Муҳоҷирони кории тоҷикро на танҳо мақомоти давлатии Тоҷикистон ба бутаи фаромӯшӣ супурдаанд, балки бисёре аз расонаҳо низ ба сарнавишти онҳо бетафовутанд.
Сармояи интиқолии муҳоҷирон ба Тоҷикистон: беш аз чаҳор милёрд дулор
Муҳоҷирони тоҷик
Дар Русия беш аз як милюну 300 ҳазор нафар аз шаҳрвандони тоҷик машғули кор ҳастанд
Тибқи иттилоъи Бонки марказии Русия, дар соли 2013 муҳоҷирони кории тоҷик аз он кишвар ба Тоҷикистон беш аз 4 милёрду 173 милюн дулор интиқол додаанд.
Ин рақам дар муқоиса бо соле қабл ҳудуди 15 дарсад афзоишро нишон медиҳад. Ҳамчунин, ин маблағ дар муқоиса бо соли 2011, ки муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон он замон ҳудуди 2,7 милёрд дулор пул интиқол дода буданд, ҳудуди ду баробар афзоиш ёфтааст.
Матолиби муртабит
Додгоҳҳое дар Русия ду тоҷикистонии 25-соларо маҳкум ба зиндон карданд
Кумаки Иттиҳодияи ҷавонони тоҷик дар Русия ба муҳоҷирони боздоштӣ
Баррасии мавзӯъи муҳоҷират дар мулоқоти Убайдуллоев бо Матвиенко
Дар ҳамин замина
Сиёсӣ
Ин дар ҳолест, ки тибқи хабари торнамои расмии ин ниҳод дар соли гузашта аз Русия ба кишварҳои дигари узви Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд беш аз 21 милёрд дулор интиқол ёфтааст.
Дар гузорише, ки ин бонк рӯзи 2 апрел мунташир кард, аз миёни муҳоҷирони хориҷӣ дар Русия атбоъи Узбакистон бештарин мизони сармояро ба кишварашон интиқол додаанд, ки наздик ба шаш милёрду 700 милюн дулор баровард шудааст.
Тоҷикистон дар ҷойгоҳи дувум ва Укройн бо беш аз се милёрд дулор пули интиқолии муҳоҷиронаш аз Русия дар мақоми севум қарор гирифтааст. Қирғизистон севумин кишвари Осиёи Миёна аст, ки бо интиқоли беш аз ду милёрд дулор аз сӯйи муҳоҷирони корияш ҷойгоҳи чаҳорумро гирифтааст.
Муҳоҷират – манбаъи аслии даромади Тоҷикистон
Ҳамзамон ин бонк хабар дода, ки дар соли 2013 аз Тоҷикистон ба Русия 588 милюн дулор интиқол ёфтаст, ки ин рақам низ дар муқоиса бо соле пеш беш аз 60 дарсад афзоиш ёфтааст.
Туркманистон бо камтарин мизони сармояи интиқолӣ аз Русия дар охирин рада қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, ки мақомоти он кишвар барои сокинонаш маҳдудиятҳое дар заминаи сафар ба хориҷ барои пайдо кардани машоғил эъмол кардаанд.
Хабари интиқоли беш аз чаҳор милёрд дулор аз Русия ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки соли гузашта мақомоти интизомии Русия ҳудуди 100 ҳазор муҳоҷири корӣ аз Русияро ихроҷ ва мамнӯъулвуруд карда буданд.
Муҳоҷирони тоҷик
Аксари муҳоҷирони тоҷик дар Русия бо корҳои ба истилоҳ сиёҳ машғул ҳастанд
Иддае аз соҳибназарон мегӯянд мизони сармояе, ки тавассути муҳоҷирон аз аз Русия ба Тоҷикистон ворид мешавад, дарвоқеъ бамаротиб бештар омори Бонки марказии Русия аст.
Саймиддин Дӯстов, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегӯяд: “Ин маблағ танҳо тавассути 14 бонк ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Аммо ботаваҷҷуҳ ба ворид шудани пули нақд ба ҳангоми бозгашти муҳоҷирон барои аёдати пайвандонашон ба ин кишвар ва ё интиқоли пул аз тариқи дӯстону хешовандаонашон ин маблағ метавонад то 30 дарсад яъне ҳадди ақал то 5,5 милёрд афзоиш пайдо кунад.”
Оқои Дӯстов саҳми сармояи интиқолии муҳоҷирон дар иқтисоди Тоҷикистонро ҳаётӣ хонда ва афзуд, ки ин маблағ муъодили 53 дарсади тавлидоти нохолиси дохилии кишвар аст.
Вай афзуд: “Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон аз 2,9 милюн нафар аз сокинони қобили фаъъолият ҳудуди 250 ҳазор нафарро мақомоти маҳаллӣ ва раисиу раисчаҳо ташкил медиҳанд, ки саҳми онҳо дар иқтисоди кишвар камтар аз 45 дарсад аст.”
