«Озоди» – баландгуяки офаридагони шайтон ва чинояткорон
Сарогоз
Дасисаю макри шайтон пояи мураккаб надорад. Оддисту осон инсонро мефиребад. Аз огози дунё, хеле одди Хазрати Одамро фиреб доду номбурда «равзаи ризвонро ба ду гандум бифурухт». Аз ин ба баъд, бандагони шайтон ин фалсафаи макр, яъне фиреби соддаю осонро дар мукобили фарзандони Хазрати Одам пеш гирифтанд. Соддатар гуям, Шумо хонае месозеду дар итмоми кор нуксе дар девор ошкор мегардад. Дустон рохои ислохи онро маслихат медиханд. Танхо шайтон ончунон рахгуматон мезанад ва ин нокисиро ончунон харобиовар тасвир мекунад, ки хонаро аз пойдевораш меканеду окибат бе хона мемонед. Махз хамин фалсафа фиребанда, пояи акидавии фаъолияти яке аз марказхои асосии пахнкунанда ва пахшкунандаи барномахои таблиготию таргиботи – радиои «Озоди»-ро ташкил кардааст.
Назаре ба таърихи таъсиси «Озоди»
Аввалин шуда амрикоихо таргиботро на танхо хамчун воситаи пахнкунии акидахои худи, балки чун василаи таъсиррасони ба зехну рафтори мардум ва сиёсати дигар давлатхо истифода бурданд. Онхо аз соли 1924 барномахои таблиготии хешро барои кишвархои Америкаи Лотини огоз карда, батадрич барномахои таблиготиро бо забонхои испани, португали, немиси, фаронсави, араби ва г. ба рох монданд. Онхо радиоро аз воситаи муфиди алока, ба аслихаи кудратманди густариши акидаю гояхои худ дар дигар манотики дунё табдил доданд.
Баъди Чанги Бузурги Ватани, ИМА бо пешниходи Раёсати марказии чосуси (ЦРУ), соли 1950 барои таъсиррасони ба кишвархои сотсиалисти радиои «Аврупои Озод» ва соли 1953 барои Иттиходи Шурави радиои «Озоди»-ро таъсис доданд. Соли 1976 хар ду радио якчоя шуданд ва хамчун радиои «Аврупои Озод»/«Озоди» фаъолият доранд. Аз рузхои нахуст хадафи асосии «Озоди» коштани тухми адовату душмани миёни халкхои дунё, тафрикаандози миёни онхо, тачассуми беэътимоди ба сохти давлатдории милли, пахн намудани иттилооти бардуругу ангехтани низоъхои милли, таблиготи хаёти гарбиёна ва гайра муайян шуда буд. Дар баробари дигар забонхо, радиои «Озоди» аз соли 1954 ба пахши барномахои точики шуруъ кард.
«Озоди» – шуъбаи РМЧ (ЦРУ)
Кисмати асосии бучаи радиои «Озоди» бевосита аз тарики Раёсати маркази чосуси (ЦРУ) маблаггузори мегардад. Ин маблаггузори ба таври махфи сурат мегирад. Соли 1971 дар асари як кашмакаши сиёси дар Конгресси ИМА сирри маблаггузории радиои «Озоди» аз чониби РМЧ ошкор шуд ва гуё ин ниходи чосуси расман аз рохбарии радио дур карда шуда, назорати он ба Шурои идоракунандаи радиошунавонии ИМА вогузор гардид. Аммо саволи матрах аст, ки то кучо дасти РМЧ аз ин радио кутох гардид? Собик сармухаррири шуъбаи русии «Озоди» Олег Туманов, ки беш аз 20 сол собикаи кори дар ин радио дорад, мегуяд: «… Радиои «Озоди» тавре, ки радиостансияи чосуси буд, хамон гуна боки монд. Зери лавхаи хоксоронаи «Шуъбаи омузиши шунавандагон ва самаранокии барномахо» амалан шуъбаи РМЧ (ЦРУ) фаъолият дорад». Номбурда илова мекунад, ки дар давраи фаъолияташ яке аз кормандони шуъба Константин Галский хатто бо либосхои хоси корманди РМЧ ба кор меомадааст. Галскийхои точик дар «Озоди» либоси хос надоранд. ?арчанд мекушанд бо бухтону тафрикаандози, тахрифи вокеъахо худро сарсупурдаи рохи «Озоди» нишон диханд, аммо сатхи садокаташон хамоно боварибахши хочагонашон нагардидааст. Аз ин чост, ки дар холати хизматгори одди карор гирифтаанд.
