Каромат Шарифов: “Тоҷиконро ҳукумати Русия беқадр накардааст…”Суҳбати ихтисосӣ бо раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия
- Каромат Бақоевич, чанд рӯз пеш як мӯйсафеди 81 – сола дар Русия кушта шуд. Ба назар мерасад, ки дар ин кишвар бо навбат тоҷиккушӣ мекунанд, на ба кӯдак раҳм доранд, на ҷавон, на пир. Ба фикратон чаро ин гуна тамоил пайдо шуда? Оё Шумо худрову созмони худро, ки ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷиронро асоси фаъолият медонед, то ҷое дар вуҷуди ин гуна тамоил гунаҳкор ҳис намекунед, ки онро пешгирӣ карда наметавонед?
- Бовар кунед, ман ҳамеша дар фикри миллати худ ҳастам ва барои ҳалли мушкилашон талош мекунам. Ҳар як узви Ҷумбиши муҳоҷирони мо низ дар ин самт хизматҳои шоиста анҷом медиҳанд. Албатта латукӯби мӯйсафед, ки баъдтар ба ҳалокати ӯ табдил ёфт, як фоҷиа аст. Аз ин пештар ҳам фоҷиаҳои кам надоштем. Ҳамаи ин як қатраи обе аз деги ҷӯшидаистода, яъне нолаи ҳар як хонадони тоҷик мебошад. Биёед, аз рӯи инсоф ҳарф занем: тоҷику тоҷикистониро ҳукумати Русия ба инбеқадрӣ нарасонидааст. Мушкилро мо бояд дар худамон дарёбем! Бубинед, баъзе намояндаҳои давлатии мо аз ҳисоби андози падару модари ин муҳоҷирон кайфу сафо карда, дар Русия мегарданд. Ман соли 2001 пас аз тарк намудани Ватан, дар Русия тасмим гирифтам, ки ба ҳамватанони худ дасти ёрӣ дароз намоям. Фикр мекардам кори осон аст. Аммо баъдтар мушкилиҳоеро эҳсос кардам.
Номашонро намеорам, аммо бовар кунед, дар сатҳи ҳукумат ҳам одамоне ҳастанд, ки маҳз аз ҳисоби меҳнати пурмашаққати муҳоҷирон кайфу сафо доранд. Кор то ҷое расид, ки ман розӣ будам ба яке аз мушовирони президент табдил ёфта, консепсияи масъалаҳои вобаста ба муҳоҷиратро дар якҷоягӣ ҳал намоем. Аммо ҳукумат дар ин росто хомӯширо беҳтар донист. Ин ҳолат, яъне беҳаракатии ҳукумат, боис ба беқадрии ҳамватанони мо гашт.
- Дуруст аст, ки асли масъалагузориҳо дар ин замина бояд ба мақомоти Ҳукумати Точикистон рабт бигиранд. Аммо Шумо дар матлабҳои зиёдатон ишора мекунед, ки заҳмати Шуморо матбуот, ҳукумат, ҳомиёни ҳуқуқ қадрдонӣ намекунанд. Фикр мекунед чаро?
- Сабабаш тоҷик буданамон. Ин ягон ҷоипинҳон надорад. Вагарна дар Русия яҳудиҳо бамаротиб зиёдтар бо барномаҳои худ кор мебаранд. Мо бояд чӣ кор кунем? Қариб ҳама роҳҳоро баста мебинам. Мутаассифона президент Раҳмонро атрофиёну мушовиронаш аз воқеиятҳо дур бурдаанд. Дар вобастагӣ саволе аз ҷониби як ҳамватанамон дар арафаи 10 солагии ҷашни рӯзномаи мо, яъне “Овози Тоҷикистониҳо – Голос Таджикистанцев” ба унвони ман расид, ки ӯ мепурсид, оё президенти кишвар аз вуҷуди нашрияи мо хабар дорад, ё не? Ин муҳоҷир барои он саволро дар миён гузошт, ки нашрияи мо масъалаҳои зиёд, фоҷиаҳои ҳамватанонамон дар Русияро ҷиддан баррасӣ мекунад. Аз ин рӯ, ҳамватанони мо фаҳмидан мехоҳанд, ки дар сатҳи баланд аз мушкилоту масъалаҳои онҳо хабар доранд, ё не? Дар посух ба саволи он муҳоҷир гуфтам, ки президент вуҷуди ин нашрияро шояд надонад…
- Муносибати Шумо бо ҳукумат яксон нест. Яке хабарҳое паҳн мешавад, ки меҳмони ифтихории Душанбеед, яке муносибататон ба сардӣ муаррифӣ мешавад. Ба қавле, кадом “моли тақсимнокарда” байнатон ҳаст?
