Рекламаи хичоб ё аз даст додани либоси милли.
Бо тараккиёти илму техника ва пешрафти фархангу тамаддун дар чомеаи мо падидахои нав ба майдон меоянд, ки бархе аз онхо бо арзи вучудашон, дар баробари манфиатхои маънави, инчунин роххои ифроту тафритро тай менамоянд. Масъалаи либоси занон, ки чузъе аз фарханги миллати точикро дар бар мегирад, солхои охир ба зухуроти нав ру ба ру шудааст. Дар воситахои ахбори омма имрузхо анвои гуногуни либоси милли бо тобиши аврупои – доману блузхои чакан, киманохои атласи, беостинхои адрасу чакан ва гайрахо симои духтарони точикро оро медиханд, ки диккати мехмонони хоричиро ба худ чалб месозанд. Албатта, навоварихои мазкур барои истифодаи умумии чомеа имконнопазир аст, зеро дар онхо нишонахои милли бештар дар шакли аврупои инъикос ёфтааст. Чун бо молхои атика сару кор дорам, зуд-зуд шохиди он мегардам, ки сайёхону мехмонони чумхури бештар аз чуробхои бадахшони, чихозхои гулбофти ин минтака, мухракорихои онхо, заргарихои ромити, чаканхои кулоби ва атласи накшин хушашон меояд. Хатто чандин чихозхои миллиро бо нархи гаронтарин харидори менамоянд. Бештари онхо аз ман суол мекунанд, ки оё занони сар то по сиёхпуше, ки имруз дар хама чои кишвар ба назар мерасанд, хоричи хастанд ё точик? Баъди чунин суолхо ман низ сари масъала андешидам. Дар хакикат, шумораи хохарони “сиёхпуши” мо руз ба руз ру ба афзоиш ниходаанд. Шояд кисми зиёди аз онхо баъди тахсил дар мадрасахои исломии кишвархои Арабу Эрон имиджи худро тагйир додаанд. Дар баробари онхо теъдоди точикдухтарони хичобпуше, ки низ дар шакли тангу кутох ва то андозае шик либоси ачнабиёнро ба бар кардаанд, нихоят зиёд шуда истодааст.
Агар гуем, ки ин хохарон рохи исломро пеш гирифтаанд, пас чаро махз либоси сиёхи мотамиро мисли зогони сиёх интихоб намудаанд? Ё ин ки он хичобпушони мудпараст, ки бо зебу зиннат додани чашму абру ва лабу гунахояшон театрхои чопониро ба ёд меоранд, магар аз он бехабаранд, ки ислом ороиш карданро барои гайр манъ намудааст? Агар хам кунанд, танхо барои шавхархояшон хак доранд. Либосе, ки дар он андоми зан намоён аст, комилан мамнуъ мебошад. Тибки конунхои ислом, хангоми аз хона берун шудан, зан, бояд либосеро ба бар намояд, ки бинанда ачуз ё чавон будани уро фарк накунад. Мутаассифона, либоспушии хохарони исломии мо танхо зохирпарастист. Аз либоси онхо андозаи миён ва хатто ронхои онхоро муайян намудан мумкин аст.
Азбаски каме хам бошад, аз улуми исломи бохабарам ва то чое, ки тавонистаам либоси милли ва руймоли калонамро аз сар нагирифтаам, ба таргибгарони ин навъи либоспуши гуфтаниам, ки барои дар рохи хак будан, аввал калбхоро бояд пок карду пок нигах дошт. Нозукихову мукаддасотро бояд омухт, на ин ки хичобро реклама карда, шаъни хохарони хакикии исломро ба замин зад.
