(Дар хошияи андешахои раиси Хизби сотсиал-демократии Точикистон – Зойиров Р. тахти унвони «Шпион»-и Узбекистону хоини миллат нестам»)
Аз руи дархости Шумо Каромат Шарипов ман матнро аз нав хонда, тахлил намуда, он хатогихое, ки аз чониби Шумо кайд гардида буданд, ба пурраги ислох кардам.
Акнун боз маколаамро замима месозам, то бубинам боз чи бахона мечуеду, онро бароям бозпас мегардонед.
Агарчанде муаллими фанни таърих дар мактаби тахсилоти хамагони бошам хам, вале аз тарзи кору фаъолияти матуботи даври ва электрони бохабар мебошам, конунхои кишвархои гуногунро дар бораи васоити ахбори омма хуб мутолиа кардаам. Биёед! Мушу гурбабози намекунем. Намехохед маколаи моро дар сомонаатон чойгир созед? Моли Шумо – ихтиёри Шумо. Лекин барои худ як чизро аник фош кардам, ки маводхои зидди хукумати Точикистон равона шударо дар як мича задан руи монитор мебароред, аммо фикри мукобилро дастгири кардан намехохед ва бо харгуна бахоначуихо Р.Зойиров барин ашхосро пуштибони кардан мехохед.
Муносибати Шуморо ба мизочон дида, ба чунин хулоса омадам, ки як маколаи дигар оиди рафтору кирдори хайати масъулони сомонаи Шумо ба табъ расонам. Хавотир набошед! Хохишмандон ёфт мешаванд, ки чунин маколаи объективи ва танкидиро дар худ чой диханд. Масалан, сомонаи centrasia.ru, тавре медонед, хаккашро дихи хама чизро ба нашр мерасонад, хатто намепурсад: ту кисти, аз кучо ва чи мехохи. Хамин тавр не???????
Барои пешгири аз бахоначуихои навбатии Шумо тасмим гирифтам маколаамро пурра бо забони руси тахия карда, ба сомонахои русзабон фиристам. Шояд онхо бе ягон бахоначуихо онро пахш созанд.
Дардо, ки рози пинхон хохад шуд ошкоро
(Дар хошияи андешахои раиси Хизби сотсиал-демократии Точикистон – Зойиров Р. тахти унвони «Шпион»-и Узбекистону хоини миллат нестам»)
Хонандаи гироми, банда омузгори фанни таърих хастам ва дар яке аз мактабхои тахсилоти умумии нохияи Рудаки ба шогирдон дарс мегуям. Чанд соли охир бо сабабхои объективи калам ба даст гирифтаву барои матбуоти даври мавод омода накардаам. Вале имруз баъд аз мутолиаи маводхои бебунёди танкидии бархе аз нашрияхои хусусии мамлакат, бахусус «Фараж», «Миллат», «Озодагон», «Нигох» ва «Пайкон», ки мазмуну мундаричаи асосии онхо аз гараз, кинаю адоват, танкидхои беасос, барангехтани падидахои номатлуби махалгарои, миллатчиги иборат аст ва мўхтавои онхо барои ояндаи миллат, сохти давлатдории точикон, истиклолияти миллии мо ва вахдати миллию истикрори сулх дар чумхури хатар эчод менамоянд, бинобар он мачбур шудам хамчун як фарди миллат афкору андешахои худро иброз намоям. Ман гумон мекунам, ки рўзноманигорони нашрияхои номбурда аз озодии акида ва баён, инчунин мавчуд набудани сензураи давлати ва гуногунандеши истифода намуда, ба нашри харгуна маводхои сенсатсиони ва игвоангез рох медиханд. Кайд кардан зарур аст, ки дар мамлакатхои мутаракки ва чомеаи демократии давлатхои гарб, гарчанде озодии баёни андеша мавчуд бошад хам, вале хамеша манфиатхои умумимилли ва ватандори химоя мешавад. Мутаассифона дар матбуоти даврии мо хамин масъала, яъне хуввияти ватандори ва манфиатхои милли эхсос карда намешавад. Хар як шумораи нашрияхои дар боло зикршударо мутолиа намуда, баръало эхсос кардан мумкин аст, ки маводхо пурра даъват ба гараз, игво, хусумат, кинаю адоват, мочарои миллию махалли ва хатто динию нажоди мебошад. Ва нихоят ракибони миллат бо дасти рўзноманигороне, ки ба хотири бозор (тичорат), яъне ба фурўш рафтани нашрияхои худ маводи хангоматалаб ва сенсатсиони омода менамоянд, теша бар решаи миллат ва истиклолияти миллии точикон мезананд.