Миллатфуруш наи? Пас «Озоди» чоят нест!
Кисмати асосии кормандони «Озоди»-ро мухочирон ё фирориёни он кишваре ташкил мекунанд, ки барномахои таблиготии радио нигаронида шудаанд. Ин навъи интихоби кадрхо аслияти махсус дорад. Пушида нест, ки аксарияти мухочирону фирориён бо сохти амалкунандаи давлатдори дар Ватанашон рози нестанд. Бо чурми содир намудани чиноят ё иштирок дар эътирозоти гайриконуни кишварашонро тарк кардаанд. Одатан барои ин гурух арзишхои миллату механ бегонаанд ва чои аввалро дар хаёташон манфиатхои шахси ишгол мекунанд. Онхо ба ивази чанд доллар кодиранд ахбори бардуруг, мочарочуёна ва игвоангезро ба мукобили миллату Ватани хеш равона созанд ва талаботи хочагонашон аз онхо махз хамин аст. Муносибати бузургони «Озоди» бо ин гурух дар пояи эътимод нест, зеро онхо огоханд, ки оне Ватану миллати худ фурухт, фардо бегонаро мефурушад, хатто агар нонаш додааст. Ин омил боис гаштааст, ки ба онхо дар маъмурияти радио вазифахо аз сатхи сармухаррир ва ё директори бахшхои илми болотар дода намешавад. Дар ин вазифахо низ онхое таъин мешаванд, ки берун аз Ватани падари таваллуд шудаанд, аз арзишхои милли, анъанаю суннатхои мардуми худ бехабаранд ва ё дар сиёх намудани миллати худ «чонбози»-хои хоса нишон медиханд.
Аз рузхои нахустини пахши барномахои «Озоди» (соли1954) ба забони точики, дар ин радио Камол Олтой, ки баъди Инкилоби Октябр ба Туркия фирор кардааст, кор мекард. Баъдан Мир Сарвар ном точики афгонистони ба кор даъват мешавад ва то соли 1975 онхо ба тахияи барномахои игвоангез бо забони точики машгул будаанд. Хамон сол яхудии бухорои Музаффар Орифи (Маркиел Даниел), собик корманди рузномаи Точикистони совети бо онхо хамкор мешавад. Тадричан ба шуъбаи точики Хошим Муманд, Самеъ Аббос, Фарзия Барлос ва Умар Канот даъват мешаванд, ки хеч кадомашон точики точикистони набуд.
Соли 1995 шуъбаи точикии радиои «Озоди» аз шахри Мюнхени Олмон ба шахри Прагаи Чехия кучонида мешавад ва хамзамон журналистони фирории точик Салими Аюбзод, Обидчон Шукурзода, Равшани Темуриён, Искандар Ализода, Гулбахор Муроди даъват мешаванд. Чанде баъд Холидаи Кодир (Фарангиси Начибулло), Сочидаи Мирзо ва Мирзои Салимпур ба онхо мепайванданд. Ва батадрич теъдоди кормандони точики радиои «Озоди» афзоиш дода мешавад. Солхои гуногун ба онхо Човиди Муким, Холики Сангин, Кудрат Шахиди, Дориюши Рачабиён, Каюми Каюмзод ва дигарон хамрох мешаванд. Шахсияти ин рузноманигорон барои хамагон маълум аст. Аксарияти онхо дар солхои даргирихои Точикистон ба тахияю нашри маводу маколахои игвоангез машгул буданду дар таксимшавии чомеаи точик ба кисматхо накши бевоситаро бозидаанд. Махз хамин «хизматхои собикаашон»-ро ба инобат гирифта, онхоро шуъбаи радиошунавонии РМЧ (ЦРУ)–«Озоди» ба хизматгори пазируфтааст. Талаби дастандаркорони «Озоди» аз хабаркашхояш танхо яке буду хаст: тахияю пахши барномахои омехтаи дуругу бухтон нисбати Ватани худ.
