Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 14.02.2012
 

Огохии пешакии модари Рахимовхо аз гунахгории фарзандонаш ва пинхон нигох доштани ин казия моро дар холати ногувор гузошт (Видео).

Дуруд бар шумо

Саломати ва корхоятон чи тавр?

Умедворам, ки хубу хушед

Акаи Каромат, илтимос ба хамин саволхои мо чаовоб мегуфтед

Дар шумораи “Точикони Россия” (панчшанбе, 19 январи соли 2012)

дар матлабе, зери унвони “100 суол аз такдири инсон” шикоят аз шумо шудааст

Аз номи Бурхон Рахимов, шахрванди Точикистон, ки феълан дар Русия аст

Модари эшон, холаи Идимох шикоят кардаанд, ки гуиё шумо аз фарзандонашон 100 хазор рубли руси гирифта, ба чои ери ба онхо зарар расонидаед

Гуиё бо дахолати шумо фарзандашон паси панчара рафтааст (зиндони шудааст). Ва ин ки шумо онхоро ба он муттахам мекунед, ки аз киссаи худатон

пули харочоти додгохии Рахимовхоро сарф кардаед.

Аз ин хотир, акаи Каромат, хуб мешуд барои равшани андохтан ба ин масъала ба чанд суоли мо чавоб мегуфтед?

Шумо бародарон Рахимовхоро мешиносед? Кай шинос шудед, дар кучо?

Аз казияи додгохии онхо чи гуна хабар ефтед, кай, аз тарики ки?

Оё вокеан шумо аз онхо пул гирифтаед? агар ха, чи кадар?

Оё гуфтахои Рахимовхо ва модарашон холаи Идимох хакикат дорад?

Нисбати казияи Рахимовхо чи гуфта метавонед?

Оё шумо вокеан даъват кардед, ки онхо дар зурури сафири Точикистон дар Русия ва С. Девонаев нисбати шумо чизе нагуянд?

Бо эхтиром, «Озодагон»

Хумайро

Огохии пешакии модари Рахимовхо аз гунахгории фарзандонаш ва пинхон нигох чихардадоштани ин казия моро дар холати ногувор гузошт

Хохари азиз ман худро сафед кардани нестем чун, ки гунохе ё хатое аз тарафи ман ва чамъияти мо сар назадааст. Оиди маколае, ки 19.01.2012 дар сахифаи нашрияи «Точикони Руссия» (мухарири ин рузнома Мухаммади Эгомзод) чоп шудааст гуфтанихои зиёде дорам. Махз ин маколаи тахррези шуда аз тарафи Мухаммади Эгамзод бо дастгирии рохбари хадомоти мухочират Девонаев Сафиоллох руи чоп омад. Ман солхои дароз дар Руссия зиндаги ва кор мекунам ва ки будани ин ду шахсият – Мухаммади Эгамзоду ва Сафиоллох Девонаев ва чи хизмате ба мардум кардаанд хуб медонам.

Ман хамон Каромат Шарипов мебошам, ки соли 2001 максади худро муайян карда буд, ки бештару бештар бо хамфикоронам дасти ёрии худро ба миллати берун аз ватан будаи точик, ки ба кашоки оварда расонида шудааст дароз намоям. Худоро шукр ин хадаф муяссарамон шуд ва мо тавонистем боз роххое пайдо намоем, ки шахрвандони бурунмарзии мо бахри хукукхои худ овоз баланд кунанд. Мисоли возех (рушан) ин баровардани нашрия бо номи «Овози Точикистонихо» сайти Чунбуши мухочирони точик «tajmigrant.com», се анчумани Точикистониён, зиёда аз 20 конфронсияхо оиди хаёти вазнини мухочирони бурунмарзи, мебошанд. Инчунин 4-кисми филми дигаре, ки аз хаёти талхи мухочирони точик дарак медиханд ба навор гирифта шуд, ки дастраси мухочирон ва оилахои онхо гардид.

Хар чанде, ки дар он солхо Девонаев С., М. Эгамзод ва мисли онхо аз калимаи точик гуфтан харос доштанд ва шарм мекарданд. Хеч чои пинхони нест, ки ин гуна шахсиятхо худро узбак ва намояндагони дигар миллатхо мешумориданд.