Масалан, маводе, ки дар хафтаномаи «Пайкон» №30 (72) аз 28-уми июли соли 2010 тахти унвони «Шпион»-и Узбекистону хоини миллат нестам» чоп шудааст, далели гуфтахои болост. Ин мавод фишурдаи сўхбати Раиси ХСДТ Зойиров Р. бо хонандагон, ки дар сомонаи интернетии Tojnews пахш шудааст, мебошад. Идораи хафтаномаи «Пайкон» ба ин мавод сарсухан навишта, иброз менамояд, ки як хонандае аз ш. Кўргон-теппа ба идораи ин хафтанома дар тамос шуда, иброз доштааст, ки дер боз дар бораи Зойиров Р. дар рўзномахои кишвар матлаб ба нашр намерасад. Маълум аст, ки хамин сарсухани «Пайкон» дурўги махз аст. Чаро? :
1. Ман ва бовари дорам кулли мардуми чумхури бар он акидаанд, ки хонандаи имрўз хеч вакт «ташна»-и суханони игвоангези Зойиров Р. нест;
2. Зойиров Р.-ро ханўз мардум нашинохтааст ва намеписандад. Чопи матлабхои игвоангези сиёси аз чониби ў, ин мазмуни онро надорад, ки ў маъруф шудааст;
3. Зойиров Р. ва хизби ў танхо дар байни чанд тан рўзноманигорон маъмул аст ва хулоса чопи маводи «Шпион»-и Ўзбекистону хоини миллат нестам» ин хохиши хонанда нест, балки ташаббуси рўзномаи «Пайкон» ва худи Зойиров аст.
Бояд кайд кард, ки чопи маводи «Шпион»-и Ўзбекистону хоини миллат нестам» пурра бар зидди манфиатхои миллии точики, ба мукобили сохти давлатдории точикон ва истиклолияти милли равона гардида, собит менамояд, ки афкору андешахои гаразноки Зойиров Р. барои дар байни миллати точик коштани тухми низоъ, кинаю адоват ва чудоихохи мусоидат менамояд. Барои исботи ин гуфтахо чанд андешаи чаноби Зойировро мавриди тахлил карор медихем:
Мўхтарам Зойиров Р. иброз менамояд, ки озодии акида дар Точикистон таъмин нест. Хонандаи азиз, худ казоват намо, Зойиров Р. сиёсати Хукумат, Президент ва фаъолияти хамаи сохторхои давлатиро озодона дар матбуот танкид ва мухокима мекунаду ва боз бешармона мегўяд, ки дар ЧТ озодии акида таъмин нест ва вучуд надорад. Ба чаноби Зойиров гуфтаниам, ки агар дар Ватанатон – Ўзбекистон (маъзарат мехохам дар зодгохатон, зеро Шумо дар андешахоятон такрор ба такрор баён намудаед, ки Ватанатон Точикистон аст) як нафаре сиёсати Президент Каримовро танкид намояд, масъулин дар миёни як шабонарўз «онаи зорашро дар пеши чашмаш нишон медиханд». Холо он ки Шумо озодона бар хилофи манфиатхои миллии точики, аз чумла сохтмони НБО Рогун, бунёди шохроххои азим ва дигар масоили мухими рушди Точикистон на танхо андеша меронед, балки амал хам менамоед. Амали Шумо хамин аст, ки бо андешахои худ мохирона ва эхтиёткорона даъват ба амал оварда истодаед, ки точик бори дигар гиребони точикро бигираду низоъхои махалли ва дохили ба амал ояд. Лекин чаноби Зойиров, Шумо ба кулли хато мекунед, халки точик имрўз агар ба таъбири точикона гўем «мўйро аз хамир зуд чудо мекунад» (гарчанде Шумо таъбирхои точиконаро дуруст дарк намекунед, вале ба хар хол ба кавли худатон ба хотири гуногунандеши мо ин таъбирро гуфтем).
