Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 11.05.2011
 

Имрӯз ҳар шаҳрванди мо бо сари баланд гуфта метавонад, ки ман тоҷикам ва фарзанди абармардони дунё ва тахтнишинони дунёи одобу маърифат ба мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ,Синову Хайём, Айнию Турсунзода ҳастам.

http://www.tojnews.org/taj/

11.05.2011 г.

sharipovТанзими муҳоҷирати корӣ бояд чӣ гуна бошад?

Муҳоҷирати корӣ яке аз роҳҳои асосии таъминоти рӯзгори мардуми тоҷик маҳсуб ёфта, имрӯзҳо мутобиқ ба омори ғайрирасмӣ беш аз 1 миллион нафар ҷавонони қобили меҳнат барои дарёфти ризқу рӯзӣ ба муҳоҷират ба Русия мераванд. Аз он ки аксари муҳоҷирин забони русиро ба пояи лозимӣ балад нестанд, ҳаққи онҳо аз сӯи масъулин дар ин кишвар ба таври бояду шояд ҳимоя намешавад. Дар ҳамин замина 10 сол қабл дар Русия созмоне бо номи «Тоҷикдиаспор» фаъол гардид, ки кӯшиши ҳалли мушкилоти муҳоҷиринро мекунад. Ин созмон муддати 10 сол ба як ҷунбиши умумирусиягӣ табдил ёфта, номи Ҷумбиши умумирусиягии «Муҳоҷирини меҳнатии тоҷик»-ро гирифтааст.

Ҳарчанд дар самти ҳимояи ҳаққи муҳоҷирин, раҳонидани онҳо аз чанголи пулиси тамаъкори рус ва дигар мушкилоти муҳоҷирин корҳои зиёде ба анҷом расидааст, аммо боз ҳам мушкилоти зиёди баррасинашудае боқӣ мемонад, ки ҳалли худро аз масъулину созмонҳои зиёди тоҷикии Русия тақозо мекунанд.

Бар ин асос, Оҷонсии иттилоотии TojNews тасмим гирифт сӯҳбати виртуалие бо сарвари аввалин созмони тоҷикии Маскав – «Муҳоҷирини меҳнатии тоҷик» Каромат Шарифов доир намояд.

Имлои муаллифони суолҳо тағйир дода нашудааст

#1 Макс 01.05.2011 21:13

Салом бародари гироми! Се савол доштам:

а) Самтхои асосии фаъолияти ташкилоти шумо кадомхоянд?

б) Чанд нишондихандаи мушаххаси самаранокии фаъолиятхоятонро номбар карда метавонед?

в) Ташкили Хизби мухочирони кории точикро дастгири мекунед ё на?

- 1) Ҷамъият Оиннома ва барномаи худро дорад ва нақшаҳои кори мо пурра дар онҷо сабт гаштаанд. Агар кӯтоҳтар карда гӯям, фаъолияти Ҷунбиши тоҷикони муҳоҷир, асоси кори ҳаррӯзаи ман ва равшанфикроне, ки дар атрофи ҷамъият ҳастанд, аз зинаи паст бурда расонидани миллати тоҷик ба зинаҳои боло, яъне номи тоҷикро зинда нигоҳ доштан дар байни миллатҳои дигарест, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд.

Мо бояд ба он муваффақ шавем, ки аз тоҷикон ҳамчун миллати боодобу ботарбия ном баранд, на ин ки ба монанди солҳои 2001-2007, ки точиконро ғулом, наркобарон, ҷӯгӣ ном мебурданд. Мо танҳо бо якҷоягиву сарҷамъӣ метавонем ин муборизаро то охир расонем.

2) 3 ҷилди китоби ҳаёти тоҷикони муҳоҷир дар Русия то 20-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз чоп мебарояд, ки ҳар ҷилд аз 500 саҳифа зиёдтар мешавад. Тамоми санаду далелҳоро мо овардаем, ки чӣ гуна роҳҳоро пеш гирифтем, ки имрӯз дар Русия Ҷамъияти тоҷикон бо номи «Тоҷикдиаспор» шинохта шуд. Зиёда аз 100 адад муроҷиатномаҳои мо ба суду додситонии Русия расидааст ва мо ба кормандони ин ниҳодҳо изҳори минатдорӣ менамоем.

