Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 13.10.2010
 

Тахсили мадраса бароям чи дод?

Ин авохир дар васоити ахбори оммаи ватани, чи давлати ва чи хусуси, сару садохои зиёде оиди тахсили шахрвандони точик дар мадорису таълимгоххои хоричи, бартарият ё зиёну окибатхои онхо барои чомеаи кишвар сару садохо зиёд шудаанд ва хар касе кушиш мекунад дар доираи диду назари худ вобаста ба ин масъала бахо дихад. Чун матолиби зиёдеро даври ин мавзуъ мутолиа кардам, карор додам калам ба дасти худ бигираму чун як шахси дар мадрасаи хоричи тахсилкарда, саргузашти худро пешкаши хонанда созам, то бошад, ки дигарон оиди мадрасахо, шароити тахсил дар онхо огохие ёбанд ва сари ин масъала хулосае бароранд.

Се сол пеш, хамсояам, ки толиби яке аз мадрасахои хавзаи илмияи улуми исломии шахри Зохидони вилояти Сиистону Балучистони Чумхурии Исломии Эрон буд, маро ташвик намуд, ки барои тахсил ба ин минтака сафар кунам. Бо тавсияи у, раводиди сайёхии кишвари Эронро барои муддати як мох гирифтам ва тавассути хавопаймо ба шахри Машхад парвоз кардам. Дар фурудгохи Машхад, бароям маълум шуд, ки хамрохи ман бо максади тахсил дар Зохидон боз панч нафари дигар низ омадаанд. Мо якчоя ба терминали шахри рафтем ва ба мусофиркаше, ки ба самти Зохидон харакат мекард, савор шудем. Беш аз 17-18 соат дар рох будем, вале наклиёти борохати мусофирбар, чодахои хушсифат эъморёфта, тамошои шахру рустохои сарирохи ва табиати зебо ва дилфиреби ин кишвар мусоидат намуданд, ки бехастаги вориди шахри Зохидон гардем. Хангоми аз мусофирбар пойин шудан моро истикбол гирифтанд ва ба мадрасаи бузургтарини хавзаи илмии Зохидон “Макке” бурданд (ин хавзаи илми бештар аз 18 мадрасаи хурду бузург дорад). Моро хеле хуш пазирои карданд, номнавис карданд ва хабар доданд, ки бо иллати набудани чой дар мадрасаи “Макке” моро ба яке аз мадориси тобеи хавза мефиристанд. Ва моро ба мадрасаи “Сиддикия” бурданд. Мехохам кабл аз хама кайд кунам, ки рохбарияти хавзаи илмияи Зохидон ва тамоми хайати устодон аз ахли суннат буда, исломи бузургро ба мо дар хошияи мазхаби мубораки Ханафия меомухтанд.

Вале бо вучуди ин максадам аз иншои ин матлаб дигар аст, мехохам аз боби шароит ва камбудихои мавчуда чавонону наврасони точикро огох созам, то фирефтаи дигарон нагардида, хаваси тахсилро дар кишвархои бегона накунанд:

1. Баъди ба охир расидани мухлати раводид, шахси барои тахсилрафта имкон надорад, ки мухлати онро тамдид намояд ва макомоти марбутаи эрони низ дар ин масъала чавоби рад медиханд, зеро бо сабаби мавчудияти баъзе мушкилоти дини-мазхаби миёни хукумати Чумхурии Исломии Эрон ва пешвоёни суннимазхаби ин кишвар, фаъолияти мадориси мазкур гайриконуни дониста шудааст. Аз ин ру, буду боши толибилмони ин мадрасахо, ки аксарашон шахрвандони Афгонистону Точикистон мебошанд, хислати гайриконуни мегирад. Толибилмон наметавонанд, ки аз дохили мадрасахо берун бароянд. Дар сурати баромадан ба шахр кормандони хифзи хукук онхоро дастгир намуда, ба боздоштгохи “Ал-Кадир” мебаранд ва аз он чо ба Техрон бурда, бо хукми суди аз худуди кишвар берун мекунанд;

2. Шароити тахсил дар кулли мадрасахои хавзаи илмияи Зохидон “мактаби кухна”-и Садриддин Айниро ба хотир меорад. Факат фарк хамин аст, ки хайати устодон саводи баланди исломи доранд ва шогирдонро азият намедиханд. Толибилмон дар як утоки калонхачм (аз 15 то 30 нафар) дар болои фарш дарс мехонанд, дар хамин уток хурок мехуранд ва хоб мераванд. Хуроки онхо аксаран, ба истиснои рузхои ид, биринч мебошад ва аз хисоби хайрияе, ки аз кишвархои араби дохил мегардад, дода мешавад. Гайр аз ин, аз хамин хисоб ба толибилмон ва оилахои онхо баъзан вактхо дар хачми 20 доллари ИМА идпули медиханд.

