Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 16.06.2014
 

Мо хама аз насли поки Рудакиву Хофизем. Зинда боши миллати шеъру сухандон, точикам.

Дар Русия, байни мардум зору хайрон, точикам.

Нест чои кору хобат кучасарсон, точикам.

Шахр рафтию ба ногах хуччатат пурсад касе.

Хотири ошуфтаат гардад парешон, точикам.

Аз сахар то шом мехнат мекуни мардонавор.

Мондагиатро нафахми, оханинчон, точикам.

Дар хама объектхо ашки чабинат рехти

Музди коратро надодандат, пушаймон, точикам.

Бигзарад умри азизат аз зану фарзанд дур.

Хоби шабхоят парад бо ёди онон, точикам.

Сар ба оташ мезани хох оташ асту хох об.

Бомашакатхо биёби бурдаинон, точикам.

Тирамох вакти сафар ояд туро суи Ватан.

Мепари бе болу пар барТочикистон, точикам.

Нести танхо бародар гам махур монанди ту.

Ман яке аз мардикорони газалхон, точикам.

Хам нагардад коматат аз кору бори зиндаги.

Ай Худо, ояндаат гардад дурахшон, точикам.

Рафта ба дархои хар як кордоре ноилоч.

Мекуни кори варо бонархи арзон, точикам.

Гарчи монанди ту бошад узбаку турку хахол.

Ту намеёби миёни чумла армон, точикам.

Дар сарат фикри падар, модар, бародар, хонаат.

Сарфи корат тую хам гахворабандон, точикам.

Мехури ин чоту танхо равгану тухму хлеб.

То пули худро расони бар зимистон, точикам.

Чун расиди бар Ватан бо маблаги русии худ.

Курси русиятшавад бар хок яксон, точикам.

Ман намедонам, ту хам, охир намедонад хама.

Тоба кай бошем гарибу зорусарсон, точикам.

Хонда ин шеъри ману ту харкасе дар сайтхо.

Мешавад гах шоду хандон, гоххайрон, точикам.

Мо хама аз насли поки Рудакиву Хофизем.

Зинда боши миллати шеъру сухандон, точикам.

Мехрафруз Салихова

Похожие записи:

Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.433 seconds.