ба Расули Худо чунин савол додаанд:” Кадом дуъо ба ичобат наздиктар аст? “Он хазрат (с) дар чавоб фармуд: Дохили кисмати охири шаб ва дуъо пас аз намозхои фарзи панчгона”.Имом Тирмизи гуфтааст:Ин хадис Хасану Сахех”аст. Имом Бухори дар “Таърихи авсот” барои дуъохои пас аз намозхо ин ривояти хазрати Мугира ибни Шаъба (р)-ро хуччат овардааст, ки гуфт: “Паёмбар (с) пас аз хар як намоз дуъо мекардаанд” (бо хамрохии чамоат)”(Баноя шархи”Хидоя”(3/146).Ибни Абишайба аз Асвади Омири (р) ривоят кардааст, кигуфт: “Намози бомдодро хамрохи Росуллох(с) хондем. вакте намозро салом дод, дастони муборакашро бардошта дуо кард.”тайсирулхидоя”(2)(260) дар “хидояти шариф” (1))156)омада: “суннат дар дуъохо ин аст, ки пас аз намоз анчом дода шавад” аз ибораи ин китоб, ки хатми Бухорои шариф аст, фахмида мешавад, ки дуъо пас аз намоз мунхасир дар як дуо нест, балки пас аз намоз дуохои зиёдест,ки Паёмбар(с)баъзе мудатхо баъди намозхои фарзи бо хамрохи намозгузорон дуъохои зиёд мекард.Калимаи дуохо лафзи чамъ буда, камтарини чамъ се мебошад.Расуллох(с) фармуд: “ичобати дуояшро хатми хохад сохт, агар онро мухр бикунад” Марде аз кавм пурсид:”ба чи чиз дуоро мухр карда мешавад?” Расуллох(с) фармуд: “Ба омин.”(яъне дар холати дуъо кардан омин гуфтану даст ба дуъо бардоштани намозгузорон) (ин хадисро Абудовуд ривоят ардааст).Дар хошияи (хамави аз имом Шаърони(р.х)овардааст, ки гуфт:Хама уламои гузашта ва имруз зикри дасти чамъи дар масчидхо ва дигар амокинхоро мустахаб донистанд.)хох баъди намозро ё гайри онро)Пас исбот шуд ,ки Паёмбар(с) баъд аз хар намоз дастони муборакашро бардошта дуо менамудааст.Хушёр бош эй чавон аз байн бурдани дуову зикру тиловати баъд аз намоз ё гайри намоз ин фитнаи ошкори хаворич дар байни муслимин аст.Он намозе, ки бе дуову зикр аст ин намоз ба мисли инсони лучи барахна аст имруз инхо мехоханд дуову зикру тиловати баъд аз намозро аз байн бибаранд фардо даст ба намоз мезананду намозро аз байн мебаранд. Алаккай ин гурухи фитнагару фитнаомезу фитнаангез дар ликои мазхаби Имоми Аъзам даромада худро Ханафи мазхаб мешуморанду гайри мазхаби Имоми Аъзам рафтор мекунанд:мисли шиъаёни гумрох, ки такяро либоси худ карданд.Инхохам худро бамардум ханафи мешиносонанду лекин хилофи «ханафи мазхаб» рафтор мекунанд:ба мисоли нашустани пой дар холати обдас(тахорат),рафъи ядайн дар намоз, намози казои гузаштаро тарк кардан: дуъову зикру тиловат накардан баъд аз намоз бо хамрохии чамъомад (яъне вакто хама машгули дастбардоштани дуъову зикру куръон гушкарданаст инхо касдан дар ин холат аз байни мардум мардумро норохат карда ба болои мардум гузашта аз масчид хорич мешаванд):нахондани намозхои суннати панчвактаро дар вакташ: ва нахондани Куръон ба арвохи мурдагони гузашта (яъне ин гурухи хаворич, ки худро салафию ваххоби мешуморанд инхо вакте,ки дохили кабристон шуданд ё мурдаеро гур карданд инхо бе даст бардоштани даст ба дуову бе хондани куръон аз мазор мисли бединхо берун мебароянд). Ин гуруххо яъне дар кабристон харгиз дуову куръон ба арвохи мурдагон намехонанд.Ва эхсон кардан дар хакки арвоххои гузаштаро манъ шумурдаанд азпеши худ(яъне вакто касе аз дунё гузарад ба шариъати ислом ва суннати Паёмбар (с) ба арвохи у мустахаб аст ба хешовандони у ки ба арвохи у хатми Куръон кунанд ба арвохи у садакаву эхсон кунанд зеро у аз хешовандону наздикиёни худ инро бенихоят интизор аст.Вале ин гуруххо харгиз ба арвохи гузаштагони худ хатми Куръону эхсонро хуш намебинанд ва харгиз намекунанд ва ба дигарон хам ташфикот мебаранд ва дигаронро аз рохи хак бероха месозанд.).Ва нишонаи дигарашон ин аст,ки шеъру шоириро кабул надоранд (яъне он шоирони бузурге,ки аз миллати форси точик баромаданду гузаштаанд онхоро кабул надоранд кори шоириро бидъат ва нораво мешуморанд.