Худ шохиди он гаштаам, ки падару модарон ба хотири сатрпушии духтаронашон шуда, хама хохишхои онхоро ба чо меоранд. Ба кариби яке аз духтарони хамсояамон, ки ба дузандаги машгул аст, аз падараш шикоят кард, ки у Азиза ном хамсояи дигарашонро таъриф карда, духтари худро маломат кардааст. Азиза, ки хар бегох бо мошинхои гуногуни хоричи ба “сайр” баромада, дискоклубхои шахрро оро медодааст, ба хотири руйпуш намудани гардишхояш ба кариби сатрпуш шудааст. Падари хамсояамон бошад, духтарашро таъкид намудааст, ки аз Азиза ибрат гирад. Чун духтар ба падар аъмоли Азизаро шарх додааст, падар бовар накарда, дар чавоб гуфтааст: “Зато сатр дорад!”. Духтараки дузанда худаш барояш сару либоси милли медузаду аз хамон матоъ руймол низ тахия мекунад, вале ин, ба акидаи падар – чои сатрро намегирифтааст.
Мехостам аз хамватанонам як суол кунам: Либоси миллии имрузаи мо чи бади дорад, ки шумо хама якбора хаводори либосхои Жади шудаед? Пас, модарону бибихоямон либоси нодуруст пушида, тоату ибодаташон низ сахех набудааст? Шумо бо инкор намудани либоси бибихоямон фикр намекунед, ки арвохи гузаштагонро ранчу озор хохед дод? Тарзи пушидани либоси бегонагонро ба духтарони мо талкин мекунед?
Албатта, дар ин чо манфиати бозор низ ба назар гирифта шудааст. Даххо дукони бозорхои ватани ба фурухтани чунин либосхо машгул буда, сохиби даромад мегарданд. Фурушандахои чунин дуконхо либосхои бегонагонро ба бар намуда, ба зохир китобхои исломиро дар назди худ барои кироат гузошта, худро аз хохарони солехаи ислом шуморида, дар асл махорати баланди ба сари харидорон “кулох гузоштан”-ро ичро менамоянд.
Агар суръати пахншавии сатру хичоби ба духтарони точик тахмилшуда хамин бошад, бо боварии комил гуфта метавонам, ки баъди 10 сол либоси миллии модару бибихоямон барои ояндагонамон мисли либосхои кадимии этнографи дар осорхонахо чойгир шуда, тавре ки замоне мо ба фаранчии бибихоямон бегонавор менигаристем, ояндагони мо низ ба либоси имрузаи мо чунин хоханд нигарист.
Бибирачаб Шокирова
октября 28, 2010 at 8:06
Бибирачаб бисьер занаки бахил метоби. Ба гуфтаи ту сатрро факат проституткахо мепушанд? Аз газаби худованд битрас, тухматчи!
октября 28, 2010 at 17:52
пи-пи рачаб ба фикрам зан нест ин псевдонимро кадом душмани ислом ба худаш мондааст!…хичоб факат сиёх нест!рангхои гуногун дорад!мо точикон хамавакт каллачунбони мансабдорони худ будем “главный”салларо биёр гуяд мо давида калларо хамрохи салла меорем…ин хел косалесон дар мо аз аввал буданду мемонад..хаволи онхо ба худо….Онхо аз хотир бароварданд ки давлати абаркудрати шурави барои аз”ХУДОВАНД”руй гардонданапш аз сахифаи таърих гум шуд!…Хар он кас ки зидди ИСЛОМ аст худо хохад шикаст хохад хурд…
апреля 3, 2013 at 7:12
AЛЛОХ ДАР СУРАИ НУР МЕФАРМОЯД: ЗАН БОЯД ЗИННАТИ ХУДРО ОШКОР НАКУНАД ЯЪНЕ ВАКТЕ КИ БА БЕРУН МЕБАРОЯД БОЯД ЛИБОСИ КУШОДУ ДАРОЗ ДОШТАБОШАД ТО ИНКИ МАРДИ БЕГОНА АЗ ДИДАНИ У ХАЛОВАТ НАБАРАД! МАН НАМЕФАХМАМ КИ ИН ЗАНХОЕ КИ ДАР КАДИ КУЧА ХАМАЧОШОН МЕТОБАНД ОЁ ПАДАРУ МОДАР ДОШТАБОШАНД??? МОДОМЕ КИ ДАР КАДИ КУЧА ЧУНИН МЕГАРДАНД ДАР ПЕШИ ПАДАРУ МОДАРШОН ЧХЕЛ МЕПУШИДАБОШАНД? БО МЕГУЯНД МО МУСАЛМОНЕМ