Банда ба кулли мардуми Точикистон бо исрор мегўям, ки андешахои Зойиров Р. даъват барои амал бар зидди миллати точик ва чомеаи Точикистон аст. Чунончи, чавоби ў ба саволи як хонанда чунин аст: «Чомеаи Точикистон заиф аст, мухолифини точик «хунталаб» нестанд…». Магар ингуна андешаронихо даъват ба чанг ва газо нест? Яъне, бо хамин матлаб ў хохони он аст, ки чомеаи Точикистон чангро пеш гирад, хаводиси солхои 90-уми асри гузашта, ё худ бетартибихои оммавии ахиран дар Киргизистон рухдода дар Точикистон такрор шавад. Гарчанде Зойиров Р. калимаи таркибии хунталабро дар нохунак истифода намудааст, вале матлаб ва даъваташ хамин аст, ки мухолифини сиёсии Хукумати Точикистон чанг ва хунро пеша намоянд.
Ачоибии кор дар он аст, ки мўхтарам Зойиров ба он саволхое, ки бар хилофи манфиатхои чониби Ўзбекистон аст, чавоби сахех ва дакик нагуфтааст. Масалан, Хонандагон аз Р. Зойиров хохиш намудаанд, ки андешахояшро нисбати боздошти вагонхои Точикистон дар худуди Ўзбекистон, оид ба сиёсати Хукумати ин кишвар ва Президенти он И. Каримов нисбати Точикистон, баён намояд. Чавоби Зойиров Р. чунин аст: «Дар ин масъала ва бо ин савол ба Президент Э. Рахмон мурочиат кунед». Хаммилатони азиз, дуруст дарк намоед ва саволе ба миён меояд, ки чаро Зойиров Р. ба хамаи саволхо муфассал андешарони намуда, чомеаи Точикистон ва миллати точикро махкум менамояд, аммо ба ин саволхо чавоб намегўяд? Ман хамчун муаррих сабаби ба ин саволхо чавоб нагуфтани Зойировро дар он мебинам:
1. Азбаски ў некуахволии халки точик, шахрвандони Точикистонро намехохад ва нисбат ба манфиатхои миллии точики хусумат ва гараз дорад, бинобар он ба саволхои зикргардида чавоб нагуфт.
2. Таблиггари сиёсати ачнабиён аст ва рушди чомеаи Точикистонро чашми дидан надорад.
Масъалаи аз хама тааччубовар дар андешахои Зойиров хамин аст, ки ў гаштаю баргашта ва бо исрор мегўяд, ки Ватанаш Точикистон аст ва аз соли 1991 инчониб (дар давоми 19 соли истиклолияти ЧТ) хамаги 4 маротиба ба зодгохаш (хато кардам ба Ватанаш) – Ўзбекистон рафтааст (холо он ки волидайн, бародару хохарон ва тамоми авлоди ў дар Ўзбекистон икомат доранд). Точикон масале доранд, ки ин масал чунин аст: «Донои фанхўр дар зиндаги хамеша фиреб мехўрад». Махз Зойиров Р. бо овардани хамингуна дурўги ночой, ки дар давоми 19 сол 4 маротиба хамчун мехмон ба Ўзбекистон сафар кардааст, «донои фанхўр» будану «рози нихон»-и худро ифшо намудааст. Зеро:
1. Хамин матлабро ягон нафари солимфикр бовар намекунад, ки волидайн, бародару хохарон ва тамоми авлоди Зойиров дар Ўзбекистон икомат дошта бошанду ў дар давоми 19 сол хамаги 4 маротиба ба зодгохи худ равад.
2. Чаро Зойиров аз сафар ба Ўзбекистон доимо харос дорад? Хайр, фарз кардем агар гўяд, ки мунтазам дар давоми 19 сол 4 маротиба нею 40 маротиба барои аёдати хешу таборон ба ЧЎ сафар кардааст, оё ягон кас ўро чанг мекунад, ё худ гиребони ўро мегирад, ки чаро 40 маротиба ё мунтазам ба Узбекистон рафтааст.
Хонандаи заки зуд дарк менамояд, ки Зойиров Р. бо овардани хамингуна суханон ва андешахои бемазмун, бемантик ва дар охир ба кавли устод Айни суханони «жож», мехохад худро гамхору гамшарики миллати точик ва чомеаи Точикистон муаррифи намояд, вале афсўс, ба кавли Хоча Хофиз «Дардо, ки рози пинхон хохад шуд ошкоро».
Ва нихоят дар охир гуфтани хастам, ки аллома Б. Гафуров бехуда номи китоби таърихии худро «Точикон» ном нагузоштааст. Махз барои пешгири намудани андешахои гаразноки Зойиров барин ашхос (зеро Гафуров медонист, ки таъкиби точикон ва хучум ба миллати точик минбаъд хам идома меёбад) ин китоб «Точикон» номгузори шудааст.