Адами шароити хуби корӣ
Аз сӯйи дигар, оқои Дӯстов мегӯяд, ки аксари маблағҳои интиқолии муҳоҷирон барои таъмини зиндагии иҷтимоъии мардум сарф мешаванд. Яъне мардум бештар масрафкунанда ҳастанд ва коло ва маводи мавриди ниёзаонро мехаранд, аммо зарфияти сармоягузориро надоранд.
Барои сармоягузорӣ дар иқтисоди кишвар давлат бояд барои мардум шароити хубе фароҳам кунад. Зеро пули интиқолии муҳоҷирон андак нест ва мудирияти муассири он ва ҷалби сармояи дохилӣ барои иҷрои тарҳҳои мухталиф такони ҷиддие барои пешрафти иқтисодӣ хоҳад буд.
Дар гузашта иддае аз муҳоҷирон, ки тавонистаанд дар Русия сармояи лозим барои тиҷорат дар Тоҷикистонро ҷамъоварӣ кунанд, ба фаъъолиятҳои тиҷорӣ дар кишвари худ иқдом кардаанд.
Аммо бештари онҳо бо мушкилоти фаровоне, назири коғазпаронӣ ё бюрократия, бархӯрди нохушоянди кормандони молиёт, фасоди угстарда ва ҳатто тасарруфи амволу дороиҳояшон аз сӯйи афроди наздик ба мақомот рӯбарӯ шуда ва даст аз тиҷорат бардоштаанд.
Саймиддин Дӯстов
Оқои Дӯстов мегӯяд, ки иштибоҳи аслии давлат аз миён бурдани Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон аст
Саймиддин Дӯстов мегӯяд, ки яке аз иштибоҳоти давлати Тоҷикистон дар заминаи кор бо муҳоҷирон, аз миён бурдани Идораи муҳоҷират ва таҳвили он ба вазорати меҳнат ва муҳоҷирати ин кишвар аст.
Вай афзуд: “Дар ҳоле ки баъд аз соҳаи итҷмоъӣ ниҳоди бузургтарин дар Тоҷикистон бояд маҳз вазорат ва ё идораи муҳоҷират бошад. Барои як коршинос ё сиёсатшинос корбарии Сумангул Тағоева, вазири ин ниҳод, бо наҳангҳое чун Константин Рамадановский ва ё мақоми дигари рус хандадор ба назар мерасад.”
Ин коршиноси масоили сиёсӣ муътақид аст, ки дер ё зуд давлат мутаваҷҷеҳи ин иштибоҳ хоҳад шуд.
Сармояе ки бо хуни дил ба даст меояд
Аз сӯйи дигар, гузоришҳои расида аз Русия ҳокист, ки дар ҳоли ҳозир дар он кишвар як милюну 300 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба сар мебаранд. Шумори зиёде аз онҳо дар вазъи риққатборе кору зиндагӣ мекунанд ва коршиносон мегӯянд, ки сокинони Тоҷикистон дар он кишвар аз ҷумлаи афроди осебпазир дар баробари мушкилоти ҳуқуқӣ ва иҷтимоъӣ ҳастанд.
Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия, мегӯяд, ки дар ҳоли ҳозир муҳоҷирони кории тоҷикро на танҳо мақомоти давлатии Тоҷикистон ба бутаи фаромӯшӣ супурдаанд, балки бисёре аз расонаҳо низ ба сарнавишти онҳо бетафовутанд.
Оқои Шарифов мегӯяд: “Муҳоҷирони тоҷик дар вазъи вахиме дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва бо хуни дил маболиғеро ба даст меоранд. Онҳо ниёз ба муроқибати бештар ва ҳимояти ҳуқуқӣ аз сӯйи мақомоти давлатӣ доранд. Тавре ки барои Русия нафту гоз манбаъи даромади аслӣ маҳсуб мешавад, мақомоти тоҷик ба истилоҳ муҳоҷирони корӣ дар хориҷро чун захираи нафту гоз барои иқтисоди кишварашон медонанд.”
Оқои Шарифов мегӯяд, ки ба тақдири муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия намояндагони аҳзоби сиёсӣ дар Тоҷикистон низ таваҷҷуҳе зоҳир намекунанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ӯ масъулони созмонҳои ғайридавлатии муҳоҷират, ки дар Русия, аз ҷумлаи тоҷикон созмон ёфтаанд, тасмим гирифтаанд, ки фаъъолиятҳои худро барои дифоъ аз ҷойгоҳи муҳоҷири тоҷик бештар аз қабл кунанд.
Ин дар ҳолест, ки бисёре аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар Русия солиёни зиёд машғули кор ҳастанд, аз ҳаққи дарёфти маъоши бозиншастагӣ низ маҳрум хоҳанд монд. Ҳамчунин, шуморе зиёде аз онҳо дар тӯли фаъъолияти корӣ дар Русия ба бемориҳои мухталиф гирифтор ва иддае низ маълул шудаанд.
Заринаи Хушвақт
Би-би-сӣ, Душанбе
Ба рӯз шуда: Ҷумъа, 04 Апрел соли 2014 – 10:16