Риояи конун ё охирин намози чумъа (Вокуниш ба маколаи «Озоди»- «ХНИТ дари масчиди худро баст», аз 29.11.10с)
Имрузхо аксарияти намояндагони расонахои хабарии чумхуриро дар баробари масъалахои мубрами руз, мисли вазъи сиёси, мушкилоти иктисоди муносибат бо кишвархои хамсоя, инчунин мавзуи дигаре чун баста шудани масчиди хизби нахзати исломи Точикистон нигарон сохтааст. Намояндагони васоити ахбори омма чун хамеша нисбати ин казия чунон мутаассир гаштаанд, ки гуё бо баста шудани масчиди мазкур дунё ба охир мерасида бошад. Масалан, радиои «Озоди» чанде кабл матлаберо бо номи «ХНИТ дари масчиди худро баст», ба чоп расонида, овардааст, ки ин тасмим ба эътирозхои аъзои хизб, аз чумла занони намозгузор мувочех шудааст.
Аввалан, мехохам дар ин бора чанд нуктаеро иброз намоям. Магар намози занон чуз масчид дар чои дигар кабул нахохад шуд? Дар чандин адабиёти мазхаби ханафия хондаам, ки бехтараш занхо намозро дар хона гузоранд. Аз хама хубтараш дар хучраи дохилтар, яъне хучраи дарунии хона… Ин чи анъана шудааст, ки солхои охир занхо бо чамоат хондани намозро ихтиёр кардаанд? Шахсан худам фикр мекунам, ки танхо ба хотири гайбати навбати. Хамсари банда низ чанд мох пеш намозхои чумъаро бо дугонахояш дар махаллаи «Советский»-и пойтахт мехонд. Хар дафъае, ки у тараддуди намоз рафтанро мегирифт, хатман ба сару руяш ахамияти хосае медод. Аз дугонахояш ёд гирифта, либосхои шакли аврупои (якчанд чуфт), шарфхои (руймол) ранги ба ранг мехариду гуё ба туй ё театр мерафта бошад, худро орою торо медод. Баъди намоз ё хонаи ягон дугонааш мерафт, ё ин ки дугонахояшро ба хона меовард. Хулоса, рузи чумъа куллан у банди масчидравию дугонабози буд. Ман, шахсан аз баста шудани масчидхои гайриконуни нихоят шод шудам, гарчанде ки худам 5 вакт намозамро дар масчид мехонам, дар масчиди конуни.
Хабарнигори “Озоди” М. Холикзод аз номи коршиносон гуфтааст, ки манъ намудани намоз дар кароргохи Хизби нахзати исломии Точикистон ба хотири чилавгири аз ташвики барномахои сиёсии хизб дар чамъияти намозгузорон аст. Хуб мебуд, агар муаллиф дар тахлили хеш мохияти масчидро пурра баён мекард, ки масчид хонаи худост на ситод ва дар он бояд танхо тоату ибодат намои, балки дар ситодхо масоили сиёси барраси мегарданд.
Ба фикри ман овардани андешаи яке аз коршиносон дар хусуси он ки “манъи намоз дар маркази фархангии ХНИТ танхо ба бархурди хизб ба ичрои конунхои чории кишвар бастаги дорад”, кофист ва хочати мавриди бахс карор додани ин амр хам нест. Кабл аз хама волоияти конун мухим аст. Чаро мо дар коргохамон намоз намехондаему М.Кабири бо аъзои хизбаш мехондааст? Конун барои хама як аст.
Аз иктибосхое, ки расонахои хабари дарч мегардонанд, хонанда сарфахм намеравад, ки оё ин бофтаи хабарнигор аст ё ин ки асли вокеи. Аз чумла дар матлаби зерин: “У (яъне М.Кабири) зимни суханронии худ аз намозгузорон та?озо мекард, ки ором шаванд ва хештандор бошанд”. Аз чи ором бошанд? Чаро хештандори намоянд? Яъне барои намозгузорон талаботи конун чандон ахамияте надорад, ки аз ичрои он ноором шудаанд? Кадом хукуки онхо поймол гаштааст, ки хешро дигар дошта наметавонистаанд? Ё ин ки намози дар кароргохи нахзат хондашуда кимматаш меафзояд…? Бо он имконоти дар дастдоштаи М. Кабири магар ба чои ин хама шуру гавго бехтар нест, ки дар масчиди конуни бо аъзои хизбаш намоз гузорад? Чаро у аз пашша фил месозад? Ин амалро ман хамчун рекламаи хизб мешуморам. Бовари дорам, агар устоди гироми Абдуллои Нури дар кайди хаёт мебуданд, хеч гох ба ин кабил реклама рох намедоданд.
