“Time”: Аз Хусни Муборак то Эмомали Рахмон
Вазъият Мисри имруза таваччухи чахониёнро чониби худ кашидааст ва раванди тахаввулот тавре сурат гирифта истодааст, ки ояндаи онро хатто наздиктар ба дакики пешгуи карда наметавонад. Амрико, ки намехохад таъсири худро дар ин кишвар аз даст дихад, талош дорад сиёсатмадори маъруф ва гарбигаро Мухаммад Ал-Бародейиро дар дарачахои аввалияи рохбарияти сиёсии нави Миср чойгир созад. Кишвархои исломи ва сиёсатмадорони исломгаро дар ин рузхо табли шоди мезаданд, ки созмони исломии “Ихвонулмуслимин” лачоми хокимиятро ба дасти худ мегирад ва хукумати гарбпарасти Муборакро аз байн мебарад. Аммо дар рузхои ахир асосан чавонон майдони гирдихамоию даргирихоро ба даст гирифтанд ва эчоди чомеаи озоди мушобех ба кишвархои Аврупоро такозо доранд. Гайр аз ин, задухурдхо миёни мукобилон ва чонибдорони давлат ба алангаи вазъият ругани тоза рехт ва ояндаи вазъи сиёсии кишварро боз хам тиратар сохт.
Дар чунин холат хангомачуён ру ба тахминзани ва пешгуихои “пайгамбарона” заданд ва талош доранд раванди ояндаи онро мувофибо хохишу манфиатхои худи дар шуури чомеа чо кунанд. Вазъи Мисру Тунисро ба инобат гирифта, амрикоихо дар симои мачаллаи “Time”, руйхати дахгонаи кишвархоеро тартиб доданд, ки гуё вазъи сиёсии носолим доранд ва сарваронашон хокими худкома мебошанд. Аз хама ачибаш, ба ин руйхат ворид кардани Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон мебошад.
Эмомали Рахмон дар холате сарварии Точикистонро ба ухда гирифт, ки ин кишвар ба тозаги аз собик Иттиходи Шурави канда шуда буд ва аз таксимоти моли миёни кишвархои меросхури ин абаркудрат дар канор монда, дар даргирихои дохилиаш гарк буд. У тавонист, ки тухми кинаю адовати миёни тарафхои мукобил чойдоштаро бо мехру мухаббати бародарона иваз намуда, миллати чониби парокандаги майл гирифтаро гирди хам оварад, асолату ифтихор ва шарафмандии миллиро дар калби онхо аз нав чой кунад ва чомеаи точикро ба суи ободонию созандаги рахнамун созад. Дар кутохтарин муддат тавонист, ки роххои дорои ахамияти стратегиро миёни пойтахти кишвар ва ду вилояти бузурги чумхури – Сугду Бадахшон, ки солона кариб шаш мох бо марказ алокаи коммуникатсиони надоштанд, мавриди истифода карор дихад. Дар самти расидан ба истиклолияти баркии кишвар он кадар корхо анчом дода шуданд ва ру ба анчоманд, ки танхо нобино метавонад онхоро инкор кунад.
Точикистон имруз дар мукоиса бо дигар кишвархои минтака аз озодтарин кишвархост. Озодии сухан дар он сатхе карор дорад, ки рузноманигорони дигар давлатхои хамчавор ба хамкасбони точики худ хасад мебаранд. Миёни сохторхои давлати ва мардум алокаи доимие мавчуд аст, ки хамеша на ба тачамуъи норизоият, балки ба пайдо намудани рохи халли онхо мусоидат мекунанд. Дар Чумхурии Точикистон Хизби нахзати исломи ба таври расми фаъолият дорад ва дар тамоми кишвархои ИДМ дигар созмону ташкилотхои хамтои он амалан вучуд надоранд. Намояндагони он дар Парлумони кишвар фаъолият дошта дар кабули конуну дигар санадхои меъёри, халли масъалахои мубрами сиёси бевосита ширкат меварзанд.