- Муносибати ҳукуматро нисбат ба худам ягон вақт хуб арзёбӣ намекардам. Пешниҳодҳои хуби мо низ аз ҷониби онҳо ба назар гирифта намешавад. Шояд сабабаш дар он бошад, ки аз ман хушомадгӯву тамаллуқкор намебарояд. Шояд барои баъзеҳо зодгоҳи ман хуш наояд. Ман бо он гурӯҳҳое кор карда метавонам, ки фаъолияти зиндаву амалӣ доранд ва набзи зиндагиро дуруст дарк мекунанду аз воқеиятҳо огоҳанд. Мутаассифона ин ҳолатро аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ва гурӯҳҳои иҷтимоии дигари дохили Тоҷикистон низ надоранд.
Аз ҳамин хотир, беҳтар медонам дар танҳоӣ ва аслан дар заминаи Ҷумбиши худамон кор кунам. Шукри Худо таи ин қадар солҳо корҳоеро ба сомон расонидем ва мутахассисони хуберо ҳам тарбия кардем.
- Шумо бо чанд сафири Тоҷикистон дар Русия ҳамкорӣ кардед. Чаро фаъолияти сафири навро беҳтар медонед, дар ҳоле, ки фаъолияти кормандонашро манфӣ арзёбӣ мекунед?
- Сафири нав, ҷаноби Имомуддин Сатторов аз сафирони дигар, ки ман медонистам, то ҷое фарқ дорад. Ҷавон аст, пурэнержӣ ба назар мерасад. Бо ин ҳама, фикр мекунам, барои бо ман вохӯрдан ё чизеро машварат кардан, аввал “иҷозати боло” -ро мегирад.
Мутаассифона мушкилоти ҳамватанони мо системавист ва ҳалли онҳо дар сатҳи болотар имконпазир аст.
- Маълум аст, ки бо “ҷангхои дохилӣ” масъалаҳои вобаста ба муҳочирон ва мушкилоти онҳоро ҳал кардан мумкин нест. Масъалагузориҳои қотеонаи фарогир зарур. Инак минбар барои изҳори онҳо. Кадом масоилро ба фикратон бояд қотеона баррасӣ кард?
- Пеш аз ҳама бояд ба дарки ин нукта бирасем, ки мехоҳем ё не, муҳоҷирати меҳнатӣ мушкилоти зиёдеро барои ояндаи мо, генофонди мо хоҳад гузошт. Боис ба бесаводии як қисмати бузурги мардум мегардад. Муҳоҷирон бо шиками гурӯснаву ҳоли зор шояд имрӯз даромаде пайдо мекунанд. Аммо фикри ояндаро бояд кард. Онҳо бармегарданд ва фикр мекунам бо худ умри кӯтоҳе мебаранд. Касалиҳои зиёдеро дар вуҷудашон шояд имрӯз эҳсос накунанд. Вале дар оянда онҳо ҳатман хурӯҷ мекунад ва ба наслҳои баъдиашон низ шояд мегузарад.
Аз ин нуқтаи назар, масъалаву мушкилоти вобаста ба муҳоҷиронро бояд ҷиддӣ баррасӣ намуд. Ҳатто интихоби роҳбари муҳоҷирон тариқи интихоботи умумихалқӣ дар Тоҷикистон, ё бо фармон таъин намудани роҳбари онҳо аз ҷониби президент масъаларо ҳал карда наметавонад. Масъала фаротар аст. Тавре гуфтам, мо ба як бӯҳрони системавӣ гирифторем ва ҳалли масоили вобаста ба муҳоҷират танҳо бо ҳалли асли масъалаҳо имконпазир хоҳад буд.
- Сабаби асосии “ҷангҳои дохилӣ” миёни раҳбарони диаспораро дар чӣ мебинед?
- Ман пешниҳодоти худро дар ин маврид ҳамеша ба намояндаҳои ҳукумат ироа медорам. Пеш аз соли нав низ пешниҳодотамро, ки аз 15 пункт иборат буданд, ба намояндаи Хадамоти муҳоҷират ҷаноби Иброҳим Аҳмадов супурдам. Бо далелҳо изҳор кардам, ки бояд аз тариқи сунъӣ ба гумроҳӣ бурдани диаспораҳо даст кашид, корҳои фаҳмондадиҳиро қавӣ кард. Бубинед, сомона ва нашрияи мо садҳо мушкилоти ҳамватанонамонро ҳал мекунад. Аммо, мутаассифона ин масъалагузориҳо дар сатҳи ҳукумат дида намешаванд. Ба ҷониби ҳукумат ҳатто маълумоти нодурусту муғризонаро пешниҳод мекунанд, ки ба на танҳо ба ҳалли масоил мусоидат намекунад, балки онро печидатар мегардонад…
Диаспораҳо бояд организми зинда бошанд. Дар ҳақиқат тавонанд ва хоҳиш дошта бошанд, ки ба мушкили муҳоҷирон расидагӣ намоянд. Аммо ман бовар надорам, ки ягон роҳбари диаспора ҳатто як саҳифа арзу шикояти мардуми муҳоҷирро ба ҳукумат расонида бошад. Зеро аксаран аз нафарони лаганбардору тамаллуқкор иборатанд. Баъзеҳояшро медонам, ки ҳатто бо забони русӣ ин тараф истад, балки бо забони модариашон хондаву навишта наметавонанд. Агар ҳукумат мехоҳад мушкилоту масоилро аз тариқи диаспораҳо ҳал кунад, ақаллан роҳбарони онҳоро аз тариқи озмун қабул намоянд.
