Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 29.11.2010
 

Гуломони “Озоди” Салими Аюбзод ва Холидаи Кодир (Ё афсонаи онхо оиди “Куръони сухтаю бастаи рифолахо”)

Аз сайти интернетии радиои “Озоди” матлаберо бо унвони “Рашт, парчами милли ва масчиди хизби” бо имзои Салими Аюбзод хондам. Азбаски чунин навиштахои хангомачуёнаро дар иншои як рузноманигори мочарочу ва тафрикаандоз наметавон нодида гирифт, тасмим гирифтам посухе барои ин бозичаи душманони амну осудагии Точикистони азиз тахия созам ва барояш собит созам, ки ин навиштахояш чуз тасаввури хаёлии орзухои сиёхаш ба чои хакикат, дигар хечанд.

Салими Аюбзод шуруъ бо он мекунад, ки “накшаи барафроштани баландтарин милаи парчам дар чахон аз як су ва баста шудани масчиди Хизби нахзати исломи аз суи дигар ин хафта таваччухи бисёре аз хабаргузорихо ва нашрияхои гарбиро бори дигар ба Точикистон чалб карданд”.

Сараввал дар боби баландтарин парчами милли. Хар як точики асил (на чун аюбзодахо) ифтихор аз парчами милли дорад, зеро он яке аз нишонахои давлатдори ва истиклолияти кишвар аст. Бигузор барои нотавонбиноне чун Аюбзода ва хочагони ачнабиаш, барои ким кадом як “мачаллаи интернети”, баландии парчами Точик “танз” бошад, вале хакикати хол ин аст, ки парчами миллии Точикистон то имруз хам баландтарин парчам дар чахон буду хаст, зеро дар яке аз куллахои баландтарини Боми Чахон (куххои Помир) партавфишони дорад ва алорагми душманони миллати Точик, онро на танхо аз Камароб, балки аз тамоми гушаю канори дунё метавон дид. Бале, мо Точикон боз дар пойтахти кишварамон баландтарин сутунеро бо парчами хеш хохем сохт, то душмани курдилу бадрашк хатто аз офисхои худ дар “Озоди”-ю “Ню-Йорк таймс”, “Гардиан”-у “Дейли телеграф” онро бибинанду дар чилвахои он пойбарчои ва мустахкамии сулху салохамонро бо рашку хасад назора кунанд.

Дуввум дар боби баста шудани масчиди Хизби нахзати исломи Чумхурии Точикистон. Сари ин масъала бахсу даъвохо мавчуд нест ва наметавонад бошад, зеро Шурои сиёсии ХНИТ дар асоси огохии Вазорати адлияи Чумхурии Точикистон оиди дар кайд набудани масчид ва конуни набудани фаъолияти он, аниктараш мухолифи моддаи 20-и конун дар бораи озодихои вичдон будани он, аз 26-уми ноябр тасмим гирифтааст дар кароргохи хизб фаъолияти масчид катъ карда шавад. Хамзамон яке аз масъулини баландпояи ХНИТ Сайфуллозода иттилоъ медихад, ки ХНИТ бо Хукумати шахри Душанбе дар хусуси чой барои сохтани масчид дар кароргохи ХНИТ ё берун аз худуди он гуфтушунид дорад. Тавре аз ин нуктахо бармеояд, кушиши пайвастани казияи басташавии масчиди гайриконуниии ХНИТ бо “Рашт, парчами милли ва +.”, хеч иртиботе надорад, чуз бофтаи тахаюлотии Салими Аюбзод.

Ва сеюм оиди вокеахои Рашт. Чун Салими Аюбзод мебинад, ки парчаму масчиди ХНИТ наметавонанд хамчун хангома аз чониби “гонорар”-дихандагони “Озоди” кабул гарданд, ру меорад ба вокеахои фаромушшудаи Рашт. Бале, махз фаромушшуда! Чунки Аюбзода ва хочагони демократмаобу мочарочуи гарбиаш майлу рагбати зиёде доштанд, ки як ходисаи маъмули, як харакати террористии аз чониби душманони Точикистон маблаггузоришуда ба ташаннучи вазъият дар кишвар мусоидат кунад, вале хайёлашон хом баромад. Зеро мардуми бохираду рузхои сиёхро пуштисарнамудаи точик ба балвои навбатии душманони берунааш дода нашуд ва ин гурух дастгири наёфта, балки ба нобудии муваффакона аз чониби макомоти кудратии Точикистон мувочех гаштанд.

