МАН АЗ БЕГОНАГОН ХАРГИЗ НАНОЛАМ +
Мо борхо аз хамбастагии миллат, пойдории сулху вахдат, ободкорию созандаги харф задаем. Аммо ёфт шуданд гуруххое, ки ин панду андарз корагар нашуд ба дили сангашону номусу нангашон. На хавф аз фанои давлат доштанду на парвои нестии миллат. Ба хотири бегонагон дудмони бобоиро оташ доданду миллатро ба бадноми кашиданд.
Дар ин маврид пеши руйи мо вокеахои дараи Камароб чилвагар мегардад. Мо ба хуби дарк накардаем, ки максади гурухи чинояпешаи Алии Бедаки чи буд? Харчанд, ки аъзои ин дастаи хунхор битамом зодагони Раштонзамин набуданд, ба хар хол буданд ашхосе, ки аз онхо пуштибони намуда, онхоро хуронданду пушонданд ва бо дили нопоку нияти шар атрофи як нафар муттахидашон карданд.
Лоиков Муртазо, “маъруф” бо тахаллуси Мустаким. Зодаи дехаи Шулмаки дехоти ба номи Б. Рахимзода. Дар огози даргирихои солхои 1992-1993 бо Алии Бедак – Давлатов Аловиддин хамнишин буд. Бачае, ки хануз аз дахонаш буйи шир меомад, мехост бо Хукумат чанг кунад. Сулху ороми баркарор гардиду авфи умум эълон шуд. Вай ба Федератсияи Россия барои мардикори рафт. Дар яке аз иншоотхои сохтмони вазифаи каровулиро ба чой меовард. Чун тамаъ аз молу амволи мардум одати хамешагиаш гардида буд, куштору горатро пешаи худ карор дод. Нафареро ба катл расонду барои ин аъмоли нангини худ дастгир ва ба муддати 9 сол аз озоды махрум гашт. Пас аз адои чазо ба Чумхурии Казокистон омад. Дар ин чо низ аз кирдори кардааш пушаймон нашуда. боз касд ба чони нафари дигаре карду фирор намуд ба зодгох. Дараи Камароби овозадор хама чизро мебардорад. Дигар шугле надошт Лоиков Муртазо – он махлуки аз таги дор гурезон.
Накша кашид, ки хезумфуруширо пешаи худ карор медихад. Мулк аз худаш. Бо зури ярок хар чи хохад анчом медихад. Чанд нафарро пеш-пеш андохта, дарахтони сарсабзро аз бех бурида, мошин-мошин ба марказ меоварду онхоро ба савдо мезад. Дузди дар авч буд. Бахт ба болояш “хандиду” соли 2000-ум Алии Бедаки Мустакимро ба чанги Киргизистон (манзур гаравгонгирии мутахассисони чопони) даъват кард. Ин хохишро бо хушнуди пазируфт. Аз хисоби катлу горат ва гаравгонгири сохиби маблаги калон гардид. Аз ин пас худро мири Камароб мехисобиду касеро писанд намекард. Худаш шоху таъбаш вазир. Ягон кас пишаки уро хакки пишт гуфтан надошт+
Дар арафаи сафари Президенти мамлакат мохи августи соли 2010-ум аз тарафи макомоти дахлдор бо Лоиков Муртазо сухбати чидди анчом дода шуд. Вай, ки масти пулу моли муфт гардида буд, дар он вохури ошкоро эълон дошт, ки хеч вакт бо хукумат созиш нахохад кард. Ман-маниро бинед, ки аз худ “шохи осмон” метарошид. Максади ягонааш ноором сохтани вазъи минтака буд ва барои ин кор хамрохи чанд нафар хаммаслакаш боз ба гурухи Алии Бедаки пайваст. Мегуянд, ки яке аз бузургтарин гунох дар назди Худованд мардумозорист. Ва Лоиков Муртазо бо бадкирдорию бадфеълиаш, куштану сухтанхояш гунохи азим содир намуд.
