Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 14.11.2014
 

ВИДЕО: Бадрафтории пулис бо шаҳрванди тоҷик дар метрои Маскав

Дар Интернет навори видеои бадрафтории як маъмури пулиси Русия нисбат ба як шаҳрванди Тоҷикистон нашр шудааст. Ин ҷавонро танҳо барои бебилет буданаш дар метрои Маскав завлона задаанд.5D413CEE-D0CB-49C1-AFCF-F8EC40CD39A5_w640_r1_s

Дар шабакаи Ютюб навори видеоии боздошти як шаҳрванди Тоҷикистн аз сӯи пулис дар метрои Маскав нашр шудааст. Дар ин навор дида мешавад, ки чигуна маъмури пулис як шаҳрванди зоҳиран зодаи Тоҷикистонро ба замин афтонда, ба дастонаш завлона мезанад.

Ношири ин видео Rizvan Shoiskandarov дар шарҳи ин видео навиштааст, ки “тибқи қонун барои бебилет даромадан ба метро танҳо бояд ҷарима банданд, вале ин “рафиқ пулис” аввал шаҳрванди Тоҷикистонро латукӯб карда, сипас ӯро ба гунаи шадиде ҳамчун як ҷинояткори хафвнок дастгир кард.”

Дар ҷараёни навор дида мешавад, ки наворбардорон, ки аз лаҳни сӯҳбаташон зоҳиран зодагони Бадахшони Тоҷикистонанд, бо маъмури пулис вориди баҳси лафзӣ мешаванд, ки чаро ин нафарро танҳо барои бебилет буданаш завлона задааст? Ва чаро худро муаррифӣ намекунад?

Ин видеоро метавонед инҷо тамошо кунед:

источник: Радио Озоди
http://www.ozodi.org/content/video-of-russian-police-harrasment-towear-tajik-citizen-in-moscow-subway/26690444.html

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.458 seconds.