Ачибаш аз хама он аст, ки Салими Аюбзоди чахонватан, ки садхо хешу акрабо ва дустон (агар онхо кабулаш дошта бошанд) дар Точикистон дорад, аз онхо дар бораи вазъи Точикистон намепурсад ва ба ким кадом хочааш бо номи чаноби Чон Хитерша аз Донишгохи Эксетери Британия ру оварда, “ишора бар террористони хоричиро дар вокеахои Рашт як таблиготи хукумати” мебинад, яъне дасти хоричиёнро инкор мекунад, вале хамин алъон мантикро аз ёд бурда, ба ким кадом Мириам Элдер бармегардад, ки аз “чандин сокинони махалли дар бораи хузури бегонахои мармуз ва ношинос иттилоъ гирифтааст”. Салими Аюбзод хатто худаш дар бораи часади кушташудаи панч террорист, ки аз чониби мардуми махалли шинохта нашудаанд, менависаду боз дар масъалаи дасти бегонагон шаку шубха дорад.

Барои Салими Аюбзод акси Алоуддин Давлатов (Аловуддини Бедаки) дар нашрияи “Нигох” хамчун як вохима, хабари хангомаомез кабул шудааст (мумкин бори аввал акси ин террористро дида бошад) ва ба андешааш “ин акс ба навори видеоии нашркардаи торнамои “Daily Mition” шабохати зиёд дорад”. Аюбзоди хангомачу хатто дидан намехохад, ки хамин нашрияи “Нигох” (нигар 35 (206) аз 17-уми ноябри соли 2010) бо истинод ба шахсоне, ки хамеша ба сиёсати Хукумати ЧТ аз нигохи танкиди менигаранд, ин наворро супориши ва “бозии хадамотхои бозигар” донистааст.

Албатта, агар як хоричие ин наворро тамошо мекарду онро хаккони мепендошт, мучиби хайрат набуд, аммо вакте Салими Аюбзод ва дигар точикони дастандаркори “Озоди”, ки медонанд Рашт дар кучосту Зидди дар кучо (тавре дар навор шунида мешавад, мучохиддини покулхои афгони дар сар аз ким кадом мавзехо бо номи “Гури киргиз” ва “Кон”, ки дар худуди Рашт бо чунин ном мавчуд нестанд, ба Зидди равонаанд), ба хоричиёни робитадоштаашон гайривокеи будани ин гуфтахоро намефахмонанд, аён мегардад, ки барои онхо чанд доллари ачнаби аз хакикат кимати бештар дорад.

Салими Аюбзод ба изхороти раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Чумхурии Точикистон Саймумин Ятимов дар бораи амалиёти муваффаконаи макомоти кудрати ва вазъи муътадил дар Рашт бо назари шубха менигарад, чунки барояш танхо диду назари серкунандагони хоричии ишкамаш дурустанд. Ба акидаи у, Сафири Амрико дар Точикистон Кеннетс Гросс ба хабарнигорони радиои “Озоди” Холидаи Кодир ва Чеймс Кирчик, ки ба Точикистон сафари хидмати доштаанд, гуфтааст, ки “дар вохури бо вазири умури хоричии Точикистон, номбурда барояш гуфтааст, ки хамаи мушкилот дар Рашт хал шудаанд, вале оиди сафар ба минтака бояд каме мунтазир шуд”. Хамин сухан барои Аюбзода басанда аст, ки вазъиятро дар ин минтака “ноамн” шуморад. Аммо у фаромуш кардааст, ки шароити имрузаи дастраси ба иттилоот на танхо дар Прага ва дигар гушаю канори дунё балки дар хама чо, аз чумла дар Душанбе низ барои хамагон дастрасанд. Азбаски барои Салими Аюбзод худфурушию фуруши наздикону дигарон дигар арзише надорад, новобаста аз хохиши худ (ё касдан), хамкасбаш Холидаи Кодир ва сафари уро ба Точикистон фош кардааст. Хакикатан Холидаи Кодир бо хамрохии чонишини мухаррири The New Republic, коршинос оиди Осиёи Маркази аз Амрико (боз худо медонад ба кадом хадамотхо тааллук дорад) Чеймс Кирчик ба Точикистон омада буд ва ба нохияи Рашт сафар хам дошта, дар “ресторан”-и (ибораи худашон) мутааллик ба Мирзохуча Ахмадов хурок хам хурда буданд. Холидаи Кодир, аз чи бошад, ки навиштахои худро дар якчояги бо Чеймс Кирчик бо номи мустаори “Фарангиси Начибулло” чоп мекунад (мумкин ин ному насаб барои хотира аз шавхари уро ба лавхи фаромуши партофтаи афгонаш бошад, барои эхтироми шавхари точикаш Искандар Алиев, корманди радиои “Озоди”, у хамчун Холидаи Кодир тухматномахо дар “васфи” ватанаш “эчод” мекунад).

