Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 09.12.2010
 

Шабахи ХИУ дар Киргизистону Точикистон (Ё “ХИУ бо “Ал-Койида” иртибот надорад”)

Сайтхои интернети ва расонахои хабарии минтака дар ин авохир аз зухури шабахи Харакати Исломии Узбекистон дар Осиёи Маркази маводхо нашр мекунанд, вале бо вучуди ин доирахои дини кушиш доранд, то ин далелхои раднопазирро инкор кунанду чунин матлабхоро хамчун талоши сияхсозии дини ислом муаррифи кунанд.

Ин иддаро чанбаи террористи доштани фаъолияти ин харакат ва даст доштани аъзоёни он дар ходисахои Рашту Исфара ва таркиши Хучанд, хеч конеъ карда наметавонад ва боз хам кушиш доранд, ки худи ХИУ-ро харакати зидиисломи бахогузори намоянд ва поинтар дар ин бора як-ду ишорае хохем овард.

Холо бошад, сухан дар бораи ширкати ХИУ дар вокеахои Чумхурии Киргизистон хохад рафт. Тахлили маводхои интернети нишон медихад, ки Харакати Исломии Узбекистон баъди пайвастанаш бо “Ал-Койида” ва таквияташ аз хисоби шахрвандони чумхурихои Узбекистону Точикистон, шахрвандони кафкозитабори Руссия ва уйгурхои Осиёи Миёна ва Чин, баъди гирифтани тачрибаи чанги дар хайати толибони Афгонистон, толибони гурухи Хаккони дар Покистон, ширкат дар амалиётхои террористии аз чониби сарварони “Ал-Койида” тархрезидашуда, накшахои фаъолияти мочарочуёнаи худро такмил дод. Яъне агар каблан ин харакат танхо ба режими Ислом Каримов дар Узбекистон тахдид мекард, солхои охир тамоми кишвархои сохти хаёти дуняви доштаи минтака, аз чумла чамохири пасошуравии Осиёи Марказиро мавриди хадафи худ карор додааст. Фарохтар шудани доманаи накшахои террористии минбаъдаи ХИУ ба ташкилёби ва сар баровардани гуруххои нав аз дохили он асос гардид. Чунончи, Харакати Исломии Туркистон, Иттиходи Чиходи Исломи, Толибони Осиёи Маркази ва гайра.

Кашмакашу даргирихои сиёси дар Чумхурии Киргизистон, ки то ин давра дунявитарин кишвари Осиёи Миёна (аз лихози таъсир надоштани чараёнхои дини дар чомеа) дониста мешуд, шароитро барои воридшавии шахсияту гуруххои иртичоии дингаро, минчумла аъзоёни ХИУ, ба ин кишвар фарохам намуд. Дар раъси ин амал Абдурасулов Иномчон шахрванди Чумхурии Киргизистон, миллаташ уйгур карор гирифт, ки аз дастгирии ХИУ ва кумакхои Харакати Исломии Туркистони Шарки бархурдор аст. Ба Абдурасулов И. ва дигар хаммаслаконаш муяссар гашт, ки тахти шиорхои кухна ва бебунёди исломи гурухчахои халкашакли ХИУ-ро дар худуди Киргизистон созмон диханд. Тавре тахкики ходисахои ин кишвар аз чониби комиссияхои масъули давлати нишон медихад, дар барангехтани низоъхои кавми ва милли дар чануби Киргизистон, накши асосиро махз хамин гуруххо бозиданд. Яке аз ашхоси накши калидиро дар ин ходисахо бозида, имомхатиби масчиди “Мажримтал”-и шахри Ош Фарход Нурматов буд. Номбурда худро аз эшонхои авлодию бонуфузтарини чумхури ва минтака мегирифт ва тамоми ахли авлодаш худро аз покизатарин намояндагони ахли ислом намоиш медоданд. Вале тавре собит шуд, Фарход Нурматов ва авлоди у масъули асосии тавлиди маводи тарканда будаанд ва дар хунрезихои ба вукуъ пайвастаи байни узбеку киргизхо бевосита аз ин маводхо истифода бурда шудааст. Дар амалиёти махсусе, ки аз чониби макомоти махсуси Киргизистон гузаронида шуд, Фарход Нурматов кушта шуда буд ва дар хонаи дастнорас ва аз чониби муридонаш химояшавандаи у теъдоди бешумори яроку аслиха ва маводхои омоданамудаи тарканда ёфт гардиданд. Яъне чун парда барафтод, аён гашт, ки пушти симои сохтаи “хоми” ва “пешво”-и муслимин боз як террористи ашадди нухуфта будааст.

