Гарантия на весь товар. Покупаете вибропресс? Поможем выбрать.

 
Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 13.10.2010
 

Фарзандонатонро бар гардонед!

Чавонон ва наврасон ояндаи миллати мо мебошанд. Такдири Ватану миллат дар дасти онхо хохад буд. Барои ояндаи нек бояд хануз аз кудаки фарзандро ба рохи рост хидоят кард. Икдоми пешгирифтаи Рахбари давлат оид ба бозгардонидани донишомузони точик, ки дар кишвархои хоричи ба андухтани улуми исломи машгуланд, хеле бамаврид ва окилона мебошад. Албатта, аз илми ислом комилтар огох гаштани хар як мусалмон хеч бадие надорад, вале омилхое хастанд, ки ба чои фоида, ба чомеа бештар зарари онро собит сохтаанд. Оиди ин масъала зиёд фикр мекардам, вале пас аз дидани филми “Масири гумрохон” якбора калбамро дахшат фаро гирифт. Дар хакикат, солхои тулонист, ки наврасони Точикистон дар хоричи кишвар дар риштаи дини мубини ислом тахсили илм мекунанд, вале махсули он дар кишварамон назаррас нест. Руз то руз мардум ба ифротгарои ру оварда, аз тамаддун дур монда истодаанд. Духтарон дар шакли хичоб либосхои тангу мучассамавиро ба бар кардаву чавонон бо ришу фашхои бетартибу дидахарош табъи атрофиёнро хира месозанд. Либоси миллии точики чи айб дорад? Магар модару модаркалонхоямон, ки сатр намепушиданд, аз дин дур буданд? Баръакс, ман фикр мекунам, дини онхо поку беолоиш буд, намозу рузаашон самимию бегаразона ва бетамаъ. Дини мубини ислом дини покиву озодаги буда, бояд сурату сирати инсон низ ба он мувофикат намояд. Вале пайравони ахзоби адёни ифротгаро хатман барои бурдани таблиготу ташвикот ва зиёд намудани аъзои хизбашон аз хочагонашон музд мегиранд+

Агар дар хакикат чуёи илму тамаддуни исломианд, пас чаро дар Донишгохи исломии чумхури тахсил намекунанд? Ва ё танхо дар хоричи кишвар бояд улуми исломи биёмузанд ва аз Худои мутаъол огохи пайдо намоянд ?

Аз филм бармеояд, ки чавонони дар хорич тахсилкарда, ба чои аз бар намудани чихатхои неки ин оин, баръакс, чониби ифротии онро касб намуда, барои дар чомеа чори кардани он талошхо мекунанд. Айни хол барои ояндаи кишвари Точикистон хуб мебуд агар мутахассисоне омода мегардиданд, ки Ватанамон ба онхо ниёз дорад. Тасаввур кунед, агар наздики якуним хазор чавоне, ки имруз дар хоричи кишвар илм мегиранд (шумораи онхоро масъулини Кумитаи дини чумхури 1432 нафар гуфтааст), ба Точикистон сахме мегузоштанд, чи натичае медод. Хуб мебуд, агар волидон фарзандонашонро ба он сохахое чалб мекарданд, ки истехсолоти кишварро пеш баранд. Барои кишваре, ки чи дар иктисодиёт, чи дар истехсолот пешрав нест ва дар холи бухрони иктисоди карор дорад, магар ин кадар хатмкардагони сохаи дин ба дард мехуранд? Мисоле меорам:

Солхои чанги шахрванди иддае аз хамватанонамон бо амри такдир дар кишвари Афгонистон азоби гариби кашиданд. Аз байни онон хар руз нафарони масъул ва ба кавли худ гамхори дину миллат бархе чавонону наврасонро бо максади таълимоти динни чамъ карда, ба мадориси гуногуни исломии кишвархои Покистону Арабистони Сауди ва Эрон мебурданд. Дар байни онхо духтарон хам буданд. Падару модарон бо умеди он ки фарзандонашон аз улуми исломи бархурдор мегарданд, ин икдомро пазируфта, фарзандонашонро ба он ашхоси ношинос супориданд. Бо мурури солхо аз байни онхо шояд як ё ду нафарашон ба Точикистон баргашта бошаду халос, такдири аксарияти онхо то ба хол номаълум аст. Баъди баргардонидани гурезахо падару бародарони баъзе аз онхо барои овардани пайвандонашон ба Эрону Покистон сафар карданд, вале бенатича, онхо кишвари гайрро интихоб карда, дигар ба Ватан барнагаштанд, яъне хисси милливу ватанпарастиашонро аз даст дода буданд. Имруз волидайнашон намедонанд, ки дар баргардонидани онхо имруз домани киро гиранд. Шояд дар байни он террористоне, ки худро аз хоричи кишвар точиктабор муаррифи мекунанд, хамон наврасоне бошанд, ки чандин сол кабл онхоро барои тахсил чудо карда буданд+

