Зарбаи асосии ин падидаи номатлуб бештар ба сари мухочирони мехнати ворид омадааст. Бахусус онхое, ки дар кишвари Русия кору фаъолият доранд. Дар баробари он ки бештари ононро дар надонистани забон, ќонуниятхои чории кишвари иќомдигар камбудихо муттахам месозанд
Маводи мухаддир – аслихаи чанги иттилооти
Гардиши ѓайриќонунии маводи мухаддир аз зухуроти номатлуби чомеа буда, яке аз шаклхои мухталифи чиноятхои фаромиллиро ташкил медихад. Дар баробари он ки ин маводи захролуд чандин фарди чомеаро мўътод намуда, хаёти онхоро ба нобудї мебарад, афроди дигаре аз дасти ин мавод хонасалоту гирифтор ва нодор гардида, дар бунбастњои зиндагї нотавон мемонад. Бадтарин хусусияти ин падида табдил ёфтани он ба манбаи асосии бо маблаѓ таъмин намудани амалиёти террористии чахон мебошад. Ноамнихои бартарафшудаи минтаќаи Осиёи Марказї, гувохи ин гуфтахост.
Мутаассифона, ин вабои аср ба хамватанони мо низ чї дар дохилу чї дар хорич таъсири манфии худро расонидааст. Гарчанде, ки мувофиќи омор нисбат ба солњои пешин сафи мўътодон дар кишварамон кам шуда бошанд њам, вале њамагон шохиданд, ки аз чанги ин вабо чандин истеъдодњои бузургу нотакрор хаёти худро аз даст додаанд.
Зарбаи асосии ин падидаи номатлуб бештар ба сари муњољирони мењнатї ворид омадааст. Бахусус онњое, ки дар кишвари Русия кору фаъолият доранд. Дар баробари он ки бештари ононро дар надонистани забон, ќонуниятњои љории кишвари иќомат ва дигар камбудињо муттањам месозанд, мутаассифона эроди асосие, ки нисбати муњољирони мењнатї гирифта мешавад, ин рабти онњо бо маводи мухаддир мебошад. Ќуввањои манфиатхоњ солњои охир Тољикистонро чун кишвари таъминкунандаи маводи мухаддир нишон дода, бо ин мекўшанд, ки эътибору нуфузи онро дар минтаќа ва арсаи байналмиллалї паст зананд. Албатта, аз љониби шањрвандони мо њолатњои ќочоќи маводи мухаддир низ љой доштанд ва он идома њам меёбад, вале он муњоботе, ки дар васоити ахбори омма пањн мегардад, на њамеша асоси воќеї дорад.
Ќочоќи маводи мухаддир ва умуман њама гуна шаклњои љиноёт хатту сарњад надорад, бинобар ин њам иттињомоти зиёд нисбати сокинони кишваре танњо гувоњи љанги иттилоотист. Дар расонањои хабарї, ваќте ки сухан дар бораи маводи мухаддир меравад, њатман танњо ќочоќгарони тољикистониро пањнкунандагони ин мавод дар миќёси Русия ва манотиќи дигар номбар мекунанд. Њол он ки тибќи тањлилњои созмонњои байналмиллалї ба Русияву Аврупо аз Тољикистон дида, маводи мухаддир бештар аз Ўзбекистон ва Туркманистон тањвил дода мешавад. Вале васоити ахбори омма њолатњои ошкор шудани ќочоќи маводи мухаддирро нисбати кишварњои дигар нодида мегиранд, аниќтараш љанги иттилоотї бештар алайњи тољикистониён равона шудааст.
Натиљаи барномаву маќолањои васоити ахбори омма буд, ки бештари муњољирони мењнатии мо, бар ивази зањмати њаќќу њалоли хеш ба мушкилињои зиёде рў ба рў мешаванд. Њатто баъзе коршиносу сиёсатмадорон ва вакилони мардумии Русия низ бар зидди њамватанони муњољирамон баромад карда, онњоро чун пањнкунандагони маводи мухаддир муттањам сохтаанд. Хушбахтона, ходимони сиёсї ва баъзе намояндагони васоити ахбори оммаи Русия низ, дар пуштибонии њамватанони муњољирамон бархоста, онњоро чун миллати мењнатдўсту ободкор арзёбї намудаанд. Дар барномаи телевизионии яке аз шабакањои русї ходими давлатие баромад карда, наќши тољиконро дар комилгардонии сафи муаллимони он кишвар дар мањаллањои дурдасти Шимоли Русия, ќайд карда буд. Сокини дигари шањри Маскав бо њаяљон сухан ронда, наќши муњољирони тољикро дар сохтмони иморатњои зебову гулгаштњои шањрашон бањо медод. Яъне баромади нафарони дар боло зикргардида, аз он далолат мекунад, ки љанги иттилоотї на њама ваќт нишонрас мегардад.
Чанде ќабл дар шањри Турсунзода чањор шањрванди Љумњурии Ўзбекистон бо 233 килограм маводи мухаддир ба даст афтиданд. Мутобиќи иттилои рўзноманигорон, онњо ќарор гузошта буданд, ки канали љадиде дар ин росто оѓоз намоянд. Пас маълум мешавад, ки то ба имрўз каналњои дигаре њам доштаанд. Ин ќазия бори дигар собит месозад, ки ќочоќи маводи мухаддир мансуби миллати мушаххасе набуда, шањрванди њар кишваре метавонад дар он даст дошта бошад. Тавре, ки маълум гардид, воќеаи мазкур касеро ба тааљљуб њам наовард, нафаре аз намояндагони васоити ахбори омма аз ин кор дар њайрат нашуданд ва њангома набардоштанд, чаро ки ин амр бори аввал набуда, балки воќеист. Вале чун љинояткорон ѓайритољиканд, дар расонањои хабарии бурунмарзї дар ин хусус каломе гуфта намешавад, агар гуфта шавад њам бидуни њангома пахш мегардад.
Пас, мушкили мо дар чист? Љилави кадом якеро гирифтан мантиќист – љанги иттилоотї ё ќочоќи маводи мухаддирро? Мутаассифона, мубориза ва пешгирии ин ду зуњурот нињоят фарох буда, танњо дастаљамъона сурат мегирад. Журналист ва коршинос – ду пешаи бо њам алоќаманд буда, атрофи сиёсат њамчун љанговари љанги иттилоотї амал мекунанд. Рисолати онњо бошад, дар воќеияти инъикоси хабар ва дар њимояи манфиатњои миллї анљом меёбад. Пас, мо бояд коре кунем, ки сазовори ин пешаи интихобкардаи хеш боќї бимонем.
Зиёвуддини Авлиёпур