Сияхкори – воситаи аслии даромад дар «Озоди»
Аз чониби кормандони касбии РМЧ (ЦРУ), ки тахти пушиш дар маркази прагагии радио кор мекунанд, максаднок оташи нифок байни худи журналистон ангехта мешавад, то идора кардани онхо осонтар шавад. Онхо нисбати хамдигар маълумотхои сиёхкунанда менависанд ва дар ивазаш ба суратхисобхояшон даромади иловаги ворид мегардад. Яке аз гуноххои асосии сиёхкунанда «доштани муносибати самими бо миллату михани худ» мебошад. Баъди гирифтани чунин бухтоннома таъкибу фишори ин журналист шуруъ мегардад. Чунин тарзи фаъолият дар тамоми шуъбахои радиои «Озоди» ба рох монда шудааст. Яке аз кормандони бахши руси Валерий Коновалов менависад: «дасисабози то хаде расидааст, ки дар бахши русии радиои «Озоди» як гурухи яхудихо дигар гурухи яхудихоро дар антисемитизм гунахгор мекунанд».
Албатта буданд журналистоне, ки «ишки доллар» натавонист хисси миллатдусти ва ватанпарастиашонро махв созад ва дигар дуругбофию дасисабозиро дар мукобили Ватани худ токат накарда, ин лонаи шайтониро тарк карданд. Дар солхои гуногун Равшани Темуриён, Човид Муким, Обид Шукурзода, Холики Сангин ва Сайёфи Мизроб накшахои тафрикандозона ва игвобарангезонаи «Озоди»-ро фош намуда, аз фаъолияти минбаъда даст кашиданд.
Матлабхо ва «кахрамонон»-и «Озоди»
Мавзуъхои «Озоди» бо пошхурии Иттиходи Шурави тагир нахурданд. Факат доираи пахши барномахо мачрояшро иваз намуд ва чониби хар як кишвари мустакил дар мувофикат бо манфиатхои сохибони радио тархрези шудаанд. Вобаста ба Точикистон, мисли пештара ба тафрикаандози, нооромсозии вазъи сиёси ва ичтимои, ихтилофандози байни табакахои мардум дода мешавад. Барномахои махсус бахри эчоди мушкилихо байни миллатхои бародари точику узбек, ба миён овардани ихтилофот дар муносибатхои Точикистону Русия ва г. тахия ва пахш мегарданд. Хайати «кахрамонон» ва «мехмонон»-и «Озоди» хамешаги ва бетагиранд: Хочи Акбар ва Нуриддинчон Турачонзодахо, Бури Бачабеков ва дигар думравони онхо. Инчунин мавзухои хангоматалаб дар гирди номи онхо. Хамон гурухе, ки зери шиорхои баланди озодии матбуот, суханбозию аъмоли бемантик, шикасти идеяхои милли, аклхоро барои гумрохии мардум истифода бурда, онхоро чангу хунрези кашиданду номи худро дар таърихи миллат сабт карданд. Ин бозии онхо 120 хазор кушта ва 7 миллиард зиёни иктисодиро бар чой гузошту касе то хол чавобашро нагуфтааст.
Аз чониби дигар ба чунин душман коил бояд шуд. «Мангар, ки ки мегуяд, бишнав, ки чи мегуяд». У тавонистааст аз дини ислом олот (инструмент), баландгуяк ва бозичае бисозад, ки хамеша зидди манфиатхои миллист. У хамеша мукобил аст: мукобили сохтмони Рогун, мукобили эъмори «Сангтуда-1, 2» ва дигар сохтмонхои неругоххои барки оби, накбу роххо. Хоса мукобили бехбудии хаёти мардуми точик.
Бубинед, чи гуна дар ивази 2-3 долларе бо такдири як миллат бози доранд. Назари кутохе кифоя аст, то муайян сози, ки марказхои асли, панохгохи пахнкунандагони акоиди зиддиточикистони, барангезандагони нифоку душмани кучо лона доранд: «Озоди» дар Амрико, «Хизб-ут-тахрир» дар Лондон, «Нурчилар» дар Туркия ва «Чамшут» дар Русия.
Чои таассуф аст, ки зиёиёни кишвар, рузноманигорони ватандуст, кормандони сохторхои давлати хомуши ихтиёр кардаанд ва кам касоне ёфт мешаванд, ки алайхи ин пойгоххои шайтони сару садо бароранд.
