Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 11.03.2015
 

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: “Аз марги дӯст ба андуҳ нишастаам”

Суҳбати ихтисосии TojNews бо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, руҳонии саршиноси тоҷик, дар бораи Шайх Муҳаммадсодиқ Муҳаммадюсуф

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: – Банда соли 1972, замоне, ки муҳассили мадрасаи “Мири Араб” – и Бухоро шудам, бо эшон ошноӣ пайдо кардам. Он кас як синф аз ман боло мехонданд, аммо дар хобгоҳ якҷо будем. Хеле инсони хушбахт ҳастам, ки мисли эшон дӯст доштам. Дӯсти аз ҷон ҳам азизтарам буданд. Мегӯянд, ки дӯсти хуб аз хеши наздик ҳам азиз аст. Воқеан, он кас барои ман чунин буданд.

TojNews: – Чӣ гуна инсон буданд? Сирри дӯстии наздики Шумо бо он кас чӣ буд?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: – Аввал, ҷавони муаддаб ва хеле дӯстдоштанӣ буданд. Хеле пешқадам буданд. Аслан сабаби дӯстии мо хоксории он кас буд. Як ҳодисаро ҳеҷ гоҳ наметавонам фаромӯш кунам. Ҳоҷатхонаи мадрасаи “Мири Араб” – и Бухоро як ҳоҷатхонаи суннатӣ буд, канализатсия надошт. Шаҳр, ки буд, аз берун кулӯх меоварданд. Ҳоҷатхона ду қуттӣ дошт, яке барои кулӯхи истинҷо ва дигаре, барои кулӯхҳои истифодашуда. Як шаб соатҳои 12 буд, ки барои таҳорат рафтам. Бинам дар дастонашон дастак ва як тешаву кулӯхҳои истифодашударо тоза карда, барои истифодаи дубора ба қуттӣ мегузоранд. Ҷаҳон дар назарам як тагурӯ шуд, ба истилоҳ, шок шудам. Тамошои ин кор дилбеҳузуркунанда буд, бахусус, ки кулӯх наҷосат дошт. Аммо он кас бо ҳавсала кор мекарданд, гӯё як кори маъмулиро анҷом медиҳанд. Пурсидам, чӣ кор мекунед? Гуфтанд, исроф мешавад, кори савоб аст. Ман ҳанӯз ҳам дарк намекардам. Гуфтанд, Эшонбобо, бо ин кор одам ғурури шайтониашро мешиканад, дар худ хоксориро тақвият медиҳад, ман ба Шумо тавсия медиҳам, ки ғуруратонро шиканед.

Пас аз ин ман он касро сидқан дӯст доштам. Дӯст шудем, солҳои тӯлонӣ ҳамроҳ будем. Миёнамон “аз они ману аз они ту” набуд. Солҳои ҳиҷрат низ робитаамонро нигоҳ медоштем. Вақте ректори Донишгоҳи исломии Тошканд таъин шуданд, ман мударрис будам. Солҳое, ки қозӣ будем, кӯшиши зиёд ба харҷ додем, ки он кас муфтӣ шаванд. 1 миллион нусха Қуръонро ҳам дукаса муштарак оварда будем.

Дӯсти хонаводагӣ будем. Солҳое, ки дар Тошканд мехондам, ба хонаҳои якдигар равуо доштем. Ҳавлиеро, ки дар Тошканд доштам, ба ҳамон кас фурӯхтам. Онро барои бародарашон гирифтанд. Ҳамсарашон духтари Исмоил Махдуми Андиҷонӣ буданд, ки солҳои 60 – ум муовини муфтии Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон буданд. Як оилаи хоксору ботақвои исломӣ доранд.

TojNews: – Оё аз саломатиашон шикоят мекарданд? Агар варзишгар буданд, дар 63 – солагӣ фавтиданашон суолангез нест?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: – Он кас варзишро зиёд дӯст доштанд, ба ҷуз баскетбол, шиновариву футболбозӣ ҳам мекарданд. Бори охир моҳҳои октябри соли гузашта ҳамроҳ дар Киши Эрон истироҳат мекардем. Ман ба он кас тавсия додам, ки аз баҳри варзиш гузаранд, зеро дар ин синну сол организми инсон ин гуна вазнинро наметавонад бардорад. Гуфта будам, ки як – ду соат роҳ гарданду шиноварӣ кунанд. Одам вақте футболу баскетбол мекунад, бо шавқи бозӣ вазниниро намефаҳмад, аммо ба саломатӣ таъсир метавонад расонад.

TojNews: – Оё ба маросими ҷанозаи он кас даъват шудаед?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: – Бале, даъват шудем, аммо рафта наметавонам. Аламовар аст, ки наметавонам. Алами ман аз ин аст, ки дунё чунин аст. Наметавонам, ки на ба ҷанозаи дӯсти наздиктаринам равам, на ба фотиҳааш. Воқеан, барои ман рӯзи сахт аст.

TojNews: – Шайх Муҳаммадсодиқи Муҳаммад Юсуф дар исломи минтақа чӣ саҳм доранд?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: – Дар асри ҳозир касеро намедонам, ки ба монанди он кас хизмат карда бошад. Теъдоди китобҳояшон ба 125 адад мерасад. Қисми зиёди он ба забони русӣ тарҷума шуда, панҷ – шаш маротиба бознашр шудааст. Нашриёти худро доштанд. Як портали бузурги интернетӣ ва студия доранд. Як писар доранд, аммо кори даҳ писарро мекунад. Қариб 15 нафар танҳо дар сомонаҳояшон кор мекунанд. Қариб аксари имом – хатибони Ӯзбакистон шогирди он кас ҳастанд.