Фикр мекунам, омили асосии ворид намудани Эмомали Рахмон ба ин руйхат он аст, ки номбурда дар сари кудрат дастнишондаи Гарб ва дигар кишвархои манфиатдори минтака набуда, сиёсати мустакили хешро дар доираи манофеи миллии точикон рохандози дорад ва ба дахолати бозингарони сиёсати нави геополитики ба кишвар монеъ гардидааст. (Бояд кайд кард, ки сарварони Эрону Беларуссия низ бо хамин “гунох” ба ин руйхат ворид карда шудаанд). Ба фишорхои хамачонибаи хамсояхои дуру наздик нигох накарда, ба Эмомали Рахмон муяссар шуда истодааст, ки сиёсати иктисодии хукумати кишварро дар самтхои рушди истехсоли кувваи барк, металлургия, кишоварзи ва сохтмони роххо мутаносибан муваффакона пеш барад.
Аз чониби дигар, ворид намудани Эмомали Рахмон ба руйхати мазкур бартари низ дорад: якум, чахони Гарб, хусусан ИМА ошкор намуданд, ки ба мавкеи географи ва геостратегии Чумхурии Точикистон бетафовут нестанд ва таваччухашон нисбати дигар кишвархои минтака ба чумхурии мо бештар аст, агар баръакс мебуд, Президенти мо дар руйхати худкомахо дар дахгона чи, балки дар садгона хам чой пайдо намекард. Аз ин ру, Давлати Точикистон ва идорахои масъули онро лозим аст, ки дар муносибатхои берунаи худ боз хам хушёртар бошанд. Дуввум, ин воридкуни метавонад хамчун реклама барои кишвари мо хизмат кунад, яъне хатман таваччух ба шиносои бо Точикистон меафзояд ва аз мо сокинони кишвар такозо мегардад, ки мо худамон, на ин ки кадом амрикои бо “Time”-аш, макоми шоиста ва хакикии Ватанамонро ба чахониён муаррифи кунем.
Эхсони Шариф <ehsonisharif@mail.ru>
чомеашинос
Похожие записи:
- Шабахи ХИУ дар Киргизистону Точикистон (Ё “ХИУ бо “Ал-Койида” иртибот надорад”) 9 декабря 2010
- Гуломони “Озоди” Салими Аюбзод ва Холидаи Кодир (Ё афсонаи онхо оиди “Куръони сухтаю бастаи рифолахо”) 29 ноября 2010
- Даҳ раҳбари худкомаи дар вартаи хатар 2 февраля 2011
- Уважаемый Радик Басырович!Оргкомитет Международного Форума «Мы -дети твои, Таджикистан» просит оказать нам честь и осветить его работу. Форум пройдет в режиме «открытого микрофона»РИА НОВОСТИ 18 сентября 2013
- Рубрика “Кадом саволро мехохед ба президенти Точикистон расонед” Сайт :tajmigrant.com 7 июля 2014
февраля 7, 2011 at 23:36
бар падарат лаънат бо ин навиштахоят . ду миллион точик дар руссия сарсону саргардонанд. 20 сол шуд бас аст охир то ба кай хуни халкро мемаканд. ту ба фикрам боз ягон харомхури дигар хасти шестёрка.
февраля 14, 2011 at 9:14
Хамдиёрони азиз! Имрузхо воситахои ахбори чи дохилию ва чи хоричи мвксад доранд бо хар роху восита: Чи видеои, чи аудиои чи матбуот ва турхои интернети бошад хабаре пахн карда, ба худ пули ночиз ва нуфузе пайдо кунанд ва аксарияти онхо худро доно тарошида сиёсати имрузаи Давлати Тожикистонро дар шахси сарвари он мухокима кардни мешаванд ва онхо нагз медонанд, ки имруз эмони мо, хисси ватандусти аксарияти мо то дарачае заиф шудааст, ки бисёри аз мо дар бораи давлати худ миллату сархади худ хонаву дари худ суханхои кабех мешунавему худро ба кариву кури ва гунги вонамуд мекунем. ва ин аст ки он лаинхо бештару бештар моро дар хама чо паст мезананду чи хеле хоханд ном мебаранд. Ба як гул Бахор намешавад! Мо бояд насихат ва сиёсатро аз оилаи худ аз хамсоя ва кучаи худ огоз кунем. Хаммаи вазнинию нобаробарихоро аз Сарвари давлат дидан худро аз чавоб гари пеши Ватан гурезонидан аст. Ростбину, ростшин хакчу бошем! Боки худо хофиз.