Дар фарчоми андешахоям ба илми мантик рўй оварда, гуфтани хастам, ки дар ин илм истилохе вучуд дорад, ки «хулосабарории мантики» ном ниходаанд. Биёед андешахои чаноби Зойировро тахлили чамъбасти намуда, хулосабарории мантики менамоем:
1. Мукобилият барои сохтмони НБО «Рогун» аз чониби Ўзбекистон огоз гардид ва фавран тавассути андешахои Зойиров Р. дар Точикистон таргиби ин мукобилият идома ёфт;
2. Бунёди неругоххои барки дар водии Зарафшон аз чониби ЧЎ ва аз тарафи Зойиров Р. мутаносибан дар як мавсим соли 2008 пазируфта нашуд;
3. Мукобилият барои фаъолияти минбаъдаи заводи алюминии точик дар ш. Турсунзода аз чониби ЧЎ ва аз тарафи Зойиров Р. ханўз аз соли 2006 инчониб идома дорад;
4. Иштирок дар чанги иттилооти ба мукобили Точикистон аз чониби ЧЎ ва аз тарафи Зойиров Р. давом дорад;
5. Ва нихоят мукобилият барои амалишавии хамаи ормонхои миллии точики аз чониби ЧЎ ва аз тарафи Зойиров Р. аз рўзи таъсиси Хизби сотсиал- демократии Точикистон идома ёфта истодааст.
Инчунин, хангоми сўхбат бо хонандагон, Зойиров Р. ба суоли як нафар хонада – «Дар бораи Зафар Кабутов, ки тахкири Пайгамбарро раво дидааст, хамчун мусулмон чи гуфтаниед», хеле «мохирона» ба таври обрўгана (дар минтакахои кўхистони Точикистон агар ягон шахс масъалаеро ба таври умуми шарх дихад, таъбири обрўганаро истифода менамоянд, яъне омехта шудани об бо рўган душвор аст ва сухани умуми хам ба ягон чой омезиш намеёбад. Ин таъбирхои точикиро барои он муфассал шарх дода истодаем, ки дарки онхо ба чаноби Зойиров Р. душвори наоранд) чавоб гуфтаанд. Бояд Зойиров Р. аввал ба хонанда дар бораи Зафар Кабутов ки аст ва чигуна пайгамбарро тахкир намудааст, маълумоти умуми пешниход намуда, баъдан хулосабарори менамуданд. Лекин Зойиров Р. яку якбора мисли тарошаи аз бом афтода, ба монанди хамакидахои худашон – Турачонзода А., бародари ў Нуриддин ва боз чанд нафари дигар шахсиятхое, ки «обро лой намуда мохи доштан»-ро пеша намудаанд, мардумро ба тахаммулпазири даъват намудааст. Хонандаи азиз, чун ман корманди сохаи маорифи нохияи Рўдаки хастам, аз асли вокеа огохам ва ин вокеа чунин аст: Зафар Кабутов корманди шўъбаи маорифи нохияи Рўдаки аст ва рўзи 09 марти соли 2010 тибки накшаи шўъбаи маориф барои санчиш ба мактаби тахсилоти асосии №85-и нохияи Рудаки меравад. Хангоми ба яке аз синфхонахо ворид шудан, Кабутов З. мушохида менамояд, ки якчанд нафар хонандагон (духтарон) бо сатр ба дарс омадаанд. Хамин тарик, Кабутов З. ба хонандагон ва омўзгорони онхо мефахмонад, ки тибки Карори Мушовараи Вазорати маориф хонандагон бояд ба дарс бо сару либоси мактаби биёянд, хамзамон шарх медихад, ки эътикод ба дин ва шариат озод аст, вале бояд низоми таълим дар муассисаи давлати риоя гардад. Баъдан хамин андешахои Кабутов З.-ро як гурўх рўхониёни мочарочуй ба таври ночой ва игвогарона дар матбуот, аз чумла дар хафтаномаи «Начот» ва дар баромадхои амри маъруфи худ шархи нодуруст доданд, ба мукобили сохаи маориф мочаройи гушношинидро бардоштанд ва Кабутовро кофир эълон намуданд. Чунончи, Турачонзода А. ва бародари ў Нуриддин хукм намудаанд, ки Кабутов кофир аст. Хамин тарик, гурўхи рўхониёни номбурда, суханони Кабутовро бахона намуда, ба таври игво дар байни ахолии мамлакат падидахои номатлуби пурмочароро пахн намуда, барангехтани кинаю адовати дини ва мазхабиро ба мукобили сохти коститутсиони ва низоми муассисахои таълимии давлати раво диданд. Ин матлабро бо суханони мутафаккири бузурги точик Абў али Сино чамъбаст менамоям:
Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд,
К-аз чахл донои чахон инхоянд,
Хар бош, ки ин чамоа аз фарти хари,
Хар к-ў на хар аст, кофираш мехонанд.
