пойгоҳи 201-ум набошад, исломиҳои афғон Тоҷикистонро зери по мекунанду Президенташро ба дор мекашанд».
Эҳтиёт аз ав-ави сагҳо…
Оромии Тоҷикистон бисёриҳоро ором намемонад. Аниқтараш онро дида наметавонанд. Бо наздикшавии интихоботи президентӣ аз дохилу хориҷ талош доранд дар ҷомеа ҳавои ташаннуҷу хавотир, ранҷишу эътирозро дам андохта, дар лаҳзаи барояшон хушоянду лозим мунфаҷираш созанд.
Ҳамсояе дар мӯзаи одии барои коргарон пешбинишуда, ки моли Эрон аст, пойпӯши махсус ва хавфи ҳуҷуми сарбози тоҷикистониро ба қаламрави хеш мебинаду роҳи интиқоли борро мебандад.
Шарике, ки худро «стратегӣ» медонаду меномад, дар вагони тоҷикӣ, ки 20 сол аст дар масири Душанбе – Маскав ҳаракат дорад, якбора сарчашмаи чандин бемориҳои сироятиро кашф мекунад ва «сагҳои дастомӯзаш»-ро сӯйи Тоҷикистон «фассс» мегӯяд. Рогозини неофашист, ҷоҳилтарин санитари дунё (Онищенко) ва аблаҳтарин сиёсатмадори бепадар Жириновский (худаш гуфтааст, ки модараш яҳудисту падараш «ҳуқуқшинос», ёбеду гиред) ҳафтаи дуюм аст, ки ҷониби Тоҷикистон пайваста меҷақанд. Бастани поездро тақозо доранду ворид кардани низоми раводидро. Яъне дасти фишор болои захме гузоштаанд, ки ду даҳсола аст, ҳар як сокини ҷумҳурӣ аз шаҳрванди оддӣ то Президент пайи давояш мекӯшанд, вале роҳи дармонашро пайдо накарда истодаанд.
Дар ҳамин ҳолат «дӯст»-и дигар аз тариқи радиои Садои Хуросон хабари чандсола пешро «моли тоза»-гӯён пешкаши ҷаҳониён месозад, ки Тоҷикистон ба Чин боз замин медиҳад. Ва низ меранҷад, ки фаъолияти намояндагиашро мақомоти зидахли Тоҷикистон қатъ кардааанд. Дар он ки Ҳукуматеро дар назди шаҳрвандонаш сиёҳ намуданд, ба тори асаби миллионҳо нохун заданд, сиёсатмадори шинохтаеро (Раҳматилло Зойиров дар назар аст) ба вазъи ноҳинҷору зери хавфу хатар гузоштанд, ҷурме намебинанд. Ҳамаи инро ҳатто мояи маъзаратпурсӣ надонистанд.
Ростӣ ман ба мардуми Эрон ҳасад мебарам. Ҳасади сафед. Хангоме аз берун ҳамлае сари ин кишвар сурат мегирад, онҳо дигар
давлатию мухолиф надоранд. Хама аз як гиребон сар мебароранду посухи муносибро ба душмани Ватану миллаташон медиҳанд. Ҳамин аст, ки садҳо таҳрим дар муқобили Эрон қабул мешаваду нафаре муқобили давлат эътироз намекунад. Ва он тазоҳуроту баромадҳое, ки дар ин кишвар мо шоҳид будем танҳо баҳсҳои сиёсии дохилӣ буданду мемонанд. Дар мо чӣ?
Аз мо ҳамин ки ишора аз берун ҷониби фишор рафт, идомаашро дар дохил интизор шавед. Ҳизби наҳзат дар тамоми сатҳҳо бечоранолӣ дорад, ки мӯҷиби фишори Ҳукумат қарор гирифтааст. Ҳатто сари мӯйе нисбати ҷинояткорони Маҳмадалӣ Ҳайитов, мовини раиси ҲНИТ-ро лату кӯбкарда маълумот несту наҳзатиҳо аллакай ангушти ишорат ҷониби мақомот рост карданд. Кадоме аз онҳо пайи иғворо дар қазия ба назар гирифтанӣ нест. Ҳол он ки фишору дахолатҳо аз берун маҳз ҳамин омилро нишон медиҳанд. Зеро онҳо бо ҳамин роҳ як дафъа вазъи моро то бӯҳрону якдигаркушӣ расонида буданд.
Бубинед, шахси расмӣ, муовини раиси Думаи давлатии ФР изҳороти аблаҳонаеро ироа мекунад, ки гӯё «пойгоҳи 201-ум набошад, исломиҳои афғон Тоҷикистонро зери по мекунанду Президенташро ба дор мекашанд». Ҷаҳон медонад, ки сухани Жириновскийро арзишаш аз г… пойинтар аст, вале вақте номбурда аз мавқеи расмию давлатии худ истифода бурда чунин шиореро мепартояд, бояд посухи муносибе гирад. Посухи ягонаро аз тамоми миллат. Аз кордору бекор, гастарбайтеру дипломат, муаллиму журналист, ҳуқуқшиносу духтур, наҳзатию демократ, деҳқону соҳибкор ва ҳамагон. Зеро шарафу номуси миллат таҳқир шудааст. Он гоҳ собит месозем, ки миллати ягонаем ва дигар хасм қодир нест тухми низову тафриқаро дар миёни мо кошта аз он ҳосил бигирад.
Мо бори навбатӣ дар марҳилаи ҳассоси сиёсӣ қарор дорем. Роҳи бурунрафт аз он нишон хоҳад дод, ки то кадом дараҷа аз таҷрибаҳои таърихии чандсола пеши худ сабақ бардоштаем. Имрӯз аз мо танҳо дарки вазъият, сабру таҳаммул, диди оқилона ва тасмими
хирадмандона нисбати ҳар як ҳодисаю воқеаи сиёсӣ тақозо мегардад. Агар хатое сар зад, вой бар ҳоламон.
Саидаброри Камолиддин