Барои мисол, вақте ба номуси духтари тоҷик дар соли 2005 аз тарафи се нафар корманди милиса таҷовус карда шуд, касе бовар намекард, ки ин ҷинояткорон ба ҳабс гирифта мешаванд. Вале мо ба ин муваффақ шудем ва ин се нафар пулисро ба зиндон фиристода, бо ин роҳ пуштибон доштани зани тоҷикро дар Русия нишон додем. Имрӯз бо сари баланд гуфта метавонам, ки бо кӯшиши мо барномаи таҳқиромезу душманонаи миллати мо «Наша Раша»-и ТНТ-и Русия баста шуд ва ин амал барои аз нав эҳё гардидану пойдор мондани миллати тоҷик бениҳоят нақши муҳим бозид. Ин душманони миллати тоҷик, ки бо таҳқиру масхара мехостанд миллати моро ҳамчун миллати дараҷаи дуввуму сеюм нишон диҳанд, аз мо бахшиш пурсиданд.

Акнун имрӯз ҳар шаҳрванди мо бо сари баланд гуфта метавонад, ки ман тоҷикам ва фарзанди абармардони дунё ва тахтнишинони дунёи одобу маърифат ба мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ,Синову Хайём, Айнию Турсунзода ҳастам.

3) Сари кор омадани ҳизби муҳоҷирини кориро зарур мешуморам. Пеш аз ҳама ин ҳизб бояд барои ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирин талош кунад. Чун беш аз 1 миллион нафар тоҷикон дар беруни кишвар ҳастанд, бояд созмони сиёсие фаъол гардад, ки ба ғайри ормонҳои иҷтимоии онҳо ормонҳои сиёсиашонро низ пиёда кунад. Хуб мешуд, ки ин ҳизб таъсис меёфт, зеро дар урфият мегӯянд, дарди беморро худи бемор медонад, ки чист. Агар чунин ҳизб фаъол шавад ва дар маъракаҳои сиёсии кишвар ширкат намуда, дар парлумон вакилони худро пайдо намояд, албатта барои ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирин бештару хубтар чораҳо андешида хоҳад шуд. Ва шояд дар интихобҳои баъдинаи президентӣ низ кӯшиши ширкат ва ғалаба аз имкон берун набошад.

#2 Исмоил 03.05.2011 01:37

Бародари азиз, номи шумо дар таърихи точикон хохад монд. Хамаи моро аз ин шармандаги баровардед. Умуман шумо барои бастани намоиши «Наша Раша»-и ТНТ даст задед ва мардона аз ухдааш баромадед. Ташаккур ба шумо.

1. Саволи якуми ман ба шумо: Чаро шуморо давлатдорони мо нагз намебинанд? Агар тавонед, равшани меандохтед.

2. Дуюм: Чаро то хол дар бораи шумо президенти Точикистон хабар надоранд? Агар сабабашро донед, ба мо низ расонед.

3. Сеюм: Чаро дар Точикистон дар бораи фаъолияти шумо дар телевидиния чизе намегуянд? Мо хамеша шуморо дар каналхои Русия мебинем ва фахр мекунем.

- Ташаккур барои қадрдонӣ.

1) Шумо давлатдорони тоҷик гуфта, киҳоро дар назар доред, ман намедонам. Ба фикри ман, агар нағз набинанд, шояд аз надоштани иттилооти пурра ва дуруст оид ба кори имрӯзаи ҷунбиши муҳоҷирони тоҷик бошад. Ҷунбиши муҳоҷирини тоҷик хеле созмони рушдкарда аст. Барои ман муҳим нест, ки маро дӯст доранд. Барои ман муҳим он аст, ки миллатро бояд дӯст дошт, халқи худро бояд дӯст дошт ва ба он содиқона хизмат кард.

2) Президенти Тоҷикистон хабар доранд, ё не, ба ман маълум нест. Он чизе, ки ман медонам, шахсони атрофи президет, хато намекунам агар гӯям, ки 60 фоизашон қудрату малакаи дар ин вазифаҳо кор карданро надоранд ва дар имрӯз ин 60 фоиз худро дар роли президент ҳисоб менамоянд. Бубинед, пишаки ягон вазирро касе имрӯз аз Дастгоҳи президент «пишт» гуфта наметавонд. Лозим бошад, бо ному мансабашон ин гурӯҳи 60-фоизаро дастрасатон хоҳам кард.

Сабаби надонистани президент аз фаъолияти 10-солаи ман ин тарс дар байни он шахсони атрофи президент ва масъулини ҳукумат мебошад, ки қисми зиёди онҳо дар Русия ҳамчун намояндаи давлати Тоҷикистон фаъолияти корӣ кардаву умр ба сар бурдаанд. Ба ман тамоми сирру асрори ин намояндаҳо маълум аст, ки онҳо дар давоми кори худ ягон манфиати мусбат барои миллати тоҷик нарасонидаанд.