Албатта, аз чониби Мухиддин Кабири ба инобат гирифтани огохиномаи Вазорати адлияро кори окилона мешуморам, вале оё шарт аст, ки казияи мазкурро то хадди мавзуи доги руз карор дод? Матни суханронии у дар намози чумъае, ки “бо алам” чун “намози охирини намозгузорони дафтари марказии хизб” ном гирифта (“Начот” аз 01.12.2010 с.) ва асосан акси занони намозгузор оварда шудааст, аз бисёр чихат бароям норавшан аст. Худи М. Кабири дар чое гуфтааст: «…хохиш кардем, барои мо шаш мох фурсат дода шавад, то барои дафтари хизб чои дигареро пайдо намоем ва ин макон хамчун масчид сабти ном шавад ва дар ихтиёри Шурои исломи ё Кумитаи дин карор гирад». Яъне худ икрор аст, ки манъи фаъолияти масчид амри конун аст. Пас ин хама эътироз бахри чи?
Дар чои дигар рахбари ХНИТ мегуяд, ки набояд мо аввалин кишвари мусалмоние бошем, ки намози чамоатро дар чойи кор бо конун ё аз рохи суд манъ кунем… Кишвари мусалмони? Кай мо кишвари мусалмони шудем? Ё ин ки хизби шумо то андозае фаъолияти хешро дар чумхури густурдааст, ки аллакай кишварро байни худ мусалмони эълом кардаед? Исломи гуеду монед, калимасозию маънобофи чи лозим?!
Бо ин навиштахоям хотири касеро озурдани нестам, вале хамчун як пайрави замоне гумрохшуда мехохам мулохизаамро хидмати чаноби Кабири баён намоям. Чанде кабл баромади рахбари ХНИТ-ро дар рузномае хондаму таваччухамро як маслихат ё ин ки пешниходи у ба худ чалб намуд. Дар он зикр гардида буд, ки дар вакти таътил фарзандонатонро ба назди муллохои дех фиристонед. Ман низ чун як нафар хаводори у, пешниходи мазкурро писандида, писари 9-солаамро фавран ба Бохтар, ки волидайнам дар он чо зиндаги мекунанд, бурда, дар назди домуллое ба шогирди супоридам. Бо гузашти як мох писарамро баргардонида гирифтам. Сабабаш он буд, ки дар ин муддат у хатто харферо хам аз бар накарда буд. Яъне пешниходи чаноби Кабири бесамар анчомид…Аз як инсоне мисли Кабири, ки худро окилу мутафаккир ва коршинос чило медихад, чунин пешниходи хому бемагзро умед надоштам.
Аз он хайронам, дар чое, ки бояд мавкеи хизби мазкур хис карда шавад, ХНИТ канорачуи мекунад, аммо, бехудаю бахуда эътирозу вокуниш нишон медихад. Масалан, баъди рахои ёфтани террористон аз махбас, ифшо гардидани махфигоххо ва мадориси террористони зери никоби ислом амалкунанда, эъломи икдоми давлат ва хукумат оид ба баргардонидани мухассилини донишгоххои кишвархои исломи, садои М.Кабири аслан шунида намешуд. Бинобар хуб дарк накардан ва сарфахм нарафтани казияи мазкур, аз чониби волидайни он донишчуён изхори норозиги ба миён омадааст. Шояд дар качфахмии ин масъала сахми М.Кабири ва атрофиёнаш чой дошта бошад? ХНИТ боре хам дар фахмонидани мохияти масъала икдоме накардааст. Мисли ин ки худи ХНИТ аз ин ташаббуси хукумати кишвар норози бошад. Итминони комил дорам, ки агар М. Кабири ба чои бо хохарони намозгузораш машварат кардан, ба ин масъала ру биёрад, барои пешрафти чомеаи дуняви ва хукукбунёди мо муфидтар хохад буд.
Сайдали Давлатов –<sajdali@yandex.ru> сохибкор аз ш. Душанбе
Похожие записи:
- Узбеки Таджикистану для чего-то нужны. 16 июня 2014
- Х.А.Тураджонзода: “Мы молчали даже, когда сажали наших сторонников” (веб-интервью) 15 июля 2010
- Когда целью становятся только деньги и слава появляются уроды от народа. 31 марта 2010
- Опомнитесь, что будет с русским народом через 20-30 лет? 30 июля 2012
- На очереди – евреи? 30 сентября 2010
июля 25, 2012 at 13:38
Вот и начался долгожданный для всех мусульман месяц Рамадан. Нам дорог каждый его день, каждая минута, ведь, по благословению этот месяц в тысячи раз превосходит все другие. Каждый мусульманин должен поклоняться Всевышнему, и беспрекословно следовать Его повелениям. Пост является важной составляющей Его поклонения.