Нуктае аз «дастовард»-хои ахири марказхои таблиготие чун «Озоди»
Махз маводхои таблиготии «Озоди»-ю дигар марказхои таблиготи инкилобхои «ранга»-и Мисру Тунисро танхо аз назари мусби дар пеши чашми чахониён чилвагар мекунанд. Онхо дар хусуси куштори беш аз 300 шахрванди Миср, хамлаи мусаллахона ба махбасхонахо ва озод намудани 21 хазор чинояткор, ки 8 хазорашон хамчун террорист махкум шуда буданд, хомушанд. Онхо хомушанд, ки чи гуна шабхо котили одамкуш занги дари наздикон ва хешу табори мактул, нафари бо дасти худаш куштаро пахш намуда, тахкири он мотамзадагонро идома медихад. Дар бораи горат шудани боигарихои кишвар, нодиртарин осорхои таърихи, ки беарзишу баркарорнашавандаанд, чизе намегуянд. Онхо хомушанд аз он, ки мардуми Тунис имруз, баъди «пирузии инкилоби ва дарёфти озоди» ба лукмаи ноне зор мондаанд. Дар шабонаруз худуди 2,5–3 хазор фирори аз Тунис вориди каламрави Италия мегарданд. Ин кишвар дигар кудрати кабули фирориёнро надошта, аз Иттиходи Аврупо кумак хостааст. Натичаи ин «пирузихо» танхо дар амали шудани накшахои аз чониби сохибони «Озоди»- хо тархрезидашуда дида мешаваду халос. Бо такдири имрузу фардои ин миллатхо касеро кор нест, факат манфиатхои хоричи химоя шаваду онхо боз хам «обро лойолуд намуда мохи доранд».
Хотима
Офарандаю маблаггузори «Озоди», хочаю хизматгор ва мохигиру мохи барои хамагон маълуманд. Максад аз навиштани матлаб бори дигар хотиррасон кардан аст, ки шайтону бандагонаш хоб нестанд ва пайи пиёда намудани максадхои кассифашон ин авохир доманаи барномахои игвоангези худро нисбати Ватани азизи мо боз хам густурдаанд. Душман хамонест, ки буд. Чехра ва шеваи амалашро дигар накардааст. Чун пештара барои осон фиреб додани мо «савганди шайтони бо Куръон» ёд мекунад. Хар як точики равшанзамир бояд имруз худро канор нагирифта, бахри фош намудани ин талошхои душманона овоз баланд кунад. Он гох метавонем чомеаи осудаамонро аз рохёбии акида ва андешаи хасми камингирифта хифз намоем.
Назари Олимпур, журналист
<olimpur.nazari@yandex.ru>
Похожие записи:
- Мушкил дар давлатдории тулонист ё дар хостахои Гарб? 11 апреля 2011
- Х.А.Тураджонзода: “Мы молчали даже, когда сажали наших сторонников” (веб-интервью) 15 июля 2010
- Когда целью становятся только деньги и слава появляются уроды от народа. 31 марта 2010
- Опомнитесь, что будет с русским народом через 20-30 лет? 30 июля 2012
- На очереди – евреи? 30 сентября 2010
марта 22, 2011 at 8:32
Назари Олимпур суханони дили мардуми миллатдусти асили моро гуфта, аммо боиси бадбахтии мо хамин аст ки на хама хамингуна дилсузу даррок хастанд ва мисли Фаридуну Коваву Рустам ва хазорон далерони ватанпарвар аз буму марзи хеш пуштибони менамоянд. Хеч вакт ягон ачнабиву бегона амрикоиву ,англис, турку узбак, русу мугул барои ободии ватани мо самимона на кушидааст ва агар коре карда бошад зери он хамавакт манфиату гаразхояш нихон буда ва мо точикони содадил аз фиребу макри эшон хамогохон дар гафлат монда пайи озори хамдигару ношукри аз ватану сарвараш менамоем дар холе ки барои ободии он амалеро ба анчом нарасонидаем ва ё наметавонем расонидан. Биёед ин ватани кадимаву кучакро бо мардуми узлаткашидаву чафохои зиёди таърихи дида дуст дорем ва аз пайи кору ободиии марзу буми хеш бошем ва барои маблагхои ночизе доги ватанфурушро бар душ нагирем, охир ватандори хам аз ИМОН аст…..