3) Телевизионҳои Тоҷикистонро ман ҳар рӯз тамошо мекунам, аз ҳаводису хабарҳое, ки дар онҷо ба миён меояд, огоҳ ҳастам. Намоишҳо бисёр босифат таҳия ва намоиш дода мешаванд. Дар ҳақиқат хуб мушоҳида кардед, аз ҳамаи барномаҳояшон танқид бардошта шудааст. Барои ман муҳим нест, ки ба телевизионҳои Тоҷикистон маро даъват намоянд.

Муҳим барои ман он аст, ки аз тариқи расонаҳои давлатӣ рекламаҳои бардурӯғро барои муҳоҷирин пахш накунанд, ки бечора муҳоҷир ин ҷо ки омад, сарсону саргардону ғулому муздури каси дигар нашавад. Ин беқудратии ҳукуматро нишон медиҳад, миёни кишварҳои дигар обрӯи Тоҷикистон ва Ҳукумати онро паст мекунад. Бояд масъулин, аз ҷумла Президент ақаллан пеши инро ҳатман бигиранд.

#3 Лунатик 03.05.2011 03:07

Салом чаноби Каромат Шарифов! Бигуед, ки хамин сафорати Точикистон дар Русия айни хол ба чи кор машгул аст? Оё намояндагони сафорат метавонанд бе Шумо барин нафарони мукимии Русия ба мушкилоти мухочирон расидаги кунанд?

- Салом. Беҳтар мебуд инро аз Сафорат мепурсидед. Аммо фикри шахсии ман он аст, ки фаъолияти сафорат фаъолияти дипломатӣ мебошад ва бояд иқрор кард, ки нисбат ба дигар корпусҳои дипломатии давлатҳои ҷаҳон дар Маскав барои Сафорати Тоҷикистон бениҳоят мушкил аст. Зеро бар дӯши кормандони сафорат ҳал кардани мушкилоти мухоҷирон низ илова карда шудааст, ки аслан вазифаи онҳо нест. Бо дарназардошти он ки зиёда аз як миллион шаҳрвандони мо дар Русия ҳастанд, ин масъалаи хеле душвор аст. Зеро ҳар мушкилоте, ки бар сари муҳоҷири тоҷик меояд, ҳама санг бар сари сафорат мезананд. Кормандони сафорат кӯшиш мекунанд оҷилан ба мушкили ҳар як муҳоҷир расидагӣ кунанд, аммо ба онҳо низ хеле душвор аст, онҳоро ҳам бояд фаҳмид. Аммо бо ин вуҷуд, ки мо ҳамеша омодаем масъалаҳоро бо сафорати Тоҷикистон якҷоя ҳаллу баррасӣ намоем, онҳо каме истиҳола мекунанд.

#4 ТОХА аз Росия 03.05.2011 03:14

Салом ба хама! Ба мардаки Каромат як саволе дорам, ки шояд камтарак сахташон расад. Умуман хамин Созмони таъсисдодаи Каромат Шарифов имрузхо лозим аст?

- Салом. Бародар, шахси бофаросат менамоед. Аз суханони шумо бармеояд ва фикри шумо баробар бо он аст, ки барои давлати соҳибистқлоли тоҷик чӣ лозим парчаму суруди милливу нишон? Имрӯз набудани ҷунбиши муҳоҷирин мушкилоти муҳоҷиринро ба сад маротиб зиёд мекунад. Ба ғайри ин, ҷамъиятҳои миллии беруна барои тарғибу ташвиқи миллат, таъриху маданият, урфу одат ва дастовардҳои он дар кишварҳои дигар ба фаъолият шурӯъ мекунанд.

Ба ғайри он, ки мо аз ҳаққи муҳоҷирин дифоъ мекунем, ҳамчунин тарғибгари анъанаву одат, маданияту дастоварди миллати бузурги тоҷик дар хориҷ мебошем. Мо бо ин роҳ мекушем, ки барои зиндагии босаодати миллати тоҷик бо ҳамроҳии дигар миллатҳо дар Русия муваффақ шавем. Маданияту одобу рафтор ва таъриху дороихои фарҳангии миллиамонро бояд ба инҳо нишон диҳем, онро ҳифз намуда, барои ривоҷаш кӯшиш намоем.

karomat1#5 Санавбар 03.05.2011 06:09

Хамин мухочирати кориро чи тавр танзим кардан мумкин аст: бо пул ё бо дороихои аклони?