Холо ин, ки шоирони форси точик мазмуни ояти Куръону хадиси Паёмбар (с)-ро ба назм дароварда ба чахониён тухми хикмату ирфону адабро кошиданд ба мисоли Фирдавси, Рудаки,Хофиз, Бедил, Руми, Шайх Аттори Вали, ки мусаннифи чахор_ китоб аст ва “чахор_ китоб” китоби фикхи Ислом буда ба назм навишта шудааст. Ва ин гурухи хаворич ошкору пинхон дар байни мардум фитнаву тафрика андохта мардумро аз рохи ирфону адаб дур сохта ташфикот зидди шеъру шоири бурда мардуми форси точикро аз дини ислому махзани ирфони худ бенасиб гардонида суйи ойини хаворич мебаранд. Шукри Худованд, ки чаноби Оли Эмомалии Рахмон ин гурухи хаворичро бо ёрии Худо аз Точикистони азизамон сарнагун карда дар сар то сари кишварамон чашни Имоми Аъзамро сарбаландона чашн гирифт дар хузури чахони Ислом.Холло метавонем гуфт,ки дар кишвархои форс нишин(Эрон, Афгонистон, Точикистон. . .)ин гуруххои хаворч вучуд надорад ва нахохад дошт зеро дар «Дини Ислом»се китоби муххим аст.Куръону Хадису Фикх.Агар мо ба таърих назар кунем ва мебинем ,ки аввалин бор тафсирри Куръон ба забони арабу ачам тафсир шуд аз забони Салмони Форси(р)ва Мухаммад Хусайн Воизи Кошифи(р х)шуд.Китоби баъд аз Куръон ин хадисхои Паёмбар Мухаммад(с)аст.Ба мисоли «сахех бухори» ,«сахех муслим» ,«сахех тирмизи»…ва мусанифи ин китобхохам бешаку шубха форси точик буданд.Ва баъд аз Куръону Хадис илми Фикх ба хисоб меравад.Ва инхам,ки бешаку шубха асосгузори илми (фикх)дар Ислом Имоми Аъзам буд.Чахони Ислом шохиди он хаст,ки миллати форси точик дар Ислом давом дихандаи кори шариъат ва илми Ислом буданду хастанд.Ва дар хар чое ки ин миллати форси точик хаст дар ончо фитнахои хаворичиёну душманони Ислом ривоч нахохад ёфт.
Зикру дуъо баъд аз намоз.
Ба хамаи мо маълум аст, ки зикр бо хамрохии чамъият баъд аз адои хар намоз суннати Паёмбар (с) аст.Вале ин гурухи ховорич (хоричшудагон аз доираи ахли суннат ва чамоъат)харгиз баъд аз намозхо бо хамрохии чамъомад зикру(тасбех)саловот намегуянд холо ин, ки суннати муаккада аст. Хатто мазхаби шиъаён хам аз дуову зикру тиловати Куръон баъд аз намоз гофил нестанд.Паёмбар (с) мефармоянд:Хар касе баъд аз хар намозе 33-бор “Субхоналлох”,33-бор”Алхамдулиллох”,33-бор “аллохуакбар” бигуяд ва барои итмом, бори садум дафъае бигуяд:”Ло илоха иллал-лоху вахдаху….”-ро то охир, Яздони мутаъол гунахонашро хохад бахшид хар чанд, ки ба андозаи кафи дарё фаровон бошад”. (”Сахехи Муслим”, китоби “Масочид ва мавозеу-с-салот”, хадиси 939 ва “Сунани Абудовуд”, “Салот”, хадиси 1286).Сипоси Туро,эй Худое,ки маро ёри намуди, то рохи хакро ёбам, Сипоси Туро, мегуям эй Офаридакор ки маро аз гурухи инсон офариди ва дар дини ислом ва дар шариъати Мухаммад (с) ва мазхаби поки Аъзам (Имоми Аъзам) устувор гардониди.Ва шукри туро мекунам эй Парвардагори ман, ки фитнаи хаворичро аз сарзамини Точикистони азизамон сарнагун карда ва мазхаби поки Имоми Аъзамро кавию мустахкам гардони.Дуруду саломи бепоён бар Паёмбари охируззамон бар хонадон ва чахор ёру ёронаш то рузи чазо сазовор гардони.
Мушовири муфтии Абхазия
Нависанда:Хайриддини Абдулло
мая 22, 2011 at 23:13
Tashakuri ziyod barodar domullo mo bo shumo mefaxrem oyandai dinu millat shumo xaste hohish mekunem dar borai islom bisyortar navised dar moskov misli shumo gamhori din nadorem.
декабря 2, 2011 at 3:15
Хамду ситоиш мар ХУДОРО (Чалла Чалолаху)! Дуруд мар МУХАММАДИ МУСТАФОРО(Саллаллоху ъалайхи васаллам)! Рахмати ХУДОВАНДИ ЪОЛИМ бар шумо,ки аз ЪИЛМИ ХУДОВАНД дуруст огох хастед ва бародарони худро ба рохи дуруст даъват менамоед!
февраля 10, 2013 at 20:50
КАСЕ А ШУМОХОН ДА БОРАИ КИТОБИ (САХЕХИ БУХОРИ) МАЛУМОТ ДОРАД ОЁ АЗ ЧОП ШУДАНИ ИН КИТОБ САРДОРОНИ ДИН ОГОХ ХАСТАНД?????