Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 28.06.2010
 

Тӯраҷонзода: Забонам ба табрики ин Рӯз намегардад

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, муовини собиқи сарвазири Тоҷикистон, раҳбари ҳайати ИНОТ дар ҳамаи давраҳои музокироти сулҳи тоҷикон мегӯяд, имрӯз Ваҳдат дар ҷомеъаи Тоҷикистон таъмин нест ва усули ризояти умумӣ зери по шудааст. Ӯ гуфт, “забон ба табрик гуфтан намегардад”.

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода мегӯяд, суханони зиёде дар бораи Ваҳдат гуфта мешавад, аммо худи Ваҳдати воқеъӣ вуҷуд надорад. Ӯ мегӯяд, шикоф дар ҷомеъа, хоса миёни аҳзоби сиёсӣ ва давлат рӯз аз рӯз зиёд мешавад, фишор ба гурӯҳҳои мазҳабӣ афзоиш дорад ва озодиҳои маданӣ маҳдуд мегардад. Ва ҷавонони зиёде ба баҳонаи узвият дар гурӯҳҳои мазбаҳии мухталиф ба зиндон андохта мешаванд. Бархе дигар ба далели таълим додани усулҳои аслии ислом ҷарима мешаванд. Ин ҳама ба эътиқоди ӯ омилҳои ваҳдатшикан мебошанд.

Оқои Тураҷонзода мегӯяд, нерӯҳое вуҷуд доранд, ки ҳама корро мекунанд то ваҳдати воқеъӣ дар ҷомеъа аз байн биравад.

Оқои Тӯраҷонзода мегӯяд, ки танҳо як нафарро ба рӯзи Ваҳдат табрик гуфтааст ва он ҳам ҳамтои худ дар музокироти сулҳи Тоҷикистон, Талбак Назаров, вазири пешини корҳои хориҷӣ ва раҳбари ҳайати музокироти сулҳ аз сӯи давлат аст.

Ҳоҷӣ Акбари Тураҷонзода мегӯяд, шарти Ваҳдат бо вуҷуди ихтилофи назар ва ақида эҳтироми якдигар ва таҳаммулпазирӣ аст. Амре, ки дар ҷомеъаи Тоҷикистон рӯз аз рӯз камтар мешавад.

Суханони комили Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзодаро ин ҷо метавонед бишнавед: (радио- озоди)

САЪДӢ ЮСУФӢ: АДОЛАТИ СУЛҲ РИОЯ НАМЕШАВАД, АММО ОН ШИКАНАНДА НЕСТ

Саъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари умури иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, дар воқеъ расонаҳои давлатӣ ва бархе мақомот дар арзишёбӣ ваСаъдӣ Юсуфӣ, таҳлилгари тоҷик баҳо гузорӣ ба Сулҳи Тоҷикистон адолатро риоя намекунанд. Ва тамоми дастоварди сулҳу ваҳдаро ба як ҷониби даргир ва сулҳкунанда нисбат медиҳанд.

Дар ҳоле, ки сулҳу ризояту якдигарбахшӣ миёни ду ҷониби даргир, давлат ва мухолифони он сурат гирифта буд, ки бунёди ваҳдатро гузошт. Аз ин ҷост, ки ба гуфтаи ӯ, мухолифони пешин аз чунин баҳогузорӣ ба Сулҳ нороҳатанд ва эътироз доранд.

Оқои Юсуфӣ мегӯяд, аммо бо вуҷуди ин ҳама, сулҳи Тоҷикистон бебозгаш аст ва ҳатто таҳрифу баҳогузории нодурусти он ҳам наметаваонад таҳдиде ба Сулҳ бошад ва онро шикананда кунад.

Суханони бешари Саъдӣ Юсуфиро ин ҷо бишнавед:

Похожие записи:

Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.479 seconds.