“МАН БА ГАРДАНИ ДОМУЛЛО ХАЙРИДДИН КОРД ЗАДАМ…”
24/04/2017
|
![]() |
Домулло Хайриддини Абдулло
|
Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия Алӣ Шарипов, як зодаи шаҳри Душанберо ба даст доштан дар сӯиқасди соли гузашта ба ҷони раҳбари шӯъбаи динии ин ҷунбиш Домулло Хайриддини Абдулло айбдо кардааст. Ин рӯҳонии тоҷики муқими Маскав моҳи август 6 кор хӯрда буд.
Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия рӯзи 24 апрел хабар дод, ки нафари гумонбар дар сӯиқасди моҳи августи соли 2016 ба ҷони раҳбари шӯъбаи дини ин созмон Домулло Хайриддини Абдуллоро пайдо кардааст. Ин созмони ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар ин сӯиқасд Алӣ Саймуддинович Шарипов, зодаи шаҳри Душанберо гунаҳкор мекунад.
Домулло Хайриддини Абдулло 7 августи соли 2016 дар наздикии истгоҳи метрои “Рязанский проспект” ҳадафи ҳамла қарор гирифт. Ҳамлагарон ба бадани ин рӯҳонии тоҷики муқими Маскав 6 корд заданд ва танҳо табибон тавонистанд, ки ӯро аз панҷаи марз наҷот диҳанд.
Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия ба сомонаи “Ахбор” гуфт, баъди ин сӯиқасд Ҷунбиши муҳоҷирон барои маълумоте, ки ба ошкор шудани ин ҷиноят мусоидат кунад, 1 миллион рубл, муодили 17 ҳазор доллар ҷоиза ваъда карда буд ва ахиран як шоҳид бо онҳо дар тамос шуда хабар дод, ки номи омили сӯиқасд ба ҷони Домулло Хайриддинро медонад.
Каромат Шарипов мегӯяд: “Мо 20 дақиқа бо ин шоҳид сӯҳбат кардем. Исми шоҳидро ба далелҳои амниятӣ гуфта наметавонем, вале ӯ баёнот дод, ки яке аз 4 ҳамлагар Алӣ Саймуддинович Шарипов, соли таваллудаш 1988 будааст.”
Ин шоҳид гуфтааст, ки тасодуфан шоҳиди баҳси Алӣ Шарипов бо як нафари дигар шудааст: “Аз сӯҳбати бо овози баланди ду нафар шунидам, ки якеаш ба дигарӣ таҳдид мекард: “Ту намедонӣ, ки ман кистам! Ман ҳамонеам, ки ба гардани Домулло Хайриддини Абдулло бо корд задам! Ман задам! Фаҳмидӣ! Нафари навбатӣ ту хоҳӣ шуд!”
Ин шоҳид аз аксҳои Алӣ Шарипов дар шабакаи “Одноклассники” ӯро шинохта, гуфтааст, ки ҳамлагар маҳз ҳамин одам буд.
Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия мегӯяд, Алӣ Шарипов то омаданаш ба Русия ҳамроҳи модараш дар маҳаллаи “Хитой Бозор”-и Душанбе зиндагӣ мекард. Ҳоло ӯ дар шаҳраки Коммунаркаи вилояти Маскав ба сар бурда, бо як “Мерседес”-и сиёҳ мегардад.
Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия мегӯяд, маълумоти бадастомада дар бораи гумонбари ҳамла ба Домулло Хайриддини Абдуллоро дар ихтиёри пулиси Русия гузоштааст, вале то ҳанӯз мақомоти тафтишотӣ ба боздошту бозпурсии Алӣ Шарипов иқдом накардаанд.
Домулло Хайриддини Абдулло, ки дар мавъизаҳо ва мақолаҳояш аз равияҳои навбаромади мазҳабӣ, ба мисли Салафия, башиддат интиқод мекунад, бори сеюм аст, ки дар Маскав ҳадафи сӯиқасд қарор мегирад.