Бахром друг Бурхона и мать Рахимовых в офисе ООД ТТМДар бораи давлатдорон чи хам гуям онхо ба мо бо чашми пушида то ба хол ба зур сухан мегуянд ва гуё хеч душворие нест ба ин миллати аз чаври худию бегонахо гулом гаштаи хамдиёронамон. Дар телевизиону радиохои ватани бошад чанд нафар ёру ошнохои худро сабт намуда ба мардум нишон медиханд нашрияхо низ танхо ба таърифу тавсияи онхо банданд. Имруз шукрона аз он мекунам ва минатдории худро ба хамаи онхое, ки дар он рузхои вазнин моро дастгири карданд баён намоям. Имрузхо бошад мо аз хамсояхои узбаку, киргиз ва казоки худ фаъолтар мебошем ва мо аз точик будани худ ифтихор мекунем. Боки Худованд медонад.

Инак чавоб ба саволи шумо:

Дар ин муддат аз соли 2001 –ум то ба хол чамъияти мухочирони кории точик дар Русия на аз давлати Точикистон на давлатдорони Русия ва на аз сармоягузорони хоричи ба монанди Сорос кумаке нагирифтааст ва эхтиёч ба онхо хам надорад. Хар он маблаге, ки ба хазинаи чамъият ворид мегардад аз шахрвандони Точикистон мебошад ва ин хам тахти назорати худи онхо карор дорад. Дар ду соли охир 960.000 рубли руси ба шахрвандони мо, ки бо сабабхои гуногун мурочиат намуданд аз тарафи хазинаи чунбиши мухочирон кумак расонда шуд. Ба 786 нафар шахрвандони точик ба маблаги 56 млн рубли руси, ки солхои зиёд онро гирифта наметавонистанд ва хатто бовар хам надоштанд баргандонида шуд. Хар чанде, ки онхо на кам аз ду маротиба ба намояндахои хадамоти мухочирони Точикистон дар Руссия буда мурочиат намуда буданд. Худатон хулоса бароред.

Идимох Давлатова зани точик агар хато накунам пас аз нух мох вакте бо ман вохури кард ва хатто пурсон шуд ки чаро сарварон ва намояндахои давлати Точикистон ба у кумак намекунанд? Ду писари вай дар махкама буда писари сеюмаш шаби 3 маи 2010 аз тапонча паронда шуда буд. Хар чанде ман бо хохиши ду нафар рафикони Бурхон Рахимов писари ин зан ки чиноят содир карда буд бо бародаронаш ва ду нафар шахрванди Точикистон, ки пас аз чанд рузи ин ходиса мурочиат намуда буданд халли ин масъаларо ба души худ гирифтам. Ва мо хамрохи рафикони Бурхон гурухи кори ташкил намуда ба чои ходиса рафтем суханони шохидонро шунидем ва хатто сабти видео намудем ва химоятчиро (адвокатро) низ чалб кардем. Мумкин барои Шумо савол пайдо шавад чаро рафикони Бурхон дар ин муддат худ адвокат наёфтаанд. Чавобаш дар он ки чинояти содир шуда байни бародарони Рахимовхо ва кормандони МУР-и Москав ба миён омада буд ва агар миллион рубл хам пешниход мешуд хеч кас ба ин рози намешуд. Ва худи мурочиаткунандагон якеаш Бахром хамсинфи Бурхон аз шахри Кулоб хубтар дар ин мавзуъ медонад. Рахимовхо аз руи се кисм моддаи чинои айбдор карда буданд, ки якеаш ин тачовуз ба номуси духтари ноболиг буд. Ва барои фаъолияти химоятчи микдори аз 3 то 5 хазор доллари амрикои барои хар кадоми онхо лозим буд. Дар хакикат Бахром дар муддати 10 шабонаруз микдори 100 хазор рубли Руси (баробар ба 3300 доллари амрикои) аз наздикону ёру дустон чамъовари намуда, пешниход сохт аввал 40 хазор рубл баъд 60 хазор . Вале, боз 160 хазор рубли дигар намерасид (баробар ба 5300 доллари амрикои) .