Масъалаи дигарро хам бояд зикр намуд, ки чанд соли охир дар матбуоти даври хамингуна матлабхои игвоангезу хамдигарро тахкиру танкиднамои хеле афзудааст. Хар хафта сурати бародарон Турачонзодахову Зойиров барин «рўшанфикрон» сахифахои нашрияхоро «ороиш» медиханд ва «панду андарзхо»- и онхо пешниходи умум мегардад. Бузурге фармудааст:
Гуфтани бисёр на аз нагзи хаст,
Вал-валаи табл аз бемагзи хаст.
Шояд дар матбуот ин кадар вал-валаи табл намудани эшон ба хотири баланд бардоштани нуфузу эътиборашон бошад. …
Дар охир ба хамаи хаммиллатони азизам, точикон мурочиат карда гуфтаниам, ки биёед муттахид шавем, Ватани худ обод намоем, бахри якпорчагии Точикистон, сулху вахдат ва оромию осудагии кишварамон кушиш ба харч дихем, зеро хамингуна мочарочуйихо ва игвоангезихои Зойирову Турачонзодахо барин точикон дар асри 10 Рўдакиро кўр кард, давлати Сомоноёнро бархам дод. Лекин устод Айни устухони точиконро чамъ намуда, Б. Гафуров китоби «Точикон»-ро навишта, хамин тарик миллатро эхё намуданд. Биёед эхёи ин бузургонро кадр ва хифз кунем, зеро ояндагон моро нахоханд бахшид. Чун Рўдаки фармудааст;
Ангушт макун ранча ба дар куфтани кас,
То кас накунад ранча ба дар куфтанат мушт.
Аз Чумъаи Толиб – сардабири нашрияи «Пайкон» эхтиромона хохиш менамоям, ки:
Сухан санчида гўй то дўстро душман нагардони,
Зи харфи бемуруват ошно бегона мегардад.
Аслами Саидмурод,
омўзгор аз нохияи Рўдаки
<aslami_saidmurod@mail.ru>
Похожие записи:
- Скоро возобновятся новые антитаджикские выступления в Узбекистане 4 августа 2010
- Созмони Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик аз Ӯзбекистон раҳоии вагонҳоро талаб кардаанд 1 июня 2010
- А.Ашуров. Агент 007 из «Нигох» или орден «Исмоили Сомони» бывшему слуге … 24 мая 2010
- «Нигоҳ»: Картошкафурӯш –террорист??? 17 декабря 2010
- Таджикистан. Мужская работа для хрупких женщин 15 января 2010
августа 18, 2010 at 13:02
Бародари мухтарам муаллими азиз танкид ин мочарочуи нест.Он маводе.ки аз тарафи ин шахсон ба чоп мерасад на хамаш акидаи онхост.Ман боварии комил дорам.Лекин ташфикот барои чангандози байни миллати точик акидаи пучу бемагз аст.Зарбулмасали хал аст”Кур як бор ассоша мегиронад”.Точикон фарханги воло доранд.Зоиров Р -ро ба точики точикистонию узбакистони чудо кардан махз хатои бузург аст.Точикон якто хастан ва мемонан.Ин акида акидаи худи Зоиров Р аст на акидаи точикони узбекисон.Самарканду Бухоро гахвораи миллати точик аст.
августа 18, 2010 at 13:38
Ну это и коню понятно, что Зоиров никакой не Таджик и тем более не патриот Таджикистана! Только вот одно не понятно, автор оправдывает нынешнюю власть?
августа 18, 2010 at 16:14
Барои Аслами Саидмурод. Бародар дар хакикат аблах будаги. Огои Зоиров яке аз муалифони Конуни асоси мебошад. Дар хакикат тахлили кардагиат аблахона. Пас аз руи тахлили аблахонаат Садриддин Айни “шпиони” Узбакистон аст. Дон, ки ТОЧИКИЕ, ки дар Узбакистон боки мондааст шод дар Точикистонамон вучуд надошта бошад.
декабря 26, 2010 at 17:23
Попробуйте сами пойти против ветра, кто сможет??? А чужой задницей давить ежа хорошо???