маҷлиси васеъи раёсати созмони фарҳанги миллии тоҷикони (СФМТ) кишвари Краснодар ”Мехри Сомониён” масъалаи баргузории ҷашни Наврӯз 2013 дар кишавари Краснодар мавриди баррасӣ қорор гирифт
Моҳи январи соли2013 дар маҷлиси васеъи раёсати созмони фарҳанги миллии тоҷикони (СФМТ) кишвари Краснодар ”Мехри Сомониён” масъалаи баргузории ҷашни Наврӯз 2013 дар кишавари Краснодар мавриди баррасӣ қорор гирифта дар он ҳайати тадорукотии баргузории ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуда буд. Шоми 16 феврал дар гирди дастурхони тоҷикона бо истеъмоли таомҳои миллӣ машварати васеъи ҳайати тадорукотии баргузории ҷашн доир гардид. Раиси созмон, ҳамзамон раиси комиссиюни тадорукотии баргузории ҷашн Бахтиёри Ширин ҳозиринро бо рафти омодагиҳо ба ин ҷашни ниёкон Наврӯз ошно намуд. Ба аъзоёни ҳайати тадорукотӣ ва зеркомиссиюни он супоришҳо дода шуд. Дар ин нишасти васеъ раиси созмон инчунин муҳоҷирини тоҷикро ба он дигаргуниҳо ва тағиоротҳое ки дар қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Россия дар соли 2013 ҷорӣ гардидаанд шинос намуд. Аз муҳоҷирини тоҷик даъват ба амал овард, ки риоя ва волоияти қонунҳои кишвари қабулкунандаи муҳоҷирати меҳнатиро ҳамарӯза сармашқи кори худ қарор бидиҳанд. Дар ин ҷамъомади васеъи фарҳангии тоҷикони кишвари Краснодар мутахассиси пешбарандаи намояндагии хадамоти муҳоҷирати нази ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия Нусрат Хукуматович Исматов иштирок намуда мубодилаи афкор кард.
Дар сомони нишаст бо чанд таронаи дилчасп дастаи ҳунарии назди СФМТ кишвари Краснодар хотири ширкаткунандагонро болида доштанд.
Маркаази иттилоот