Акнун маълумотро дар бораи иштирокчиёни ходиса ва вокеаи рух дода ба Шумо мерасонам ва худ муйро аз хамир чудо кунед. Бубинем хакикат аз кучост ва то ба кучо мебарад. Аз забони Бахром дусти наздики Бурхон оне ки ба чуз хакикат гуфтан чорае надорад чун ки аз тахдиди онхо хаста шудааст.

Се фарзанди Идимох Давлатова Бурхон, Хуршед ва Далер Рахимовхо дар Русия кор ва зиндаги мекарданд. Дар хонае, ки онхо мезистанд 5 нафар буданд, аз чумла се бародарон, як хеши наздики Бахром ва як нафари дигар. Дар рузи 15.05.2010 дар боги истирохатии «Серебрянный бор» ду духтари русро меоранд, ки яке аз онхо ноболиг буд. Бародарон бо дустонашон, ба онхо тачовуз мекунанд (тачовузи гурухи). Пас аз чанде яъне 3.06.2010 гурухи фаврии МУР-и Москва барои дастгир намудани онхо ба макони зисташон нохияи Балашихаи назди Москва шабона бахри дастгир намуданашон ворид мешаванд. Дар натича байни бародарон ва командони МУР-и Москав мочаро сар мезанад, ки он ба тирпарони анчом меёбад. Дар натича ду бародар захми мешаванду бародару хурдиашон аз захми тири тапонча дар рох мефавтад. Аз коркунони МУР-и Маскав низ 2 нафар захми мешавад. Ду бародарро ба махкама мебаранду баъди чанде аз тарафи прокурор барои тафтиш духтарони чабрдидаро бо бародарон мулокоти ру ба ру куни мегузаронанд. Аммо он духтар ду бародар ва расми бародари фавтидаро мешиносаду боз мегуяд, ки онхо се нафар не, балки 5 нафар буданд. Сохиби хонае, ки онхо дар ончо мезистанд кайд мекунад, ки онхо 5 нафар зиндагони мекарданд.

Вакте, ки сиррашон ошкор мешавад Бурхон ба хамсинфаш ба Бахром занг мезананду мегуяд, ки духтарон моро шинохтанд, агар маблаг дастрас нанамои барои рахо намудани мо хамаи ходисаи шударо ошкор карда, ду нафари дигарро низ фош мекунем. Аз баски яке аз онхо хеши наздики Бахром буд у ноилоч рози мешавад.

Пас аз 100 хазор рубли руси пайдо намудан Бахром бо ердами хамсараш ки шахрванди Русия аз Догистон мебошад барои адвакат то инки кори худро огоз намояд. Барои идомаи кор пас аз вохурии ман бо модари Рахимовхо ки худи Бахром низ иштирок дошт дар авали мохи апрели соли 2011 ба микдори 145.000 рубл аз хисоби хазинаи чамъияти пешниход карда шуд .

Рост гуфтан, ин хислати чавонмарди аст, вале Бахром ба мо то мохи октябрь соли 2011 хакикатро пинхон дошт. Хангоми ошкор шудани хакикати хол адвокат ба Рахимовхо пешниход намуд, ки росташро гуянд ва кори тафтишотро осон гардонанд ин боиси сабук шудани гунохи онхо мегардад. Аз хакикати чинояти содиршуда на танхо Бахром балки модари Рахимовхо Идимох Давлатова низ хабардор будааст.

Бахром дар охир хама чизро ошкоро баён намуд, ки модари Рахимовхоро кай ва бо кадом сабаб ба мехмонхонаи Точикистон дар Маскав буда оварданд. Ташкил кунандагонашонро низ гуфт, Одинаев Асрор.Бахтиер Саттори , Боев Саид ва Мирзоев Саидмухтор буданд. Махз онхо сценарияи аз кумаки Шарипов К. ва адвокат даст кашиданро пешниход карданд чунки супориш ба мо аз рохбари хадамот чаноби Девонаев Сафиоллох расидааст.