- На бо пул ва на ақлонӣ. То он рӯзе, ки давлатдорони мо бо кумитаи назди Ҷунбиши Муҳоҷирини кории тоҷик барои баррасии ин масъала, ки барои ҳамаи мо муҳим мебошад, дар сари мизи гуфтушунид нашинанд, ин масъала ҳал намешавад. Лекин бо сабаби дар сохтори имрӯзаи Тоҷикистон авҷ кардани маҳалгароӣ ва бартарият додан ба «Клан»- авлодпарастӣ масъалаи муҳоҷирин ҳалли худро пайдо карда наметавонад. Мо омодаем, ки дар ин самт бо Ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ намоем, агар ба ҳайати гурӯҳи корӣ шахсони лаёқатманд, намояндагони ҳизбу ҷунбишҳои сиёсӣ ворид карда шаванд.

#6 FARHOD 03.05.2011 06:12

Мухтарам Каромат Шарифов! Айни хол дар Русия чанд созмони химоятгари хукуки мухочирони точик фаъол аст, ба гайр аз сафорат? Ва Шумо, ки чандин сол боз он чо кору зиндаги доред, ракобати байни созмонхои точикиро чи гуна бахо медихед?

- Агар ман гӯям, ки чунин созмонҳо вуҷуд надоранд, хато намекунам. Созмонҳое, ки гӯё дар кори худ фаъоланд, танҳо аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии грантдиҳанда, ба монади МОМ, Сорос, Оғохон баҳо дода мешуданд. Барои мо тоҷикон чунин созмонҳо таъсири бадро расониданд. Онҳо ҳеҷ гоҳ дар бораи ҳаёти вазнини муҳоҷирон дар гирди миз нишаста сухан намегуфтанд, чунки онҳо тибқи оинномаашон қобилияти мустақилона сухан гуфтанро надоранд. Барои онҳо озодии сухан аз тарафи сармоягузоронашон баста шуда буд.

Метавонам баъзеи онҳоро барои ҷавоби саволатон номбар кунам. Хазинаи «Тоҷикистон», роҳбараш Гавҳар Ҷӯраева ва дигараш хазинаи «Нур», роҳбараш Боғшо Лашкарбеков. Федератсияи Русия фаъолияти 7-солаи моро аз соли 2001 то 2007, яъне то Анҷумани якуми миллатҳои Тоҷикистон дар Русия пурра омӯхта, ба қайд гирифтани Ҷунбиши Муҳоҷирини кории тоҷик – ООД «ТТМ»-ро зарур донист. Вазифаи асосии ин Анҷуман ба қайд даровардани ин Ҷунбиш буд, зеро шаҳрвандони мо берун аз ватани худ бе болу пар монда буданд. Ҳуқуқҳои онҳо доим поймол мегашт. Сипас, ҳукумати Русия пас аз омӯхтани вазъият ва бо далели он ки ташкилоти дар назди сафорати Тоҷикистон бо номи – Иттифоқи тоҷикони Русия таъсис шуда буд, на танҳо ба халқи тоҷик хизмат карда наметавонад, балки доиман қонунгузории Русияро поймол мекунад ва аз тарафи Русия фаъолияти он дар соли 2010 баста шуд, тасмим гирифт, ки чунин созмонро ба қайд бигирад.

#7 Ваҳобов Рустам 05.05.2011 13:47

Бародар Каромат Шарипов, агар илочаш бошад, шумораи телефони мобилиатонро мегуфтед.

- 8 926 852 25 03

#8 Ситамдида 09.05.2011 18:55

Чаноби Каромат Шарифов! Шахсан Шумо тули фаъолиятхои худ чанд мухочири кории точикро дар Русия сохиби чои кор ва манзили истикомати кардаед?

- Мо метавонем на як-ду нафар, як гурӯҳи 100-нафараро соҳиби манзилу ҷои кор кардан. Мо қудрат дорем имрӯз дар Русия зиёда аз 2 миллион ҳамшаҳриҳои худро соҳиби манзилу ҷои кор гардонем. Мо интизори гуфтушунид бо роҳбарияти Тоҷикистон мебошем ва барномаи худро пешниҳоди ҳарду давлат кардан мехоҳем.