Онхо вазъи ороми Раштро дида, ягон хабари хангоматалаб пайдо накарда, ба хотири “халол” намудани маблаги барои сафар гирифтаашон, рох чониби Сугд гирифтанд, зеро дар ин рузхо, як амалиёте алайхи аъзоёни Харакати Исломи Узбекистон дар Чоркухи Исфара анчом гирифта буд. Гуломони “Озоди” дар ин минтака низ “ба максад” нарасиданд. Зеро ду нафар узви ХИУ бар асари нишон додани мукобилият аллакай нест карда шуда буданд ва вазъият дар ин чо ором буд. Дар чустучуи хангома онхо аз махали гузаронидани амалиёт гуё порахои сухтаи Куръонро пайдо кардаанд ва хамчунон наврасе дар бораи “вучуд доштани чанд бастаи рифола (презерватив)” ба онхо накл кардааст. Максад аз якчо намудани Куръон, волотарин мукаддасоти мусулмони ва рифолаи махсули дасти гарбиён чи бошад? Бигузор шархашро ба Холидаи Кодир ва Салими Аюбзод хавола мекунам.

Ва дар нихоят Салими Аюбзод “дар шигифт аст”, ки Мадина ном муаллима аз Конибодом “ба хабархои телевизион бовар дорад ва аз халокати сарбозони бегунох, ки дар кадоме аз мавзеъхои Рашт аз тири террористон кушта шудаанд, гамгин аст”, аммо натавонистааст, ки ба гуфти Аюбзод “чузъиёт ё мухтавои амалиётеро, ки дар Рашт идома дорад, ба ёд орад”, зеро “ба интернет дастраси надорад”.

Салими Аюбзод, ки солиёни дароз аз Ватани ачдодии худ дур аст ва танхо ба ивази сиёх намудани Ватану миллаташ нонпулиашро дарёфт мекунад, бовар надорад, ки як муаллимаи оддии механпараст ба хакикати вазъи кишвараш итминон дораду дар мотами хамватанонаш гамгин аст. Барои у бештар зарур аст, ки Мадина интернет дошта бошаду ба афсонахое монанди “Куръони сухта ва бастаи рифолахо” бовар кунад. Чун узви ХИУ Мухтасархон Мирамонова пойбанди мочарочуёни ачнаби гардаду худро мунфачир созад ва боиси халал ёфтани амният дар кишвараш гардаду деги хабарнигорони манфиатчуеро амсоли Салими Аюбзод ва Холидаи Кодир ба чуш орад. Вале хаёлаш хом аст. Мадинахо хатман барои он фарзандони хакикии Ватан, ки бахри сулху салох ва озодии диёр, бахри химояи он аз террористон чон медиханд, хох дар Сугд бошанду хох дар Хатлон, хох дар Зарафшону хох дар Бадахшон, хох дар Хисору хох дар Раштон гамгин хоханд шуду ашк хоханд рехт, вале чунин ашхосе монанди аюбзодахо, ки барои руёндани чанд пайсаи хоричи дар хакки Ватану миллати худ бадномаю тухматномахо мебофанд, дар орзуи як катра ашки хамватан ба дунёи фаромуши рехлат хоханд кард.

Эхсони Шариф,

рузноманигор ва чомеашинос

<ehsonisharif@mail.ru>

Похожие записи:

7 Комментариев to “Гуломони “Озоди” Салими Аюбзод ва Холидаи Кодир (Ё афсонаи онхо оиди “Куръони сухтаю бастаи рифолахо”)”

  1. Иброхим Сказал(а):

    Эхсони Шариф

    Чи магар дар Точикистон камбудихо нестанд? Чи магар режими имрузаи (воровской режим) Точикистон ин орзуи халки точик аст? Ое мардуми точик ба хамин гуна рохбарият ва хамин гуна давлатдори сазовор аст? Камтар вичдон хам доштан лозим аст. Аз худо хам битарс, хизмати дуздону муттахамонро накун.

  2. Forsage-SD Сказал(а):

    Мухтарам муаллиф! Аз маколаи худи шумо буи “заказ” меояд…

  3. БАХМАН Сказал(а):

    Гайбату сиёх кардани чехрахо аввал аз адибони саршинос сар шуд, баъдан ба сиёсатмадорону билохира ба рузноманигорон расид!Хамеша харфи мардуми бадгу яке буд: “фалони дар кишвархои хорич басар мебарад ва ватанфуруш аст”. Аммо дар ватан будан шарт нест, ки гами ватанро хуред! Дар хорич хам бошанд, гамхори ватананд ин чехрахо!

