Ба пешравии чомеа мудохила накунед!
Муаллим будан пешаи мукаддас аст. Хушбахтам, ки умри худро сарфи чунин касби пурифтихор кардаам. Вале хам модар ва хам омузгор будан масъулияти бештареро такозо менамояд. Аз рузе, ки масъалаи «Конун дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» ба миён гузошта шуд, гумон мекунам, ки он барои тарбияи насли наврас икдоми бузурге хохад буд, бахусус омузгоронро водор месозад, ки ба ин номи шариф шоиста бошанд. Мутаассифона, лоихаи Конуни мазкурро на хама пазируфтанд ва то ба имруз атрофи бандхои он бахсхои васеъ ва доманадор идома доранд.
Баъзехо гумон мекунанд, ки бо кабули конуни мазкур гуё масъулияти муаллимон кам гардида, дигар онхо дар таълиму тарбияи шогирдонашон бетараф хоханд буд. Албатта, ин гапи пучу бемаънист. Аз тачрибахои тулониам медонам, ки танхо дар хамбастаги мактабу оила метавонанд фарзанд ва шогирди баркамол ба воя расонанд.
Дар рузномахо оиди бандхои марбут ба фарзандони мухочирони мехнати, номгузори ва гайрахо низ бахсу мунозирахои зиёдеро мутолиа намудаам.
Дар тамоми ин бахсхо ман мавкеи Хочи Акбари Турачонзодаро мушохида намудам, ки аз мухолифони асосии конуни мазкур ба шумор меравад. Дар бораи эътирози у нисбати бандхои дар боло зикргардида коре надорам, аммо оиди банди манъи ба масчид рафтани фарзандони то синни 18-сола мехохам назари худро иброз намоям. Писарам мухассили синфи 11 аст. Дар таътили тобистона бо якчанд рафикаш хондани намозхояшро дар масчиди махаллаамон огоз намуд. Рузхои чумъа бошад, ба масчидхои чомеъ мерафт. Ман низ ба хотири он ки ба тоату ибодат машгул шуда, ба рохи баде наравад, ин икдомашро дастгири менамудам. Бо огоз шудани соли тахсил, у худро пурра ба намозу масчид бахшида, руз ба руз сатхи донишаш паст шудан гирифт. Дигар ба фанхои мактаби эътиное зохир намекард. Ба гайр аз ин рафтораш иваз шуда, нисбати падару модар ва хохаронаш хисси бадбини пайдо карда, бехудаю бахуда дагали мекард. Духтарони калонам донишчу хастанд. Ба сару либоси онхо эрод гирифта, мачбур мекунад, ки сатр бипушанд, дар сурати гайр дигар тахсил накунанд. Чун духтаронам талаботи уро гуш намекунанд, бо онхо кахри карда, дар хонае гушаи узлат мепазирад.
Ба у мефахмонам, ки агар ту ин кадар аз илми ислом бохабар боши, магар кахр карданро беш аз се руз раво медони? Вале у дигар на маро, на падарашро эхтиром намекунад. Мухити хонаамон бенихоят токатфарсо гардида, чои сухбатхои гарму ширини оилавиро бахсу исботхо ва тахдидхои мазхаби гирифтааст. Ба чои мусики танхо садои амри маъруфхо ба гушам мерасад.
Ба болои ин, писарам нисбати намозхонии шавхарам, ки нафакахур аст, низ эродхо гирифта, чандин маротиба дили уро озурд.
Замони ба дунё омадани писарам, хушдоманам ба у Манучехр ном нихода, чун аввалин набераи писар буд, бо сад умед «Манучехри ман» мегуфт.
Чандин маротиба «Ба ман номи зардушти гузоштед» – гуфта, модаркалонашро дар хичолат гузошт. Баъди ин рафтораш ман низ ба иваз кардани номаш комилан зид баромада, таъкид намудам, ки агар номатро иваз намои, дигар бо ман харф назан! Гарчанде дар хуччатхо номаш Манучехр бошад хам, вале байни рафиконаш у номашро Абубакр гузоштааст.
Имсол хатмкунанда аст, вале намехохад ба мактаби оли дохил шавад, саводаш хам хеле кам шудааст. Вакте дар ин бора бо у сухбат мекунам, мегуяд, ки маро ба ягон донишгохи исломии хорича фиристонед.
Худ казоват кунед, агар ягона писарам мулло шавад, оё у метавонад дар оянда зиндагиамонро пеш барад? Бе ин хам дар кишварамон муллохои дипломдору бедиплом мисли замбуруг дамидаанд. Дар халли ин масъала байни замину осмон муаллак мондаам.
Хамааш аз масчидравии писарам сар шуд. Ба акидаи ман, чавонони то синни 18-сола хануз чахонбинии васеъ ва тафаккури комил надоранд. Ба хар рохе ки хидоят карди моил мешаванд. Ахли масочид низ барои хидоят кардани чавонони ноболиг дониши казои надоранд. Бинобар ин хам банди марбут ба ин масъалаи «Конун дар бораи масъулияти падару модарон» комилан дуруст аст. Дар ин синну сол толибилм танхо бояд ба омухтани илмхои замонави машгул шавад.
Шояд Хочи Акбари Турачонзода ба ин суханхои ман рози нашавад ва писарамро рохгумзадаи ягон равияе шуморад, вале дар ин масъала далелеро мехохам зикр намоям. Писарам шабу руз мавъизахои бародарон Турачонзодахоро гуш мекунад, бинобар ин хам медонам, ки онхоро хидоятгари хеш кабул кардааст.
Хамчун як модар ва муаллимаи ба мушкили ру ба ругашта гуфтаниам, ки ба хотири манфиатхои хеш шуда, ин кадар ба конунхои давлати мудохила накунед. Чаро хар икдоме, ки бахри тараккиёти чомеа пешниход мегардад, шумо зид мебароед? Чомеа пеш меравад, чаро мо ба номхои арабии асрхои гузашта ру биёрем? Талаботхои давлати исломиро дар чомеаи мо рохандози накунед, зеро хар як баромади эътирозомези шуморо мо чун эътироз нисбати сиёсати имрузаи кишвар кабул менамоем.
Шахобова Анзурат <shahobova.anzurat@yandex.ru>
Анзурат Шахобова – омузгор
Похожие записи:
- Х.А.Тураджонзода: “Мы молчали даже, когда сажали наших сторонников” (веб-интервью) 15 июля 2010
- Когда целью становятся только деньги и слава появляются уроды от народа. 31 марта 2010
- Афера века в республиканском масштабе 27 января 2010
- Патология таджикского нацизма 24 мая 2009
- Граждане Таджикистана стали жертвами черкизовского рынка в Москве 7 июня 2009