Муҳоҷири латту кӯбшуда: Ҷонам дард мекард…(ВИДЕО)
Як муҳоҷири тоҷик мегӯяд, аз сӯи маъмурони пулиси Русия дар боздоштгоҳи муваққатӣ мавриди латту кӯб қарор гирифт. Ба гуфтаи ӯ, дар пайи ин зарбу латт пояш шикаст ва бо ин ҳол се рӯз пушти панҷара буд.
Ин муҳоҷири тоҷик дар навори видеоие мегӯяд, як моҳ қабл дар ноҳияи Митиши вилояти Маскав ҳуҷҷатҳояшро дуруст кард, аммо маъмури пулис дар роҳ ӯро боздошта гуфтааст, дар санадҳо маълумотҳои зарурӣ мавҷуд нест: “Вақте маро бурданд, маҷбур карданд, ки ба ҳуҷҷате имзо гузорам. Гуфтам, аввал бояд онро хонам. Баъди ин гап маро латту кӯб карданд. Биниям хун шуд. Боз такрор карданд, ки дар ҳуҷҷат имзо гузорам, аммо гуфтам, баъди ин қадар латту кӯб агар парронед, имзо намегузорам”.
Навори мазкурро Каромат Шарипов, раҳбари Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” дар интернет гузоштааст. Дар навор ин муҳоҷири тоҷик дар ҳузури оқои Шарипов суҳбат мекунад. Дар идома мегӯяд, дар идораи пулис телефони мобилашро гирифта, дар “камера” маҳкамаш мекунанд: “Ҳарчанд дарро задам, аммо накушоданд. Ҳатто иҷозат намедоданд, ки ба ҳоҷатхона равам. Поям месӯхт, гиря кардам. Вақте омаданд, гуфтам ягон доруи карахткунанда биёред. Ҷонам дард мекард, гуфтам дигар наметавонам”.
Ин муҳоҷири тоҷик дар идома меафзояд, ки рӯзи дигар маҷбур шуд, ба ҳамаи ҳуҷҷатҳо имзо гузорад: “Ҳамроҳи як нафар ба масофаи 1,5 км роҳ пиёда маро ба суд бураднд, аммо суд нашуд ва пои пиёда гашта омадем. Се рӯз он ҷо будам ва дар ин се рӯз аз дарди поям хоб нарафтам. Рӯзи дуюм ҳангоми аз суд баргаштан, аз маъмури пулис хоҳиш кардам ва як маҳлули карахткунанда харида, ба поям молидам. Танҳо як соат хобам бурд”.
Муҳоҷири тоҷик мегӯяд, агар ҳуҷҷатҳояш нуқс дошт, бигзор депорташ мекарданд, аммо намедонад, ки чаро латту кӯб шуд. Шаҳрванди Тоҷикистон мегӯяд, баъди он ки ҷавобаш доданд, бар ивази 5700 рубли русӣ дар беморхона пояшро шикастабандӣ кард.
Каромат Шарипов дар ин навор мегӯяд, барномаи “Пусть говорят” танҳо паҳлуҳои манфии тоҷиконро намоиш медиҳад: “Вақте тоҷикро латту кӯб мекунанд, маводи нашъадорро ба ҷайбаш мепартоянд ё як маъмури пулис тоҷикро мезанад, ҷаноби Андрей Малахов намегӯяд”.
Озодагон