Шояд Шумо гуед ин хама мукобили чамъияти мухочирони точик ва К.Шарипов аст мо низ чунин фикр мекардем. Акнун аз хама ачибаш рафтори онхо моро дар хайрат гузашт. Намояндахои хадамот, ки хар замон дар тамоми маросимхои сафорат ва консулгари аввалин шуда иштирок мекарданд амалхои зишти худро нисбати онхо низ раво диданд .

Бо супориши сардори хадамоти мухочирати Точикистон Девонаев С. , чонишини ин хадамот Мирзоев С., Идимох Давлатова ва Бурхон Рахимовро ба мехмонхонаи Точикистон дар Руссия буда оварданд хангоми вохури ба Бурхон Рахимов ва модараш ( дар ин вохури Одинаев Асрор низ иштирок дошт ) мефахмонанд, ки онхо кумак мекунанд лекин консулгариро барои ёрдам накардани Рахимовхо гунахгор мешуморанд.

Дар хамин чо ба Бурхон мегуянд, ки метавонед миенарав (посредник) байни шахрвандони точикистон ва консулгари оиди таёркадани хуччати бозгашт ба ватан. Харчандон ки кормандони хадамоти Точикистон нагз медонанд ,ки Бурхон Рахимов дар давлати Руссия гайриконуни зиндаги дорад аммо хомуширо ихтиёр мекунанд. Инро касдан карданд ё нодониста ман инашро намедонам аз руи конунхои Руссия дар мухлати 10 руз шахсони доги суди дошта бояд каламрави ин давлатро тарк намоянд.

Дар охири мохи январи соли чори Бурхон ба консулгари рафта аз онхо хуччат талаб мекунад дар чавоб ба у мефахмонанд, ки ин гайри конуни мебошад. Хар чанде ба у мегуянд аммо бефоида, хулоса дар натича байни Бурхон ва Мурод Аслонов ,ки корманди сафорати точикистон дар Маскав мебошад бахсу мунозира мешавад. Дар хамин холат Бурхон Рахимов ба онхо варакаи махсусеро нишон медихад, ки ( форма-1)- ном дорад.Инчунин варакае мебошад ки хар кас имконияти дастрас кардани онро надорад. У аз кучо инро гирифтааст савол пайдо мешавад. (форма-1)- чунин хучате мебошад,ки дар холати пешниход кардан ба кормандони консулгари худи шахс бояд иштирок намояд аммо Бурхон Рахимов барои кормандони консулгари бозии наверо пешкаш мекунад. Яъне ба чои шахсе ки дар варака ( форма -1)кайд шудааст метавонад дигар касро фиристад. Аз ин маълум мешавад ки кормадони хадамоти Точикистон конунхои давлатро дида ва дониста поймол мекардаанд.

Хатман саволе пайдо мешавад, ки барои чи ин зан акидаи худро тагир дод. Чавобашро хам медонем ва ба Шумо мегуем.

Чи тавре дар боло кайд кардем рохбарони хадамоти мухочирати мехнатии Точикистон аз чумла раиси он Девонаев С. ва намояндагони у дар Руссия Одинаев А. , Мирзоев С ва Бахтиер С, ва грухеро барои дастгири аз тарафи шахрвандони Точикистон ки имруз шахрвандии русияро кбул карданд ба монанди- Хоким Мухаббатов, Мавчигул Ибадуллаева, Гавхар Чураева Изатулло Холов (Изат Амон) аз вахми он, ки боз як бурди чамъияти мухочирони точик дар симои Шарипов Каромат мешавад барномаи худро тахррези мекунанд. Онхо модари Рахимовро меёбанду дар мехмонхонаи Точикистон дар шахри Москав чой медиханд. Барои хизмати хирсонаи худ аз у таклиф мекунанд, ки аз хизмати Шарипов К. ва адвокаташ Романов даст кашад. Инчунин уро барои гирифтани 100.000 рубли руси муттахам намояд. Аз тарафи худ онхо кафолат медаханд, ки фарзандонашро мебароранд ва харочотхояшро низ ба ухдаи худ мегиранд. Барои у утоки махсус интихоб мекунанду ва аз паи кори худ мешаванд.Дар инчо низ савол ба миён меояд харочоти мехмонхона арзон нест пас аз кадом хисоб пардохт карда бошанд? Ё роххои дигари дарёфти маблаг доранд .