Ба он солхо руй овардани ман бесабаб нест. Максад он аст, ки дар мадориси динии кишвархои мазкур хисси ватандустиро аз чавонон ба кулли коста карда, танхо акоиди ифротгарои ва чохилиятро талкин мекунанд. Аз ин ру, икдоми пешгирифтаи давлат бамаврид асту танхо сахми падару модарон онро таквият хохад дод.

Падару модарони азиз, ба хотири пойдории сулхи бо хуни чигар ба дастомада, ба хотири ободии ватан ва боло бурдани нангу номуси миллатамон, фарзандонатонро баргардонед! Боварии комил дорам, ки Рохбари давлат ва Хукумати Точикистон дар ин икдоми нек ба Шумо мададгор хоханд буд.

Зохир Мирзоев,

собик мухочири точик дар Афгонистону Покистон,

сокини нохияи Панч.

<mirzoev-zohir@mail.ru>

12.10.10с.

Похожие записи:

5 Комментариев to “Фарзандонатонро бар гардонед!”

  1. Gost Сказал(а):

    Ман намефаҳмам чаро халқи тоҷик аз давлат метарсад ???
    Ҳама медонад ки бо ҷаноби оли Эмомали Раҳмонов Тоҷикистон ояндае надорад! агар медошт, мо тарсидаю ларзида дар Русия намегаштем то ин ки нони хурдан ёбем! ва дар оинаи нилигун моро масқара намеркарданд (Наша Раша) ҳамватанон КАЛАРО ДАР ҶО МОНЕД !!!

  2. хуршeдшох Сказал(а):

    мухтaрaм эмомaли рaхмонов бaрои хaмвaтaнонaт дaр точикистони гул гул шукуфонaт кор нaдорики точикон дaр росия кор кaрдa гaштaкaнд

  3. Нур Сказал(а):

    э зоир мирзоев намедони Ходжи Мирзора чи кор кард ин хукумати ту дар мадрасаи худмон соф дин фурушо дарс метан савод надоран козира бин ай вазифа гирифтанш дилш зад мурд.Хатибои Масчитора хукумати ту чи пешниход кард мактуб рои кардан навиштагист дар бораи сатр гап назан.дар бораи милисаи зулумкор гап назан.дар бораи масчит махкамкунон гап назан.дар туй арак бтен.шабнама биёр зант ракс кунад синаша тамошобино бинан баъд ту рохат кун.Амри Маъруф накн ки фоидаи чомеа мешавад коинхои маъбад зик мешаванд дар шумо хаст коинхои маъбад инхо коркунои танзим.шарм бдор ай навиштагиат.

  4. Абдуллохи салафи!!!!!! Сказал(а):

    Эй зохири бадбахт аз АЛЛОХ битарс; худатро дар назди чаноби олли ширин накунед бо ин суханхои аблахонаат!Вай занхое ки сатри танг мепушанд онхо аз ислом не аз хамон ери дихандахои шумо кохинони маъбаданд!Барои зан аввал сатр фармон шуда баъд намозу дигару дигар*агар ту ва хамон зиеиени чохил то мурдан манъ кунед занхои ва духтархои мо бо конуни АЛЛОХ мемонанд!Дуюм ин ки демократияи сохтагии мову шумо танхо барои занхову духтархои шумо чохиилхо нест!Сеюм аз АЛЛОХ битарсед ва ин конуни чохилонаро бекор кунед!

  5. Шабнам Сказал(а):

    Нафахмидам,барои чи хар гох, ки Хукумат мардумро ба рохи дурусти ватандори, хештаншиноси даъват намояд шумо масъалаи сатрро ба миён меоред? Албатта, дин аз давлат чудо аст, тоату ибодатро хама хамчун карзи мусулмони ба чо меоранд. Илтимос, дурустар дарк кунед, ки сулху субот дар мамлакат набошад, чи шумоён бо либоси динатон сулху субот оварда метавонед? Харгиз, баръакс.

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.562 seconds.