Мутаассифона, ин кабил пешвоёни сохтаноми исломи дар кишвари мо низ кам нестанд, ки хафт пушташонро эшону эшонзода тарошида, дар асл дасгиру пуштибони душманони маърифату одамият мебошанд. Исломро дастак намуда, гарази сиёсии шахси, гурухи ва хочагони хоричии худро рохандози мекунанд.

Тавре мебинем, марази исломи иртичои, ки аз чониби кишвархои манфиатдор ва созмону харакатхои террористии исломи пуштибони мегардад, талош дорад то тамоми чомеаро дар кишвархои пасошуравии минтака сироят намояд, вазъро ноором сохта, мавкеи чавлонгохи хешро густариш дихад.

Акнун меоем сари ишораи ваъдашуда. Ин авохир доирахои динии Чумхурии Точикистон талош доранд Харакати Исломии Узбекистонро аз доирахои дини дур ва харакати зиддисломи талакки кунанд. Бино бар навиштаи Талабшохи Салом (”Начот” 49(611) аз 08.12.10 с.) тахлилгари масоили сиёси Дустмухаммади Дуст дар баробари “муассиси ХИУ будани КГБ-и Узбекистон” таъкид мекунад, ки: “Харакати Исломии Узбекистон хеч иртиботе бо харакатхои экстремисти-террористии байналмилали надорад, агар иртибот бо экстремизм дошта бошад, он хам бастаги ба Хукумати Узбекистон дорад+. Зеро ХИУ харакати исломи нест, балки харакати зиддиисломи буда, бо амнияти Узбекистон барои расидан ба як хадаф амал мекунанд”. Рости аз чунин хулосахои бемантику сафсатаомез, ки дар нашрияи ХНИТ чойгох ёфтаанд, аввалан хандаи кас меояд ва аммо вакте мехони, ки тахлилгари раками 1-и масоили сиёсии ХНИТ Хикматуллох Сайфуллозода низ ба ин афкор моил аст, мачбур мешави онро бо чиддият бипазири. Майлаш, агар “Ал-Койида” ва Харакати Толибон аз чониби ХНИТ харакати экстремисти-террористи шинохта нашаванд, пас хакикатан ХИУ бо чунин харакатхо иртиботе надорад. Ва дуввум, сирри бузургтарини махфи аз чониби ин чанобон фош карда шудааст: “ХИУ + бо амнияти Узбекистон барои расидан ба як хадаф амал мекунанд”. Хадафи ХИУ дар холи хозир якест: аз байн бурдани сохти давлатдории дуняви дар кишвархои Осиёи Миёна ва эъмори хилофати бузургу ягонаи исломи. Агар ба кавли “Начот” “амнияти Узбекистон” низ чунин хадаф дошта бошад, хеле ачиб аст, мумкин аст дар чунин холат Ислом Каримов халифа эълом гардад (идомаи мантикии фикри масъулини “Начот”).

Валекин мутаасифона чунин нест. Хакикати талх он аст, ки дар шароити кунуни, режими имрузаи Узбекистон фаъолияти доирахои сиёсии диниро то андозае махдуд сохтааст, ки аъзоёни ХИУ ва миёнравонашон амалан имкони пиёда намудани максадхои худро дар ин кишвар надоранд. Дар чумхурихои Точикистону Киргизистон бошад, озодии дину вичдон ба онхо шароит додааст, ки на танхо шахрвандони ин кишвархоро ба сафхояшон чалб кунанд, балки тавассути онхо амалиётхои террористиро дар Рашту Хучанду Исфара ва Ошу Чалолободу дигар минтакахои ахолинишин амали созанд. Дар казияхои Рашту Исфара собит гардид, ки алохида дастандаркорони ХИУ каблан узви ХНИТ будаанд. Ана дар кучост решаи тобиши зиддисломи додани Харакати Исломии Узбекистон! Даври бахси мазкур далелхо холо зиёданд, ки вогузошта мешаванд ба мавзуъхои баъди.

Эхсони Шариф,

чомеашинос<ehsonisharif@mail.ru>

Похожие записи:

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.474 seconds.