Ошкоро дар сафорати Точикистон рузи 7.11.2011 дар назди сафири мухтарам А.Достиев ва рохбарони чамъиятхои точикистонии Руссия ба у гуфтам ба истеъфо равад. Вакте, ки барои 2 халлабон (летчики) рус 300 мухочирро аз давлати Руссия берун мекунанду касе чизе намепурсад, у чорае дида наметавонад, чи хочати фаъолият бурданаш аст. Аз ин дида шармандагие нест.

Агар ба гузаштагони худ ифтихор дошта бошему худро вориси Сомониён шуморем бояд ба мардум маданияти кордониро нишон дихем. Вагарна фардо дер мешавад.

Борхо ман кайд карда будам, ки дар ин корхо коргардоне яъне (режесер) хаст. Вокеаи чанчоли дохили сафорат бо Мирзоев С, доду фарёди Идимох бо фарзандаш сохтакорихои дасти онхо ва хаммаслаконаш буд.

Аз хама нанговараш ин аст, ки баъзе аз рузноманигорони дохилию хоричи, ки аз хисоби Девонаев С. маблаг меситонанд супоришхои уро ичро мекунанд. Барои чопи макола дар нашрияти «Независимая газета» 186.000 рубл руси харч намудаанд гуё муаллифаш кадом як Смирнов мебошад. Лекин шахси омода намудааш як хамватани аз Худо ругардонда, атеисти гузаро Хоким Мухаббатов мебошад. Дар бораи баъзе нашрияхои Точикистон аз чумла ИмрузNews, Оила, нашрияти Точикони Русия- Мухамади Эгамзод чои гап хам нест. Мухтарам Назири Нусрат, Ш.Хамдамов ва боз як чанд нафари дигар вичдону имони худро барои як пули ночиз нафурушед…

Мо хама шохиди ташкили чамъиятхо, созмонхо, кумитаи чавонон инчунин иттифоки точикони Руссия будем, аммо аз онхо дигар на ном асту на нишон. Оё ин хама харочотхои бехударо хадамоти мухочирати Точикистон бо сардораш Девонаев С накардааст. Сад афсус, ки Шумо нависандахои мухтарам аз навиштани хакикат худдори мекунед, ки ин ба шаъни шахси механпараст намезебад.

Дар муддати зиёда аз 11 соли фаъолияти чамъияти мухочирони точики Руссия бисёрихо бадхохи мо ва хамфикрони мо буданд. Як замоне радиои озоди аз паи химояи мардум буд. Имрузхо ба ин радиои овозадор чи шуда бошад, ё тахти фишори касе мондааст, ки пайваста мо ва фаъолияти моро зери танкид карор додааст. Аз камбудихои мухочир танхо дар холате мегуянд, ки аз чониби Русия ягон камбудие шавад. Аммо фаромуш мекунанд, ки чавобгарии асосии хукуки мухочирон ба души рохбарони давлати Точикистон, бахусус Хадамоти мухочират ва намояндагони ин Хадамот дар Руссия вогузор шудааст.

Шумо мепурсед, ки ба онхо гуфта бошам, ки дар назди Девонаев С. дар бораи корхои гузашта чизе нагуянд. Дуруги махз аст. Пеш хам гуфта будам

холо хам мегуям аз хамин зан ва фарзандони у на чизе хостаам ванна чизе мехохам.

Ман дар ин мудатти кутох борхо шохиди ноадолатихо, тухматхои беасосу бемантики шахсони хасудхур ва бемаърифат гаштаам. Ошкоро мегуям аз онхо хатто харос надорам. Факат хаминро кайд карданиам, ки чанобон Девонаев С, Одинаев А., Мирзоев С.ва Бахтиер Саттори ( Бахтиер Худойбердиев)худ аз тоифаи мардуми тарсоянд.

