Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 29.04.2014
 

Назарот: Чиро дар паёми солонаи Раҳмон ёде аз муҳоҷирон нашуд?

Тибқи гузоришҳои расмӣ дар Русия беш аз як милюну 300 ҳазор муҳоҷир аз Тоҷикистон ба сар мебаранд

Бархе аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ мегӯянд, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар суханронии солонаи худ натанҳо аз масоили марбут ба муҳоҷират ёдовар нашуд, балки бархе аз масоили дигари доғи ҷомеъаи имрӯзиро низ дар ин паём зикр накардааст.140425113748_tj_migration304

Иддае дигаре бар ин назаранд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳарчанд мустақиман масъалаи муҳоҷирони кориро дар паёмаш нагуфта бошад, аммо бархе аз масоили матруҳа дар он, аз ҷумла таъмини сокинон бо ҷойҳои нави корӣ ба муҳоҷират рабт доштааст.

Вале бисёре аз коршиносон бар ин назаранд, ки давлати Тоҷикистон дар ҳалли душвориҳое, ки муҳоҷирон бо он рӯбарӯ ҳастанд, кӯтоҳӣ дорад ва аз ин рӯ ҳатто мақомоти баландпояи ин кишвар аз ёдовар шудани ин масъала худдорӣ мекунанд.

Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари Ҳизби сусиёл-демукрот:

Аввал ин ки паём ва моҳияту тарзи усули навиштани он аз ҳисоботи давлат тафовут дорад, вале боиси таъассуф аст, ки то ҳол масъулони маъмурияти раиси ҷумҳур ба ин тафовутҳо сарфаҳм нарафтаанд ва паёмҳо аслан дар шакли ҳисобот ироа 140425113746_tj_shakirjonhakimov304мешаванд.

Дуввум, ин ки масоили хеле муҳим ва мубраме ҳастанд, ки метавонист Президент Раҳмон дар ҳудуди 30 дақиқа дар суханронии худро маҳдуд мекард ва вазифаҳои аввалияро дар робита ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва андешидани тадобири мушаххас муъайян мекард.

Вале боиъси таъассуф аст ва шояд махсус бошад, ки Президент Раҳмон дар суханронии худ аз масоили муҳоҷирини корӣ, ҳалли масъалаи таъмин кардани сокинон ба таври доимӣ бо нерӯи барқ, ки фаъъолияти муътадили иқтисоди миллиро таъмин мекунад ва кафолат медиҳад, сарфи назар кард.

Чун имсол ваколати порлумони Тоҷикистон ба анҷом мерасад ва интихоботи воқеъӣ метавонад боъиси ҷалби сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон, ки кишвар ба он ниёз дорад ва ҳамчунин 20 солагии тасвиби Қонуни асосии Тоҷикистон дар назар аст ва мувофиқи мақсад мебуд, ки дар суханронӣ президент таваҷҷӯҳи раҳбарият ва сохторҳоро ба ормонҳои ин қонун ҷалб мекард, аммо афсӯс дар ин суханронӣ ин ҳама садо надод. Ва шояд ин махсус низ буд.

Вақте, ки сухан дар бораи муҳоҷират ва муҳоҷирон меравад ва чаро аз гуфтани ин мавзӯъ раиси ҷумҳур худдорӣ кард, пас маълум мешавад, ки ин камбудии аслии (навоқиз) давлати Тоҷикистон аст, ки то ҳол кулли мардуми қобилияти меҳнат дошта барои иқтисоди кишвари дигар хизмат мекунанд.

Ва ҳамчунин эҳсоси миллиашон камтар мешавад ва таҳти фазои иттилоъотии кишвари бегона қарор доранд ва аз ахлоқи ҳамида ва урфу одати ташакулёфти миллӣ низ дур мешаванд. Бинобарин ин мавзӯъ ва масоили дигари мубрами давлатдории муъосир аз мадди назари раиси ҷумҳурӣ дур монд.

Усмон Солеҳ, масъули бахши иртибот бо ҷомеъаи Ҳизби ҳокими халқи демукрот:

Эмомалӣ Раҳмон, дар мавриди ҳалли мушкилоти дигари иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон, аз ҷумла таъмини сокинон бо ҷойҳои 131211094319_tj_usman_soleh304кории доимӣ, ки дар суханронии худ таъкид ба он доштанд, мустақиман ба ҳалли мушкилоти муҳоҷират, аз ҷумла поён додан ба шиддати муҳоҷират низ таъсири мусбӣ дорад.

Ман фикр мекунам, ки мустақиман аз муҳоҷирон ёдовар нашуданд, зеро дар суханрониҳои солҳои қаблӣ ва нишастҳои мухталифи давлатӣ ба муҳоҷирон ва муҳоҷират таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекарданд. Ин аст, ки ахиран давлати Русия низ бархе аз имтиёзҳоро дар соли ахир барои муҳоҷирони тоҷик иттихоз кард ва содда кардани дарёфти шаҳрвандӣ яке аз онҳо аст.