Фаромӯш накунед, ки ба қайд гирифтани Ҷунбиши Муҳоҷирони кории тоҷик дар Федератсияи Русия барои ҳамаи мо як падидаи таърихӣ боқӣ хоҳад монд. Ва ба шумо гуфтаниам, ки ин ҳаракат қудрат дорад дар оянда низ барои набераҳои мову Шумо дасти ёрии худро расонад.

Илоҳо Худованд пуштибони ҳамаи мо бошад. Ва имрӯз ҷои фахр аст, ки Точикистони мо бо роҳи сулҳу ваҳдат пеш рафта истодааст ва принсипҳои демократиро боз ҳам зиёдтар рушд хоҳад дод.

#9 Ҳамидулло 09.05.2011 18:58

Салом бародар! Мешунавем, ки созмони шумо бисёр вакт ба мухочирон факат маслихатхои назарияви медихад, аммо дар амал хомуши ихтиёр кардааст. Оё ин вокеият дорад? Агар не, пас оё шумо барои маслихатхоятон хам аз мухочирон пул мегиред?

- Салом. Ба саволи Шумо гуфтаниам, ки агар ба маводҳои интернетӣ мурур мекардед, медидед, ки мо дар ин муддат чӣ қадар корҳои амалиро анҷом додаем. Ба сомонаи tajmigarnt.com биравед ва рӯзномаи «Овози тоҷикистониҳо»-ро мутолиа намоед, ба ҳамаи саволҳоятон ҷавоб хоҳед гирифт.

Дар мавриди пул гирифтани мо ҳаминро гуфтанием, ки мо барои ягон кӯмакамон аз муҳоҷирин пул намегирем, на амалӣ ва на маслиҳатӣ. Аммо ҳастанд одамони дастгиру пуштибони муҳоҷирин, ки ба мо кӯмаки амалиашонро билоиваз мерасонанд, лоиҳаҳои моро дастгирӣ мекунанд.

#10 Дурахшон 09.05.2011 19:00

Бигуед, ки хамин созмонатон аз чониби кадом кишвар дастгири меёбад ва бештар грантхои кадом созмонхои хоричиро истифода мебаред? Яъне сарпарасти шумо кист?

- Дурахшон, хоҳари азиз, ман дар ин бора бисёр чизҳо гуфтанӣ нестам, чунки дар ин масъала аллакай ҷавоб гуфтам. Танҳо як чизро мехоҳам бигӯям, ки ҳамин сармоягузориҳои ҷаҳонӣ – грантҳо давлатҳоеро, ки пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ аз он истифода карда, иқтисодиёти давлаташонро каме баланд бардоштани буданд, боз ҳам ба мушкилоти зиёдтар оварда, маъюб кард. Чунки ҳар грант дар худ мақсади муайян дошта, фоизҳову бозгардонидани онро талаб мекунад.

Ҷунбиши Муҳоҷрини кории тоҷик танҳо аз ҳисоби ҳаққи аъзогии аъзояш имрӯз фаъолияташро пеш мебарад ва ин маблағ солона аз 10 то 12 миллион рубли Русия мебошад. Аммо бубинед, ки мо танҳо барои 12 саҳифаи рӯзномаи «Овози тоҷикистониҳо», ки бо теъдоди 50 ҳазор нусха моҳе 1 маротиба нашр мешавад, ҳудуди 120 ҳазор рубли русӣ масраф мекунем, ки ройгон миёни ҳаводорони рӯзнома тақсим мешавад.

Ҳоло мо тасмим дорем аз 10 шумораи охири он ба Тоҷикистон бифиристем, ки зиёда аз 40000 нусха мебошад. Аммо мушкилӣ он аст, ки кормандони Роҳи оҳани Тоҷикистон, ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва гумруку сарҳадбонон барои ин кор монеъ мешаванд. Гузашта аз ин, муҳоҷире, ки дар даст ин рӯзномаро дорад, аз тарафи онҳо мавриди дашном қарор гирифта, ҳатто баъзеашонро ба додситониҳо даъват намуда, тарс додаанд. Аз ин сабаб хонандагони мо ҳаракат мекунанд онро бо худ набаранд.

#11 Кароматулло 10.05.2011 06:57

Салом хамном. Дар сайтатон хондам, ки як модари точик барои кумак аз Точикистон ба Маскав ба назди Шумо омадааст. Оё чунин холатхо зиёданд?

