Салом Чаноби Президент. Такрори беш нест,агар бигуям Шумо дастгири бечораю дармондахо ва ятимон хастед.
Ва борхо тавассути телевизион шохиди чунин холатхои умедбахш гаштаем. Махз хамин хислати чавонмардонаи Шумо маро водор кард, ки ба ин сомона нома фиристам.
Мехохам мушкили Рухшонаро бароятон арз намоям. Рухшона духтари 10- сола
сокини шахри Вахдат,кучаи Саричашма хонаи 34 аст. У хангоми таваллуд ба бемории фалач мубтало гаштааст. Холаташ то хаде гамовар ва вазнин аст, ки у то хол мустакилона хатто лукмаи ноне ба дахон набурдааст. Ба замми ин кариб хар хафта бемории шайтонрамиш (эпилепсия) уро азият медихад. Яъне Рухшона сахт вобастаги ба парастории модар дорад.Ва шукр, ки баробари чунин як дарди шадид ва табобатнашаванда худованд ба у волидони босабр ато кардааст, ки уро парастори мекунанд.
Як сол пеш Рухшона хамчун маъюби гурухи аввал нафаки ночизе мегирифт. Бо дигар шудани коидахои нафакаи маъюбон Рухшона аз нафака махрум гашт ва аз чое кумакпули ё ёрмандие ба ин тифл намерасад. Аз руи тартиби нафакагири у бояд дар бемористоне бо роххати духтури амбулатории махал муддате бистари шавад, то ки духтурон тасдики бемори ва гурухи нафакаашро муайян кунанд. Аммо модари Рухшона, ки худаш хам сихатии хуб надорад, тифли ширхор дорад. Илова бар ин ду кудаки хурди дигар дар хона ба парастории у ниёзманданд. Ман хостам, ки Рухшонаро дар Пажухишгохи баркарорсозии маъюбони шахри Душанбе бе модараш бистари кунам.(Дар ин пажухишгох имкони хобонидани бемор бе парастор хаст) Вале он чо факат маъюбони гурухи дуюмро мехобонанд. Дар дигар бемористонхо хамрохи у будани модараш хатмист.Парастории чунин як бемор малакаи хос металабад ва танхо модари Рухшона нозукихои нигахбонии уро медонад.
Ман аз навзоди бо Рухшона беморхонахои зиёдеро гаштаам ва ин тифлаки бечора(вокеан хам у бечора аст, ки на нишастан, на хурдан ва на гап задан метавонад) ташхису табобатхои бисёре шудааст. Ва тамоми варакахои духтуронро модараш хифз кардааст, ки далели касбии бемории фалач будани Рухшонааст. Суоли ман чунин аст. Оё имкон дорад, ки бидуни дар бемористоне хобонидани Рухшона комиссияе ё духтуре ба ин тифл ичоза барои гирифтани нафакаро бидихад.
Чаноби Президент! Фармудаи Шумо, ки ягон ятим ва дармондае бе гамхори ва парастории давлат намемонад, борхо тасдики худашонро ёфтаанд. Умедворам, ки номаи ман хам дар ин мохи шариф, ки дари хайру саховат ва лутфу мехрубони ба руи бечораву дармондагон боз аст, бечавоб нахохад монд.
Бо эхтиром, шахрванди Чумхурии Точикистон,
робиа
18/07/2013
robiaatoeva@hotmail.com
94.199.23.240
Отправлено: 18.07.2013 в 7:13
Похожие записи:
- Х.А.Тураджонзода: “Мы молчали даже, когда сажали наших сторонников” (веб-интервью) 15 июля 2010
- Кто всех красивее и милее?.. О «яблоке раздора» Народного движения Узбекистана 27 мая 2011
- Чаро Акбари Тураљонзода худро ќањрамони ягонаи миллат мешуморад? 12 августа 2010