3. Аз вакти воридшави ба тахсил хар як толибилм барои худаш тахаллус интихоб мекунад ва касе аз хамтахсилонаш ному насаби аслии уро намедонад, ки сабабашро худам низ нафахмидам .

4. Тахсил, буду бош дар мадраса берун аз назорати масъулин мебошад ва толибилм кадом вакте, ки хохад онро тарк мекунад, ба Ватан бармегардад ё ба дигар чойхо сафар мекунад. Омадани шахсони шубханок низ ба мадрасахо берун аз назорат аст. Хар нафари ба тозаги омада, метавонад тахсилро хадафи ташрифаш шарх дихад. Махз чунин як точике (худро Мухаммадамин муаррифи карда буд) аввали соли 2009 ба мадрасаи мо хозир шуд ва бо таърифу тавсифи зиёде оиди шароити тахсил дар мадрасахои исломии Покистон 4 нафар шарикдарси точики моро бо худаш бурд. Новобаста аз ваъдаи тамосхои минбаъда, онхо аз худ дигар хабаре надоданд.

5. Рости барномаи тадрисе, ки дар мадрасаи мазкур пешкаши мо гардид, аз сабакхои дар назди устоди худ дар зодгохам гирифта, тафовуте надошт. Яъне хамон “Фикх”, “Сарфу нахв”, “Тачвид”, “Усул” ва “Хифзи Куръон”. Бароям маънии маколи точикии “Оби дари хона лою духтари хамсоя фисин” хамин чо фахмо шуд. Дарк намудам, ки бехуда худро мукобили конун гузоштаам (буду боши гайриконуни дар кишвари бегона), шарафи инсониамро паст задам (чун инсони дарачаи дуюм ва зиндони хамеша дар масчид будам ва хукуки озодона ба шахр баромаданро надоштам), чанд дафъа хаёти худро зери хатар гузоштам (ду дафъа барои боздид бо пайвандон ба Точикистон, барои сарфаи рахпули, ба воситаи худуди Афгонистони чангзада, ки хочати шарх надорад, омадам). Хамин сабабхо барои ман боиси бозгашт ва дасткаши аз идомаи тахсил гардиданд.

Тасмими Хукумати Чумхурии Точикистон дар хусуси бозгардонидани он шахрвандони точик, ки ба таври гайриконуни дар кишвархои исломии минтака мехонанд, маро водор ба фикр намуд, ки шахсан худам аз тахсилам дар Зохидони Эрон чи бардоште кардаам? Ба натичае омадам, ки хеч. Шукри Худованди бузург он донишу маърифате, ки дар назди устоди арчмандам каблан андухта будам, бароям кофи буд фарзу суннатхои мусулмонии худро бар чой орам. Дар ин се сол метавонистам дониши дунявии худро таквият дода, барои таъмини рузгузаронии оилаи худ касбе омузам, ё метавонистам чун дигарон ба Федаратсияи Русия сафар намуда, бо захмати халол маблаги муайянеро ба даст орам.

Барои чавонону наврасон, дигар хамсолони худ гуфтаниам, ки хавою хаваси тахсилро дар мадорису таълимгоххои хоричи аз саратон дур кунед. Шукри Худованди карим, имруз дар Точикистони азизи мо хар як шахс имкони пурра дорад, ки озодона хам дониши дуняви ва хам дини гирад. Мутаассифона, касе ба ман, хатто волидайну муаллимони мактаби миёна, ин хакикатро дар вакташ нафахмониданд ва ман бо сару саргардони ру ба ру шудам. Аз Шумо хохиш мекунам, ки ишку мухаббатро нисбати хар ду дониш дар калбатон парваред. Он гох ба Шумо муяссар мегардад, ки дар оянда хам ба рушди кишвари азизи мо дар риштаи дилхох мусоидат кунед, хам нагузоред, ки афкору тамаддуни ифротгаро зери парчами дини мубини ислом ба чомеаи мо рах ёбанд.

Абдуллозода Фозил,

истикоматкунандаи нохияи Рудаки.

12.10.10с.

Похожие записи:

Не найдено.

Вы можете оставить сообщение



 

 
17 queries. 0.464 seconds.