Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 20.03.2016
 

Салом бародари азиз Каромат Шарипов ман дар саифаатон ( сомонаи назди чунбиши мухочирони мехнатии точик )даромадам ва ссылкахои гузоштаатонро дар ютуб, одноклассник ,фейсбук хам дида баромадам дилам аз дунё хунук шуд. Оё хаммаи он навиштахо дурустанд?

Зиндагиро мехохамБа ман маслихати Шумо Каромати Шариф  лозим буд бисёр мехостам, ки донам хаммаи кушишхои Ман бехудаанд?

Дар бораи худам дар паёми оянда ба Шумо менависам илтимос маслихат дихед.

Банда зодаи вилояти хатлон нохияи пяндж мебошам ва тули 6 солу 1 мох мешавад, ки бо оилаам дар шахри кайрокуми вилояти сугд ичоранишинам ва айни хол шахрванди ин шахр хастам.

Аз синни 2 солаги аз ду дидаи бино махрум хастам оиладор сохиби 4 фарзанди дуструяк маълумотам олли омузгори мактаби мусики ва сарояндаи ансанбли давлатии фалаки назди фарханги шахр.

Ман бо кушишу талоши зиёд дар тули 4 сол бо мурочиату хуччатбозихои зиёд бо максади муарифи ва пахши мусикии хатлони дар вилояти сугд ин ансанблро кушодам вале хамин,ки кушода шуд гуфтанд,ки ман маъюби гурухи 1 хастам ва хукуки рохбарии гурухро надорам.

Ман барои таъмини манзили зист ба хукумати шахр мурочиат кардам онхо номаи маро кабул карда 5 сол имрузу пагох карданд.

Мачбур шудам ба раиси вилоят нома кардам натича надод.

Бо воситаи интернет ба сайти чаноб арзи хол кардам чавоб наомад.

2 бори дигар номаи дасти карда рохкироамро карз кард ба пойтахт рафтам ва ба почтаашон партофтам чавоб якхел омад, ки мухтавояш чунин буд.

Мурочиати шахрванд дида баромада шавад ва аз натичааш ба муалиф хабар дода шавад.

Аз хамин чавоб 3 нусха буд ба ман ба раиси вилоят ва ба хукумати шахр.

Холо ба ман боз ваъда доданд 3 бор ба хукумат рафтам маро муаллима худашон нею чойнишинашон кабул кард гуфт, ки раиса аз ман хаффа шудааст дар хисоби шахр нав якто доми 2 ошиёнаги гузаштааст рафта бинам агар рози шавам як хонааша медиханд.

Рафта дидаму хайрон шудам ин хона намуди фински мегуфтаанд чубин будааст ва шукатураш, ки рехтааст аз девораш берун менамояд не об доштааст не свету не партобгох.

Бовучуди хаминхам рози шудам.

Акнун гуфтанд, ки иди артиш 23 февраль гузарад холо вакт надорем.

Боз 8 март омад ва боз иди навруз холо ман интизори гузаштани иди наврузам намедонам чикор кунам.

Сафиаллохи Курбонали

Мухтарам Сафиаллохи Курбонали!

Во аллейкум салом Ман гуломи миллати точик будам ва мемонам. Бисьер аламовар навиштаед. Фаромуш накунед ки хукумат ва хукуматдорон дар фикри худ буданд хастанд ва мемонанд. Дар дунье пешниходе наве пайдо нашудааст  барои зинда мондани инсон хидмат намояд  Ва хело хуб кайд намудаед дар суханони худ ва ин бояд дарси таърихи барои ояндаи  подшоху президенту вазиру раис  бошад. Аз имруза хукуматдорон умедатонро канед. Шумо кайд намудед дар мактуби худ  ,ки он  навору суханони чоп шуда дар сахифахои ман ба кисми интернети дуруст мебошанд Ман инро наметавонам бахо додан.  Хуб мешуд бахоро он шахсоне ки  ба ман мурочиат намуда буданд гузоранд. Дилам чун точики асил то буданам барои онхо месузад. Дар хайет дуруг нагуфтам ва гуфтани нестам Барои шумо кушоиши коратонро мехохам. Раками ман: 8925 381 85 55. Раками кории ман ;8495 506 45 83  Ман албата ба сомонаи назди чунбиши мухочирони мехнати мактуби шуморо бо чавоби худ  барои чоп намудан мефиристам.tajmigrant.com адреси почтаи  элетроннии ман; Худо шуморо ва ахли оилаатонро аз ин вазнинихо озод намояд Барои ман аз имруз иборат бародари чони мебошед.Наврузи фасли сол муборак ба шумо.

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.477 seconds.