Архив Обращения Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 10.03.2010
 

Шиагароии точикон бо кадом максад аст?

Баъд аз мутолиа намудани маколаи “БА ХНИТ ДИГАР БОВАР НАДОРАМ”, ки дар сайти интернети дар мавзуи ба мазахаби шиа гузаштани аъзоёни ХНИТ ва шахрвандони ЧТ, чой дода шуда буд, маро водор сохт, ки калам ба даст гирифта фикру мулохизахои худро оиди ин падидаи номатлуб, ки метавонад халки азизи манро ба вартаи боз як дасисаи мазхаби оварда расонад, дарч намоям. Ман боварии комил дорам, ки мардуми точик, ки фарханг ва таърихи бойи кадима дорад, инчунин сахтихои зиёди мубоизахои синфи ва миллиро азсар гузаронидааст, ба хар гуна харзагуён ва дасисабозон, ки аз бадбахти ва сарсонии мардум истифода бурда, манфиатчуи мекунанд, чи хеле, ки дар урфият мегуянд: “Гур сузаду дег чушад.”, бовар намекунад.
Дар ин мархилаи такдирсози таърихи, ки халки Точикистон бо сарварии рохбари бохираду, кавиирода ва дурандеши худ ба корхои созандагиву бунёдкори машгул мебошанд, як гурух игвогарон ва манфиатчуён аз озодии фарохамгашта дар Точикистон истифода бурда, халкро гумрох мекунанд. Холо он, ки халки точик хазорсолахо инчониб дар мазхаби сунии дини ислом карор дорад.  Инчунин ба наздики мо 1310 солаги пешвои ахли суннат ва чамоат Имоми Аъзам (р) Абуханифа Нуъмон ибни Собитро чашн гирифтем ва худро дар байни мусулмонони чахон хамчун ворисони ин шахси бузуг муаррифи намудем. Новобаста аз ин баъзе гугруххое ёфт мешаванд, ки афзалияти дигар мазхабро, таблиг менамаоянд.
Ман боварии  комил дорам, ки шахсони ба ном аъзоени  ХНИТ, инчунин  дигар шахрвандони алохидаи Точикистон дар асоси гирифтани маблагхои пули, махз  мазхаби шиаро, ки барои халки точик гайрикабул мебошад, таблиг менамоянд. Ногуфта намонад, ки яке аз сабабхои маглуб гаштани ХНИТ дар интихоботи парлумонии соли чори, ин махз шиапарасти ё ки ихлоси зиёди онхо ба ташкилотхои эрони мебошад ва мардум аз ин робитахо ва хамкорихо огох буда, хеч гох ва дар ягон холат онхоро дастгири намекунанд.
Барои мисол метавон як чанд шахрвандони алохидаи ЧТ-ро руи когаз овард, ки дар ин чода сахми шахрвандони хоричи, аз он чумла эрониён дар Чумхурии Точикистон хеле зиёд ба назар мерасад. Масалан шахрванди ЧТ Гайратов Сулаймон истикоматкунандаи  яке аз   чамоатхои кишлоки Социализми нохияи Хисор, чандин сол боз бо ЧИЭ робита дошта, у ва тамоми ахли оилааш ба мазхаби шиаи дини ислом гаравидааст. Номбурда бо кумаки молию пулии Кумитаи “Имдод”-и ба номи Имом Хумайни ва Маркази ройзании фархангии ЧИЭ дар ш.Душанбе, масчид ва маркази таълимии мазхаби шиаи дини исломро таъсис додаст ва ба таргибу ташвики ин мазхаб дар байни шахрвандон, хусусан чавонон машгул аст. Дар нохияи Вахдат низ чунин далелхо чой доранд.