апреля 30, 2011 at 17:32
Салом бародарон. бар якдигар лаънат нагуед. якдигарро таҳқир накунед,зеро мо ҳама тоҷик ҳастем на ҳабаш. Ҳамаи он бародарони тоҷик ки дар Руссия ба муҳоҷирати меҳнати рафтаанд, Аз Оллоҳ онро хоҳонам ки бо тани сиҳат, бо дили беғам, ба назди падару модар, зану фарзанд, хешу таборонашон бар гарданд. азрлоил фикрат хато ё ту хатои табиат ҳасти. ду миллион мардуми тоҷик дар руссия барои он мераванд ки савод надоранд. дипломро харидаанд. агар онҳо баъди донишгоҳҳои давлати ба ягон ҷо ба кор медаромаданд, маошаш 200 сомони баъди 5 сол агар босавод бошад нағз кор кунад маошаш 2000$ мешуд. аммо онҳо мегуянд ки бо ин маош ки кор мекунад. Оллоҳ одамро офарид ба ӯ тамоми хушиҳои зиндагиро дод. аз одами бекор Худо безор гуфтанд.
августа 23, 2011 at 19:50
ассалому алайкум халк чихел бошад амир хамин хел мешавад. давлати мо факат конун барориба усто тамом лекин халк хароб шудос инро эътиборба намегирад хм моям намехохемки мисли киргизхо ё мисрихо шуданро намехохем.
сентября 4, 2011 at 11:51
Асалому алейкум бародарони исломи чумхурии точикистон, дуруст мегуед агар мо мактаби олиро бо бахои аъло мехондем инхел азоб намекашидем, лекин як чизи дигарро фаромуш накунед, ки бе пул ба чои кор рох наметиянд масаланд бародари манро гуфтанд ки 5 000 хазор долар биёр бад сохиби вазифа мешай, чи кунем ки инкадар пулро надорам.
января 6, 2012 at 6:45
Чамшедчон ин корхо дар давлати мо нест,Хунар омуз а-аз хунарманди дар кушоиш куни на дар банди……..
января 27, 2012 at 7:58
Аз Аллохи Чалачалолаху хохони у хастам, ки хамаш хуб хохад шуд. Бародарои азиз инкадар фикри бад накунед, мо хамамон точикем якдигаро дуст хохем дошт, барои чидо намудани халк кушиш накунед. Бояд сидкан хонем ва сидкан кор намоем, он ситондани пулу хурофотхои бемаъниро аз байн барем, ин кори як шахс нест бояд хамамон ин нофахмихора нобут созем.
Аз ноумеди басо умедаст,
Поёни шаби тор сафедаст.
Боки сарбаланду дилшод бошед.
октября 11, 2012 at 14:09
авало салом баъдан мо мухочирон талабгори оромии кишвари азизамон хастем лекин гумон надорам ки ин ороми дер давом кунад зеро сиёсати пеш гирифтаи хукумат хело хатарнок аст хусусан мубориза бо конуни худо зеро аз намруду фиръавн то ба обама ки ин кушишхоро карданду карда истодаанд ба максади худ нарасиданд ва нахоханд расид то чое ки худо хоста бошад дар охир аз парвардигор хохони онро мекунам ки ватани моро ки барои мо хеле азиз аст тинчу ором нигах дораду кулли хамватанонро ба нури имон мушараф гардонад