Ҳамчунин, ин масъала мунтаззам дар мулоқотҳо ва нишастҳои кумисиюнҳои вижаи кории ду кишвари Тоҷикистон ва Русия дар мавриди муҳоҷират ва ниҳодҳои марбутаи давлатӣ доиман баррасӣ мешаванд.

Масоили муҳоҷирон ва муҳоҷират доиман дар мадди назари Ҷаноби олӣ ва мақомоти тоҷик ҳаст ва раиси ҷумҳурӣ дар нишастҳои мухталиф ҳамеша дар мавриди вазъияти муҳоҷирон масъалагузорӣ мекунад.

Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик дар Русия

Чаро бояд раиси ҷумҳурӣ дар суханронии худ масъалаи муҳоҷиратро матраҳ кунад, барои он ки агар як кас амали ҷароҳӣ 140425114147_tj_karomatsharipov304шавад, нахуст пизишкон ҷаласае вижае доир мекунанд то вазъи воқеъии ин беморро матраҳ кунанд. Вале давлати Тоҷикистон дар мавриди муҳоҷирон ва вазъи кунунии онҳо иттилоъи дақиқе надорад ва барои ба даст овардани он кушиш ҳам намекунанд.

Муҳоҷирон ин як гурӯҳи бузурги муташакил аз милюн нафар сокинон буда ва хостори давлати пешрафта ва ҳуқуқӣ ҳастанд. Аз ин рӯ беҳтар аст, ки раҳбарон ва аз ҷумла, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи онҳо ҳарфе нагӯянд. Ва муҳоҷирро ба ҳоли худаш вогузор кунанд, яъне чи тавре ки қаблан зиндагӣ ва кор мекарданд, ба ҳамон ҳолашон бимонанд.

Вале муҳоҷирони тоҷик, ки ними даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро барои кишвар фароҳам мекунанд, мехоҳанд ки интихоботи демукротӣ, аз ҷумла интихоботи раёсати ҷумҳурии воқеъӣ доир шавад ва дар миёни мақомоти давлати Тоҷикистон муҳоҷирон низ мехоҳанд намояндагони худро бибинанд. Аммо давлати Тоҷикистон ин ҳақ, яъне пешниҳоди намояндаи худ ба интихобот ва имзогузорӣ ба ҷонибдории номзадҳоро аз онҳо гирифтааст, ки нақзи ҳуқуқи шаҳрвандии муҳоҷирон аст.

Аз ин рӯ мушовирони раиси ҷумҳурӣ ба ӯ машварат додаанд, ки беҳтар аст, ки ба қишри дигаре аз ҷомеъаи Тоҷикистон дар суханронӣ таъкид шавад, аммо дар бораи муҳоҷирон вай сухане нагӯяд.

Замоне, ки ширкатҳои телевизюнии давлатӣ гузориш медиҳанд, ки муҳоҷирон суханронии Эмомалӣ Раҳмонро аз тариқи телевизюнҳо гӯш медиҳанд, ин дурӯғи маҳз аст, зеро муҳоҷирон дар рӯзи корӣ машғули фаъъолияҳо барои дарёфти сармоя барои гузарони зиндагӣ ҳастанд ва вақт барои тамошои телевизюнро надоранд.

Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода, масъули бахши иртибототи Ҳизби наҳзати исломӣ:

Аслан ман ба ин назар ҳастам, ки аз аввал то ба ин имрӯз мо мантиқи аслии суханронии солона ё паёми раиси ҷумҳуриро, ки 140425113742_tj_sayifullohzoda304bbcҳадаф ва манзур аз он чӣ ҳаст, ба маънии томаш нашунидаем. Бештар дар ин паём гузориши масъалае ва таъкид ба бархе аз камбудиҳо ё ишора ба камбудиҳои аслие, ки дар ҷомеъа мавҷуд ҳастанд, сухан меравад.

Аммо бояд манзур аз ин паём, агар корҳое то ҷое аз гузашта амалӣ шудаанд ва ё дастовардҳое ба даст омадаанд, ишора шавад. Мавзӯъи дигари паём бояд дурнамои фаъъолиятҳои ҷомеъа ва давлат барои оянда бошанд. Мутаъассифона барномаи истротежик барои аз миён бурдани душвориҳои умдаи иҷтимоъӣ, аз ҷумла муҳоҷират ва барномаҳои дақиқ барои коҳиши сатҳи берун шудани қувваи корӣ аз кишвар дар суханронии имсоли раиси ҷумҳурӣ ошкор матраҳ нашуд.

Баррасии ин масъала дар ҳамоишҳои дигари давлатӣ низ камтар мушоҳида мешавад. Ба назари ман дар ин паём ҷуз аз бархе аз дастовардҳое, ки дар маҳдудаи хос анҷом гирифтааст, бештар аз он мегӯянд ва ин пешрафтҳо низ дар зиндагии аксари сокинони ин кишвар таъсири назаррасе намегузоранд. Ман мегӯям, ки суханронии имсоли раиси ҷумҳур бештар паём ба хотири паём буд.

http://www.bbc.co.uk/tajik/news/2014/04/140425_zkh_rahman_reaction_address.shtml

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.460 seconds.