апреля 11, 2011 at 10:41
хамин як радио хаст ки гапи хака мезанад дигар хама аз они президентан радио телевизион дигару дигараш хамааш кунбардори мекунанад барои хамин хам касе хасти ин ча афсона нахон ба чои ин корои кардагии президента барраси кунед журналисто бачаи 23 солааша чи вазифа дод хамаи чурахоша дар аласта монд ягон балора намедунанд давлат камбагалтарин дар чахон аз дастошон гух намебиёд факат мардума талаву торч дидиян ки халк беакл хукуки худша намедунад бо аккалан намемунанд намозошона хунанд хичоб ки пайгамбар ва ук рон амр манъ мекунанд э бовар кун бародар ин як харом давлат шуда рафтагиай ана ин мавзуонда часпед рузноманигоро
апреля 21, 2011 at 10:53
озоди aгaр бeгонa хaм бошaд aз худихои худфуруш дидa бeхтaрaст шукронaи вaтaн кунeд гуфтa 1,5 миллион точик дaр гaриби 20 сол шуд гaйр aз вaъдaхои дуруг чизи диг хосил нeст мeгуянд бeгонa пaрaст нaбошeм хоки aз пaдaрону aчдодон мeрос мондaро бa чaшм тaнгaко фурухтaнд aз тaрaфи дигaр киргизхо дидaнд ки мо чунин содaeм тaмaъро сaр кaрдaнду онхо низ мeхохaнд aз сaрзaмини мо сохиби порчae зaмин шaвaнд.так что 2 15 як 30 амрико+авлоди эмомали=душманони миллат;-)
июля 6, 2011 at 0:36
Ин шахс бо калимаву суханх,ои динни мавзуъро сар карда асту аммо дар мобайн улламои динниеро ки дар Ч,-Т сабаби х,идояти мо точ,икон гаштаанд сиёх,у гунах,гор карда аст. Ба фикрам инх,ам тах,мондахуру устухонхури х,укуматдорх,ои ишкам г’афс аст.
октября 4, 2011 at 8:56
Вакти он расидааст, ки хакикат чои худро бояд гирад. Худ казоват фармоед як вазир ба кавле он тарафаш карибтар аст назар ба ин тарафаш муддати 15-20 сол дар як вазифа кор кунад пас чи чои гуфту-гу аст. Вай гайр аз дуздию фуруши амволи халк дар мафкурааш дигар кор нест. Мисол вазири маъориф мегирем аз бозе у дар ин вазифа омадааст дар ин система гайр аз корхои карупциони дигар ягон пешрави нест.Донишчу ё талаба медонад бо пул хама мушкилоташ хал мешавад. Хама медонад ки саводро бо пул харидан мумкин нест. Лекин чаноби бо ном “Вазир” ин тартиботро чори кардааст.Ба монанди ин гуна вазирхо бисёран монанди вазири энергетика, молия ва дигарон… Чаноби оли бояд каме хам боша андеша кунад. Дар давлати чавони мо бояд ислохоти иктисодиро даркор аст. Ин ислохотро факат мутахассисони чавон хал карда метавонанд. Мутахассисони болаёкат паси парда мондаанд бо зарби фишоровари рузгор пеш мебаранд. Каме хам бошад бахотири фарзандхо ояндабин боя бошем !!!!!!
марта 16, 2012 at 14:10
Хунар ки надорем худ обод кунем пас хама айб ба русияву омрико мезанем.Иш меход худро дусти мо нишонбта ушам меход худша дуст нишон бта.Аммо то мо худ дусти худ нашем хамита бозичаи дасти русу омрикои мемонем.Тарих гувох асмт ки мо сохтаву эчод карда митонем аммо имруз нафарое сари коранд ки бехунарии хешро икрор нестанд ва бо хар рох таблиги кори ноухдабароенаи хеш мекунанд.Мехоханд азиз бошанд аммо наметавонанд коре судманд анчом бтан ба назари худшон уво хамаро пурра обод кадагиян пуриву сери аст дар кишвар.Сохибхунару кордон хор аст бехунару бесавод руи мансаб аст ин аст асоси рузгори танги мо ин аст асоси саргардониву мухочирии мо.Иво мехоханд аммо намедонанд ки хостан дигар асту тавонистан дигар аст.Барои икрор шудан гурда даркор аст мутасифона и гурда дар каъри торих аз дасти хоинони ватаниву душманони юнониву арабу мугулу рус кучаки кучак шудаст.