- Салом. Ин зан модари Раҳимовҳо (яке аз писаронаш рӯзи 3-юми июни соли 2010 пас аз паррондан аз тарафи милиса ҳалок гашт ва 2 нафари дигараш тир хӯрда зинда мондаанд) мебошад ва бисёр як рӯзи вазнин ба сари ин модар омадааст. Ҳаракат карда истодаем, ки ҳақиқати ин ҳодисаро ба раиси суди Балашиха расонем. Ва боварӣ дорам, ки ин модари тоҷик бо фарзандонаш ба Тоҷикистон бармегардад. Теъдоди чунин модароне, ки ба мо муроҷиат мекунанд, моҳе аз 10 то 15 нафар мерасад.

#12 Кароматулло 10.05.2011 06:59

Салом. Чанд руз пеш сомонахои Точикистон аз марги 3 нафар точик дар Маскав хабар пахш карданд, аммо шумо хомушед. Агар дар ин чода кор накунед, пас чи кор мекунед?

- Салом. Дар ҳақиқат марги ду нафар, ки яке аз онҳо Зайниддини ванҷӣ (лақабаш-Зайд) буд, ба мо маълум аст ва онҳо аз тарафи худи шаҳрвандони Тоҷикистон дар вақти баҳсҳои дохилиашон парронда шуданд. Ин ҳодиса дар округи шарқии Маскав рӯзи 3-юми май дар назди бозори Виктория рух додааст. Амали ин нафаронро маҳкум мекунам ва мегӯям, ки чунин бетарбияҳо миллати тоҷикро дар назди дигарон паст мезананд, шаъни онро паст мекунанд.

karomat3#13 Кароматулло 10.05.2011 07:01

Салому алейкум бародари гироми. Доим дар сайтатон аз дигар созмонхои точики танкиду бадгуи мекунед. Намешавад, ки хамчун созмони аввалини точики бадбиниву нифокро аз байн бардошта, якчоя кор кунед?

Охир айб аст, тамоми мардум сайти шумора хонад, ба холи мо механданд. рахмат.

- Бародар, осмонакӣ гап мезанед, охир сайт аз тарафи халқ ташкил шудааст. Агар шумо бинед, ки ин мақолаҳои чоп мешуда барои мо бадӣ меоранд, мақолаҳои худро фиристед ва мо албатта онҳоро ба чоп медиҳем. Ба ҳоли шумо на, балки ба ҳоли мардуми тоҷик механданд.

Чаро солҳои тӯлонӣ намоиши «Наша Раша» тоҷикро таҳқир мекарду ба ҳоли тоҷикон механдид, ҳисси миллии шуморо маҷбур насохт, ки бо ин аблаҳон мубориза баред? Дар дилатон тарс аст ва бо ҳамин тарс умри худро мегузаронед.

#14 Arobakash az Sadowod 10.05.2011 19:07

Ассалому алайкум, акаи Кароматуллох Шарипов. Бовар кунед, чонамон ба нуги биниямон омада расидааст. Мо аробакашхои бозори Садовод ва Люблино аз дасти рохбархои чухуд (еврей) ва точики худ дар азоб хастем. Хар руз барои ароба 400 рубл медихем ва хар ду мох баъд моро мачбур мекунанд, ки як батинкаи 200-рубларо дар 4 хазор рубл харем. Ва хозир боз моро мачбур доранд, ки дар хобгохе, ки онхо тартиб додаанд 7 хазор рубли дихему ончо буду бош кунем. Хохиш мекунем, ки як бор омада бо аробакашхо бишинеду мушкилоти моро хал кунед. Шоду муваффак бошед.

- Вазъи имрӯзаи бозори Садаводу Люблино аз чорчӯби инсонӣ берун шудааст. Дар ин мавзӯъ нақшаҳои ҷиддӣ дорем ва аз вазъи шумо хабардор ҳастем, мисли он ки бозори чиркизонро кардем.

Мо, насиб бошад, бо роҳбарияти сафорат дар ин мавзӯъ бояд маслиҳат намоем ва номҳои ин сагони бозорӣ- бригадирҳоро пешкаши сохторҳои интизомии ҳарду давлат намоем. Агар шумо аз як гиребон сар бароред, мисли бозори Митишина, ки он ҷо низ чунин ҳодисаҳо рӯй медод, ҳалли худро алабатта бо кӯмаки мо хоҳад ёфт. Аммо афсӯс, ки чанд маротибае, ки ман пешатон омадам, танҳо 10 нафар ба ман муроҷиат мекарданду халос.

Якрӯяву муттаҳид шавед ва мо ба Шумо хатман кӯмак мерасонем!

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.500 seconds.