Даҳ узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар зиндонҳои Русияву Тоҷикистон бо иттиҳоми тундгароӣ дар ҳабс нигоҳдорӣ мешаванд.
Дар Фейсбук ному насаби маҳбусони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” нашр шуд
Даҳ узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар зиндонҳои Русияву Тоҷикистон бо иттиҳоми тундгароӣ дар ҳабс нигоҳдорӣ мешаванд.
Фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Темур Варқӣ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук рӯйхати ному насаби ин даҳнафараро нашр карда, иттилоъ додааст, ки руйхат аллакай ба намояндагони созмонҳои ҳифзи ҳуқуқи байналмилалӣ ирсол шудааст.
Мақсуд Иброҳимов, раҳбари созмони мазкур дар шаҳри Маскав бедарак шудааст. Адвокати ӯ, ҳадс мезанад, ки ӯ аз ҷониби мақомоти махсуси Русия рабуда шуда, ба Тоҷикистон супурда мешавад.
Ин созмон барои сабти расмӣ дар сентябри соли 2014 ба мақомоти дахлдори Русия муроҷиат мекунад, аммо посухи рад гирифтааст.
Рӯйхати боздоштшудаҳо:
1. Бафоев Нуриддин Ризоевич, с.т.10.04.1970 , сокини ноҳияи Ашт, вилояти Суғд. Дар шаҳри Маскав 25-уми ноябри соли 2014 боздошт шудааст.
2. Сатторов Меҳрубон Ҳасанович, с.т. 14.05.1989, сокини вилояти Хатлон, ки дар шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ба қайд гирифта шудааст. Дар шаҳри Маскав 3-уми декабри 2014 боздошт шудааст ва дар тафқифгоҳи рақами 4 нигаҳдорӣ мешавад.
3. Восиев Абдураҳим Илҳомидинович, с.т. 21.05.1987, сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон. Дар шаҳри Маскав 12-уми ноябри соли 2014 боздошт шудааст ва ҳоло дар тафқифгоҳи рақами 4 нигаҳдорӣ мешавад.
4. Обидов Карим Абдуалимович, (?) дар шаҳри Маскав боздошт шудааст.
5. Ҷобиров Сулаймон. Дар шаҳри Самара мезист ва дар ҳамон шаҳр 19-уми декабри 2014 боздошт гардид, дар тафқифгоҳи рақами 1 шаҳри Самара нигаҳдорӣ мешавад.
6. Гиляев Оятулло Муҳиддинович, с.т. 10.04.1988, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, дар шаҳри Новосибирск боздошт шудааст.
7. Абдураҳмонова Розия Ҳасановна, с.т. 01.01.1961, сокини ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ, дар шаҳри Новосибирск 19.12.2014 боздошт шудааст.
8. Қурбонов Неъматулло Одинаматович, с.т. 15.03.1989 сокини ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон. 9-уми октябри соли 2014 баъди бозгашташ аз Русия дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст.
9. Солиҳов Умедҷон Мирзодавлатович, с.т.15.10.1984, сокини ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон, баъди бозгашт ба Тоҷикистон бо даъвати хешовандонаш дар шаҳри Душанбе боздошт шудааст.
10. Комилов Шероз, с.т20.10.1992, сокини ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд. Баъди таҳдид ба хешовандонаш ба ватан баргашт ва дар шаҳри Душанбе боздошт шуд.
Аксари ин афрод бо моддаи 307, қисми 1,2 КҶ Русия тундгароӣ ё экстремизм муттаҳам мешаванд. Ҳамчунин гуфта мешавад, чанд аъзои дигари созмон бенишон гум шудаанд ва аз сарнавишти онҳо хабаре нест.
Мақомоти Тоҷикистон ин хабарро шаҳр додан намехоҳанд.
Copyright © 2015 TojNews
Похожие записи:
- Каромат Шарифов: “Тоҷиконро ҳукумати Русия беқадр накардааст…”Суҳбати ихтисосӣ бо раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия 15 января 2016
- Сарвари Қирғизитсон боз ҳам таъкид кард, ки агар мардум мехоҳанд дар ҷомеаи демократӣ зиндагонӣ кунанд, пас онҳо бояд худ президенти худро интихоб кунанд. 14 марта 2016
- Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: “Аз марги дӯст ба андуҳ нишастаам” 11 марта 2015
- Имрӯз ҳар шаҳрванди мо бо сари баланд гуфта метавонад, ки ман тоҷикам ва фарзанди абармардони дунё ва тахтнишинони дунёи одобу маърифат ба мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ,Синову Хайём, Айнию Турсунзода ҳастам. 11 мая 2011
- Сколько таджикистанцев хотят переселиться в Россию? 21 декабря 2014