TojNews: – Замоне ба Арабистони Саудӣ фирор карда буданд. Сабабаш чӣ буд?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: – Ҳиҷрати он кас ахирҳои соли 1993 иттифоқ афтода буд. Қасд доштанд, ки он касро ба ҳабс гиранд. Маҷбур шуданд, тавассути Қазоқистон ба Арабистони Саудӣ раванд. Дар Макка тақрибан як сол зиндагӣ карданд. Аз он ҷо ба Туркия рафтанд, дар Истамбул сукунат ихтиёр намуданд. Азбаски Муаммар Қаззофӣ зиёд эҳтиромашон мекард, он касро ба Тароблус (Триполи) даъват кард. Як дӯсти муштарак доштем бо номи Муҳаммад Шариф, ки ректори Донишгоҳи даъвати исломӣ буд ва ҳаққи устодӣ ҳам ба мо дошт. Тақрибан ахирҳои соли 1994 Шайх ба Либия рафтанд ва то соли 1998 он ҷо монданд.

Таълифоташон ҳам асосан ба ҳамин давра рост меояд. Маҳз дар Либия “Тафсири Ҳилол” – ро, ки ҳудуди 3 ҳазор сафҳа аст, навиштанд. “Сиҳоҳи ситта” – аҳодиси набавиро низ он ҷо ба забони ӯзбакӣ бо шарҳу эзоҳ тарҷума карданд.

Дар ҳама мавзуъ, аз ҷумла таърихи ислом, масоили фиқҳӣ, одоби исломӣ, ҳаққи падару модар ва дигар мавзуҳои муҳим як рисола ҳатман доранд. Мутаассифона, онҳо ба тоҷикӣ тарҷума нашудаанд, танҳо ба забони ӯзбакӣ дар навоҳии шимол дастраси мардум мебошанд.

TojNews: – Ҳукумати Ӯзбакистон асосан руҳониён, бахусус зодагони водии Фарғонаро таъқиб мекард, чун ҳаракатҳои сиёсиву террористӣ дар ин минтақа зуҳур карда буданд. Он касро чаро даъват кард?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: – Шайх Муҳаммадсодиқ аслан ба сиёсат майле нишон намедоданд, чӣ расад ба созмонҳои ифротӣ. Бозгашти он кас дар як мулоқоти банда бо президенти Ӯзбакистон Ислом Каримов, ки соли 1996 дар Тошканд иттифоқ афтод, матраҳ шуда буд. Он вақт банда ҳам дар Тоҷикистон набудам. Худи Ислом Каримов пешниҳод кард, ки ошноятонро гӯед, баргардад, аммо ба шарте, ки ба сиёсат кор нагирад. Мо гуфтем, он кас умуман сиёсӣ нестанд, аммо оянд шояд Шумо он касро ҳабс кунед, аз ин хотир, расман даъват кунед, ки ҷомиа ҳам хабар дошта бошад. Ҳукумати Ӯзбакистон ҳам даъвати расмӣ кард ва Шайх пазируфтанд. Зиндагии баъдиашон собит мекунад, ки ба қавлашон вафо карданд.

TojNews:  - Муносибаташон ба ҷараёну созмонҳои навбаромад дар Осиёи Марказӣ чӣ гуна буд?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: – Он кас мухолифи ҳама гуна ҷараёну созмонҳои нав буданд. Танҳо рушди мазҳаби Имоми Аъзамро мехостанд. Бахусус мухолифи салафиҳову афроде буданд, ки андешаи “доишӣ” доранд. Комилан мухолифи бо зӯрӣ таҳмил кардани ақидаву дидгоҳҳои динӣ, коммунистӣ, либераливу ғайраву ҳоказо буданд. Мо дар ин бобат мавқеи муштарак доштем.

Ҳанафии сад дар сад буданд. Фиқҳро хеле хуб медонистанд, чун устодони хуб доштанд ва худ ҳам зиёд дарс додаанд.

TojNews: – Дар интернет баъзе аксҳои эшон ба Рамазон Қодиров нашр шудааст. Ва ҳоло хабар нашр шуд, ки Рамазон Қодиров як кӯчаро дар Грозний ба номи он кас хоҳад гузошт. Бо ӯ чӣ муносибат доштанд?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: – Рамазон Шайхро хеле эҳтиром мекард. Падараш Аҳмад Қодиров шогирди он кас буд. Худи Ҳоҷӣ Аҳмад ҳам ба устодаш эҳтироми зиёд дошт. Аксар китобҳояшон, ки ба русӣ тарҷума мешаванд, бо сармоягузории Рамазон чоп шудаанд.

TojNews: – Шумо гуфтед, “солҳое, ки дар ҳиҷрат будем”. Сухан дар бораи ҳиҷрати муштараки ҳардуи Шумо меравад, ё чӣ?

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: – Не, сухан дар бораи 5 соли ҳиҷрати ман ба Эрон ва он кас ба Туркияву Либия меравад. Он кас ду – се маротиба пеши ман омада буданд, ман як бор ба Истамбул ва се бори дигар ба Либия ба аёдаташон рафта будам.

Copyright © 2015 TojNews

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.495 seconds.