Архив Паутина Видео Фотогалерея Радио Наш форум Обратная связь
 
 
 
Опубликовано: 25.10.2010
 

Фарҳанг Ҳанифа Мавлонова аз мо рафт…УШЛА ИЗ ЖИЗНИ ХАНИФА МАВЛОНОВА

25.10.2010

Мирзои Салимпур

Дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия бо нашри як ХАНИФАиттилоия хабар дод, ки қалби ин хонандаи шӯҳратёр баъд аз як бемории тӯлонӣ аз задан мондааст. Аммо дар бораи иллати марги Ҳанифа Мавлонова ва таърихи маросими дафни ҷанозаи ӯ сафорати Тоҷикистон ҷузъиёте ҳанӯз нашр накардааст.

Дар ҳар сурат, даргузашти Ҳанифа Мавлонова як саҳифаи рангине дар таърихи ҳунар ва мусиқии тоҷикро мепӯшад. Саҳифае ки шояд баёнгари авҷи рушди ин ҳунар ва ин мусиқӣ буд ва акнун моле аз таърих мешавад.

ОХИРИН ШОҲИДИ АВҶИ ҲУНАРИ ТОҶИК

Аз дунё рафтани Ҳанифа Мавлонова ба маънои дигар як моли таърих шудани як давраи бузурги рушди ҳунар ва мусиқии миллии тоҷикист. Исми Ҳанифа Мавлонова дар ин даврони дар воқеъ авҷи ҳунари овозхонии тоҷик дар ин саҳнаи бузург ва пуррақобат ҳамеша дар канори асомии ситораҳои дурахшоне, чун Барно Исҳоқова, Шоиста Муллоҷонова, Маъруфхоҷа Баҳодуров, Аҳмад Бобоқулов ва даҳҳо хонандаи дигари шӯҳратёри он даврон гирифта мешуд.

Ин ҳама хайли хонандагони бузурги тоҷик якояк тарки ин дунё карданд ва Ҳанифа Мавлонова шояд охирин нафар аз он хайл буд, ки бо вуҷуди тайи солҳои охир дар як гӯшаи гумномӣ дар Маскав умри пирӣ ронданаш боз ҳам як шоҳиди зиндаи он даврони авҷи мусиқии миллӣ буд, ки аз кунун ӯ ҳам аз даст рафт.

Дар солҳои охир дар бораи Ҳанифа Мавлонова хеле кам мегуфтанду менавиштанд, таронаҳояш ҳам дар кунҷи бойгониҳо ба боди фаромӯшӣ рафта, дар радиову телевизионҳо ками дар кам садо медод ва шояд танҳо ангуштшумор мухлисони садои қавиву ҷаззоби ӯ хабардор буданд, ки бо вуҷуди ба як ҷо расидани синнаш ӯ ҳанӯз зинда асту дар Маскав ба сар мебарад.

Худи Ҳанифа Мавлонова ҳам аз ин гуна чархиши рӯзгораш шояд зиёд розиву қонеъ набуд, ки дар як мусоҳибаи кӯтоҳи худ, ки ҳамагӣ 3 моҳ пеш дар торномаи интернетии Youtube нашр шудааст, аз сахтиҳои поёни умри худ алам мекунад: “Замоне овозхони бузург будам, аммо акнун ҳамааш тамом шуд, гузашт…”

РОҲИ ЗИНДАГИИ ҲАНИФА МАВЛОНОВА

Ҳанифа Мавлонова соли 1924 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омада, соли 1936 омӯзишгоҳи мусиқии инҷоро хатм мекунад ва дар театри тамошобини навраси вилояти вақти Ленинобод, Суғди кунунӣ, ба кор мепардозад. Ӯ аз соли 1939 тайи 4 сол дар театри мусиқиву драмавии Ленинобод намои ҳунар карда, аз соли 1943 овозхони театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе мешавад. Дар ин миён дар солҳои 50-ум тайи 7 сол дар Консерваторияи шаҳри Маскав низ таҳсил карда, тамоми назокатҳои ҳунари овозхонии касбиро аз худ мекунад.

Садои Ҳанифа Мавлонова сопрано буд ва бо як қуввати бемислаш фарқ мекард. Муҳимтарин нақшҳое, ки ӯ офаридааст, нақши Гулрӯ дар операи “Пӯлод ва Гулрӯ”-и Шарофуддин Сайфуддинов, Татяна дар “Евгений Онегин”-и Пётр Чайковский, Леонора дар “Трубадур”-и Ҷузеппе Вердӣ ва Ярославна дар ”Княз Игор”-и Александр Бородин шинохта шудаанд. Ӯ дар операи “Аида”-и Вердӣ, ки аз мӯътабартарин операҳои ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, низ нақши аввалро иҷро карда буд.

Ҳанифа Мавлонова ҳамчунин дар операҳои мазҳакавие, чун “Найрангҳои Майсара”-и Сулаймон Юдаков ва “Домод”-и Отто Урбах нақшҳои асосиро иҷро кардааст.

Аммо дар миёни мухлисони тоҷик Ҳанифа Мавлонова бештар бо иҷрои низ беҳамтои таронаҳои мардумӣ ва ҳам “Шашмақом”-и безавол шӯҳрати беандоза касб карда буд.Дар он даврон Ҳанифа Мавлонова аз беҳтарин хонандагони таронаҳои “Шашмақом” эътироф шуда, дар майдони “Шашмақом” бо бузургтарин устодони даври худ, чун Барно Исҳоқова, баробар сабқат мекард.