  4. Муслихиддин Сказал(а):

    Эхсони Шариф Маколаи туро хонда хун ба сарам зад!Афсус дар наздам нести ки ба “рожат”як ду та фурорам!Эй косалеси дарбори Рахмон,Оё ту медони ки хукумати хозира халки точикро дар муддати чанд соли хукмрониаш ба чамшуту равшан мубаддал кардааст!?Оё ту медони ки Точикистон аз чихати зиндаги дар чои охирин байни давлатхои СНГ меистаД!?Оё ту сафсатагуй медони ки “уровни”хаёти халки точик мисли давлатхои окибмондаи африко гаштааст!?Оё ту медони ки байраки Точикистонро то осмон хукумати бесаводи Рахмон барорад хам халки точик мисли гадо зиндаги дорад!дар як чоят зан байракатрову ориеиятрову сомонию помониятро…Достали своими сказками!Поднимайте уровень жизни народа чтоб народ неуезжал!воруйте поменьше!а от того что поднимать флаг,быт предками арийцев или каких то сказочных саманидов жизнь слаще не будеть!я живу сейчас а не 10 веков назад!Мне кажеться тем детишкам которых наверное тебе не жалько по барабану и твои саманиди, и арийцы когда их отец годами в России!Ну ест-нно ты служишь этому режиму и тебе не понять чувство тех детишек,тех матерей,и тех жен у которых отцы,мужья,дети годами в чужбине и многие не вернутся живими,их убывают или искалечивают а пари этом это воровская власть(правильно кто то отметил)ничего не делает чтоб решит эти вопросы!А эти сказки чтоб отвлечь внимание народа отнасущных проблем!И чтоб народ не помещал вороват многочисленными родственниками наших чиновников от самого высшего звена!Дур аз ватан аз падару модар аз фарзандон!Оё ту вичдон медошти дар бораи байрак наменавистиву дар бораи порахурии сад дар сад коргарони давлативу ,кудрати!Оё ту медони ки баъзе вазирхои хукумати Рахмон саводи казоие надоранд!?О шумо шарманда кардед бо ин давлату давлатдориатон халки точикро дар тамоми чахон!Ту кучову Салими Аюбзод кучо…Ман масчоиям,хамшахрии С АЮбзод,ва бояд бигуям ки тамоми мардуми мо уро дастгири мекунанд!Зеро у косалес нест,балки дарди халкро менависад ва мисли ту журналисти дарбори нест!Хайрият хамин газетаву политикони давлватхои аврупову амрико хастки хучаинони туро баъзе вакт аз лачомашон медоранд,вагарна ин вазирону хукуматдорони гушнаи мо охирин “тини”халки худро гирифта ба фарзандони худ(барои худашон кайхо сохтаанд) особнякхои чанд миллион доллара месозад!Ва боз ба ту барин косалесон мепартоянд!ки хукумати ба хамачо наълат овардагии онхоро реклама куни!эй шармандаи худо,демагогиятро ба як суй гузору хакикати холро навис!Барои ман як шахрванди ТОчикистон,хоинони ватан ин дуздони хозирае ки дар сари хукумат хуни халкро макида истоаанд,на Аюбзоду,Ахмадхучаву итд…ва ту барин косалесон!

  5. Сафар Сказал(а):

    Ландахур Эхсони Шариф ту хам ягончи хакбар хасти аз сахми Рахмонов ки чунин сифатхо мекуни кош чашми басиратро мекушоди то медиди холи мардум ва вазъи зиндагониашонро

  6. БАХТИЁР Сказал(а):

    САЛОМАТИ ХАМАИ ХАМВАТАНОНРО МЕХОХЕМ

  7. БАХТИЁР Сказал(а):

    ПАРВАРДИГОРТАНИ АЗИЗАМОНРО ОБОД ГАРДОНАД ВА ОН РАИСОНЕ КИ ПУЛИ ДАВЛАТРО БА КИСАИ ХУД АНДОХТА ЯГОН КОРИ ДАВЛАТРО БУД НАМЕКУНАНД ХУДОВАНД ДАР ДТЛИ ОНХО РАХМУ ШАВКАТРО НИСБАТИ ХАЛК АТО ФАРМОЯД ТО .я((((((((((((((((((((((((((((((ДАВЛАТРО ОБОД ГАРДОНАНД…………………

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.541 seconds.