- Пас аз бастани Созишномаи нав оид ба муҳоҷират ва будубоши Пойгоҳи 201- и Русия дар Тоҷикистон “ҳади аққали муҳоҷиршавӣ” (входной билет мигранта) аз 350 – 450 доллари соли 2012 то 800-1100 доллари соли 2015 боло рафт. Чаро чунин шуд?
- Биёед иқрор шавем, ки созишномаи мазкур дар арафаи интихоботи президентӣ баста шуд. Аз ин рӯ, он бештар хислати сиёсӣ дошт, то ин ки масоили воқеиро фаро гирад.
Ҳукумат ҳатто натавонист масъалаҳои муҳоҷирони худро ҷиддӣ дар миён бигзорад. Дар натиҷа муҳоҷирони мо аз мушкилот на танҳо вонараҳиданд, балки масъалаҳояшон афзоиш ёфт. Аммо барои бархе шояд аз ин дида, масъалаи хариду фурӯши сӯзишворӣ, ки аз ҳисоби фурӯши он ба Афғонистон даромади ҳангуфт мегиранд, муҳимтар намуд. Мутаассифона ин воқеиятест, ки дорем…
ШАРҲИ ҲОЛ
Каромат Шарипов, раиси Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия. Соли 1963 дар ноҳияи Файзободи Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соҳиби таҳсилоти олӣ.
Соли 1984 Мактаби олии низомиро дар Симферополи Украина ва дар соли 1989 мактаби олии ҳизбиро дар назди Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти Иттифоқи Шӯравӣ ва дар соли 2010 Академияи хадамоти давлатиро дар Қафқози шимолӣ хатм кардааст. Тӯли чандин сол дар сафҳои Артиши Шӯравӣ, аз ҷумла дар Қазоқистон, Олмон ва ниҳоят дар лашкари 201-и Русия мустақар дар Тоҷикистон хидмат кардааст.
Дар соли 2001 дар Маскав созмони иҷтимоии “Тоҷик-диаспора” ва дар соли 2007 “Ҷунбиши муҳоҷирони кории тоҷик”-ро ташкил медиҳад. Баъд аз баргузории нахустин Анҷумани зодагони Тоҷикистон дар Маскав ин Ҷунбишро дар Вазорати адлия дар соли 2008 сабти ном мекунад.
Дар соли 2005 чопи нашрияеро бо номи “Овози тоҷикистониҳо” ва дар соли 2007 сайти Таҷмигрант.ком-ро бо ду забон: тоҷикӣ ва русӣ ба роҳ мемонад. Дар моҳи майи соли 2006 ба ӯ унвони ифтихории “Сафири сулҳ” тақдим мешавад.
Оиладор, соҳиби чаҳор фарзанд.
Copyright @2016 TojNews
Похожие записи:
- Даҳ узви созмони “Ҷавонон барои эҳёи Тоҷикистон” дар зиндонҳои Русияву Тоҷикистон бо иттиҳоми тундгароӣ дар ҳабс нигоҳдорӣ мешаванд. 27 января 2015
- Сарвари Қирғизитсон боз ҳам таъкид кард, ки агар мардум мехоҳанд дар ҷомеаи демократӣ зиндагонӣ кунанд, пас онҳо бояд худ президенти худро интихоб кунанд. 14 марта 2016
- Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода: “Аз марги дӯст ба андуҳ нишастаам” 11 марта 2015
- Имрӯз ҳар шаҳрванди мо бо сари баланд гуфта метавонад, ки ман тоҷикам ва фарзанди абармардони дунё ва тахтнишинони дунёи одобу маърифат ба мисли Рӯдакиву Фирдавсӣ,Синову Хайём, Айнию Турсунзода ҳастам. 11 мая 2011
- Сколько таджикистанцев хотят переселиться в Россию? 21 декабря 2014