ПОЁНИ УМР ДАР ҒУРБАТ

Бо шурӯъи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон дар қатори ҳазорон ҳамватанонаш Ҳанифа Мавлонова ҳам тарки ватан кард ва ба Маскав кӯч баст.Теғи аҷал риштаи умри ин пири ҳунари овозхонии тоҷикро дар синни 87 дар ҳамин ҷо, дар ғурбат, дар фосилаи чанд ҳазор километр дур аз ватанаш бурид.

Вале фақат садост, ки мемонад. Садои Ҳанифа Мавлонова ончунон қавист ва нокуштанӣ, ки бо вуҷуди аз мо рафтани ӯ ин садо дар қалбҳои мухлисонаш хоҳад монд. Ва ҳатман шуморе аз ин мухлисон ба суроғи Ҳанифа Мавлонова то Маскав ҳам хоҳанд рафт, ки агар натавонистанд ӯро дар зиндагиаш зиёрат ва қадр кунанд, пас ҳадди ақал ба зиёрати мазораш бирасанд. Мазораш, ки ҳатман ҳамеша бӯи Тоҷикистон ва бӯи таронаҳои Ҳанифа Мавлонова хоҳад дошт.

УШЛА ИЗ ЖИЗНИ ХАНИФА МАВЛОНОВА

Душанбе, 25 октября. ( НИАТ «Ховар») – В Москве, на 87 году жизни скончалась известная таджикская певица Ханифа Мавлонова.

Зрители ее помнят благодаря ее ролям в операх «Пулод и Гулру» Шарофуддина Сайфуддинова, где она сыграла Гулру, Татьяну в «Евгении Онегине»- Петра Чайковского, Леонору в “Трубадуре”- Джузеппе Верди, Ярославну в ”Князе Игоре”- Александре Бородине и других.

Х. Мавлонова широкую известность получила благодаря исполнению песен «Шашмакома». Она считалась одним из лучших исполнителей  этого жанра на ряду с известной Барно Исхоковой.

Х. Мавлонова родилась в 1924 году  в городе Худжанде. С 1939 по 1943 годы работала в Музыкально-драматическом театре города Ленинабад. Затем с 1943 года она становится певицей Драматического  театра оперы и балета имени Садриддина Айни города Душанбе.

Похожие записи:

3 Комментариев to “Фарҳанг Ҳанифа Мавлонова аз мо рафт…УШЛА ИЗ ЖИЗНИ ХАНИФА МАВЛОНОВА”

  1. Goulnor Mavlonova Сказал(а):

    Уважаемые редакторы этой статьи! Примите моё глубокое почтение к вашей информации по поводу кончины моей мамы Мавлоновой Ханифы 24 октября 2010. Но и хотелось бы , также, отметить с грустью о том, что , читая эту статью у меня возникло масса вопросов к редакторам о столь скудной информации. Достойно было бы упомянуть в вашей статье о её высоких правительственных наградах, например,как:Ордена Ленина, Дружбы Народов, Трудового Красного Знамени, Ордена Знак Почёта ,о том, что она являлась -Нар. артисткой СССР, профессором, занимала должность Зав . кафедры ТГИИ им. М Турсун-Заде на протяжении 17 лет, была главной и ведущей солисткой оперы и балета им.С. Айни в течении 50 лет, имевшей обширный оперный репертуар,была Лауреатом Премии Рудаки, Ветераном ВОВ,Депутатом Верховного Совета СССР 4-го созыва,Дипломанткой Конкурса вокалистов в Берлине, гастролировала во многих странах мира. Урождённая в Ходженте, кровная таджичка.Голос.Х. Мавляновой звучал не только в Таджикистане, а по всему СССР, в очень многих странах мира: Америке, Азии, Китая, Польше , Чехословакии, Германии, Индонезии, Корее и.т.д.
    Во- вторых: Вы отмечаете:<>, – с постановкой этой фразы я ,также, не могу согласиться ( при всём моём уважении к мастерам- певцам) кто бы-то ни был., т.к исполнения Х. Мавлоновой явно отличались от тех певцов того времени по объёму, колориту, тембру звучания. обширному диапазону. Исполнения Х. Мавлоновой не имело сравнения ни с каким другим голосом и не может стоять при всём моём уважении , как вы указываете в вашей статье. В конце моего слова хотелось бы добавить то, что Х. Мавлянова была коренной и истинной таджичкой и поэтому она была возвращена мною на Родину , в Таджикистан.Спасибо за внимание. С сожалением Гулнор Мавлонова.

  2. Геннадий Сказал(а):

    Гулнор, спасибо за информацию – я внёс это в статью Русской Википедии. С Новым Годом!

  3. Эмиль Сказал(а):

    Здравствуйте! Я страстный любитель великолепного голоса знаменитой певицы, народной артистки СССР, неповторимой Ханифы-хонум Мавляновой. Мне до глубины души обидно, что сегодня в самый пик развития интернета, в нём нет почти ни одной (!) записи этой прославленной певицы. Наряду с оперным пением, у неё были не менее 100 таджикских народных и классических песен. Где достать эти песни? Где они? Почему так получилось, что мы не распространяем эти песни, которые по-праву являются золотым фондом и гордостью таджикского народа. Буду рад, если получу хоть какой-нибудь отзыв по этому поводу.
    Хайр, саломат ва бардам бошед, дӯстони меҳрубон ва азиз. Эмиль Аълоев.

Вы можете оставить сообщение



 

 
22 queries. 0.490 seconds.