Ба гайр аз ин, аз чониби ниходхои эрони дар ЧТ таргибу ташвики мазхаби шиаи дини ислом ва дастовардхои инкилоби исломи дида мешавад, ки барои ин ЧИЭ имкониятхои Кумиати “Имдод”-и ба номи Имом Хумайнии ЧИЭ дар ЧТ ва Маркази ройзании фархангии Эрон истифода менамояд. Дар ин самт, онхо чавонони точикро чалб намуда, ба марказхои таълимии дини сафарбар менамоянд. Чавонони точик ба шахри Куми ЧИЭ, ки маркази чахони улуми ислом дар мазхаби шиа мебошад ва мадрасаи “Мустафо-ал-оламия” дар ончо вокеъ аст, фиристода мешаванд. Чавононе, ки ба ш.Куми ЧИЭ барои идомаи тахсил сафар менамоянд, гуру-гурух  бе ягон мушкили раводиди ин кишварро дастрас менамоянд. Барои чавононе, ки барои тахсил ба ш.Зохидони ЧИЭ сафар мекунанд, раводид умуман дода намешавад. Кумитаи “Имдод”-и ЧИЭ дар ш.Душанбе аз мавкъи худ истифода намуда, дар байни мададчуён, ки аз Кумитаи мазкур кумак мегиранд, донишчуён ва кормандони махалли, мазхаби шиаи дини исломро таргибу ташвик менамоянд.
Инчунин дар самти таргибу ташвики мазхаби шиаи дини ислом имкониятхои “Созмони мадорис”-и ЧИЭ истифода мешавад. Намояндаи ин созмон, шахси масъул оиди таргибу ташвики мазхбаи шиа дар як сол 5-6 маротиба ба Точикистон ташриф оварда, бо шахрвандони ЧТ, ки бо супориши у ба таргиби ин мазхаб дар шахрхову нохияхо машгуланд, вохури намуда, ба онхо маблаги пули медихад. Барои кушодани масчидхо ва таълимгоххо маблагхои калони пули чудо карда мешавад. Аз чумла бо дастгирии молиявии ЧИЭ чунин масчиду таълимгох дар ш.Душанбе, нохияи Хисор (Гафуров Салмон) дар нохияи Вахдат (Начмиддинов Заналобиддин) ва нохияи А.Чоми кушода шудаанд. Хангоми сафархояш ба ЧТ  ба нохияхои Вахдат, Хисор, Ч.Руми, ба вилоятхои Сугд ва Хатлон сафар намуда, бо рухониёни бонуфузи ин минтакахо вохури мегузаронад, аз чумла Эшони Сайидчон эмомхатиби вилояти Хатлон, бародарон Эшони Нуриддин ва Махмудчон, Эшони Киёмиддин (маълум бо тахаллуси генерали мардуми). У барои кушодани чунин масчидхо маблаги калони пули пешниход менамояд. Дар сафархояш бо рохбарони донишгоххо ва донишкададхои ЧТ вохури намуда, барои доду гирифти донишчуён карордодхо ба имзо расонидааст ва мувофики ин карордод аввали мохи октябри соли 2009 25 нафар донишчуёни донишгоххои вилояти Сугд ба ш.Куми ЧИЭ фиристода шуда буданд.
Кобили зикр аст, ки мувофики маълумотхое, ки дар даст дорам, дар мадрасаи “Мустафо-ал-оламия”-и ш.Куми ЧИЭ зиёда аз 500 нафар чавонони точик тахсил менамоянд ва баъд аз хатми ин мадраса ба ЧТ баргашта ба таргиби мазхаби шиаи дини ислом дар Точикистон машгул мегарданд. Ин раванд   хатари чидди дошта, дар асоси дини-мазхаби ба барангехтани кинаю адовати дини оварда мерасонад.
Айни замон  шахрвандони ЧТ, ки донишгоххои ЧИЭ-ро хатм кардаанд зери таъсири бевоситаи ташкилотхои  мазхабии Эрон карор доранд. Бо онхо мунтазам вохурихо ташкил намуда, сафи онхо зиёд карда шуда, дар назди онхо вазифахои мушаххас оиди амали намудани накшахои гаразнок бо максади пахн кардани гояхои мазхаби шиа, гузошта мешавад.
Дар баробари ин маколаам ба макомотхои дахлдор, ки масъули амнияти кишвар мебошанд, таъкид карданиям, ки аз хоби гарон хезанд ва барои пешгири намудани чунин равандхо чорачуи намоянд, то ки рузи сиёхе, ки бар сари халки точик солхои 90-уми карни гузашта омада буд, боз такрор нагардад.
Тураев Эргаш
Turaev_1978@mail.ru

Похожие записи:

3 Комментариев to “Шиагароии точикон бо кадом максад аст?”