Назари худро бо ду мисра шери шоири ширинсухан Лоик анчом дода гуфтаниям:

Душманонам заифу номарданд,

Дилам як душмани мард мехохад.

Похожие записи:

3 Комментариев to “Огохии пешакии модари Рахимовхо аз гунахгории фарзандонаш ва пинхон нигох доштани ин казия моро дар холати ногувор гузошт (Видео).”

  1. Бродяга Сказал(а):

    Мурдани фарзанд,аз теги алмос бадтар аст.Худо чояшонро чанад гардонад,хамон чавононеро,ки чавонмарг шудаанд.Илтимос минбаьд,модарони писаронашон ногахон ба халокат расидагиро ба Россия саргардон накунед.Ман хам мигранти оддиям.Соли гузашта дар мавсими корхои сохтмони,сохтмончибачахое ки бо ман якчоя кор мекарданд,тез-тез ба Точикистон занг зада ахволпурси мекарданд.Бештар ба модаронашон сухбат мекарданд.Карибихои тамомшавии корхо,аллакай тирамох хукмфармои мекард,яке аз чавонони коргар гуфт,ки модараш мегуяд,ки акнун то омадани ту писарчонам,на шаб хоб дораму на руз.Як чавони дигар,ки камгапу хело боодоб метофт,баьди чанде дар кунчаки чои кор хомушона мегирист.Чавонон пеши ман омада хабар карданд,ки Эхромиддин гириста истодааст.Мо хама пеши вай рафта,андаке дилсузи кардему баьд охиста пурсидем,ки чаро гиристи.Вай гуфт,ки дуньё хамин хел будааст.Шумо ба модаронатон гап мезанед.Худо хамеша хамин хел бошад.Як соат пеш Аличон бо модараш гап зад.Гуфт,ки модараш то омаданашро акнун шабу руз хоб надорад.Модари ман дар 10-солагиам,аз дунё гузашт,гохе ба хохарам занг мезанам,дархол харду мегирьем.Холо тассаввур кардам,ки агар модари ман хам,ки зинда мебуд,хамин хел мегуфт,ки акнун на шаб хоб дораму на руз писарчон…,гирья боз гулугираш кард…Ман хам,марди калонсол ,уро навозиш кардаму….,худам токат карда натавониста…,дуртар хомушу беовоз хело гиристам.

  2. Сино Сказал(а):

    Салом акаи Каромат! Дуруст мегуед холо радиои Озоди рисолати худро тамом аз даст дода ба як радиои хукумати табдил ёфтааст. Сабабаш хамин хамин наст ки тамоми кормандонаш кулоби хастанд ба мисли хукумати фасодолудаи Эмомали Рахмон ки битамом ашхоси хайвонсурати дангараву гаргараву кулобашро гирдовари кардааст. Шумо нафари худогох ва диловару дилшод хастед. ва аз васвасахои ин радио аслан шигифт задана шашавед чунки чавоби хамаи ин ахмакон сукут аст! !!!!

  3. Фируз Сказал(а):

    Дар хакикат радиои ОЗОДИ ба як радиои хукумати РАХМОН мубаддал гардидааст!Ин гапататон сад фоиз хак!Ман чандин маротиба дар зери мухокимаи маколахо ин чизро нависта аз онхо хохиш кардам ки хамин радиои озодиро низ “Наълат”набиёреду як як сайтхои руссии ин радиоро барои Руссияву Казокистон хабар гиред,маколахои аналитикии онхоро хонед чи кадар Путину Назарбоевро танкид мекунанд,дар шумо бошад,як танкидчае нисбати Рахмон нест!Хатто дар мухокимаи маколахо ягон танкиди хукумати Рахмонро намегузоранд!Ба фикрам Европоихо инро намедонанд,агар медонистан ин косалесони не прпофессионалро ба кунашон ду лагади зада пеши Рахмон гусел мекарданд!Агар илочаш мешуд як мактуб бо забони англиси ба директори кулли РАДИОИ ОЗОДИ АВРУППО менавистедБисёр хуб мешуд!

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.607 seconds.