Бахори соли гузашта Мухаббат (хаммаслаки Мустаким) бо исрор талаб кард, ки подаи мардуми Шулмак ва атрофи онро барои нигохубин ба Мустаким диханд. Сокинони махал аз тарс ба ин талаб рози шуданд. Миш-миш пахн гардид, ки аз мохи июл “мехмонони нохонда” дар дараи Камароб пайдо мешаванд. Онхоро бо хуроки сергизо бояд таъмин намуд. “Гургро” чупон монданду даххо сар чорвои халк ба нести рафт.
Аз хама гунохи вазнини Мустаким амали террористи ба чони 25 нафар сарбози бегунох мебошад. Ин чавонписарони ватандуст хамсоли Точикистони сохибистиклол буданд.
Хамдехагон накл мекунанд, ки хануз аз давраи мактабхони Мустаким дар мактаби деха даст ба дузди зад. Кормандони милитсия барои тафтиши ин чиноят ба хонаи онхо омаданд. Модараш – кампири Сафармох аз ин холат огохи ёфта ба сактаи дил гирифтор шуд. Баъди ба худ омадан даст ба дуо бардошт ва гуфт:
-Мустаким! Дар чойе худогир шави, ки дуою фотихаи модар, кафану чаноза насибат накунад. Хуроки зогу заган шави!
Онро, ки рузгор нагирад ба хар гунох,
Чун чамъ шуд гунох: худогир мешавад.
Бархак дуои модар мустачоб шуд.
ШАРАФИ бешараф
Нозимов Шараф низ дар дехаи Шулмак ба воя расид. Хар чиноятеро, ки дар махалли зист Мустаким содир менамуд, Шараф балегуяш буд. Аз хатти кашидаи Алии Бедаки берун пой намениход. “Мехмонони нохондаро”, ки нияти катлу горати хаммилатонашро доштанд, самимона истикбол мекарду дар таъмини хурду хурока ва аши зарури ба онхо кумак мерасонид. Думболаи Алии Бедаки ба Киргизистон рафт. Сафари “хизматии” у низ натичаи хуб дод. Дар хамла ба корвони сарбозон ширкати бевосита дошт.
Чойи таассуф аст, ки дар байни он зархаридон фарзандони кишвари мо низ ба мисли Шараф буданд ва ин аъмоли вахшиёнаи онхо боиси хичолату сарпастии сокинони води Рашт гардид. Бузургворе дар ин маврид фармудаанд:
Падар хичлат кашад з-аъмоли ношоистаи фарзанд,
Хатое чун зи тир ояд, камон бар хеш мепечад.
Шараф низ дар он “кохе”, ки барои худ бунёд намуда буд, сухт. Ин ходиса касеро мушаввашхотир накард, чунки барои чинояти зиддидавлатиш ба чазои Худованд сазовор шуд.
Максади ба руи сафха кашидани ин сатрхо танхо як чиз аст. Мо хеч гох бояд зиракии сиёсиро аз даст надихем. Бо кору кирдори ночои худ Ватани ободу зебоямонро дар хатар нагузорем. Рохи интихобнамудаи Мустакиму Шараф ва хаммаслакони онхо барои хар як чавони баору номус ва ватанпарасти точик бояд панди рузгор бошад ва рохи созандагиву бунёдкориро пешаи хеш карор дихад. Мусаллам аст, ки чинояткорони номбурда агар аз зархаридони дохилию хоричи пуштибони намекарданд, чунин чиноятхои вазнин рух намедод. Хамзамон, аз тарафи дигар, бояд икрор шавем, ки сустиродагию бетарафи ва бемасъулиятию форигболии атрофиён низ окибат боиси аз худ рафтан ва “худам шоху таъбам вазир” гуфтанхои Алию Шарафу Мустаким ва дигар хамтабакони онхо гардид.
Ман аз бегонагон харгиз нанолам,
Хар он чи кард ба ман, он ошно кард.
Давлати Навруз,
сокини Раштонзамин
Mon, 14 Feb 2011 09:00:46 +0300 письмо от Давлат Наврузов <davlat_2011@bk.ru>:
Похожие записи:
- ЧУН ЧАМЪ ШУД ГУНОХ, ХУДОГИР МЕШАВАД … 17 января 2011
- Изҳороти Шӯрои сиёсии Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон-Заявление ПИВТ по поводу приговора З. Саидова 26 декабря 2013