  1. Махди Сказал(а):

    ман аз ин кадар дания хурсанд шудам ки як кас ёфт мешидае ки ба дарди чомиае Точикистон фикр микардаст.
    намешуд ки бачои инки ай ЧИЭ ва бачахои ки дар ончо дарс мехонанд гуфтан ба Вахобихо хатари сахюнист ишора мекадед барои ки ман фикр мекунам ки хатари инхо ай бачахои ки дар ЧИЭ мехонан зиёдтар аст.
    мисоли шумо мисоли касе аст ки хонаашро сел вайрон мекунад агар рахи селро аз рахи хонааш чудо накунад ба акаби муш аст ки онро букушад дар чое ки агар начумбад сел хонаашро мебарад ва вайрон мекунад.
    савети бародаронаи ман ба шумо бародари изиз инки бачои аз акиби муш рафтан ва онро куштан ба фикри чудо кардани рохи сел аз рохи хонаат бош.
    Ташакури зиёд ба шумо ки вакти худатонро барои хондани суханони ман гузаронден.

  2. iso Сказал(а):

    салом бародар Тураев Эргаш хеле бароятон мутаассифам. Аввалан бидонед, ки ҳар касе дар ақида озод аст ва ҳар ақидаеро ташхис дод онро интихоб мекунад ва бояд дар охират посух диҳад, ки чаро он ақидаро интихоб кардааст.
    ин амалу рафтори шумо нишонаи авчи фитнагари ва афрухтани оташи чанг байни муслимин аст.
    аммо ин ки мегуед: Барои касоне, ки ба Зоҳидон мераванд раводид содир намекунанд. ин ба ин хотир аст, ки аввалан: Мадраи онҳо ғайри қонуни аст. сониян: Тамоми касоне, ки ба Зоҳидон меоянд ё ваҳҳоби мешаванд ва ё дурўғгў ва ақли доштаашонро низ аз даст медиҳанд. пас ба чои ин ки ба Зоҳидон раванд хеле баҳтар аст, ки дар ҳамон Точикистон дарс бихонанд.
    Вале ба ҳар ҳол бидонед, ки ин фитнагариҳо дар охират ҳисобу китоб дорад, касе ба фикри мурдан ҳам бошед.
    мувафақ бошед

  3. Карим Сказал(а):

    Салом бародар Эргаш ончи ки хатар ба назар мерасад саҳюнизми чинояткор аст ман ҳайрон аз шумо хастам, ки сайҳюнизм дар точикисон чи ошкоро ва чи пинохони фарзандои миллати точикро ба фахшу фохишаги кашида истодааст диллат ба ин фарзандони миллати азиз насухт касоне, ки дар кишвархои исломи дарс мехонанд туро ба ташвиш овардааст инчо чои тассуф аст. Агар касоне, ки дар шахри Қуми ҷумҳурии исломи дарс мехнанд хатарнок бошанд сафири муҳтарами Тоқикистон дар Ҷумҳурии Исломи изҳори нигарони мекард ва навбат ба шумо намерасид дар ҳоле ки сафири муҳтарам изҳори нигарони накардааст.

Вы можете оставить сообщение



 
Компьютерная диагностика шевроле, ремонт chevrolet, переборка АКПП. , Поломка?! Ремонт chevrolet. В короткие сроки. , Шаровой кран - это запорное устройство, в котором подвижная деталь затвора. Рамки для фотошоп