Созмони Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Ӯзбекистон раҳоии вагонҳоро талаб кардаанд
Душанбе.1-уми июн TojNews – Ҳаракати Созмони умумироссиягии
«Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» аз президенти Ӯзбекистон Ислом Каримов тибқи як
муроҷиат дархост кардаанд, ки қатораҳои дорои борҳои башардӯстонаро аз қаламравӣ
Ӯзбекистон иҷозати ворид шудан ба Тоҷикистонро бидиҳад.
Чуноне, ки дар Муроҷиатнома омадааст, дар марзи Ӯзбекистону Тоҷикистон зиёда аз
ҳазор вагони дорои дорувориҳо, ғизо, масолеҳи сохтмонӣ ва масолеҳи сузишворӣ, ки
барои мардуми аз офати табии зарардидаи вилояти Хатлон заруранд, боздошт шудаанд.
Беш аз 1 ҳазору 220 вагон дорои колои талаботи ҳаррӯзаи аҳолӣ дар самти ҳаракати
қатораҳои самти Душанбе манъ гаштаанд, ки боис ба болоравии нархи маҳсулот дар
бозорҳои истеъмолии Тоҷикистон гаштааст.
Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Русия ва тоҷикони муқими Русия дар ин муроҷиатнома
аз президенти Ӯзбекистон дархост кардаанд, ки барои кушодани роҳи оҳан бо
мақсади саривақт дастрас гаштани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми Тоҷикистонро
чораҳои заруриро биандешад.
«Саривақт кушода шудани роҳи оҳан ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудани
қатораҳо шаҳодат аз дӯстии деринаи миллати тоҷику ӯзбек, муносибатҳои ҳамидаи
ҳамсоягӣ ва боварӣ ба ҳамдигар медиҳад», – омадааст дар Муроҷиатномаи Ҳаракати
Созмони умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик».
Тибқи маълумотҳои ахир дар қаламравӣ Ҷумҳурии Ӯзбекистон 2 ҳазору 182 вагон
боздошт шудааст, ки 968 вагон мебояд ба шаҳри Қӯрғонтеппа ва 1 ҳазору 214 тояш
ба шаҳри Душанбе ворид шаванд.
Давлати ШОҲЭЪТИБОР
Похожие записи:
- А.Ашуров. Агент 007 из «Нигох» или орден «Исмоили Сомони» бывшему слуге … 24 мая 2010
- (Дар хошияи андешахои раиси Хизби сотсиал-демократии Точикистон – Зойиров Р. тахти унвони «Шпион»-и Узбекистону хоини миллат нестам») 18 августа 2010
- «Нигоҳ»: Картошкафурӯш –террорист??? 17 декабря 2010